С. САФАРОВ: ҲХДТ "ҲИЗБИ ҲОКИМ" НЕСТ

Сиёсат 26.02.2010 16:23

Посухи муовини аввали Раиси ҲХДТ

Сафар Сафаров ба суолҳои нашрияи "Миллат"

Президенти Тоҷикистон ваъдаи баргузории як интихоботи шаффофро додааст ва ҳадс зада мешавад, ки омодагии ҲХДТ аз интихоботҳои қаблӣ бештар аст ва бо нируи қавитар ва афроди шинохтатар омодагӣ дида ва вориди сабқати интихоботӣ шудааст, оё дарвоқеъ чунин аст? Ва оё ин интихобот аз интихоботҳои қаблӣ фарқкунанда аст?

Воқеан ҳам Президенти Тоҷикистон Раиси ҲХДТ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун кафили тадбиқи меъёрҳои демократии рушди Тоҷикистон бори аввал дар Паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (с.2009) таъкид сохтанд, ки замонати баргузории интихоботи шаффофу демократӣ ва озодро медиҳад. Ҳамзамон зимни баромад дар назди аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ ва дар ҷараёни суханрониашон дар Анҷумани Х-уми ҳизб дигарбора гуфтанд, ки интихоботи қарибулвуқӯъ мутобиқ ба меъёрҳои пазируфташудаи байналмилалӣ доир карда мешавад. Ва ин маъракаи сиёсӣ на ба тафриқаи ҷомеа, балки ба муттаҳидию ҳамбастагӣ ва ваҳдати миллӣ бояд мусоидат намояд.

Умуман мо аз як интихобот то интихоботи дигар ба он муваффақ гашта истодаем, ки сатҳи маърифати сиёсию ҳуқуқии мардум боло равад, меъёрҳои демократӣ беш аз пеш татбиқ гардад ва омма аз ҳуқуқҳои конститутсионии худ бемонеа истифода барад. Дар ин ҷода сохторҳои сиёсӣ ба шумули аҳзоб бояд нақши муассир дошта бошанд. Ҳизбҳои сиёсӣ на танҳо дар арафаи интихобот, балки бояд пайваста дар ин самт кор баранд. Бо роҳи баргузории маҳфилу мулоқотҳо бо мардум, доир намудани тренингҳо ва таблиғу ташвиқи ҳадафу барномаҳояшон ва дигар тарзу услуби фаъолият қонундонию риояи онҳоро бояд фаҳмонанд.

Ҳар қадар, ки сатҳи ҳуқуқии мардум баланд шавад ҳамон андоза аҳзоби сиёсӣ бояд фаъол гарданд. Маҳз аз ҳамин мавқеъ ҳизби мо фаъолияти густурдаи худро ба роҳ мондааст. Ҳизби мо мавсимӣ нест, балки бо назардошти онки аъзои он дар сохторҳои зинаҳои гуногуни ҳокимият ва мақомоти қонунгузорӣ аксариятро ташкил медиҳад, масъулияти дучанд эҳсос менамояд. Ва табиист, ки дар интихоботҳо омодагии бештар мебинад.

Дар сафҳои ҳизби мо ҳоло зиёда аз 125 ҳазор нафар аъзоён ҳастанд. Дар ҳамаи шаҳру навоҳӣ ва вилоёти ҷумҳурӣ, дар аксарияти муассисаю корхонаҷоте, ки қонун иҷозат медиҳад созмонҳои ибтидоӣ дорем. Танҳо нашрияи марказии ҳизби мо "Минбари халқ" ба теъдоди беш аз 30 ҳазор нусха чоп мешавад.

Мо хеле барвақт аз оғози омодагиҳо ба интихобот нақшаи фаъолияти худро тартиб дода, тибқи муқаррароти қонунҳои интихобот корҳои ҳизбию сиёсии худро ба роҳ мондем. Дар ҳудуди то 20 ҳазор нафар аъзои ҳизб ва ҷонибдоронамонро ба гурӯҳҳои таблиғотӣ ҷалб сохтем. Ҳар як созмони ибтидоии мо, ки онҳо беш аз 3 ҳазор мебошанд, аз 5 то 10 нафарӣ гурӯҳи таблиғотӣ дорад.

Ҳамаи номзадҳои пешбарикардаи ҳизби мо ҳам аз руйхати умумиҷумуриявӣ ва ҳам тибқи ҳавзаҳои якмандата шахсиятҳои шинохта, соҳибобрӯ, мутахассиси варзидаи соҳаи худ ва дар байни мардум нуфуз доранд. Шахсони боэътимоди онҳо низ донишманд ва суханварони соҳибтиҷриба мебошанд.

Дар бораи бахши дуюми саволи шумо ҳаминро бояд гуфт, ки бале, интихоботи имсола аз гузашта тафовут дорад. Ҳар як давраи зиндагии мо ва умуман ҳаёти ҷомеа аз марҳилаи сипаригашта фарқ мекунад. Дар давоми панҷ соли гузашта Тоҷикистон ба дастовардҳои калоне ноил гардид. Пеш аз ҳама заминаи ҳуқуқии давлатдории мо таҳким ёфт, раванди демократии бунёди ҷомеа вусъати тоза пайдо кард. Бо қабули қонунҳое "Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ", "Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот", "Дар бораи забони давлатӣ" ва ғайра фазои сиёсию ҳуқуқии кишвар рангу тобиши дигар гирифт.

Дар фазои иттилоотии кишвар баробари расонаҳои хабарии давлатӣ ҳамчунин рӯзномаву маҷаллаҳои хусусӣ, родиёву агентиҳо фаъолият доранд, ки ҳиссаи онҳо дар мавриди рушди озодии баён, ифодаи афкору андеша ва ташаккули назариёти солими ҷомеа калон аст. Ҳукумати Ҷумҳурӣ ҳамеша ба истиқболи васоити ахбори омма меравад. Инҷо аз фармонҳои Президенти кишвар дар бораи баргузории мулоқоту конфронсҳои матбуотии вазорату идораҳо ва вокуниши мансабдорон ба матолиби интиқодии васоити ахбори омма ёдовар шудан лозим аст, ки ин иқдомҳо алоқаи матбуотро бо ҳукумат боз ҳам қавӣ мегардонад. Ҳамаи ин дар маҷмӯъ ҷиҳати беҳтару хубтар ва озоду шаффоф гузаштани интихобот мусоидат мекунад.

Нуфузи ҲХДТ -ро аксарият вобаста ба он медонанд, ки раисии онро Президенти кишвар бар ӯҳда дорад, оё воқеан ҲХДТ танҳо марбути номи Президент мешавад ва ё амсоли роҳбари ҳизб афроди зиёде дар сафи ҳизб ҳастанд, ки ин ҳизбро нируманд кардаанд?

Дар ҳар кишвари пешрафта ва мутараққии ҷаҳон, ки бо меъёрҳои демократӣ иртиботи қавӣ доранд, президент ё худ сарвари давлат бо ин ё он ҳизб алоқамандӣ ва узвият дорад. Дар Тоҷикистони мо низ ин амалия истисно нест. Аслан гирем, ташкилкунандаи ҲХДТ худи Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Вақте ки як ҳизб аз сифр ташкил карда мешавад боз дар шароите ки аҳзоби мавҷуда ба қонуншиканию ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳ даст мезананд ( ман вазъияти нобасомони солҳои 90-уми асри гузаштаро дар назар дорам) кори саҳл нест. Вале замоне, ки мо ба таблиғи ҳадафҳои созандаи ҳизб муваффақ гаштем, мардумро мутақоид сохтем, ки ин як ҳизби марҳилаи нав, яъне ҳизбест, зодаи истиқлолият ва ормонҳои тамоми қишрҳои ҷомеаро ҳимоя мекунад.

Бале, мо ҳеҷ вақт ин воқеиятро пинҳон намедорем, ки маҳбубияти Раиси ҳизб мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақому манзалати ҳизби моро бамаротиб боло бурдааст. Ва ин табиист, ки беҳтарин ақлу истеъдодҳо, шахсиятҳои машҳуру варзида ва мутахассисону олимон, соҳибкорону тоҷирон тақдири худро ба он пайвастанд. Дар маҷмӯъ ин нерӯи ҳизби мост, ки бо онҳо ифтихор мекунем. Ҳизб дар маъракаҳои сиёсӣ ба онҳо такя менамояд. Барои мисол танҳо дар рӯйхати 22-нафараи мо 6 нафар номзад доктори илмҳо ва ду нафар узви вобастаи АИ мебошанд. Аксарияти номзадҳои ҳизб ба вакилии МН МО ҶТ, ки шумораи онҳо беш аз 80 нафаранд аз рӯи ихтисос ҳуқуқдону иқтисодшиносу эҷодкор мебошанд.

Дар сурати пирӯзӣ ва роҳ ёфтан ба парлумон бештар кадом масоилеро барои баррасиву иҷро пешниҳод мекунед?

Аксарияти ҳадафҳое, ки ҲХДТ дар назди худ барои панҷ соли фаъолияти ояндааш гузоштааст, дар Барномаи пешазинтихоботии он дарҷ гардидаанд. Мақсадҳои мо заминаи воқеӣ дошта, мазмунан амиқ ва густурдаанд. Пирӯзӣ дар интихобот ва фаъолият дар парламенти ояндаи кишвар моро имконият медиҳад, ки асоси ҳуқуқии амалигардонии ҳадафҳои барномавии худро такмилу таҳким бахшида, низоми қонунгузории кишварро ба сатҳи сифатан нав барорем. Агар шумо ба Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ як назар андозед, ҳизб дар мавриди такмили ҷанбаҳои ҳуқуқӣ ҳам дар самти сиёсат ва ҳам иқтисоду иҷтимоъ пешниҳодҳои дақиқ дорад. Масалан, зимни рушди равандҳои демократӣ ва такмили худи низоми қонунгузорӣ мо тасмим дорем, ки Барномаи миллии ҳуқуқи инсон ва Консепсияи пешгӯии инкишофи қонунгузории кишварро таҳия ва қабул намоем. Ё дар самти иқтисод ният дорем барои тақвияти соҳибкорӣ ва умуман пешрафти низоми иқтисоду пешгирии коррупсия ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироту иловаҳо ворид созем. Яъне барои ҷинояти хусусияти иқтисодидошта таъини ҷазои ҷарима муқаррар гардад, то зарари расонидашудаи молиявӣ барқарор карда шавад.

Дар соҳаи иҷтимоӣ барои дастгирии ҳаматарафаи нафақахӯрону маюбон Қонунҳои ҶТ "Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ", "Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон", "Дар бораи хизматрасонӣ ба маъюбон"-ро таҳия ва қабул хоҳем намуд.

Масъалаи дигаре, ки имрӯз шаҳрвандони Тоҷикистонро нигарон мекунад ин дастрасӣ ба манзили зист аст. Аз ин рӯ, ҲХДТ дар ин росто низ кӯшиш мекунад, то дар қонунгузории кишвар тағйирот ворид гардад, ки ҳар як фарди ҷомеа имконият пайдо намояд, то сарпаноҳи мувофиқ дошта бошад.

Ва ниҳоят нуктаи меҳварие, ки ҳама гуна инкишоф ба он вобастагӣ дорад ва ояндаи Тоҷикистон бе рушди он тасаввурнопазир аст, ин соҳаи илму маориф мебошад. Дар ин бобат низоми қонунҳои марбут ба ин соҳа бояд мукаммал гарданд ва ҳарчӣ бештар соҳаи илму маориф, бахусус, соҳаи омӯзиши техникаву технология ва илмҳои дақиқ аз тарафи Давлату Ҳукумат ва аз ҷониби созмонҳои ғайридавлатӣ дастгирӣ ёбад.

Барои боз ҳам тақвияту таҳким бахшидани институти оила ва баланд бардоштани масъулияти волидайн дар тарбияи фарзандон, ба вижа, ҷанбаи таълиму донишандӯзии насли наврас Қонун "Дар бораи масъулияти падару модар барои тарбия ва донишандӯзии фарзандон" таҳия ва қабул хоҳад гардид. Ин аст фишурдаи барномаи амали мо дар парламенти ояндаи кишвар. Дар маҷмӯъ мақсадҳои ҲХДТ хеле доманадор ва сершуморанд, ки агар пирузӣ насибамон гардад ва дар сурати амалӣ гардондани ин ҳадафҳои воло сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвари азизамон боз ҳам боло хоҳад рафт.

Маълум аст, ки ҲХДТ бештар ҳамчун ҳизби ҳукмрон шинохта шудааст ва хоставу нохоста ҳам пешрафтҳо ва камбудиҳои ҷомеа ба номи ҳизби шумо рабт мегирад ва дақиқ аст, ки аз пешрафт дида мардум ба камбудиҳо бештар таваҷҷӯҳ мекунанд. Дар ҳамчунин шароите ҳизби шумо фикр мекунед, дар парлумони оянда чанд курсиро соҳиб мешавад?

Мо пеш аз ин ҳам таъкид карда будем, ки ҲХДТ ҳизби ҳукмрон нест. Умуман ифодаи "ҳизби ҳукмрон" мафҳуми ҳуқуқӣ нест. Аз ин лиҳоз, ҳизби мо чунин "мақоми часпонда"-ро надорад. Ин "мақом"-ро рақибони сиёсиамон барои ҲХДТ "арзонӣ" доштаанд, то масъулияти дигарро бар дӯши ҳизб бор кунанд. Мо аз вазнинии масъулияти бар дӯш доштаамон дар ҳарос нестем. Баръакс он фаъолияти густурдае, ки тӯли 15 соли мавҷудияташ ҲХДТ дорад, масъулияти хеле гаронро тақозо дорад. Ва ин боиси ифтихори мост. Аслан, ҲХДТ ҳизби аксарияти парламентӣ аст, ки бо ишғоли 48 ҷой дар мақоми олии қонунгузори кишвар ва мавҷудияти фраксия фаъолияти худро ба роҳ мондааст. Дар давоми фаъолияти панҷсола Фраксияи ҲХДТ 108 қонунро таҳия ва қабул намуда, ба беш аз 80 қонун тағйироту иловаҳо ворид намуд. Лекин, чуноне ки аз Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ бармеояд, ҳизб дар мавриди фаъолияти қонунгузорӣ боз пешниҳодҳои зиёде дорад. Аз ин рӯ, мо кӯшиш мекунем, ки курсиҳои бештарро дар парламенти ояндаи кишвар ба даст орем, то мақсадҳои наҷиби дар пеши худ гузоштаро, ки баҳри рушди ҷомеаи Тоҷикистон нигаронда шудаанд, амалӣ гардонем.

Иртиботи ҳизби шумо бо аҳзоби дигар дар чӣ сатҳу поя қарор дорад ва оё шумо омода ҳастед, ки дар сурати роҳ ёфтани вакилонатон ба парлумон бо аҳзоби дигар фраксия ё итиҳодияи парлумоние ташкил намоед?

Мо ба ҳамаи аҳзоби сиёсии дар ҷумҳурӣ тибқи қонун фаъолият дошта ҳамкориҳои ҳасана дорем. Дар маҳфилу вохӯриҳо, семинару тренингҳо якҷоя ширкат меварзем, баҳсу мунозираҳо мекунем. Дар бисёр масъалаҳое, ки ба манфиати умумимиллӣ дахл доранд, мавқеи мо ба ҳам меояд. Дар баъзе масъалаҳои усулӣ ҳар ҳизб тарзу услуби корбарии худро дорад. Агар сухан дар бораи таъсиси фраксия, эътилоф ва иттиҳод дар парлумони оянда равад, мо ба ин зарурат надорем. Алҳол бовару эътимоди мо бар он аст, ки бо касби аксарияти кулли овозҳои интихобкунандагон дар Маҷлиси намояндагон курсиҳои бештарро соҳиб мешавем. Инро ҳам натиҷаи вохӯрию мулоқотҳо, ҳам пурсиши афкори омма, ҳам ҷонибдории мардум аз Барномаи созандаи ҳизби мо, ҳам номзадҳои арзандаамон ва ҳам маҳбубияти Раиси ҳизбамон таъйид месозад.

Мо дар мавриди фаъолияти фраксия дар парлумон таҷрибаи бойе андӯхтаем. Бо ташаббуси фраксияи ҳизб дар парлумон садҳо қонунҳо таҳия ва қабул гардида низоми ҳуқуқии кишварро боз ҳам таҳким бахшидаанд. Бинобар ин дар сурати соҳиб шудан ба аксарияти ҷойҳо дар парлумон фраксияи ҳизбии худро ташкил мекунем. Агар гурӯҳу фраксияҳои дигар ташкил шаванд дар асоси регламенти Маҷлиси намояндагон барои беҳдошти фазои қонунгузорӣ бо онҳо ҳамкорӣ мекунем. Мақсади ниҳоии мо ин аст, ки санадҳои қонунгузорӣ такмил дода шаванд ва қонунҳое қабул гарданд, ки иқтисоду фарҳангу сиёсатро рушду инкишоф диҳанд.

Теъдоди аъзои ҳизбатон ба ҳисоби дарсадӣ дар муқоиса бо солҳои пешин то чӣ андоза коҳиш ё афзоиш ёфтааст?

Мо ба масъалаи сатҳи сифатию таркибии аъзои ҳизб эътибори ҷиддӣ медиҳем. Пайваста сафҳои ҳизбамонро назорат мебарем, ҳисобу китоби сабту қайдро ҷиддӣ ба роҳ мондаем. Хоҳишмандони дохил шудан ба ҳизб хеле зиёданд, лекин мо кӯшиш мекунем, ки беҳтарину арзандаҳо ба ифтихори аъзогӣ мушарраф гарданд. Дар панҷ соли охир шумораи аъзоён аз 100 ҳазор то 125 ҳазор нафар афзоиш ёфт, ки ҳудудан 25 фоизро ташкил медиҳад. Аз ин 40 фоизро занон ва 40 фоизро ҷавонон ташкил медиҳад. Дар ҳама ҳолатҳо ба сатҳи сифатии аъзои ҳизб эътибор медиҳем .

Иқдомоти назарраси ҳизби шумо ҷудо аз барномаҳои давлатӣ тӯли солҳои фаъолият ва умуман дар солҳои охир, хусусан кадомҳоянд ва чӣ кӯмаке ба мардум кардаед?

Дар Оинномаи ҳизб мақсад ва вазифаҳои ҲХДТ сареҳан нигошта шудаанд ва ҳизб аз рӯзи таъсисёбиаш пайгирона ин ҳадафҳоро амалӣ сохта истодааст. Ҳизби мо аз умқи ҷомеа баромадааст ва чӣ дар рӯзҳои вазнини гирудори миллӣ чӣ дар марҳилаҳои созандагиву бунёдкорӣ ҳамқадами ҷомеа буд ва ҳаст. Ҳар як аъзои ҳизб дар ҷамъият дорои мақому манзалати хешанду шарики бурду бохти мардуми Тоҷикистон. Мақсади аслии ҳизб ин муҳайё намудани ҳаёти арзанда барои ҳар як фарди тоҷикистонист.

Аз ин лиҳоз ҲХДТ ва аъзоёни он дар ҳар мавриде ва ҳар ҷое, ки набошад, саъю талоши худро маҳз барои роҳандозии ин ҳадафи воло равона месозанд. Аз кӯмаки яквақтаи моддӣ, мусоидат дар ҳалли мушкилоти таъмини манзил, барқарор намудани адолати судиву иҷтимоӣ оғоз намуда, то вокуниш намудан барои ҳимояи манфиатҳои миллӣ дар сатҳи байналмилалӣ аз зумраи он корҳое мебошанд, ки ҲХДТ анҷом додааст ва анҷом медиҳад. Имрӯз, ки масъалаи таъмини истиқлолияти энергетикӣ ба сатҳи ҳаётан муҳими кишвар баромад, ҲХДТ сарпарастии маънавии НБО-и "Роғун"- ро бар дӯш гирифтааст. Дар доираи ин иқдом чандин чорабиниҳои хусусияти иттилоотӣ ва фарҳангидошта гузаронида шуданд. Бар замми ин, ҲХДТ дар мавриди дастгирӣ аз соҳибкории хурду миёна ва рушди бемайлони он ҷиҳати пешрафти кори соҳибкорон мусоидати ҳаматарафа менамояд. Хар кори имконпазире, ки дар доираи салоҳияти мост онро ҳатман иҷро мекунем.

Таманиёт ва даъвати Шумо ба интихобкунандагон.

Тоҷикистони азизи мо дар фазои сулҳу оромӣ зина ба зина таҳти сарварии Роҳбари фарзонаи давлату миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сатҳи давлатҳои тараққикардаи ҷаҳон мебарояд. Аз ин лиҳоз, бо шукргузорӣ аз ин лутфу раҳмати Яздони пок барои мардуми шарифи Тоҷикистон таҳкими суботи ҷомеа, ҳамдилию ҳамдигарфаҳмӣ таманно менамоям. Аз ҳамаи шаҳрвандони кишвар эҳтиромона даъват ба амал меорам, ки ҷиҳати роҳандозии ҳадафҳои Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ, ки барои боз ҳам тавсеа бахшидани корҳои созандагӣ ва инкишофи Ватани маҳбубамон ва муҳайё сохтани зиндагии шоиста ба ҳар як фарди ҷомеа нигаронда шудаанд, ба тарафдории ҲХДТ ва номзадҳои он овоз диҳанд.


©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97