А. ҒАФФОРОВ: АГАР БА ПОРЛУМОН РОҲ ЁБЕМ, ФАСОДРО АЗ БАЙН МЕБАРЕМ

Сиёсат 17.02.2010 23:21

Мусоҳибаи ихтисосии "Миллат" бо раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон Абдуҳалим Ғаффоров

ИНТИХОБОТ БОЯД ШАФФОФ ГУЗАРАД

- Назари Шумо ба ҳайси раиси як ҳизб ба шаффофият дар баргузории интихоботи порлумонӣ чӣ гуна аст?

-Чи тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар паёми худ ба Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданд, интихоботи дарпешистода бояд шаффоф ва демократӣ гузарад.

Ва дар баробари ин гуфтори худро дар вохӯрӣ бо намояндагони аҳзоби сиёсӣ дар Шӯрои Ҷамъиятӣ, ки 4-уми декабри соли 2009 сурат гирифта буд, такроран баён намуд. Аз ҳамин нуқтаи назар, аз тарафи КМИР ворид шудани намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ ба КМИР ва ҳавзаҳои интихоботии якмандатӣ ва вакилони маҳаллии вакилони халқ, гувоҳи он аст, ки интихобот бояд шаффоф гузарад.

Мо се нафар намояндагони худро ба ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ба Маҷлиси Намояндагон, як нафар аз ҳавзаи якмандатӣ ба МН ва зиёда аз 120 нафар ба маҷлисҳои маҳаллӣ дар тамоми ҷумҳурӣ пешниҳод кардем.

ФАСОД НАБОШАД, ҲАМА

СОҲИБИ ХОНА МЕШАВАНД

-Дар сурати пирӯзӣ ва роҳ ёфтан ба порлумон бештар кадом масоилеро барои баррасиву иҷро пешниҳод мекунед?

- Албатта, мақсад ва мароми асосии порлумон аз он иборат аст, ки қонунҳое қабул кунад, ки ин ба дарди мардум бихӯраду ҷиҳатҳои муҳимми иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва сиёсии кишварро инъикос намояд, ки барои беҳдошти ҳаёти иҷтимоии мардум ва рушди иқтисодии кишвар саҳм гузор бошад. Масалан, мо як пешниҳоде дорем, вақти ворид шудан ба порлумон аввалин қонунеро қабул кунем, ки дар бораи дифои меҳнати кӯдакон аст. Чунки имрӯз бештари меҳнати кӯдакон бо шакли истисмор истифода мешавад. Гарчанде, ки қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавсими ғунучини ҳосил ва пахтачинӣ баровардани хонандагону донишҷӯён баромада буд, вале бо вуҷуди ин аз тарафи намояндагони ҳукуматҳои маҳаллӣ риоя намешавад. Вақте қонун ворид мешавад, боварӣ дорам, ки пурра ва ҳаматарафа масъулият ва ҷавобгарии онро дарк мекунанд ва меҳнати кӯдаконро истифода намекунанд.

Дуюм масъалае, ки мо пешниҳод мекунем, ин масъалаи экологӣ мебошад. Масалан, дар обҳо партофтани партовҳои гуногун, ифлос шудани атроф, ки имрӯз баръало мушоҳида мешавад. Бино бар ин қонун дар бораи экологияро қабул кардан лозим аст. Ин ҳам аз масъалаҳои муҳимтарин ба шумор меравад.

Ба ғайр аз ин қонунҳое, ки имрӯз мавҷуд ҳастанд, забони онҳо хеле мушкил аст. Мардум имрӯз донишҳои ҳуқуқӣ надоранд ва ин қонунҳо, ки забонашон мушкил аст, онро фаҳмида наметавонанд. Ва рӯй додани ҷиноятҳо дар байни наврасон ва шахсони алоҳида аз надонистани қонун мебошад.

Қонуни дигаре, ки бояд мавриди баррасӣ қарор гирад, қонун дар бораи муттаҳид кардани соҳибкорони хурду миёна мебошад. Ҳар қадаре соҳибкорони хурду миёна дар корпоратсия фаъолият кунанд, манфиаташ бештар аст. Яъне соҳибкорони хурду миёна вақте муттаҳид мешаванд, ҷойи кор ҳам бештар мешавад.

Муҳоҷирони меҳнатӣ, ки имрӯз берун аз ҷумҳурӣ ҳастанд ва соҳибкороне, ки дар бозорҳо нишастаанд, мутаассифона, онҳо оянда аз нафақа маҳруманд ва қонуни дигаре ки бояд пешниҳод кунем, пайдо кардани роҳе аст, ки ин табақа оянда аз нафақа маҳрум намонанд. Аз ҳамин лиҳоз, мо бештар такя мекунем ба қабули қонунҳое, ки иҷтимоиёти мардумро беҳтар кунад.

Дигар масъалае, ки дар барномаамон ҳаст, хусусигардоние, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ мавҷуд ҳаст. Он моли бевоситаи ҳамаи фарзандони ҷумҳурӣ ҳаст, падарон ва аҷдодони мо онро барои он бино кардаанд, ки фарзандони мо пурра ва баробар аз он истифода баранд. Мутаассифона, шахсоне, ки дорои сарват буданд, бо нархҳои хеле арзон ин муассисаҳоро харида, имрӯз бисёрии онҳо ба муфлисшавӣ рӯбарӯ шудаанд, ки ин боиси кам гардидани ҷойҳои кор ва бекор мондани шаҳрвандон гардидааст. Масалан, дар корхонаи нассоҷии шаҳри Душанбе зиёда аз 13 ҳазор одамон кор мекарданд. Имрӯз ба як ҳолате расидааст, ки дар он ҳамагӣ ҳазор нафар кор мекунанд ва инаш ҳам мавсимӣ.

Муассисаҳои калоне, ки имрӯз хусусӣ карда шудаанд, бояд давлатӣ бошанд. Масалан, Чин сектори давлатиро барҳам надода, сектори хусусиро низ ворид кард, ки имрӯз яке аз кишварҳои пешрафтаву мутараққӣ гардидааст ва ҳоло зиёда аз 1,3 миллиард нафарро ҳам мехӯронаду ҳам иқтисоди худро ташаккулу инкишоф медиҳад.

Масъалаи муҳимми дигар ришвахурӣ аст. Масалан, аз 1155 нафар, ки ба фасод даст доштанд ва аз тарафи Агентии мубориза бо фасод муайян шуданд, 70 миллион сомонӣ ғорат шудааст. Дар бештари он кормандони соҳаҳои ҳуқуқ ба ҷойи он ки ба муқобили ришвахурӣ мубориза баранд, мутаассифона, худи онҳо дар ин даст доранд. Ин яке аз аломатҳои бениҳоят бад дар рушду такомули ҷомиъа ба шумор меравад.

Вақте ки ҳаёти иҷтимоии мардум мегӯем ва 40%-и буҷаи давлат ба соҳаи иҷтимоии мардум равона шудааст ва кормандони ҳифзи иҷтимоӣ бо роҳҳои қалбакӣ, яъне шахсоне, ки кайҳо мурдаанд, бо "ведомост"-и сохта пулҳоро аз худ кардаанд, ки ин маблағ дар як сол 25 миллионро ташкил мекунад. Вақте ки ҳизб вориди порлумон мешавад, ин камбудиҳоро ошкор мекунад ва мо агар ҳамин 25 миллионро дарёб кунем ва ин маблағро ба бунёди як бинои нӯҳошёна сарф кунем, дар панҷ сол панҷ бино бунёд мешавад. Боварӣ дорам ҳазорҳо камбизоату занҳои танҳову ҷавононе, ки дар сиёсату илм саҳм доранд ва ҳавасмандкунии онҳо коҳидааст, бо хона таъмин шуданашон мумкин аст.

ҶОНИБДОРОНИ СОТСИАЛИСТҲО ДАР

СУҒД БЕШТАРАНД

- Нуфузи ҳизби шумо дар кадом манотиқи кишвар бештар аст ва аз дидгоҳи шумо кадом омилҳо боиси таваҷҷуҳи мардуми минтақа ба сотсиалистҳо дониста мешаванд?

-Азбаски ҲСТ ҳизби иҷтимоӣ аст, бештар барои беҳтар кардани иҷтимоиёти мардум барномаи худро равона кардааст. Имрӯз ҲСТ қариб, ки дар тамоми шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аъзо дорад ва ячейкаи ибтидоии худро доро аст. Асосан, ҳизби мо дар вилояти Суғд мавқеъ ва мароми муайяне дорад ва зиёда аз 9 ҳазор аъзои ҳизби мо аз ҳамин минтақа мебошанд. Ҳизби мо дар дохили шаҳри Душанбе ва навоҳии тобеъи марказ мақом ва мароми муайянро доро аст.

БАРОИ МУШТ ШУДАН МО ҶОНИБДОРИ ФРАКСИЯ

-Иртиботи Ҳизби шумо бо аҳзоби дигар дар чӣ сатҳу поя қарор дорад ва оё шумо омода ҳастед, ки дар сурати роҳ ёфтани вакилонатон ба порлумон бо аҳзоби дигар фраксия ё иттиҳодияи порлумоние ташкил намоед?

-Албатта, барномаҳои ҳизбҳои гуногуне, ки ҳастанд, мақсад ва мароми онҳо як аст, беҳ кардани ҳаёти имрӯзаи мардум, рушду такомул додани иқтисод ва ободии кишвар дар барномаҳояшон ба шумор меравад. Аз ин ҷиҳат, назари ҳизбҳои сиёсӣ барои якдигар мувофиқат мекунад ва ҳамаи онҳо фарзандони ин миллат ҳастанд ва барои пешрафти ин кишвар саҳмгузор ҳастанд. Ҳатман, вақте мо вориди порлумон мешавем, ҳизбҳое, ки бо барномаҳои мо мувофиқат мекунанд ва барои дар амал татбиқ намудани нуқтаи назарҳои худ, мо албатта, метавонем, ки фраксия кунем. Дар ин сурат метавонем дар якҷоягӣ нуктаҳои назари беҳтару хубтар худро амалӣ кунем. Ваҳдат ин чизест, ки барои инкишофи ҷомиъа нақши бениҳоят муҳимро мебозад. Аз як ангушт чизе ба даст намеорем, аммо аз як мушт метавонем беҳтарин чизҳоро ба даст биорем, ки барои рушду пешрафти кишвар зарур аст. Аз ин нуктаи назар мо, барои беҳтару хубтар пиёда кардани барномаҳоямон ба ягон фраксия дохил шуданро дастгирӣ мекунем.

770 НАФАР АЗ ҲСТ РОНДА ШУД

- Дар шароити феълӣ таваҷҷуҳ ба ҲСТ чӣ гуна ҳаст ва оё шумо гуфта метавонед, ки теъдоди аъзои ҳизбатон ба ҳисоби дарсадӣ дар муқоиса ба солҳои пешин то чӣ андоза афзоиш ёфтааст?

- Нуқтаи назари мардум нисбати ҳизби мо аз он иборат аст, ки сол то сол ҳизби мо мақом ва мароми худро дар ҷомиъаи Тоҷикистон пайдо кардааст. Дар интихоботи соли 2005 мо ҳамагӣ 0,3% овоз гирифта будем, ки ин сабабҳои гуногуни объективиро доро буд. Чунки ҳизб ба парокандагӣ омада расида буд. Ва дар интихоботи президентӣ, қи ҳизби мо ширкат варзид 120 ҳазор овоз гирифт. Ин нишони он аст, ки ҳиммату эътибори ҳизб боло рафтааст. Имрӯз аъзои ҲСТ дар тамоми миқёси ҷумҳурӣ 17 ҳазору 650 нафарро ташкил медиҳад. Ман боварӣ дорам, ки сол то сол афзоиши аъзои ҳизб имкон медиҳад, ки пурра ва ҳаматарафа барои дар амал татбиқ намудани барномаҳои ҳизб саҳм гузорад. Мо бештари шахсонеро, ки дар ҳизб фаъолият накарданд аз ҳизб рондем. Танҳо дар соли 2009 мо 770 нафарро барои он ки ба ҳизб ягон робитае надоштанд ва танҳо дар ном аъзои ҳизб буданд, мо онҳоро аз саффи ҳизб берун кардем.

ҲСТ ВА ХАЗИНАИ ОҒОНУ

КУМИТАИ ИМДОДИ ХУМАЙНӢ

-Иқдомоти назарраси ҳиз¬би шумо, умуман, дар тӯли солҳои фаъолият ва хусусан, дар солҳои ахир кадомҳоянд ва чӣ кӯмаке ба мардум расонидааст?

- Албатта, ҳизби мо аз ҷиҳати молиявӣ пурзӯру мустаҳкам нест, аммо дар ин муддат ҲСТ тавонист ба баъзе оилаҳое, ки камбизоат ҳастанду дар ҷомиъа сару кор доранд, кӯмаки моддӣ расонад. ҲСТ бо роҳи фаҳмондан ба оилаҳои камбизоате, ки аз ёрдами башардӯстона бехабар буданд, роҳҳои гирифтани кӯмак аз Хазинаи Оғохон ва Кумитаи имдоди Имом Хумайнӣ фаҳмонда дод. 350 нафар тавассути фаҳмондани мо аз ҳамин кӯмакҳо бархӯрдор шуданд. Ба ғайр аз ин, намояндагони ҳизби мо ба 10 оилаи камбизоат аз маблағи аъзоҳаққӣ ҷамъшуда ёрдам додем ва ба ҳар сари онҳо 8 донагӣ лампаҳои каммасраф харида доданд. Ин як кӯмаки ночиз ҳам бошад, аммо назарест барои дастгирии оилаҳои камбизоат. Инчунин, дар ҳизби мо иштирокдорони ҷанги Афғонистон ва садамаи Чернобил ҳастанд, ки ба онҳо низ кӯмак мерасонем.

ҲНИТ МИНБАР ДОРАД, МО НЕ!

-Ҳизбҳои дигарназири ҲНИТ дар ҷомиъа бештар шинохта шудаанд. Кадом авомиле монеъи бештар шинохта шудани Ҳизби шумост?

-Яке аз масъалаҳои нашинохтани ҳизб ин кам тарғибу ташвиқ намудани он аст. Омили аслие, ки ҳизбро дар ҷомиъа муаррифӣ мекунад, рӯзномаи он мебошад. Рӯзнома ҳар ҳафта чоп мешаваду ба дасти мардум мерасад, тавассути он мардум ба ҳизб ошно мешаванд. Омили асосии шинохта шудани ҲНИТ аз он аст, ки зиёда аз 90%-и аҳолии Тоҷикистон мусулмон ҳаст. Бештар нақш ва мақоми мактаб суст шудааст ва бештари хонандагоне, ки дар мактаб таҳсил мекунанд, рӯзҳои ҷумъа ба намоз мераванд ва ваъзи гуногун, ки дар хусусиятҳои ахлоқӣ тарғибу ташвиқ карда мешавад. Яъне ҲНИТ манбаъҳои тарғибу ташвиқ кардани худро дорад ва тамоми сол тарғибу ташвиқ мешавад, натанҳо дар мавриди интихобот. Ва дигар сабабаш аз он иборат аст, ки кормандони ҳифзи ҳуқуқ ба ин масъала ҷиддӣ назар намекунанд. Ин масъала бисёр масъалаи ҷиддӣ аст. Бигузор мардуми мо ба масҷид раванд, вале кӯдаконе, ки моҳияти асосии динро дарку эҳсос намекунанд ва кӯр-кӯрона пайравӣ мекунанд, оқибатҳои нохубро ба вуҷуд оварданаш мумкин аст. Мо ду се соли охир дар бораи ҷиддӣ тарғибу ташвиқ кардани ҳизб машғул шудем ва имрӯз ман боварӣ дорам, ки мардум дар бораи мо бисёр огоҳ шудаанд. Хусусан, ҳизби мо дар вилояти Суғд бисёр шинохта аст ва инчунин, дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеъи марказ.

СОҲАИ МАОРИФ ВА

ТАНДУРУСТИРО ИСЛОҲ МЕСОЗЕМ

-Ҳизби Шумо аввалин ислоҳоте, ки дар сурати пирӯзӣ анҷом доданист, кадом мебошад?

- Аввалин ислоҳот бо шакли дуруст, ислоҳоти соҳаи маориф аст. Инчунин, соҳаи тандурустӣ, ки имрӯз бисёр мушкилиҳои зиёд дорад ба як ислоҳоти ҷиддӣ ниёз дорад. Ва бидуни ин ҳарду ислоҳот, ислоҳоти иқтисодие, ки кишварамон ниёз дорад, барномаҳоро пиёда карда наметавонем.

РАСОНАҲОИ ХУСУСӢ ФАЪОЛТАРАНД

-Дар остонаи интихобот шумо нақши кадом расонаҳоро фаъол мебинед? Расонаҳои давлатӣ ё хусусӣ?

- Имрӯз дар остонаи интихобот ҳарду расонаҳо фаъол ҳастанд. Барои он ки расонаҳои давлатӣ ҳам бо ҳар як номзадҳои ҳизб ҳамкорӣ карда истодаанд, вале бо вуҷуди ин рӯзномаҳои хусусӣ фаъолтаранд. Онҳо ҳар вақт камбудиву нуқсонҳое, ки дар ҷомиъа ба вуҷуд меояд дурусттар ва шаффофтар инъикос мекунанд.

ТАМАННО

-Дар охир таманнои шумо ба интихобкнандагони ҳизбу намояндагонатон.

- Ба мардуми ҷумҳурӣ ва интихобкунандагони худ бахт, пирӯзӣ ва хушиҳоро орзу дорам. Ва ба онҳо мегӯям, ки агар ба ҲСТ овоз диҳанд, орзуҳояшон амалӣ хоҳад шуд.

- Ташаккур барои сӯҳбат.


Мусоҳиб З. ДАВЛАТ
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97