О. БОБОЕВ: АЗ ФАРҲАНГИ ГУМАНИТАРӢ БА ТЕХНИКӢ БОЯД ГУЗАШТ Посухи Раиси ҲИИТ Олим Бобоев ба суолҳои нашрияи "Миллат"

Сиёсат 26.02.2010 16:29

-Назари Шумо ба шаффофият дар баргузори интихоботи порлумонӣ.

-Мо ба кафилии Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаффофияти интихоботи вакилони маҷлисҳои сатҳи гуногун боварӣ дорем. Ба Ҳавзаи Марказии интихобот ва райъпурсӣ, ҳавзаҳои интихоботӣ ба ҳайси намоянда ворид кардани ҳизбҳои амалкунанда ва ворид сохтани нозирони ҳизбӣ дар рӯзи интихобот, ба вуҷуд овардани шароити баробари интихоботӣ барои ҳамаи ҳизбҳо далели ин ваъдаи сарвари давлат дар раванди интихоботи имсола мебошад.

Дар сурати пирӯзӣ ва роҳ ёфтан ба порлумон ҳизби Шумо бештар кадом масоилеро барои баррасиву иҷро пешниҳод мекунед?

Дар сурати пирӯзӣ ёфтан дар Порлумони мамлакат Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон баҳри иҷрои Барномаи пешазинтихоботии хеш кӯшиш ба харҷ медиҳад. Барои ин дар Порлумони мамлакат таҳияи қонунҳоеро пешниҳод менамояд, ки бештар ба ислоҳоти иқтисодию иҷтимоӣ ва рушди ҷомеа нигаронида шудаанд.

Нуфузи ҳизби шумо дар кадом манотиқи кишвар бештар аст ва ба назари Шумо кадом омилҳо боиси таваҷҷуҳи минтақа ба ҳизби шумо дониста мешавад?

ҲИИТ-ро ҳизби олимон, кишоварзон, иқтисодчиён, соҳибкорон, маорифчиён ва ҷавонони кишвар муаррифӣ менамоянд, ки ин бесабаб нест. Зеро дар сафҳои мо нерӯҳои пурқудрати зеҳнии мамлакат, ки Тоҷикистони азизамонро ҳамчун давлати аз лиҳози иқтисодию иҷтимоӣ пурқудрат ва аз лиҳози сиёсӣ давлати демократии ҳуқуқбунёди дунявӣ дидан мехоҳанд муттаҳид кардааст. Барномаҳои аз лиҳози илмӣ асосноккардашудаи мо дар соҳаи расидан ба амнияти озуқаворию энергетикӣ, баромадан аз бумбасти коммуникатсионӣ, рушди саноату соҳаҳои молиявию бонкдорӣ, андозу соҳибкорӣ, фазои солими инвеститсионӣ, диди нав оид ба ислоҳи соҳаи маорифу ташаккули шахсият, гузариш аз фарҳанги гуманитарӣ ба фарҳанги созандаю техникӣ, рушди соҳаҳои тандурустӣ, варзишу саёҳӣ, мубориза ба муқобили фасод ва дигар масъалаҳои муҳими рӯз ва замон имрӯзҳо таваҷҷуҳи мардумро ба худ ҷалб кардааст. Мардум ба ҳизби мо ҳамчун ҳизби ҷавон ва нерӯи нав боумед менигарад. Моро қишри зиёди солими созандаи ҷомеа, ки онҳо ба тақдири Тоҷикистону тоҷикистониён бетараф нестанд, ҷонибдорӣ мекунанд. Инро мо бештар ҳангоми вохӯриҳо бо мардум дар шаҳру навоҳии мамлакат мушоҳида намудем.

Иртиботи Ҳизби шумо бо аҳзоби дигар дар чӣ сатҳу поя қарор дорад ва оё шумо омода ҳастед, ки дар сурати роҳ ёфтани вакилонатон ба порлумон бо аҳзоби дигар фраксия ё иттиҳоди порлумоние ташкил бикунед?

Мо ба ҳамаи ҳизбҳои амалкунанда муносибати некбинона дошта бо аҳли роҳбарикунандаи он дӯстии самимонаи инсонӣ дорем. Охир ягон нафар аз аҳзоби сиёсӣ душмани мардуми хеш набуда ҳама фарзандони содиқи ҳамин сарзамину миллатанд. Мо ба ҳизбҳои амалкунанда рақобати сиёсӣ дорем, аммо ҳаргиз душманӣ не. Агар мо ба Порлумони мамлакат роҳ ёбем рафти фаъолияти мо ва азҳоби дигар худ нишон медиҳад, ки мо чӣ гуна фраксия созем ва дар кадом масъалаҳо бо ҳизбҳои дигар ҳамақида ва ё мухолиф бошем. Инро вақт нишон хоҳад дод.

Таваҷҷуҳ ба Ҳизби шумо чи гуна ҳаст ва оё шумо гуфта метавонед, ки теъдоди аъзои ҳизбатон ба ҳисоби дарсадӣ дар муқоиса бо солҳои пешин то чӣ андоза афзоиш ёфтааст?

Таваҷҷуҳ ба ҳизби мо рӯз то рӯз зиёд шудаистодааст. Агар шумораи аъзоёни мо соли 2005 ҳамагӣ 1600 нафар буд пас имрӯз ин рақам ба зиёда аз 20 ҳазор расидааст. Дар раванди вохӯриҳои тарғиботӣ бо мардум, танҳо дар ҳамин моҳ ба мақомотҳои маҳалии ҳизби мо зиёда аз ду ҳазор ариза барои аъзои ҲИИТ шудан ворид шудааст. Зеро созандагӣ ва дурустии роҳи пешгирифтаи моро шахсони солимфикр дарк кардаанд ва бо аъзогӣ дар ҳизби мо онҳо мехоҳанд худашон дар амалӣ гардидани иҷрои барномаҳои ҷолиби мо ширкат варзанд.

Кадом авомиле монеъи бештар шинохта шудани Ҳизби шумост?

Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон ҳизби амал аст ва аъзоёни он дар ҳамаи соҳаҳои иқтисоду иҷтимоиёт фаъолияти худро аз вазир то олиму муҳандису омӯзгору табиб ва коргари оддӣ, яъне новобаста аз мақоми ишғолкардааш дар ҷомеа ҳамарӯза баҳри ислоҳу рушди соҳаи фаъолияташон амалӣ карда истодаанд. Мақомоти олии ҳизбӣ бо Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, Дастгоҳи Иҷроияи ӯ, Ҳукумати мамлакат ва тамоми сохторҳои марбутаи ҳокимият дар марказ ва шаҳру вилоятҳо алоқаи зич дорад.

Тавассути Шӯрои ҷамъиятии назди Президенти мамлакат, ки ҲИИТ аъзои он аст, ҳизб барномаҳои хешро оиди роҳҳои расидан ба амнияти миллӣ, энергетикӣ, озуқаворӣ, баромадан аз бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ, гузаштан ба тафаккури техникӣ ва созандагӣ ба Президенти мамлакат пешниҳод намуд, ки аксари он пешниҳодҳо қобили қабули сарвари мамлакат гардидаанд. Мо дар маҷҷалаи ҳизбии хеш, ки "Иқтисод ва ҳаёт" ном дорад масъалаҳои муҳими рӯзро мавриди таҳлил қарор дода роҳҳои аз лиҳози илмӣ асосноккардашудаи ҳалли ин масъалаҳоро нишон медиҳем. Оид ба масъалаҳои андоз, бонкдорӣ, рушди соҳибкорӣ ва барҳам задании монеаҳои рушди ин соҳа мо даҳҳо таклифу дархостҳоро ба сохторҳои марбутаи давлатӣ ирсол кардаем. Хулоса ҲИИТ ва аъзоёни он доимо дар талошу ҷустуҷӯ ва амал қарор доранд.

Мо хоҳони онем, ки дар телевизиони ҷумҳуриявӣ барои мо вақти муаррифӣ ва тарғиботии ройгон ҷудо намоянд. Мушкилии мо ҳамчун ҳизби сиёсӣ дар ҳоли ҳозир ҳамин аст.

Оё номгузорииҲизбатон дар ҷалби бештари мардум ба навъе мусоидат мекунад ё хайр?

Бале, ҳоло бинед, ки мардум ва сарвари мамлакат, Ҳукумати Чумҳурӣ даст ба кори созандагӣ задаанд ҳизбе бо номи "Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон" хело ҳам ба онҳо ҷолиб ва талаботи замон аст. Аз ин рӯ мо бо номи ҳизби хеш меболем.

Аввалин ислоҳоте, ки дар сурати пирӯзи ҳизби шумо анҷом доданист кадом мебошад?

Ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ ва соҳаи маорифи мамлакат, ки мо модели онҳоро аз лиҳози илмӣ дар асоси таҷрибаи ҷаҳонӣ аллакай таҳия намудаем. Баъдан дигар ислоҳотҳоро, ки дар барномаи ҲИИТ дарҷ гардидаанд амалӣ намуданием.


©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97