А. ҚАРАҚУЛОВ: "ЗИНДАГИИ АРЗАНДА БА ҲАР ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН"

Сиёсат 24.02.2010 15:17

Посухи раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон Амир Қарақулов ба пурсишҳои "Миллат" тавассути Интернет.

-Назари Шумо ба шаффофият дар баргузории интихоботи порлумонӣ.

-Дар шафофияташ шубҳа надорам.

-Ҳизби аграрии Тоҷикистон, ки ба масоили кишоварзӣ аз муҳимтарин соҳаҳои зисту зиндагӣ дар ин кишвар беш аз дигар аҳзоб таваҷҷӯҳ дорад, чаро фаолияти он дар миёни дигар аҳзоб дар арсаи сиёсии кишвар камрангтар аст? Оё ягон омиле монеи шинохти бештари он аст?

-Шояд ба назари Шумо чунин намояд вале мо дар фаъолияти худ кӯшиш бар он дорем, ки беш аз пеш бошад. Ҳаргиз не!

-Дар сурати пирӯзӣ ва роҳ ёфтан ба порлумон бештар кадом масоилеро барои баррасиву иҷро пешниҳод мекунед?

-Пеш аз хама масалалаҳои таъмини пешравии соҳаи аграриро таъминкунанда, аз ҷумла мавқеъи аввалият пайдо кардани соҳаи аграрӣ дар сиёсати мамлакат.

-Нуфузи Ҳизби шумо дар кадом манотиқи кишвар бештар аст ва ба назари Шумо кадом омилҳо боиси таваҷҷуҳи мардуми минтақа ба Ҳизби шумо дониста мешаванд?

-Дар тамоми нуқоти мамлакат. Боварӣ дорам, ки Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби аграрии Тоҷикистон боиси таваҷҷӯҳи хосаи интихобкунандагон мегардад.

-Иртиботи Ҳизби шумо бо аҳзоби дигар дар чӣ сатҳу поя қарор дорад ва оё шумо омода ҳастед, ки дар сурати роҳ ёфтани вакилонатон ба порлумон бо аҳзоби дигар фраксия ё иттиҳодияи порлумоние ташкил намоед?

-Дар пояи ҳамкории зич баҳри рушду нумуъи Тоҷикистон. Дар сурати ҳампешагии барномаҳои онҳо ҳамкорӣ фаъолтар мешавад.

-Таваҷҷӯҳ ба Ҳизби шумо чӣ гуна ҳаст ва оё Шумо гуфта метавонед, ки теъдоди аъзои ҳизбатон ба ҳисоби дарсадӣ дар муқоиса ба солҳои пешин то чӣ андоза афзоиш ёфтааст?

- Ба маротибҳо теъдоди онҳо афзун гардидааст.

-Иқдомоти назарраси ҳизби Шумо дар тӯли солҳои фаъолият умуман ва дар солҳои ахир хусусан кадомҳоянд ва чӣ кӯмаке ба мардум кардаед?

-Бо ҳиссагузории Ҳизб пардохти беш аз ним млдр. доллар қарзи кишоварзон амалӣ шуда истодаанд.

-Кадом авомиле мониъи бештар шинохта шудани Ҳизби шумост?

-Ба пешравии соҳаи аграрӣ ва рушди Тоҷикистон, мусоидат намудани Барномаи Хизби аграрӣ.

-Оё номгузории Ҳизбатон дар ҷалби бештари мардум ба навъе мусоидат мекунад ё хайр?

-Албатта.

-Ҳизби Шумо аввалин ислоҳоте, ки дар сурати пирӯзӣ анҷом доданист, кадом мебошад?

-Ҷавоб дар боло ишора шудааст.

-Таманниёт ва даъвати Шумо ба интихобкунандагон.

-Бо орзую умед барои пиёда намудани нияту мақсад ва ормонҳои хеш "Зиндагии арзанда ба ҳар шаҳрванди Тоҷикистон", бо ихлосу сипос ҳар кадоми Шумо азизон -шаҳрвандони кишварро дар интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба тарафдории Ҳизби аграрии Тоҷикистон райъ додан даъват менамоем!


©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97