ХОМӮШИИ АҲЗОБ ТО МАЪРАКАИ ИНТИХОБОТ

Сиёсат 20.02.2010 16:17

Агарчи то интихоботи порлумонии кишвар ҳамагӣ 16 рӯз боқӣ мондааст, аммо маҳдуд касоне медонанд, ки фазои сиёсии минтақа пешорӯйи чунин як маъракаи муҳимми сиёсии тақдирсоз қарор дорад. Аз инҷо бармеояд, ки фаъолияти аҳзоби сиёсии кишвар аз ҷониби масъулин бо мақсад набуда, балки бинобар ҳимояи манофеъи шахсии гурӯҳи махсус ба роҳ монда шудааст. Дар тамоми гӯшаҳои олам ин марҳилаи ниҳоят сарнавиштсозро мардум ба як валвалаву ҳалҳалаи сиёсӣ пушти сар мекунанд, ки дар ин огоҳии сиёсии мардум таъсири бевоситаи фаъолияти пурсамари аҳзоб дида мешавад.

Ҳатто моҳҳо пеш аз баргузории ин маърака масъулини аҳзоби сиёсӣ тамоми қувваи зеҳнии худро ба он равона мекунанд, ки ҷомиъаро барои интихоб намудани кадрҳои болаёқат омода созанд. Овезон кардани шиору навиштаҷоти ҳизбӣ, ташвиқот миёни мардум аз вижагиҳои фаъолияти онҳо буда, далолат ба он мекунад, ки ин ҳизбҳои сиёсӣ бо пайравони худ дар пиёда сохтани ҳадафҳои хеш бо азму иродаи қаввӣ ва ҷасорати беандоза рӯйи кор омадаанд.

Боиси таассуф аст, ки дар кишвари на онқадар сернуфуси мо ба қайд гирифтани 8 ҳизби сиёсӣ, ки аксарашон қудрати ба нашр расонидани як ҳафтаномаро ҳатто надоранд, аз рӯйи адолат набуда, балки пайомадҳои ноҷӯри сиёсиро дар пай хоҳад дошт. Мақсад аз ин гуфта он нест, ки маҳдудият дар ақидаи мардум аз ҷониби масъулини ҳукумат ворид шавад, балки агар мароми ҳар як ҳизби сиёсӣ ободии кишвар бошад, бояд роҳҳои дигари ба қуллаи мурод расиданро ҷустуҷӯ кард.

Маълум аст, ки фаъолияти аксар ҳизбҳои сиёсии мо дар ҷомиъа натанҳо дар ҳадди миёнаи қобили қабул қарор доранд, балки ҳанӯз мардум аз мавҷуд будани як чунин ҳизби сиёсӣ огоҳ нестанд.

Ҳизбе, ки наметавонад дар бартараф сохтани нуқсонҳои ҷомиъа ҳиссаи худро гузорад, пас вуҷуд доштани чунин ҳизб ба ҷуз дар чашми мардум хок пошидан маънои дигаре надорад. Ин аст ки табақаи огаҳи ҷомиъа чунин аҳзобро ба унвони ҳизбҳои "кисагӣ" ном мебаранд.

Албатта, суоле пайдо мешавад, ки пас чӣ бояд кард, то мардум ба ҳизбҳои сиёсӣ чун ба даргоҳи умед дида дӯзанд ва аз эшон дастаҷамъона дастгирӣ кунанд.

Боиси хушҳолӣ аст, ки дар сафи 8 ҳизби сиёсии кишвар нафароне ҳастанд, ки ба дониш ва биниши тоза метавонанд дар умури зисти ҷомиъа ва сиёсати давлатдорӣ бевосита таъсиргузор бошанд. Аз он ки ин захираҳои зеҳнӣ дар алоҳидагӣ нигоҳ дошта мешаванд, хуб мешавад, ки ҳалқаро ба ҳам наздиктар сохта аз дониши якдигар истифода бурда, ба нафъи ҷомиъа камари ҳимматро мустаҳкамтар банданд. Бояд гуфт, ки ташкили як ҳизби сиёсӣ, ки метавонад солҳо миёни мардум маъруфият дошта бошад, сари як пиёла чой бо маслиҳати ду ё се ошно пайдо нашуда, балки он дар зеҳнияти мардуми минтақа солҳои дароз пухта расида, баъдан бо ҷонибдории мардуми зиёд вориди майдони сиёсат мешавад. Ингуна ҳизби сиёсӣ на ин ки фақат дар марҳилаҳои интихоботӣ аз худ дарак медиҳад, балки ҳамеша ба ҷомиъаи худ ҳамқадам ва ҳаммаслак будани худро дар ҳар давру замон нишон медиҳад.

Мавриди зикр аст, ки дар Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир 3 ҳизби сиёсӣ миёни мардум аз маъруфияти бештаре бархӯрдоранд. Инҳо Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон, Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ва Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон мебошанд.

ҲКТ таърихи беш аз 80 сол дошта, аксари тарафдорони онро қишри калонсоли ҷомиъа ташкил медиҳад. ҲКТ, ки таҷрибаи зиёди фаолияти сиёсӣ дорад, метавонист дар ин марҳилаи тақдирсоз дар ҳама нуқоти кишвар бештар аз худ дарак диҳад. Аммо то онҷо ки ба ҳамагон маълум аст, ба ҷуз аз вохӯриҳо бо интихобкунандагон дар толорҳои таъйиншуда дигар ҳеч амале, ки баргузор гаштани интихоботро ифода мекунад, аз ҷониби эшон ба мушоҳида намерасад.

Дар ҳамин ҳол фаъолияти сиёсии ҲНИТ нисбат ба дигар ҳизбҳо фаъолтар буда, то андозае ин холигоҳро пур мекунад. Бино ба гуфти Муҳиддин Кабирӣ, раиси ин ҳизб ҲНИТ тавонист ба ин чорабинии сиёсӣ бо усулҳои наву ҷолиб ворид шавад. Воқеан, ҲНИТ талаботро болои шӯъбаҳои ибтидоии худ сахт карда, масъулини шӯъбаҳояшро водор ба он сохтааст, ки ҳатто хобро дар ин шабу рӯзҳои сарнавиштсоз аз чашмони худ паронанд. Кас агар имрӯзҳо вориди утоқҳои кори мақарри марказии ҳизб шавад, ба чашми сар мебинад, ки аъзои ҳизб ҳавасмандона бо дилу дидаи гарм машғули фаъолияти кориянд. То интихобот, ки 16 рӯзи дигар боқӣ мондааст, умед аст, ки ҲНИТ метавонад бо иқтидори қавии худ усулҳои ба нақша гирифтаашро мавриди назари мардум гардонда, ҳуқуқбунёду демократӣ будани давлатамонро ҳадди ақал пеши назари созмонҳои хориҷӣ ҷилва медиҳад ва ин амал аз дигар ҷониб ба манфиати сиёсати давлат низ хоҳад буд.

Ҳизби дигаре, ки аз ҷумлаи ҳизбҳои шинохташуда номбар кардем, ҲХДТ мебошад. ҲХДТ ҳизби давраи истиқлол ба шумор меравад. Ҳарчанд болои ин ҳизб гапҳои зиёд гуфта мешавад, муддати 18 сол аст, ки зимоми давлатдориро ба даст гирифтааст. Мо оид ба фаъолияти 18-солаи ин ҳизб дар ин матлаб чизе гуфтанӣ нестем. Аммо доир ба омода сохтани фазои сиёсии кишвар нисбат ба интихоботи навбатӣ чанд нуктаро зикр хоҳем кард.

ҲХДТ метавонист бо дастгирии васеъи ҳукумат, ки ҳамагӣ пайрави ҳамин ҳизбанд, лоақал барои таблиғи худ хиёбонҳои шаҳру навоҳиро аз шиору плакатҳои пешазинтихоботӣ пур созад. Мутаассифона, аз чӣ бошад, ки ин амалро сарфи назар кард. Ҳарчанд ин амал дар пай манфиатҳои зиёди умумиро ба бор меовард, албатта, дар назар дорам рақобати худнишондиҳӣ миёни ҳизбҳоро, ки аз воқеияти давлати демократӣ дарак медиҳад. Аммо, боз ҳам боиси таассуф аст, ки ҳарчанд сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки ин интихобот бояд бидуни тақаллубкорӣ сурат бигирад ва аз аҳзоби сиёсӣ даъват кард, ки худро миёни ҷомиъа нишон диҳанд, бадбахтона он фишангҳое, ки бояд дар хидмати аҳзоби сиёсӣ қарор бигиранд то ҳол пурра муҳаё нашудаанд. Алалхусус, дар бахши Кумитаи телевизион ва радио, ки ҳоло ҳам мутасаддиён эҳтиёткорона амал мекунанд. Коршиносон бар ин назаранд, ки аз интихоботи дар пеш истода орзуи мардум ба хубӣ бароварда нахоҳад шуд, зеро натиҷаи ҳама корҳо аз ибтидояш маълум мешавад. Ба ҳар ҳол умед бар он дорем, ки интихоботи навбатӣ аз интихоботҳои қаблӣ фарқ хоҳад кард, зеро кафолати шаффоф гузаштани интихоботро Президенти кишвар ба зиммаи худ гирифтааст. Вақт беҳтарин довар аст. Интизор бошед!


Ҳабибулло Сангов, интихобкунанда
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97