М. КАБИРӢ: ҲНИТ ҲИЗБИ МИЛЛӢ ВА АЗ ҲАМАИ ҚИШРҲОИ ҶОМИЪА АСТ

Сиёсат 26.02.2010 15:28

Мусоҳибаи ихтисосии "Миллат" бо раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ

НОМЗАДҲОИ ФАЪОЛУ ПУРТАҶРИБАИ ТО 55-СОЛА

-Ба таври маълум дар интихоботи порлумонии имсол нисбат ба собиқадорони ҲНИТ номзадҳои ҷавони он дар рӯйхат бештар ба назар мерасанд. Инҳо, ки ҷавон ҳастанд, то куҷо метавонанд раъйи бештар ба даст биоранд?

-Бисмиллоҳи-р-раҳмони-р-раҳим. Воқеан ҲНИТ дар ин интихобот як гуна омезиш байни таҷриба ва ҷавониро дорад ва мо ҳам дар рӯйхати ҳизбӣ ва ҳам дар рӯйхати якмандатӣ ҳам аз ҷумлаи шахсони ботаҷриба ва собиқадорон номзад дорем ва ҳам аз ҳисоби ҷавонон ва чеҳраҳои нав. Албатта вақте, ки мо дар бораи таҷрибадорон ва собиқадорон мегӯем, ба маънои он нест, ки онҳо солхӯрдаанд, онҳо фақат дорои таҷриба ва солҳои тӯлонии фаолияти ҳизбӣ ҳастанд. Барои мисол мо ягон номзаде надорем, ки умраш ҳадди ақал аз 55 сол боло бошад. Вале аксари номзадҳои мо таҷрибаи беш аз 20-солаи фаолияти ҳизбӣ доранд. Аз тарафи дигар мо як идда ҷавононеро дорем, ки фаолияти ҳизбии онҳо шояд аз 5-6 сол бештар нест, вале имрӯз худро ҳамчун ҷавонони ояндадор нишон додаанд ва яке аз вазифаҳои интихобот ва чорабиниҳои сиёсӣ ин муаррифӣ кардани кадрҳои ҷавон ҳаст. Ва беҳтарин фурсат аст барои сиёсатмадорони оянда. Аз ин лиҳоз ҲНИТ талош кард, ки байни ин ду падида; таҷриба ва неруи ҷавонӣ созишеро ба даст орад ва Худоро шукр, ки ин ба даст омад.

БОЯД ВАЗОРАТИ МУҲОҶИРАТ ТАЪСИС ШАВАД

- Муҳоҷирини кории тоҷикистонӣ ва ҲНИТ. Оё миёни ҲНИТ ва онҳо робитае ҳаст ва ё таваҷҷуҳи онҳо ба ягона ҳизби исломии кишвар чи гуна аст?

- Мо ягона ҳизбе будем, ки дар тӯли ин солҳо ба назди муҳоҷирин сафар кардем ва аз ҳаёту фаолияти муҳоҷирин бевосита дар маҳал бо авзои онҳо шиносоӣ пайдо намудем. Агарчи сафари охирини мо боиси вокунишҳо дар матбуоти дохилӣ ва хориҷӣ гашт, вале дари робитаҳои мо ва муҳоҷиринро боз намуд. Ҳатто вокунишҳои манфии баъзе мақомот нисбат ба ин сафар боз ҳам ҷонибдорони моро дар байни муҳоҷирин бештар ташвиқ намуд ва ҳоло мо шумораи зиёде аз ҷонибдорони худро маҳз дар миёни муҳоҷирин дорем пайдо мекунем. Барои мисол фақат аз навори Анҷумани 8-уми ғайринавбатии ҲНИТ худи муҳоҷирин дар Маскав даҳҳо ҳазор нусхабардорӣ карданд ва аз пули худашон байни муҳоҷирин тақсим намуданд. Инчунин онҳо ба мо намунаи овеза, аксҳо ва тақвим¬ҳои таёрнамудаи худро дар Маскав фиристоданд, ки аз ҷумла даҳҳо ҳазор бо маблағи худашон паҳн карда шудааст. Воқеан ҲНИТ имрӯз дорои як неруи бузурги ҷонибдорон дар байни муҳоҷирон аст. Аз тарафи дигар баъд аз омӯзиш ва таҳлилҳои ҳамаҷонибаи вазъи муҳоҷирин ва сиёсатҳои пешгирифтаи ҳукумат ҲНИТ дар барномаи пешазинтихоботии худ масъалаи таъсиси як вазорати хос барои муҳоҷиринро ба миён гузошт ва ҳоло ҳам ин як ҷузъи барномаи пешазинтихоботии мо ҳаст ва умед дорем, ки баъд аз интихобот фавран ҳукумат сари ин масъала бармегардад. Зеро муҳоҷирати меҳнатӣ бештарин даромади молиро ба Тоҷикистон ворид кардан дорад. Мо дигар ягон соҳае дар Тоҷикистон надорем, ки мисли муҳоҷирати меҳнатӣ ба Тоҷикистон маблағ ворид кунад. Фақат аз тариқи бонк бештар аз 2, 5 (дуву ним) миллиард доллар аз ҷониби муҳоҷирин ба Ватан фиристода шудааст, ки ин худ алакай як баробар бештар аз буҷаи давлатӣ аст. Ҳоло ки мо агар маблағҳои аз тариқи шахсӣ омада ё ҳамчун мол воридшударо ҳисоб кунем, боз як баробари дигар бештар мешавад. Мо кадом соҳаи дигарро аз кишоварзӣ, саноат ё бахшҳои дигар дорем, ки ин қадар даромад ба иқтисодиёт ё иҷтимоиёти Тоҷикистон ворид карда бошад? Дигар соҳаҳо ҳама соҳиби вазоратанд. Ягона соҳае, ки вазорат надораду аз ҳама бештар қувваи корӣ дар он аст ва аз ҳама бештар даромад медиҳад, ин соҳаи муҳоҷират аст.

АСАБОНИЯТИ БАРХЕ ШАФФОФИЯТИ

ИНТИХОБОТРО ЗЕРИ СУОЛ МЕБАРАД

-Масъалаи шаффофият дар баргузории интихобот. Ба назари шумо интихоботи нав¬батӣ то чӣ андоза шаффоф мегузарад?

-Дар умум мушоҳидаи мо ин аст, ки интихоботи 2010 дар муқоиса бо интихоботҳои 2000-ум ва 2005 -ум як каме дар фазои беҳтар гузашта истодааст. Вале ин фазо то 15 рӯзи интихобот буд. Ҳоло ки 15 рӯзи дигар мондааст, аллакай як дигаргуниҳое дар бархӯрди масъулин бо номзадҳо ва шахсони боэътимоди ҲНИТ сурат мегирад. Мо то ба ҳол барои худ мушаххас накардаем, ки ин тағйирёбии фазо чӣ омил дошта бошад. Шояд баъзе масъулин ба ин натиҷа расидаанд, ки ин шаффофияти ваъдакардаи президент билохира метавонад ба мағлубияти ҳизби худаш анҷом шавад. Дар чунин ҳолати душвор онҳо омода ҳастанд, ки ба хотири таъмини ғалабаи ҳизб ё номзади ҳизби худашон ба ҳар роҳу васила, ҳатто қонун ва ваъдаи президентро зери по гузоранд. Воқеан, вазъи масъулини маҳалҳо хеле душвор аст. Шояд як идда аз масъулин омода набуданд, интизор надоштанд, ки ҲНИТ бо чунин неру ва тавон вориди маърака мешавад. Мо ба ғайр аз 40 номзади пешниҳодкарда ба Маҷлиси намояндагон бештар аз 1000 номзад дар маҷлисҳои маҳаллӣ дорем, фақат ноҳиявӣ ва шаҳрӣ. Бештар аз 200 номзад дар маҷлисҳои вилоятӣ дорем. Тасаввур кунед, ки ҳар кадоми инҳо ҳадди ақал 10 нафар шахси мубаллиғ ва боэътимод доранд, ки кор мекунанд. Вақте, ки якбора даҳҳо ҳазор намояндагони ҲНИТ вориди саҳнаи интихоботӣ шуданд, агар шумо дар кӯчаву бозор мушоҳида карда бошед, мо таблиғотҳои ба чашм айён надорем, вале бо мардум шахсони мо бисёр кор карда истодаанд. Ин як гуна масъулинро аз хоб бедор кард ва онҳо чунин интизореро надоштанд, аз ин рӯ як каме ба асабоният ва саросемагӣ роҳ дода истодаанд. Мулоҳизаҳои мо ин аст, ки ахиран шаффофият ва раванди интихобот як каме зери суол рафт. Барои он ки зиёдагӯӣ нашавад, чанд мисоли мушаххас меорам. Вақте ду нафар аз донишҷӯёнро дар шаҳри Душанбе милиса боздошт намуд, фақат ба хотири таблиғи ҲНИТ. Мо инро падидае ғайритабиӣ ва иштибоҳи худи милиса маънидод кардем ва ҳеҷ куҷо шикояте эълон накардем, агарчи ба додгоҳ муроҷиат шуд. Вақте ки дар шаҳри Ваҳдат мошини таблиғотии ҲНИТ-ро боздошт карданд ва супориш шуд, ки ба ШКД-и ноҳия бурда шавад. Далели онҳо ин буд, ки бидуни иҷозаи мақомоти шаҳри Ваҳдат онҳо таблиғоти ҳизбӣ ва номзадҳоро дар шаҳри Ваҳдат анҷом додаанд ва танҳо бо дахолати раиси ҳизб ин қазия ҳалли худро ёфт. Мо инро ҳам гуфтем, шояд аз надонистани қонун рух дод. Шаби 12 ба 13-и феврал ба мо иттилоъ доданд, ки панҷ нафар аз дастёрони ҲНИТ, ки дар байнашон як номзади маҳаллӣ ҳам будааст, аз тарафи милисаи шаҳри Кӯлоб боздошт мешавад ва бештар аз ду соат ҳар кадоми онҳоро дар утоқҳои алоҳида бозпурсӣ мекунанд ва бо таҳқиру тавҳин, баъди талошу заҳмат¬ҳои зиёди масъулин онҳоро аз ҳабс озод карданд. Ин як навъ фишори равонӣ овардан ва тарсонидани дастёрону гурӯҳҳои таблиғотии ҲНИТ аст. Бардошти мо аз тағйир ёфтани ҳолат дар ин аст, ки мақомот ва масъулин ба асабоният роҳ дода истодаанд ва онҳо омода ҳастанд дар чунин ҳолат на танҳо қонун, ҳатто ваъдаи президентро ҳам бишкананд.

ҚУДРАТИ БЕШТАР БА ПОРЛУМОНУ СУД

ВА ҶУДО КАРДАНИ МАОРИФ АЗ СИЁСАТ

-Ба истиснои вазорати муҳоҷират, масоили дигари дараҷаи аввал, ки ҲНИТ дар порлумон пешниҳод мекунад, кадом хоҳад буд?

-Дар ҳамон вақте ки қонунҳо дар оянда қабул мешаванд, мо бар ин назар ҳастем, ки Тоҷикистон бояд вориди як марҳалаи нав шавад. Бояд қонунгузории ояндаи мо ҳам ба ҳамин марҳилаи нав мутобиқат кунад. Ин марҳилаи нав сифатан аз он иборат аст, ки дигар мо як кишвари ҷангзада ва пас аз ҷанг нестем. Мо дар як кишваре ҳастем, ки дорои вазъи сиёсии ором ва субот аст. Вақти он расидааст, ки худи шохаи қонунгузори ҳокимият, яъне порлумон дорои як мақом ва ҷойгоҳи хос бошад ва аз рӯйи салоҳиятҳое, ки Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мушаххас кардааст, бояд фаъолияти худро пеш барад. То ин вақт дар тақсими қудрат байни шохаҳои ҳокимият як каме авлавият ба шохаи иҷроия дода мешуд, ки хосси замони ҷанг ва пас аз ҷанг буд. Дар ҳар кишваре, ки вазъият ноором аст, бояд яке аз шохаҳои ҳокимият қудрати бештар дошта бошад, барои ором кардани вазъ. Агар мо ба ин назар ҳастем, ки Тоҷикистон ба марҳалаи суботу оромӣ расидааст, бояд ки як каме салоҳият ба дигар шохаҳои ҳокимият аз он ҷумла ба порлумон ва суд дода шавад. Ин аз нуқтаҳои аввалиндараҷаи фаъолияти ҳизби мо дар порлумони оянда хоҳад буд. Нуқтаи дувум ин соҳаи маориф аст. Аввалан маорифро аз сиёсат бояд ҷудо кард. Мутаассифона маорифи мо бисёр сиёсатзада шудааст. Ҳатто дар интихоботҳо ҳам системаи маориф табдил мешавад ба як василаи муборизаҳои сиёсӣ ва ба идомаи яке аз ҳизбҳои сиёсӣ. Ин худ зарбаи ҷиддиро ба системаи маориф мерасонад. Зеро системаи маориф ҷойе аст, ки дар онҷо ҳам фарзандони Ҳизби халқӣ-демократ таҳсил мекунанд, ҳам наҳзатиҳо, ҳам коммунистҳо, ҳам диндору ҳам бедин. Ба сиёсат олуда кардани системаи маориф, ба хусус омӯзгорон, ин худ ҷудо кардани ҷомиъаи Тоҷикистон аз туфулият, аз кӯдакистон ба ҳизбҳо ва гурӯҳҳо аст, ки ин оҳиста-оҳиста ба ҷудо кардани Тоҷикистон ба табақаҳо ва қишрҳо оварда мерасонад. Бо истифода аз фурсат, даъватамон аз омӯзгорони мӯҳтарам ин аст, ки талош кунанд, ки худро аз ҳама гуна бозиҳои сиёсӣ дур бигиранд ва васила ё бозичаи кадоме аз ҳизбҳои сиёсӣ қарор нагиранд.

НУФУЗИ ЧАШМГИРИ ҲНИТ ДАР КӮЛОБ

-Нуфузи ҲНИТ дар кадом минтақаи кишвар бештар аст?

-Яке аз вижагиҳои ҲНИТ ин аст, ки аллакай ба як ҳизби миллӣ табдил шудааст. Дигар мо ҳизби ягон минтақа ё қишри алоҳидаи аҳолии Тоҷикистон нестем. Қаблан ҲНИТ-ро ҳизби ҷануб мегуфтанд ва ҳизби мардуми рустоӣ ва таҳсилнокарда ё ғайридонишгоҳӣ. Вале, Худоро шукр, мо бо кӯмаки Худованд ва сиёсатҳои дурусти устоди марҳум Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва раҳбари маънавии имрӯзаамон устод Ҳимматзода ва бо талоши бародарон, тавонистем ин пешзеҳниятҳо ва қолабҳоро бишканем. Ҳоло ҲНИТ ҳизби ҳамаи қишрҳо ҳаст. Аз рустоиҳо шурӯъ карда то рӯшанфикрон, донишҷӯён ва донишгоҳиҳо ва ҳизби ҳамаи манотиқ аст. Мо дигар гуфта наметавонем, ки ҲНИТ ҷонибдори бештар дар шарқ дорад ё дар шимол, ё дар ҷануб ё дар ғарб. Масалан, сафари ахире, ки чанд рӯз пеш ба минтақаи Кӯлоб доштем, барои худам ҳам ғайриинтизор буд. Вақте ки мардум бо як рӯҳияи хеле баланд аз Ҳизб пазироӣ мекарданд, ҳатто дар толорҳое, ки намояндагони ҳамаи аҳзоб ҳузур доштанд, эҳсос мешуд, ки бартарияти мардумӣ ба тарафи ҲНИТ аст. Шояд ҳамин нуктаҳо бошад, ки як каме боиси асабоният ва худро аз даст додани баъзе аз масъулин дар маҳалҳо гаштааст. Чун онҳо намехоҳанд як сурате ба вуҷуд биояд дар ҷомиъа, бахусус дар назди раҳбарият, ки дар минтақае, ки онҳо масъул ҳастанд, ҲНИТ нуфуз пайдо карда истодааст ва шояд аз ин битарсанд, ки раҳбарият бипурсад, ки шумо чӣ кор кардед дар ин минтақа, ки ҲНИТ маҳбубият касб кардааст? Аз ин рӯ фикр мекунам ки ҳизби мо ин марҳаларо сипарӣ кардааст ва дигар ҳеч касе иддаъо карда наметавонад, ки он ҳизби як минтақаву як қишр аст.

ҲНИТ ДАР БАЪЗЕ МАСОИЛ БО ҲХДТ ҲАМ МУШТАРАКОТ ДОРАД

-Иртиботи ҲНИТ бо кадом яке аз аҳзоби кишвар бештар аст ва оё шумо омода ҳастед, ки дар порлумон бо аҳзоби дигар фраксия ташкил диҳед?

-Албатта талоши мо ин аст, ки дар порлумон фраксияи ҳизби худро дошта бошем ва ҳатман бояд чунин бошад. Чунки ҳизби мо исбот кард, ки ин ҳақро дорад ва сазовор аст, ки як фраксияи хеле қавӣ дар порлумон дошта бошад. Аз тарафи дигар мо шарикони худро дар байни аҳзоб аз рӯйи ҳадаф ва барномаҳои мушаххасашон интихоб мекунем. Барои мо масалан, шарики доимӣ вуҷуд надорад, барои мо шарики мавзӯӣ аҳамият дорад. Мо дар баъзе масъалаҳое, ки ба манфиати миллату давлат рабт доранд, ҳатман бо Ҳизби халқӣ-демократӣ муштаракот дорем, вале танҳо дар атрофи ин масъалаҳое, ки мушаххас ҳастанд. Мо наметавонем бо ҳамаи барномаҳо ва бо ҳама сиёсатҳои ҲХДТ муштаракот дошта бошем, чун баъзе иштибоҳоте ҳам дар ин ҷо вуҷуд дорад, ки ҲНИТ ошкоро таъкид кардааст. Аз тарафи дигар бо ҳизбҳои сиёсие, ки дар мав¬қеъи оппозитсионӣ истодаанд мо муштаракоти дигар дорем; мисли дифоъ аз ҳуқуқи инсон, дифоъ аз мазлумӣ ва пешгирии поймолшавии қонун, ки дар Тоҷикистони мо ба як падидаи саросарӣ табдил шудааст, мубориза бар зидди коррупсия ва дар ин қисми масоил мо бо ҳизбҳои ғайри ҳукуматӣ муштаракот дорем ва онҳоро шарики худ дар ҳалли масъалаҳо медонем. Ҳизби мо метавонем бигӯем, ки дар васат қарор гирифтааст. Мо ҳам бо ҳизби ҳоким дар масоиле, ки муштаракот дорем ҳамкорӣ мекунем, мисли масоили фарҳанги миллӣ ва мазҳабӣ, ки вақтҳои охир хеле умумиятҳо ба вуҷуд омадааст, вале дар шева ва усули роҳбарии давлат ва ҳалли масоили мардум мо бо ин ихтилофи назар дорем. Дар масоили дигар мо бештар бо ҳизбҳои оппозитсионӣ наздикӣ дорем. Барои ин ҳам мо наметавон гуфт, ки ҲНИТ мушаххасан бо кадом ҳизб ва гурӯҳҳо бештар наздик аст.

МАЪРАКАИ ИНТИХОБОТӢ ВА ТАБДИЛИ

РӮҲОНИЁН БА ВАСИЛАИ СИЁСӢ

-Муносибати шахсиятҳо ва чеҳраҳои рӯҳонии кишвар, ки узви ҲНИТ нестанд, дар маъракаи интихоботӣ бо ягона ҳизби исломии кишвар чӣ гуна аст?

-Инҷо бояд аз аввал ин масъаларо пайгирӣ кард, ки аз рӯзи аввали фаъолияти ҲНИТ мо бо як идда аз рӯҳониён ҳамкорӣ ва муносибатҳо доштем, як иддаи дигар огоҳона ё ноогоҳона мавқее зидди мо гирифтанд, ки мутаассифона то ба имрӯз дар муносибати мо бо баъзе рӯҳониён таъсири худро гузоштааст. Вале дар марҳилаҳои баъдӣ як каме ин вазъ ислоҳ шуд. Бахусус, устоди марҳум Саид Абдуллоҳи Нурӣ сиёсатҳоеро пеш гирифтанд, ки тамоми назокатҳо ва масоили ҳалношуда байни ҳизб ва рӯҳониёни саршиноси кишварро аз байн бардорад. Оне ки инсоф дошту воқеъбин буд, ин масъалаҳоро дарк кард ва масъалаҳои ихтилофиву баҳсӣ аз байн бардошта шуданд ва хусусан баъди он, ки масъулият бар дӯши мо афтод, мо эълон кардем, ки аслан дигар сазовори он нестем, ки дар шахсияти худамон, ки кадом як рӯҳонӣ бо мо рақобат кунад. Агар касе бо устоди марҳум Саид Абдуллоҳи Нурӣ рақобат мекард, устод ин зебро доштанд, вале мо ба он ҳадде нестем, ки як бузургвор биёяду бо мо рақобат кунаду аслан дар масоили динӣ ва рӯҳонӣ моро тараф қарор диҳад. Ин таъсири худро гузошт ва мо шурӯъ кардем аз он, ки як шахсияти барҷастаи рӯҳониро ҳамчун як устод ва ҳамчун як пешвои мазҳабӣ, эҳтиром дорем. То ба ин рӯз аксари он уламое, ки андешаи васеъ, равшан доранд ва дар мавқеи мӯътадил қарор гирифтаанд, онҳо бо мо ҳастанд ва ҳадди ақал байни мо ягон мушкилие нест, вале як идда аз рӯҳониёни бисёр хурофотӣ ва ақибмондае ҳастанд, ки дигар онҳоро на ҲНИТ ислоҳ карда метавонад ва на каси дигар. Инро фақат вақт, Худованди муттаъол худаш чораҷӯӣ мекунад. Дар умум, муносибати мо бо ҳамаи рӯҳониён созанда аст, вале мо аз як чиз каме афсӯс мехӯрем, ки дар баъзе лаҳзаҳои ҳассос бархе аз уламо ва бахусус баъзе кормандони масоҷид, боз ҳам мисле, ки дар бораи омӯзгорон гуфтем, табдил ба як василаи муборизаи сиесӣ мешаванд, ки дар ҳамин шабурӯз мо мушоҳида кардем, ки бисёри аз хутабо ва имомони масоҷид як гуна таблиғоти сиёсӣ ва аксарашон алайҳи мо бурда истодаанд. Тӯли панҷ сол онҳо хомӯшанд, вале дар арафаи интихобот боз ҳам масъалаи "оё дар ислом ҳизб ҳаст ё не", ё "ҲНИТ шаръӣ ҳаст ё нест", ин масоилро боз ҳам матраҳ мекунанд. Аз як тараф, худашон даъво доранд, ки ислом ба сиёсат кор надорад, аз сиёсат ҷудо ҳаст, вале дар шабу рӯзи интихобот худашон табдил мешаванд ба як василаи сиёсӣ. Фарқи ҲНИТ аз ин гурӯҳи сиёсатмадорон дар он аст, ки мо агар рабте ба сиёсат дорем, сиёсат дар дасти мо ҳаст. Инҳо василаи сиёсии дигарон қарор мегиранд. Фарқ фақат дар ҳамин аст. Дар ҳар ду ҳолат ҳам, на мо ва на онҳо аз сиёсат ҷудо нестем.

ҲНИТ ВА МАРДУМ

-Оё дар солҳои охири фаъолият ёрмандиҳои иҷтимоии ҲНИТ ба мардуми кишвар расидааст ё мешавад аз мавридҳое гуфт, ки боиси таваҷҷуҳи мардум ба ин ҳизб шудаанд?

-Аслан вазифаи як ҳизби сиёсӣ дар он нест, ки ба мардум кумаки хайрия, ё иҷтимоӣ бирасонад, вале боз ҳам вижагии ҲНИТ дар он аст, ки мардум ин таваққӯъро аз мо доранд. Аз ягон ҳизби дигар суол карда намешавад, ки оё дар тӯли фаъолиятатон ба мардум кумаки иҷтимоӣ кардаед ё не. Ин бисёр хуб аст, ки аз мо ин интизорро доранд, пас маълум мешавад, ки мо лозимем, мо зарурат дорем, ки аз мо инро мепурсанд. Маъмулан мо ин ҷанбаи фаъолияти худро ошкор накардаем, чун як навъи худнамоӣ ҳаст. Вале худоро шукр мегӯем, ки тӯли ҳамаи ин солҳо ҲНИТ ҳамеша бо мардуми мазлуму корафтода буд ва хоҳад монд. Мо чун суол додед, бояд ин нуктаро бигӯем. Ҳар моҳ атрофи бештар аз сесад нафар аз маъюбони ҷанги шаҳрвандӣ, аз мо кумакпулӣ мегиранд ва ин ҳам аз ҳисоби тарафдорон ва аъзои сармоядори ҳизб, ки мо аз онҳо хоҳиш мекунем, ки кумак расонанд ва ин ҳармоҳа ҳаст доимӣ. Худо накарда агар офат, ё ҳодисаи нохуше дар ягон гӯшаву канори кишварамон ба вуҷуд биояд, мо ҳатман ба қадри имкон дасти кумак дароз кардаем. Ҳамон гунае, ки кумаки хоксоронаи худро ба чанд хонаводаи ноҳияи Хуросон пас аз ҳодисаи нохуши онҷо расонидем. Барои мисол мо натавонистем, дар арафаи интихобот, ки масалан мусодиф ба зилзилае, ки дар Ванҷ шуд, кумакеро ба мардуми онҷо бирасонем, чунки худи марҳилаи интихобот, як марҳилае аст, ки хароҷоти зиёде дорад. Бо вуҷуди он ҳам агарчи ба онҷо нарафтем, ҳар касе, ки дар он ҳодисаи нохуш зарар дида буду ба мо муроҷиат карда аст то имрӯз, мо талош кардаем, ки ягон нафари онҳоро ноумед нагардонем. Албатта, мо наметавонем ҳамаи ниёзҳои онҳоро бароварда кунем, вале касе то ба ҳол аз мо ноумед бар нагаштааст. Аммо мо маблағи корҳоро эълон намекунем, ба он далил, ки ин вазифаи ҳизби сиёсӣ нест, вале модоме, ки мардум муроҷиат мекунанд, мо ҳамчун як мусалмон ин корҳоро анҷом медиҳем ва мо як фарҳанги хос дар ин масъала дорем, ки ҳар чи қадаре, ки шумо ин ҷанбаи корро, яъне кумак ба мазлумонро пинҳон медоред, ҳамон қадар савобаш бисёр аст.

"БА РАЪЙИ МАРДУМ ХИЁНАТ НАКУНЕД!"

-Дар ниҳоят, гуфтании Шумо барои интихобкунандагон, новобаста аз он, ки интихобкунандаи ҲНИТ бошанд, ё аҳзоби сиёсии дигар чӣ аст?

-Ман бо истифода аз фурсат мехостам ба се гурӯҳ ишораи мухтасар дошта бошам, якум ба аъзои коммисияи интихоботӣ, ки ҳар чӣ дар гузашта буд, ба гузашта салавот. Вале хоҳиши мо ин аст, ки ба овози мардум хиёнат накунанд, он хиёнате, ки мекунанд, бюлеттени иловагӣ мепартоянд, ё овози як ҳизберо ба дигар ҳизб медиҳанд, ба хотири як мансабдори болоӣ, ки аз онҳо хурсанд шавад. Мутмаин бошад, ки ҳеҷ кас аз онҳо хурсанд намешавад ва аксари ин гуна воқеаҳоро мо медонем, ки баъд аз интихобот боз худи ҳамон масъулоне, ки интихоботро тақаллуб карданд, аз вазифа сабукдӯш мешаванд, чунки ҳеҷ кас дар мансабаш тулонӣ наистодааст ва бисёри нафароне, ки ба ин кор даст задаанд, баъд аз интихобот пушаймон мешаванд ва меоянд назди мо барои узрхоҳӣ кардан. Вале мо мегӯем, аз худованд талаби омурзиш кунед ва чунин гуноҳро дар пеши қонун, дар пеши худованд кардаед. Дуюм муроҷиати мо ба омӯзгорони муҳтарам аст, ки ҳамон тавре, ки дар боло гуфтам, аксари ҳавзаҳои интихоботӣ дар мактабҳо аст ва аксари гардонандагони раванди интихобот боз ҳамон омӯзгорон ҳастанд. Нашавад, ки обрӯи устод, омӯзгор ва муаллимро дар назди падарону модарон, дар пеши фарзандони онҳо ва шогирдони худ ба замин бизанед, зеро мардум ба шумо ҳанӯз ҳам эътиқод доранд, ки омӯзгор бояд хиёнат накунад. Вале агар бинанд, ки системаи маориф ва омӯзгорон ба як василаи сиёсӣ дар дасти ҳизбҳои сиёсӣ табдил шудаанд, ин зарбаи охирин ва муҳлик ба обрӯ ва мақоми омӯзгор дар ҷомиъа хоҳад буд, инро, бояд мо ҳис кунем. Нуқтаи сеюм дахл дорад ба ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки билохира тақдири миллат ва ояндаи худро бояд ба даст бигиранд ва аз натиҷаҳои интихоботҳои гузашта ноумед нашаванд, ки ҳамаи чиз аз қабл тарҳрезӣ шудааст, муайян шудааст, кадом ҳизб чӣ қадар овоз мегирад ва ба кадом номзад ҷой медиҳанд ё не. Ин аз афсонаҳое ҳаст, ки баъзе гурӯҳҳо барои ноумед кардани мардум ва дилсард кардани онҳо аз интихобот бофтаанд. Мо бояд гузаштаро фаромӯш кунем ва барои расидан ба ҳаққу адолат, аз ҳама муҳиммаш ба даст гирифтани тақдири худ талош кунем ва ин интихобот имтиҳоне аст барои он, ки оё миллати мо воқеъан ба марҳилае расидааст, ки метавонад тақдири худро ба даст бигирад ё на? Агар интихоботро худой накарда, мисли солҳои гузашта мо ба тавре, ки буд гузаронем, пас мо бояд бо таассуф дар оянда зикр кунем, ки ҳанӯз ба ҳадди миллати пешрафтае нарасидаем, ки тақдири худро ба дасти худ бигирем.

-Аз шумо барои сӯҳбат сипосгузорем ва бароятон дар интихобот пирӯзӣ хоҳонем.

-Ташаккур.


Мусоҳиб З. ДАВЛАТ
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97