"ЧЕРКИЗБОЗОР" БАСТА ШУД, ТОҶИКОН КУҶО ШУДАНД?

Сиёсат 15.02.2010 11:20

ҒУССА НАХӮР, БАҲОР МЕОЯД…

"ЧЕРКИЗ" фано шуд. Тӯдаи беш аз 17 000 ҳазор нафараи боркашҳо ё ба истилоҳи бародарони ҳамзабони Афғонистон "ҷуволиён"-и тоҷик аз онҷо ба куҷо рафтанд? Оё муҳоҷирин аз он манфиат ё зиёне диданд? Корҷӯёни муҳоҷири тоҷикро имсол чӣ пешомаде дар Русия интизор аст? Бо фарорасии фасли баҳор омодагии муҳоҷирини тоҷик барои сафар кардан ҷиҳати дарёфти қути лоямуте ба кишварҳои дуру наздик авҷ мегирад.

Пайдо набудани ҷойи кори муносиб ва мушкилоти сангин рӯзгор, солиёни охир на танҳо гиребони тоҷиконро, балки бисёре аз шаҳрвандони кишварҳои пасошӯравиро ҳам гирифтааст.

Бештари корҷӯёни ин кишварҳо рӯ ба Русия меоранд. Мутаассифона, муҳоҷирини тоҷик дар қатори онҳо дар яке аз мақомҳои аввал қарор доранд. Ва аксари муҳоҷирини мо мавсимиянд. Беш аз15 сол аст, ки аксари пиру барнои тоҷик, сари баҳор бо сад дарду алам хонадони хешро тарк гуфта, "рӯ ба Ҳинд"-и нав, аниқтараш кишвари Русия меоранд.

РӮ БА РУС ОВАРДАНИ СОҲИБДИЛОН

АЗ БАҲРИ ЧИСТ…

Одатан, тирамоҳ иддае бо ҷайбҳои пур ва иддае дигар бо ҷайбҳои тиҳӣ, теъдоде маъюбу маслуқ ва теъдоде бо дарду алами аз даст додани ҷигарбанд ё наздикони хеш ба ватан бармегарданд. Бо тамом шудани захираи оварда, муҳоҷирин боз рӯ ба раҳ меоранд. Тибқи омори расмӣ бештари муҳоҷирини тоҷик дар шаҳри Маскав ва атрофи он кору зиндагӣ мекунанд. Дар якчанд соли ахир то соли гузашта аз бузургтарин маконҳое, ки корҷӯёни тоҷикро ба "канор мегирифт", бозори Черкизово (маъруф ба "Черкизбозор" ) буд. Ба гуфтаи бархе аз расонаҳои иттилоотии Русия дар ин бозор беш аз 17 000 нафар тоҷикистонӣ боркашӣ, ё ба истилоҳи маъмули боркашҳо "грузчикӣ" мекард. Ба замми ин, тӯдаи духтурони ғайрирасмӣ, фаррошон, савдогарон ва ғайра дар он кору фаъолият доштанд.

Бозори "Черкизово" аз машҳуртарин ва бузургтарин бозорҳои Русия тайи 10-15 соли ахир вирди забони ҳамагон гашта буд. Бахусус, барои тоҷикони муҳоҷир яке аз муносибтарин ҷойҳои кор маҳсуб мешуд. Одатан, аксар муҳоҷирин, ки бе ягон суроғаи муайян (таваккулӣ) сафар менамуданд, ""Черкизбозор" " барояшон муносибтарин ҷойи кор ба шумор мерафт. Зеро дар ин бозори фасодзада, ки дар он ягон қонуне ба ҷуз "қонуни ҷангал" вуҷуд надошт, тоҷики сарсони беаснод метавонист сарпаноҳе ёбад. Иддае бо меҳнати миёншикан ва латукӯби дастнигарони яҳуду арабу рус аз як тараф, таҳқири милиса ва «калак»-ҳои милатгароро аз дигар сӯ таҳаммул намуда, музди ночизе ба даст меоварданд. Аммо аз ҳама аламовараш ин пастфитратӣ ва чоплусии як гурӯҳ тоҷикони хештанбохта буд, ки барои нафси палиди хеш ба ҳар ҳилаву найранг вопасин хуни дар рамақмондаи тоҷикро мемакиданд. Ин рафтори сифлагон то ҳадде боло рафта буд, ки мардуми моро дар байни дигар ақвом паст менамуданд. Боре дар сӯҳбат як бародари афғонӣ ба ман гуфт, ки "аз бархеи шумо дида бадтар мардум надидам. Зеро ҳеч касеро, ки аз ҳамзабони муздури худ "ҳақ" (доля) бигирад, ба ҷуз "бригадир"-ҳои тоҷик надидаам…".

СУҚУТИ ҒУЛОМДОРИИ НАВИН

ДАР "ЧЕРКИЗБОЗОР"

Июни соли гузашта ин бозори овозадори Маскавро Ҳукумати Русия батамом дарбаст ва ба "ҷамъияти ғуломии ЧЕРКИЗ" хотима гузошт. Ин бозор соли сипаришуда бо тамоми некиҳову зиштиҳояш, мутаассифона барои як гурӯҳ ва хушбахтона барои иддае дигар, фаъолияташро қатъ кард.

Пас тақдири беш аз 17 000 муҳоҷири тоҷик, ки умри беш аз даҳ соли худро фидои бозор карда буданду аксар ҷуз фурудгоҳи ҳавоии Домодедово, вокзали Қазон ва "Черкизбозор" ҷойе дигарро надида буданд, чӣ шуд? Онҳо куҷо рафтанд?

Баъди басташавии бозор аксари ҷуволиёнаш рӯ ба ватан оварданд. Бо ҳар гуна роҳ, ҳалол ё ҳаром бозорро тоза намуда, кишвари Русро ё барои ҳамеша ё барои муддате муваққат тарк карданд. Муҳоҷирине, ки ба қавли худашон дар аввали "сезон" рафта буданду пуле барои бозгашт надоштанд, маҷбур рӯ ба бозорҳои навсохти Маскав намуданд, то бо ҳамон касби ҷадид - кашидани ароба оғоз ба кор кунанд. Баъди баста шудани бозори Черкиз дар Маскав ҳафт бозори умдафурӯшӣ арзи вуҷуд кард. Бузургтарин ва маъруфтарини он бозорҳо бад-ин қарор аст: Лужники, Люблино, Садовод, Балашиха ва Эмирал. Бо истифода аз ин "вақти муносиб" (басташавии Черкиз) қимати иҷораи ҷойҳои як дӯкони савдо ба маротиб боло рафт. Мисол, Лужники - то моҳи июн 500-600 евро баъд аз он 2, 5 - 3 ҳазор; Люблино (Маркази тиҷоратии Маскав) то июн 25-30000 рубл, баъдтар 300-500000 рубл; Садовод то июн 20-25000, баъдтар ба 200-250000 рубл расид. Дар дигар бозорҳо низ вазъият чунин буд. Душворӣ боз ба сари аробакашҳо афтод. Нархи кирои якрӯзаи ароба низ хело боло рафт. Аробапулӣ барои як рӯз дар Лужники аз 200 рубл то 600 рубл, дар Люблино аз 50 то 300 рубл ва дар Садовод то 200 рубл боло рафт. Аз вазъи ногувори бекорони тоҷик истифода намуда, бархе тоҷикони лаганбардори соҳибони бозор, аз ин бечораҳои ночор беш аз 5000 рубл барои қабули кор пора меситониданд. Инаш ҳам тавассути ошнову биографияву ҷуғрофиё. Зеро тоҷикони ин ҷо гуногунанд. Дарди маҳалгаройӣ сартосари ин қишри ҷомеъаро фаро гирифтааст. Аз ин рӯ, ҳар бригадир танҳо "тоҷикҳо"-и худӣ ё нафаронеро ба кор мегиранд, ки ба ҳама амру фармонҳои ин хоҷагон "лаббайк" гӯянд.

Бар замми ин болобардории қиматҳо, вазъи кор он қадар хуб набуд. Яке аз муҳоҷирони тоҷик ва шоҳиди аҳволи рӯзгор Шаъбони Ҳусайн мегӯяд: - Рӯзҳои аввал кор каму беш хуб буд. То ҷо ба ҷо шудани амволи савдогарони Черкиз тавонистем, ки каму беш барои худ ва хонавода пасандоз ҷамъ намоем. Аз ҳад зиёд будани коргарон ва сардии шадиди имсола корро барои мо душвор намуд. Бисёриҳо базӯр нонпулӣ меёбанду халос. Дигарон аз шиддати сардӣ дар утоқҳои иҷоравӣ бекор, 10-12 касӣ дар як хона хобанд. Аксари ишон маблағе надошта, аз ҳисоби хешу табор ё ошноён рӯз мебаранд. Ин ҳолат дар тамоми бозорҳо яксон аст.

АЗ "ЧЕРКИЗБОЗОР" БА БОЗОРҲОИ МАРДИКОРӢ

Бино ба гуфти шоҳидон дар бозорҳои мазкур аз нисф камтари корафтодагони собиқ "Черкизбозор" роҳ ёфтаанду халос. Он гурӯҳе, ки натавонистанд дар ин бозорҳо роҳ ёбанду касби одатии хеш (аробакашӣ)-ро идома диҳанд, рӯ ба шаҳракҳои атрофи Маскав ё бозорҳои мардикорони худи Маскав оварданд. Ин гуна бозорҳои мардикорӣ асосан дар шоҳроҳҳои бузурги атрофи шаҳр ғайрирасмӣ фаъолият мекунанд. Бузургтарини онҳо дар шоҳроҳи "Каширский" ва "Митишино" ба ҳисоб мераванд. Солҳост, ки дар ин мавзеъҳо мардикорони украинӣ, молдавӣ, тоҷик ва ғ. рӯзҳо дар интизори корфамоён ё миёнаравон меистанд. Баъзе тоҷикони хушзавқ ин гуна ҷойҳоро "биржаи кории шаҳрвандони кишварҳои ҳамсуд" (трудовая биржа граждан СНГ) ном ниҳода буданд. Бо зиёд гаштани сафи онҳо аз ҳисоби корафтодагони бозор аз як сӯ ва вуруди бешумори муҳоҷирини узбаку қирғиз дар соли ҷорӣ, вазъи кор дар ин ҷойҳоро низ поён бурд. Тибқи ҳисоботи хадамоти муҳоҷирати Русия, дар ин миён аз Осиёи Миёна Узбакистон дар ҷойи аввал қарор дорад. Ба иловаи ин, бӯҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ ба Русия низ зарари худро расонд. Ин бӯҳрон сабаб гардид, ки музди меҳнати коргарони расмӣ ва ғайрирасмӣ панҷоҳ-шаст фоиз поён рафт. Ширкатҳое, ки ба таври мисол пеш аз ин 30 - 40 ҳазор рубл моҳона медоданд, баъди бӯҳрон 17-19 ҳазор рубл дастмузд медиҳанд. Корфармоёни хусусӣ низ дастмузди коргаронро дучанд поён фуроварданд. Он ҳам ба шарти омади кор. Зеро дар аксар корхонаҳо бо баҳонаи муфлисшавӣ ё фиреби миёнаравон, ҳақ¬музди муҳоҷиринро ба ҷайб задаву ғайб мезананд…

ТОҶИРОН ҲАМ НОКОМ ШУДАНД

Тоҷирони корафтодаи тоҷик низ аксар гирифтори нокомӣ гаштанд. Бештари онҳо, ки ба майдафурӯшӣ машғул буданд, натавонистанд дар бозорҳои наву умдафурӯшӣ ҷой ёбанд. Дар бозорҳои хурдтари Маскав ва атрофи он, танҳо бо доштани ҳуҷҷати шаҳрвандии Русия иҷозаи кушодани нуқтаҳои савдо имконпазир аст. Иддае ночор нуқтаҳои савдои худро дар номи ягон шаҳрванди рус ба қайд мегирифтанд. Дар ин росто, зарурат пеш меомад, ки барои ин хидмат ба онҳо ришват диҳанд. Танҳо нафари андаке аз онҳо, ки сармоядор буданду собиқ умдафурӯшӣ мекарданд ё корхонаҳои хурди хусусӣ доштанд, тавонистанд, ки дар пой истанд. Афсӯс, ки ин гуна ҷамвонмардон дар миёни ин миллати воло қатрае аз амвоҷи баҳри муҳоҷирин аст…

БОНУВОНИ ТОҶИКИ ЧЕРКИЗБОЗОР

Дар "Черкизбозор" беш аз 800 зани тоҷик танҳо таъомфурӯшӣ мекарданд. Ҳатто гӯшае аз бозори "АСТ"-и навро ба таври худ "Саховат" ном ниҳода буданд. Ин бузургтарин маркази фурӯши таъомҳо ва нӯшобаҳои тоҷикӣ, бо шумули ширчой, қурутобу палаву шӯрбо буд. Гарчи сатҳи ин бозор аз нигоҳи санитарӣ хеле ташвишовар ва паст буд, аммо нархи пойини таъомҳо муҳоҷиринро ба сӯйи худ мекашид. Ба ҷуз инҳо беш аз ҳаштод фисади пешхидматҳои қаҳвахонаю тарабхонаҳои бозорро занон ва ҷавондухтарони тоҷик ташкил медоданд. Як қисми фаррошон ва ошпазу фурӯшандагони дӯконҳои ветному афғону чиниҳоро низ аксар духтарони тоҷик фаро мегирифтанд. Аз ҳама ҳолати риққатбор зимни баста шудани бозор ба сари ин қисми муҳоҷирини тоҷик омад. Зеро дар ин бозорҳои навташкилшуда ба ҷуз "Люблино" ҷойи фурӯши таъоми тоҷикӣ вуҷуд надорад. Дар онҷо на беш аз 25 ё 30 нафар машғули ин коранду халос. Қисме аз онҳо ночор ба диёру зодгоҳи хеш баргаштанд. Бештари онҳо, ки то ҳанӯз дар Русия иқомат доранд, дар ин ё он бозор ва ё сохтмонҳо нону самбӯсафурӯшӣ намуда, рӯз "кӯр" мекунанд. Дар ҳамин ҳолат, аз ҳама бештар ҷавондухтарон, ки дар бозор одат карда буданду қути лоямути хешро бо роҳи ҳалол ба даст меоварданд, имрӯз дар вартаи навмедию нокомӣ қарор доранд. Қисмати ҷавондухтарони муҳоҷиру рӯй ба раҳми Худойи тоҷик чӣ хоҳад шуд? Валлоҳу аълам…

БАСТАШАВИИ ЧЕРКИЗОВО ВА ЗИЁНИ ОН

БА ҶОМЕАИ ТОҶИКИСТОН

Ин ҳодиса ба аксар хонадони тоҷик, зарари хешро ворид кард. Дар шароите, ки ҷомеаи моро хурӯҷи бесобиқаи бекорӣ фаро гирифтааст, ин омил вазъиятро дар хонаводаҳои кӯҳистони кишвар гаронтар намуд. Қариб аз ҳар хонаводаи кӯҳистонии тоҷик як ё ду нафар дар ин бозор кор мекард ва нафақаи тамоми хонаводаашро таъмин менамуд. Онҳо, ки аксаран ҷавонони баъди хатми мактаби миёна буданду ихтисосе надоштанд, бо иллати надонистани забони русӣ натавонистанд, ки дар дигар мавзеъҳо кору фаъолият намоянд. Ягона сарпаноҳи эшон ин бозор буду бас. Худи пойин рафтани сатҳи интиқоли маблағҳои муҳоҷирин дар соли гузаштаро далели кӯчактарини зарари ҳамин ҳодиса мешавад унвон кард. Иддае аз муҳоҷирини баргашта моҳҳост, ки бекоранд. Як қисми онҳо, ки дар бозорҳои кишвар машғули коранд ва гурӯҳи дигарашон, ки ба мусофиркашонӣ даст задаанд, доираи коргарии бозорҳои бе ин ҳам нобоби ватаниро тангтар менамоянд.

"ГУРУСНА БА ШЕР БАР МЕЗАНАД"

Ин вазъи ногувори иқтисодӣ ва бекорӣ дар Русия ба ахлоқи ҷавонони тоҷик бетаъсир намемонад. Гарчанде амалҳои нолоиқи ҷиноӣ хоси миллати мо нест, аммо иддае аз ин ҷавонони бекор рӯй ба дуздӣ ва дигар аъмоли ҷиноӣ меоваранд. Пештар агар тоҷикро бо ҷурми маводди мухаддир бандӣ менамуданд, соли қаблӣ дуздӣ ва роҳзанӣ низ аз чанде тоҷикон ба қайд гирифта шуд. Ба фикри банда ҷурми асосии ин аъмоли бад танҳо ва танҳо бекорист!

Родмардон ва рӯшанфикрону давлатмардони миллатро лозиму зарур аст, ки роҳи наҷоти ҷавонони ин марзу бумро пайдо кунанд. Зеро бузургтарин неру барои пешрафт неруи ҷавонон ҳаст ва агар қувваи онҳо хирадмандона истифода нашавад, расидан ба рӯзи беҳтар ҳамоно орзуву умеде дар синаҳо боқӣ мемонад. Бо умеди ояндаи рӯшани ҷавонони миллати сарбаланд...


Аъзамшоҳи ФАҚИР
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97