М. СОБИРОВ: ИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН САМАРИ НАТИҶАИ МУБОРИЗАҲОИ МОСТ!

Сиёсат 18.02.2010 16:01

Мусоҳибаи ихтисосии «Миллат» бо раиси Ҳизби демократии Тоҷикистон, Масъуд Собиров

ШАФФОФИЯТИ ИНТИХОБОТ БА ИНТИХОБКУНАНДА ВОБАСТА АСТ

- Аз нигоҳи Шумо дар баргузории интихоботи порлумонӣ шаффофият хоҳад буд ё хайр.

- Вобаста ба шаффофият дар баргузории интихоботи порлумонӣ чандест пешгӯиҳо зиёданд. Ба андешаи ман дар бораи шаффоф баргузор кардани интихоботи порлумонӣ аз тарафи масъулин набояд дигар андеша ронд.

Пеш аз ҳама, шаффофият дар интихоботро масъулини давлат дар шахси раиси ҷумҳур худ ҳам ниёз дораду ҳам хостор аст ва масъулин дигар вазифадоранд онро бидуни ҳама гуна хоҳишу мақсади дигар пиёда намоянд. Аз тарафи дигар, маълум гардид, ки ҷумҳурӣ имрӯз эҳтиёҷ ба порлумоне дорад, ки тавони эҷод ва ё ислоҳ намудани қонунҳоеро вобаста ба вазъи қарордоштаи ҷумҳурӣ дошта бошад. Танҳо чунин порлумон имрӯз метавонад рушди ҷомеаро таъмин намояд ва дар он соҳибкасб ва ё соҳиби андешаи солим шомил бошад. Ман борҳо мешавад, ки дар баромадҳоям, дар вохӯриҳои пешазинтихоботӣ қайд мекунам, ки шаффофият дар гузаронидани интихобот боз аз худи интихобкунанда вобастагии бештареро дорад. Боварии комил дорам, ки агар барои интихобкунанда ин интихобот чун интихоботҳои қаблӣ бетафовут бошад, пас, шаффофият ҳеҷ наметавонад ғолиб барояд ва дар ин сурат аз касе набояд гила кард, ҳатто аз президент ҳам. Мардум бояд дарк намояд, ки интихоботи порлумони оянда ҳамтақдири ҷомеаи оянда хоҳад шуд ва таъмини рушди ҷомеаи шаҳрвандии оянда аз фаъолияти он вобастагии сахт дорад.

60 СОМОНӢ МАОШ АЙБ НЕСТ?

- Дар сурати пирӯзӣ ва роҳ ёфтан ба порлумон бештар кадом масоилеро барои баррасиву иҷро пешниҳод мекунед?

- Пеш аз ҳама, масъалаҳоеро, ки имрӯз барои рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ монеа шудаанд. Дарёфти ноқисиҳои қонунҳои қабулшударо, ки ҷомеа амалӣ шудани онҳоро бардошт надорад. Албатта, ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ маркази диққат хоҳад шуд, вобаста ба он қонунҳои зиёд қабул шудаанд ва чи хеле медонем, онҳо натавонистанд барои иҷрои қонунҳои дигар замина гарданд. Аслан, ҳамин аст камбудӣ ва ё норасоии ҷиддӣ, ки он дар ҳамбастагӣ иҷро нагардидани қонунҳои қабулшударо эҷод кардааст. Бояд ин масъала масъалаи марказии порлумони оянда қарор бигирад ва вазифаи дигари порлумони номбурда ҷустуҷӯйи роҳҳои ҳалли он аст. Соҳаи маориф чун ҳамеша ба ислоҳоти ҷиддӣ ниёз дорад ва ғайр аз ин чун худам омӯзгор, ки ҳастам, дар ҳалли мушкилоти ин соҳа вазифадорам. Ҳалли мушкилоти бахши иҷтимоӣ бояд вазифаи ҷонии ҳар як вакил дар оянда бошад ва имрӯз ҷомеаи мо ба он ниёзи ҷиддӣ дорад ва ғайра. Магар айб нест, ки маоши ҳадди ақал 60 сомонӣ эълон шавад? Хулоса, дарёфти ноқисиҳои қонун¬ҳои дар собиқа қабулшуда, ки натавонистанд аз ҳастии худ амалан дарак бидиҳанд.

ҲАМА БА ҲДТ НАЗАРИ ХАЙРХОҲОНА ДОРАНД

- Нуфузу эътибории ҲДТ дар кадом манотиқи кишвар бештар аст ва ба назари Шумо кадом омилҳо боиси таваҷҷуҳи мардуми минтақа ба Ҳизби шумо дониста мешаванд?

- Хушбахтона, имрӯз ман минтақаеро наметавонам номбар намоям, ки Ҳизби демократи Тоҷикистон дар он нуфуз надошта бошад. Албатта ҳеҷ вақт гуфтанӣ нестам, ин хизмат ва ё муваффақияти раёсати феълӣ аст. Ҳизби демократи Тоҷикистон ҳизби нав ҳам нест, ки дар доираи чунин пурсишу фаҳмишҳо ҷой бигирад. Дуруст аст, даврае буд, ки ҳизб дучори бӯҳрон қарор гирифта буду маъруфияташ дар ҷомиъа каме коста гардида буд, вале имрӯз то андозае ҷойгири худ шудаасту назари намояндагони ҳамаи минтақа ба он ҳам нек асту ҳам хайрхоҳона. Дигар омилеро ман ҳамчун раиси ҲДТ барои ҷалб нагардидани таваҷҷуҳи намояндаи минтақаеро намебинам ва ин шаҳодат аз он аст, ки ҳизб мавқеи ибтидоияшро давра ба давра аз худ карда истодааст.

ҲАР КИ ХАЙРХОҲ АСТ, ҲДТ БО ӮСТ!

- Иртиботи Ҳизби шумо бо аҳзоби дигар дар чӣ сатҳу поя қарор дорад ва оё шумо омода ҳастед, ки дар сурати роҳ ёфтани вакилонатон ба порлумон бо аҳзоби дигар фраксия ё иттиҳодияи порлумоние ташкил намоед?

- Мо бо ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ дар сатҳи ҳамдигарфаҳмӣ қарор дорем ва дар омода сохтани баъзе ҳуҷҷатҳо ҳам дар ҳамкорием. Бояд арз намоям, ки на танҳо бо ҳизбҳо, ҳатто бо мақомоти дигаре, ки мақсадашон баҳри беҳбудии вазъи ҷомиъаанд, ҳам дар ақида ҳастему ҳам дар ҳамкорӣ. Масъалаи ташкили иттиҳод дар порлумони оянда ҷараёни ногузир аст, албатта, бо назардошти умумият доштан дар фаъолият ва дифоъ аз манфиат. Илова бар ин, ҳар манбаъ ва нафаре, ки мақсаду нигоҳаш ба ҷомиъа хайрхоҳона аст, ҲДТ бо ӯст.

ДУМБОЛИ ҶАВОНОНЕМ, НА "ВЕТЕРАН"-ҲО

- Таваҷҷуҳ ба Ҳизби шумо миёни мардум чӣ гуна ҳаст ва оё Шумо гуфта метавонед, ки теъдоди аъзои ҳизбатон дар муқоиса ба солҳои пешин то чӣ андоза афзоиш ё коҳиш ёфтааст?

- Роҳбарияти феълии ҳизб бисёр хурсанд ҳаст, ки ба ҲДТ имрӯз дар қатори хаводорону аъзои собиқааш ҷавонон низ таваҷҷуҳ пайдо намуданду аъзо шуда истодаанд. Барои мисол, вақте Анҷумани навбатӣ 26 декабри соли 2009 доир гардиду дар толор ҷавонони зиёди ҳизбӣ чун вакили анҷуман ширкат доштанд, бешубҳа дастоварде буд ҳам барои ҳизб ва ҳам барои ҷомиъа. Ва хурсандии дигар ин аст, ки имрӯз роҳбарияти ҳизб чун одати пештара барои идораи он пайи ҷустуҷӯйи "ветеранҳо"-ю "собиқадорон"-у "ворисон"-и ҳизб дигар вақтро беҳуда сарф намекунад. Дар сохтори роҳбарии имрӯзаи ҲДТ ҷавонон ҷойгиранд ва барои ҷалби ҷавонон ба кори ҳизб то андозае муваффақ шудем. Танҳо дар ҳамин давраи маъракаи пешазинтихоботӣ шумораи аъзои ҳизб то андозаи 10% зиёд шуд.

МО ВОРИСИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ВАТАНЕМ

- Иқдомоти назарраси ҳизби Шумо дар тӯли солҳои фаъолият умуман, ва дар солҳои ахир, хусусан, кадомҳоянд ва чӣ кӯмаке ба мардум кардаед ?

- Ҳизби демократи Тоҷикистон мерос ё моли алоҳидаи шахсе ва ё гурӯҳи алоҳидае нест. Умуман, ҳизби сиёсӣ моли як ҷомиъа ҳаст ва аъзою ҳаводораш тавлидгари он мебошад. Ба ҳамин хотир, ҲДТ таъсис ёфту то ҳанӯз дар ҷомиъа арзи вуҷуд дорад. Дар таърихи ҲДТ даврае расид, ки бӯҳрони роҳбарӣ ва якдигарнофаҳмии дохилиҳизбию амалҳои худсаронаи роҳбарони вақташ мавқеи ҳизбро дар ҷомиъа коҳиш доданд. Ҳоло бошад, ҳизб аз ҳастии худ бо дарки масъулият дарак додаст ва ба пуррагӣ сазовори эҳтироми мардуми кишвар гаштааст. Ва фикр мекунам, ин ҳама кӯшишҳоям баҳри дигарбора тавлид гаштани ҲДТ наметавонад иқдом набошаду ва наметавонад кӯмаки маънавие барои мардум ҳисоб наёбад. Кӯмакҳои дигар аз тарафи ҲДТ танҳо дар ҳамон даврае ба мардум мерасад, ки масъулияте дар мақомоти иҷроия дошта бошад ва ё порлумонӣ бошад. ҲДТ барои расидан ба мақсадҳои дар боло овардашуда кӯшиш карда истодааст, ки дар ин интихобот мақоми порлумониро ба даст орад ва ба дастгирии ҳаводору хайрхоҳаш ниёз дорад. Муборизаи ҲДТ дар ин давра зери шиори "Истиқлоли Тоҷикистон самари муборизаи мост ва ҳадафи мо истиқлоли комил аст!" сурат гирифтааст ва бидуни ҳангома лоиқи ҳамин шиор аст. Барои ҳамин, аз ҳама даъват менамоям, ки дар интихобот ба тарафдории Ҳизби демократии Тоҷикистон овоз диҳед ва мо бошем кафолат медиҳем, ки сазовори эҳтироматон бошем!

МОНЕЪА БӮҲРОНИ РОҲБАРӢ БУД

-Кадом авомиле мониъи бештар шинохта шудани Ҳизби шумост?

-Ягона омиле, ки барои фаъолияти солҳои охири ҲДТ монеъ гардид, ин бӯҳрони роҳбарии ҳизб ва надоштани мавқеи созандагӣ дар ҳалли масъалаҳои ҷомеадорӣ дар сатҳи зарурӣ буд ва на беш аз ин.

НОМИ НЕК НИМИ ДАВЛАТ

- Оё номгузории Ҳизбатон дар ҷалби бештари мардум ба навъе мусоидат мекунад ё хайр?

- Албатта, вақте бунёди ҷомеаи демократӣ пеш меояд, номгузорӣ ҳам метавонад то андозаи зарурӣ нигоҳи аҳли ҷомеаро ба худ ҷалб намояд ва номи Ҳизби демократи Тоҷикистон низ наметавонад истисно бошад. Барои аҳли фаҳм бошад, Барнома ва Оинномаи ҳизб мавқеи хосро дораду табиист, ки ҳизб танҳо бо ном наметавонад арзи вуҷуд дошта бошад. Ҳамин буд, ки баҳри бунёди ҷомеаи демократӣ ҲДТ бо Оиннома ва Барномаи худ пуштибонҳои зиёдро ба худ ҷалб сохт…

"КАДРҲО ҲАМА МАСОИЛРО ҲАЛ МЕКУНАНД"!

- Ҳизби Шумо аввалин ислоҳоте, ки дар сурати пирӯзӣ анҷом доданист, кадом мебошад?

- Ҳарчанд дар сохторҳои қудратӣ шахсиятҳое ҷой доранд, ки аксарашон соҳиби эҳтироманд, вале ислоҳоти кадрӣ бисёр имрӯз ногузир аст. Аз тарафи дигар, танҳо хубӣ наметавонад масъулияти корбариро таъмин намояд, мутахассис ҳам бояд буд (одами хуб будан ҳанӯз мутахассис буданро ифода намекунад ва ё одати хуб ченаки баҳо барои ишғоли мансаби масъуле наметавонад бошад)… Бояд нафароне лаҷоми идораи мақомоти давлатиро дар даст дошта бошанд, ки масъулият ва тақдири ватандориро ба ҳамаи нозукиҳояш дарк намоянд, манфиати ҷомеаро тавонанд аз манфиати шахсиашон боло гузоранд, диди нави касбию ҷомиъадорӣ дошта бошанд, бахусус, дар ҳамин давраи ҳассос барои ҷумҳурӣ. Тақдири дар оянда устувор гардидани давлат дигар маҳз аз нафарони болаёқату масъулу ватандӯст вобастагӣ дораду агар чунин нафарон сари қудрат оварда шаванд, комилан боварӣ дорам, ки дигар тамоми ислоҳотҳо дар бахшҳои мухталифи ҷомеа натиҷаҳои хуб медиҳанд. Дар охир, қолабшиканӣ дар ҷой додани мутахассисон дар идораи давлат аз тарафи масъулинаш бурдест барои ояндаи Тоҷикистон ва иҷрои қолабшиканӣ бошад, амалест, ки таърих онро дар оянда ҳатман ба некӣ ёд хоҳад кард.


Мусоҳиб З. Давлат
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97