ИДЕОЛОГИЯИ "ЗАНОНА" ё чаро дар Тоҷикистон муовин оид ба идеология бештар занон таъйин мешаванд

Сиёсат 01.03.2010 15:49

ҲАМА ПРЕЗИДЕНТ ШУДАН МЕХОҲАНД!!!

Мансабдорӣ ҳамеша орзуи инсонҳо буд ва ҳаст. Ҳар хонандае, ки гомҳои нахустинашро ба остони мактаб мезанад, ҳатман орзӯйи президент шуданро дорад. Ин як хосияти фитрӣ ва азалии инсонҳост, ки онҳоро ҳамеша дунболагирӣ мекунад. Вале рисолати мансабдорӣ дар ҷойи дигар, балки асрорест, ки онро бояд дониш, маҳорат ва амсоли инҳо меъёр бошанд. Вале мо сари як масъалаи бисёр нозук ва дар айни замон танҳо хосси мансабдории тоҷик сухан рондан мехоҳем.

ЗАН-ИДЕОЛОГ

Аслан дар сатҳи ҳуқуқӣ ва қонунҳои мавҷуда ҷудо баррасӣ кардани ҷойгоҳи зан дар ҷомиъа аз нигоҳи мантиқ як навъ нодидагирии баробар¬ҳуқуқии зан ва мард мебошад. Масалан, чӣ гуна зан ва мард баробарҳуқуқанд, ки барои занҳо квота амалӣ мешавад? Яъне дар шинохти ҳамин меъёри юридикӣ роҳгумиҳо вуҷуд дорад.

Чаро занҳо дар Тоҷикистон мансабдорони ҳирфаӣ нестанд? Чаро онҳо мубориз нестанд, мавқеи устувори шаҳрвандӣ надоранд? Онҳоро бештар ба мансабҳо ба хотири риояти ҷинс дар роҳбарӣ таъин мекунанд. Таҷрибаи наздик ба бист соли истиқлоли Тоҷикистон нишон медиҳад, ки аслан занҳои фаъоли сиёсии худҷӯш ва худбархоста дар Тоҷикистон кам будаанд ва онҳое, ки ҳам дар мансабҳои калидии ҳукуматӣ кор карданд, чандон чеҳраҳои матраҳ набудаанд.

Аммо як хосияти аҷиби мансабдории занон дар Тоҷикистон он аст, ки онҳо бештар дар мансабҳо ҳамчун муовин оид ба идеология таъйин мешаванд. Яъне бевосита дар симати таъйиншудаашон куратори идеологӣ низ ҳастанд. Намунаи бар¬ҷастааш муовинони сарвазир тайи солҳои зиёд ва аз ҷумла хонум Руқия Қурбонова. Инчунин, қариб аксари муовинони руасои шаҳру навоҳӣ ва вазорату кумитаҳо ва то ҳатто донишгоҳу донишкадаҳо низ. Аз дидгоҳи илмӣ пухтагии зан ва ё мард дар роҳбарӣ мушаххас нашудааст. Яъне ҳам зан ва ҳам мард метавонад, ки роҳбари ин ё он соҳа бошад ва ё сарвари давлат. Аммо тамоми давраҳои давлатдорӣ собит кардаанд, ки нақши зан дар тамоми раванди таърих ба унвони нафари аввал камтар ва то ҳатто беранг будааст. Ин воқеияти таърихӣ хусусан дар кишварҳои шарқ намоёнтар ҳаст.

Блоки идеологии давлат - илм, маориф, иҷтимоъ, фарҳанг, воситаҳои ахбори омма аз ҷониби ин муовинон, ки аксарияташон зан мебошанд, идора мешавад. Оё ҳамеша ин соҳаҳоро дар дасти занҳо супурдан мувофиқи матлаб мебошад? Албатта, не. Чаро бояд дар ҳамин симат муовинон ҳамеша бояд зан бошанд? Ин раванди сунъӣ мебошад. Агар ҳадаф таъмини баробарҳуқуқии марду зан ҳаст, пас чаро зан натавонад, ки дар дигар мансабҳои давлатӣ кор кунад? Аз ҷониби дигар соҳаҳои мазкур ҳамчун мансабҳои моҳиятан дувумдараҷа ба занҳо тақдир карда мешаванд. Ин раванди сунъӣ чунин пиндореро ба вуҷуд меоварад, ки яъне маҳорати роҳбарии зан то ҳадде нест, ки ӯ бояд вазири нақлиёт, муовини сарвазир оид ба блоки иқтисоду саноат, вазири амният ё мудофиа бошад.

Муовин ё куратори идеологӣ мондани занҳо дар шароити кунунӣ аз нигоҳи таъмини амниятӣ кӯҳна шудааст, зеро имконоти кунунии Тоҷикистон барои таъмини ягонагӣ ва устуворӣ дар ин самт нигоҳи ҷадидро тақозо мекунад. Масалан дар ин соҳа мард ё зане бояд бошад, ки аз равандҳои дохилии сиёсӣ хабар дошта ва онро таҳлил карда тавонанд. Сониян, ин вазифа аз иҷрокунанда тафаккури таҳлилиро талаб мекунад. Масъалаи дигар дар ин росто, ҷавобгӯй будан ба сатҳи хидматчии давлатӣ аст ва шиносоии онҳо аз дастовардҳои иқтисоди ҷаҳонӣ ва политехнологияи сиёсӣ низ бояд муҳим шуморида шавад.

Идеология имрӯз "коммунизм" нест, ки мо танҳо бо шиору овеза ва дигар чорабиниҳои популистӣ сари кор дошта бошем. Идеология имрӯз бештар ба озодии ҳар шаҳрванд аз нигоҳи равонӣ ва аз нигоҳи интихоби шахсӣ арзёбӣ мегардад.

КВОТА: ҲУҚУҚ Ё МАҲДУДКУНИИ ЗАН?

Шояд бархе аз бонувони гиромӣ аз ман озурда шаванд, ки нақши онҳоро мо дар марҳилаи ҷадиди миллатсозии кишвар нодида мегирем, вале ҳадафи мо ин нест. Ҳадаф ин аст, ки агар ба мансабҳои баланди давлатӣ ва роҳбарӣ занҳоро пешбарӣ менамоянд, ҷойи онҳо набояд таъйинӣ бошад. Яъне зан натанҳо дар соҳаҳои мазкур, балки метавонад дар самтҳои дигар низ роҳбар бошад. Фақат саволи мавриди таваҷҷуҳ ин аст, ки онҳо бояд сазовор бошанд ва бар асоси мабдаъи садоқатсолорӣ баргузида нашаванд.

Қонунҳои Тоҷикистон баробарҳуқуқии марду занро кафолат медиҳад. Ин маънои онро дорад, ки ишғоли мансабҳои давлатӣ дар кишвар аз дидгоҳи ҷинсӣ бахшбандӣ намешаванд. Аз ҷониби дигар дар як давраи муайян барои занҳо ҷудо шудани квота албатта зарур буд. Аммо имрӯз будани квота, ки тавонад шароити иштироки занҳоро дар равандҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ таъмин намояд, то андозае моҳияташро гум кардааст. Чаро ки бояд механизмҳои дигари иштироки занҳоро дар пешбурди ҷомиъа ба вуҷуд оварем. Масалан, квотае, ки барои духтарони навоҳии дурдаст ҷиҳати таҳсили онҳо дар муассисоти олӣ пешбинӣ шуда буд, сари садоҳоеро ба бор овард. Матбуот ва расонаҳо дар мавриди ноодилона табиқ намудани ин механизм аз ҷониби ҳукуматҳои маҳаллӣ ва ҷумҳуриявӣ борҳо таваҷҷуҳ карда буданд. Ҳарчанд ин иқдом 10 сол боз амалӣ мешавад, проблемаи ҷалби духтарон ба таҳсил ҳамоно боқӣ мемонад. То имрӯз ҳамин иқдом, ки натавонист мушкили занҳоро ҷиҳати ҳамгироии онҳо дар раванди рушди ҷомеа ҳал кунад, ниёз ба таҷдид пайдо кардааст.

АНЪАНАҲОИ ШАРҚИЮ ИСЛОМӢ

ВА МАНСАБДОРИИ ЗАН

Замоне, ки гап сари мансабдории зан ва иштироки ӯ дар сиёсат меравад, ба таври огоҳона ё ноогоҳӣ баъзеҳо ҳамеша аз анъаноти суннатӣ ва ё исломӣ сухан пеш меоранд. Оё ин омил дар мақеи заъифи занҳо дар сиёсати калон таъсир дорад? Аммо бархе аз коршиноси масоили динӣ бар ин назар ҳастанд, ки дар ҳеҷ куҷое аз Қуръони азимушшаън маҳорати роҳбарии зан инкор нашудааст. Дар ин маврид танҳо як ҳадис аз Расули акрам (с) ҳаст, ки мефармоянд: "Қавмеро, ки зимоми умурашон дар дасти зан бошад, комёб намешаванд". Аммо бояд саҳми зан дар ҷомиъа ё дар сохторҳои давлатӣ ё ҳар ҷойи дигар набояд сунъӣ бошад. Бонувон беҳтар аст бештар ба корҳое ҷалб шаванд, ки воқеан ҳам ба табиату зеҳният (менталитет) ва вижагиҳои биологии онҳо ҳамхонӣ дошта бошад. Масалан, як зан фавқулода метавонад омӯзгор, мураббӣ ва хоҳари шафқат ё соҳиби касбу корҳои ба ин монанд бошад. Албатта, ҳастанд занҳое ки истисноан корҳои дигареро низ метавонанд ӯҳда намоянд - ақида доранд ин гурӯҳ.

Дар таърихи кишварҳои Шарқ ҳам занҳое будаанд, ки нафари аввали давлат буданд ва то имрӯз дар таърихномаҳо номашон боқист. Яъне ин идаао, ки авомили диниву анъаноти суннатӣ барои ба таври фаъол таваҷҷуҳ накардани занҳо ба масъалаҳои роҳбарӣ ва ё ҷалби онҳо халал ворид мекунанд, то андозае бепоя ҳаст.

Ба ақидаи ин манобеъ, бояд бештар ба саҳм доштани зан дар ҷомиъа андешида шавад, на ба вазифа доштан дар сутуҳи болоӣ. Ҳамин манобеъ меафзоянд, дар ҷомеаи нахустини исломие, ки Пайғамбари худо, саллаллоҳу алайҳи ва салам, бунёдгузораш буд ҳама бар ҳамин андеша буданд. Ҳеч зане гоҳе намегуфт, ки чаро мо вазифа надорем? Чаро мо раҳбар ё муовини раҳбар нестем? Балки занҳо фаолона саҳми худро дар ҷомиъаи нахустини мусулмонҳо мегузоштанд. Масалан ҳазрати Оиша беҳтарин омӯзгор буд ва бисёре аз масоили динии марбут ба оиларо мо аз он бузургвор дарёфт кардаем. Аз тарафи дигар дар тамоми ҷангу ғазавот занҳои мусулмон нақши фаъоли хоҳари шафқатро бозӣ мекарданд ва маҷрӯҳони ҷангро табобат менамуданд. Албатта, буданд бонувоне, ки шамшер ҳам мезаданд. Мо аз шуҷоати ҳазрати Сафия аммаи Пайғамбар, саллалоҳу алайҳи ва салам, огоҳӣ дорем, ки шамшер бардошту яке аз муҳоҷимони мушриконро ба қатл расонд ва занҳоро аз шарри онҳо эмин нигоҳ дошт".

Дар кишварҳои ғарбӣ имрӯз занҳо дар мансабҳои калидӣ мақом доранд. Масалан, вазири дифои Фаронса, котиби давлатии ИМА ва ғайра. Дар Тоҷикистон ҳам занҳо дар даврони истиқлол дар мақомҳои давлатӣ ба монанди вазири маориф, вазири меҳнат ва шуғли аҳолӣ, вазири тандурустӣ, раиси кумитаи занҳо буданд ва ҳастанд. Аммо чаро занҳои мансабдори мо ба ҳайси як шахсият эътибор пайдо намекунанд. Ин суолест ҷавобаш мушаххас бояд шавад ё мушаххас ҳаст?

Ин матлаб бо дастгирии Бунёди ҷамъиятии "Перспектива+" нашр мешавад.


Иршод СУЛАЙМОНӢ
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97