ОМАДАНАМ РАФТАН АСТ, РАФТАНИ МАН ОМАДАН ё маориф ва сиёсати кадрӣ

Сиёсат 13.02.2010 14:00

МЕХОҲАМ, КИ КАДР БОШАМ

Девид Махоуни гуфта буд, ки "Агар ду ҳамкор ҳамеша аз якдигар розӣ бошанд, пас яке аз онҳо зиёдатист". Ин нуктаи муҳим маънии онро дошт, ки агар ду роҳбар якхела кор мекунанд, пас ин сохтор ба тағйироти кадрӣ ниёз пайдо кардааст. Аммо Стаст Янковский низ як сухани таърихӣ дорад: "Агар "Кадрҳо ҳама масъаларо ҳал мекунанд", мехоҳам, ки кадр бошам". Воқеан, ҳама мехоҳанд, ки кадр бошанд. Аммо ин ғайри имкон ҳаст, чаро ки роҳбарӣ ва пешрав кардани як соҳа ба шахсият ва ҳайсийяти кадри аслӣ сахт бастагӣ дорад.

МАОРИФ ВА КАДР

Мувофиқи донишҳои муосири илмӣ дунёро се чиз идора мекунад: КАДР, САРМОЯ ва ИТТИЛООТ. Дар Тоҷикистон аз ин се унсури аслии идоракунии ҷомеаҳо танқисии сахт эҳсос мешавад. Мо ба сармоя ниёз дорем, барои доштани иттилоот сармоя надорем ва барои ҷалб ва пайдо кардани сармоя кадр лозим. Пас оё гуфтан метавон, ки тағйироти кадрии ахир дар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба назари коршиносон боз давом дорад, ниёзҳои мардум ва ҳукумати иҷроияро бароварда месозад? Тағйироти кадрӣ метавонад дар низоми маориф ва донишҳои илмӣ дар кишвар дигаргунӣ ба вуҷуд биоварад? Ин ҳамоҳангкунӣ ҳарчанд аз нигоҳи мантиқ дар назари аввал содда намояд ҳам, аммо аз нигоҳи дурнамои сиёсати кадрӣ алоқамандии зич дорад. Сиёсати кадрӣ ин самти умумии кор бо кадрҳост, ки дар асоси тавофуқи мабдаъҳо, методу қаволиб, механизмҳои ташкилотӣ ба хотири бароварда кардани ҳадафҳо амалӣ карда мешавад. Оё кадрҳое, ки дар Тоҷикистон сари мансаб омаданд ҳадафҳоро бароварда мекунанд? Агар ба вазъияти соҳаҳо нигоҳ кунем маълум мешавад, ки на. Зеро аксари соҳаҳои кишвар мушкили сангин доранд ва омадану рафтани мансабдоорон дигаргуниеро ба бор намеоварад. Мантиқан ҳамин мисраи Фарзона, ки "Омаданам рафтан аст, рафтани ман омадан" дар шанъи онҳо мувофиқ аст. Онҳо меоянду мераванд, аммо мушкили соҳа ҳамоно боқӣ мемонад. Ин нишонаи ноӯҳдабароии як идда вазирону раисони кишвар аст. Аҳмади Дониш замоне дар ҳайати сафорати амири Бухоро ба Русия ба вазири вақти аморат дар мавриди сафар маслиҳатҳо доду вазир онҳоро напазируфт. Вале дар сафар алорағми ҳама мушкилиҳои зиёде барои ҳайати намояндагӣ пеш омад ва Аҳмади Дониш гуфта буд: "Агар вазир бетадбир аст дар ҳоли ин миллату давлат бояд гирист". Онҳое, ки меоянду шармандавор ё бидуни кадом як дигаргуни чашмрас аз мансаб мераванд оё бетадбир нестанд?

Дар низоми идорӣ ва донишҳои сиёсӣ самтҳои гуногуни сиёсати кадрӣ тавсиф карда мешавад, ки бояд ҳар як роҳбари тозатаъин аз онҳо кор бигирад. Пешбинӣ намудани дурнамои рушди соҳа дар асоси технологияи навин, коркарди барномарезиҳои ҷадид ба хотири ҳалли мушкил ва тавфиқи шохаи роҳбаришаванда, ба амал баровардани усулҳои мотиватсионӣ бо дар назардошти ҷалби таваҷҷуҳи тобеон ба муваффақият ва ғайра аз асосҳоеанд, ки бояд ҳар як роҳбар баъди ба масъулият омадан амалӣ кунад. Аммо дар мо чунин таҷрибаро дар роҳбарии вазирону раисон камтар мушоҳида мекунем. Ин далели он аст, ки онҳо мансабдорони структуралистанд ва наметавонанд қолабҳои мавҷударо дарҳам бизананд. Ин дар ҳолест, ки маҳаки аслии тағйироти кадрӣ ин дигаргун кардан ё пешрав кардани соҳаҳост.

Тамоми кадрҳое, ки институти кадрии ҳукумати иҷроияро ташкил медиҳанд парвардаи низоми маорифи кишваранд. Яъне дар ноӯҳдабаро будани кадрҳо низоми маориф ва илми кишвар гунаҳгоранд. Аммо на низоми имрӯзаи маориф ва илм, балки низоми Шӯравӣ. Зеро аз дастпаврадагони низоми омӯзишу парвариши замони истиқлол то ҳанӯз касе ба мансабҳои калидӣ раҳ наёфтааст. Аксари нафароне, ки дар замони Шӯравӣ таҳсил кардаанд, сатҳи дониш ва малакаи роҳбари кадрҳои шӯравиро аз имрӯз ба маротиб боло медонанд. Агар ин шинохти онҳо дуруст бошад, пас дар сурати сари қудрат ё роҳбарӣ омадани кадрҳои низоми маориф ва парвариши замони истиқлол пешрафтҳои мо камтар хоҳанд шуд. Аз ин рӯ, зарурати дигаргунсозиҳои куллӣ ва боло бурдани сатҳ ва сифати омӯзиш ба хотири тарбия кадрҳои ӯҳдабаро шадидан эҳсос мешавад. Маҳаки аслии "Соли маориф ва фарҳанги техникӣ"-ро бояд тарбияи кадрҳо ба хотири муваффақ кардани нақшаҳои стратегии давлат ва барномарезиҳои миллӣ ташкил диҳад.

ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ ЧИ ХОСИЯТ ДОРАД?

Ф. Тейлор яке аз намояндагони барҷастаи мактабии классикии менеҷмент асоси сиёсатии кадриро дар таъини кадрҳо ба мансабе медонист, ки дар он ҳамон кадр имкони дигаргуниҳои зиёдеро дорад. Намояндагони барҷастаи илм ҳеҷ вақт дар сиёсати кадрӣ унсурҳоеро чун ҷуғрофиё ва дӯстӣ муҳим нашумурдаанд.

Шадид шудани низоми иқтисоди бозории ҷаҳонӣ ва авҷ гирифтани муносибатҳи сиёсӣ бар асоси равандҳои иҷтимоӣ сиёсӣ дар Осиёи Миёна моро ҳушдор медиҳанд, ки ба сиёсати кадрии дарозмӯҳлат рӯй биоварем ва тағйироти кадриро дар асоси ба саодат расидани ин миллат амалӣ кунем. Ва бароварда кардани ин дурнамо пеш аз ҳама вазифаи аслии кобинаи имрӯзии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки бояд сиёстии кадрии Президенти мамлакатро муваффақ кунанд. Зеро бо вуҷуди он ки сатҳи таълим дар муассисоти таҳсилотии замони шӯравӣ баланд буд, имрӯз кадрҳои он замон наметавонад, ки ҷомеаро пешрав кунанд ва ҳар маҷлис раиси ҷумҳур онҳоро ба таври хеле нангин сарзаниш мекунаду аз толор меронад, пас дар чунин вазъи ногувори таълим ва омода кардани кадрҳо, ки имрӯз вуҷуд дорад идораи минбаъдаи ҷомеаи Тоҷикистон ва сохторҳои он дар шакли муваффақ зери савол қарор намегирад?

Аксари расонаҳо ва коршиносони расонаӣ рӯйи тағйироти куллӣ дар сатҳи роҳбарикунандаи мақомоти давлатӣ тахмин мезаданд, вале ин ниёзи онҳо дар ҷаласаи солонаи ҳукумат бароварда нашуд. Чаро?

Мантиқ инҷост, ки тағйироти кадрӣ хосияти даврагӣ дошт. Масалан, дар охирҳои соли гузашта чанд сафиру вазир ба ҷойи якдигар таъин шуда буданд. Ба назар мерасад, ки дар сиёсати кадрӣ тағйироти назаррас ҳамин аст, ки рокировка на яку якбора, балки ба таври силсилавӣ амалӣ мегардад. Вале ниёзи бештари мардум аз ин тағйирот дар дигар чиз буд. Барои мардум хеле муҳим аст, ки чаро фигураҳои нав ба ҳайати Ҳукумати кишвар намеоянд? Ё сабаб чист, ки як идда вазирону раисон солиёни дароз мансабро "сварка" кардаанду дигаргунии назаррасеро дар соҳаи худ ба амал намеоваранд?

Дигаргуниҳои кадрие, ки ҳам сурат гирифт чандон қобили мулоҳаза нестанд. Чаро ки аслан, як мансабдор ба ҷойи дигараш рафт ва барои мардум маълум ҳаст, ки вай дар вазифаи собиқаш чӣ кор карда буд ва ҳамин донишу таҷрибаро дар он низ анҷом медиҳанд. Аммо як чиз дар ин тағйирот хеле мушоҳидашаванда буд, ки ки солҳои қаблӣ як қатор мансабдорон барои беҳунарӣ (масалан, Шарифхон Самиев) ва бемасъулиятӣ аз мансаб, балки аз толори ҷаласа хеле шармандавор ронда шуда буданд, боз мансаби давлатӣ ва масъулият ба гарданашон бор гардид. Аз ҷониби дигар то ҳанӯз умедҳо ҳаст ки раиси дастгоҳи раисҷумҳур, вазирони молия, маориф, мудофиа, амният ки мешаванд? Ҳатман раиси дастгоҳи раисҷумҳур нафарест шинохта, вале дар фаъолиятҳои он оё дар роҳбариҳои собиқааш минусҳо вуҷуд доштанд ё не? Суолест, ки бояд дар сиёсати кадрӣ аслӣ ва калидӣ шумурда шавад. Як чизе ба таври сареҳ мушоҳида мешавад, ки тағйироти имсола ҳам чандон навигарие бо худ надорад, касе ба ҷойи каси дигар меравад..

СИЁСАТҲОИ КАДРӢ ВА САОДАТИ МИЛЛӢ

Маълум ҳаст, ки тамоми низомҳо ва сиёсатҳову тағйиротҳои кадрӣ дар марҳилаи аввал, барои он амалӣ карда мешванд, ки мардум аз фақру бенавоӣ раҳо ёбанд. Марҳилаҳои баъдии он ба хотири ба саодат расондани аҳолии як кишвар ҳаст, бигрем Тоҷикистон. Аз ин нигоҳ сиёсатҳои кадрии мо ба хотири наҷоти мардум аз фақру бенавоӣ пешбинӣ мешаванд ва аммо аксари мансабдорони мо марҳилаи аввали озмоишро намегузарнд ва инро дар менеҷмент сиёсати кадрии заиф меноманд. Яъне онҳо ҳанӯз кадре нестанд, ки бо бенавоён созиш карда тавонанд. Дар сиёсати кадрии мо бештар навъи сиёсати кадрии ангезанда дида мешавад, ки то сиёсати кадрии сатҳи хуб-сиёсати кадрии тадбирӣ (превентивная кадровая политика) як марҳилаи дигари гузариш мебояд. Ҳоло он ки дараҷаи ниҳоии сиёсати кадрии беҳтаринро сиёсати кадрии фаъол ташкил мекунад ва бо чунин сатҳи кадрҳое, ки ба мақоми роҳбарӣ баргузида мешаванд, ба сиёсати кадрии фаъол гузаштан зери суол қарор мегирад.

Имрӯз вазифае, ки дар назди мансабдорон истодааст ва онро имону виҷдонашон бозгӯй мекунад расондани мардум ва ҷомеаи Тоҷикистон ба саодати миллӣ мебошад, аммо саволи матраҳ ин аст, ки бо чунин сатҳи роҳбарӣ мешавад ин ҳадафро амалӣ кард. Таҷрибаи наздик ба бист соли истиқлолияти Тоҷикистон собит кард, ки аксарияти мансабдорони тоҷик камтар ба рисолати асливу касбиашон содиқанд ва бештар ба хотир суд ва манфиати зиёд мансабталошӣ мекунаду халос. Рисолати асосии мансабдорӣ (чиновничество) беҳбуд бахшидан ба соҳаест, вале дар мансабдори мо ин назария тобиши бараъкс медиҳад. Таҷрибаи мансабдории тоҷик дар даврони истиқлолият нишон дод, ки як қисми мансабдорони мо соҳаи зери роҳбариашонро то он дараҷае хароб мекунанд, ки ба мӯҳлатҳои зиёд маҳбус мешаванд. То имрӯз ягон вазири тоҷик истефоъ надодааст. Онҳо розиянд, ки сахтарин ҳарфҳои раиси ҷумҳурро дар ҷаласаҳои кории ҳукумат таҳаммул кунанд ва шадидтарин танқидҳои матолиби ВАО-ро хуш бипазиранд, аммо судҷӯиро дар мансаб дошта бошанд. Тағйиротиҳои зуд-зуди кадрӣ дар мансабҳои баланди ҳукуматӣ нишонаи он аст, ки институти кадрии мо заъфи бисёре дорад ва он то ҳанӯз ба ҳайси як ниҳоди иҷтимоии дар раванди рушди миллӣ таъсиргузор нарасидааст ё ташаккул наёфтааст. Баро ташаккули ин институт монеаҳое чун маҳал, хешутаборчигӣ ва дигар авомил халал эҷод мекунад.

Ҳамаи ин бастагӣ мегирад ба системаи омодакунии кадрҳо дар кишвар, ки пояи асосии он макотиби миёна ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ мебошанд. Ин нишонаи он аст, ки барои парварда намудани кадрҳои воқеан, дорои дониш ва маҳорати касбӣ зарурат аввал боло бурдан ва такмил додани системаи маориф ва низоми таҳсилот дар кишвар мебошад. Институти алтернативии омода намудани кадрҳо вуҷуд надорад, пас бояд ба хотири ба саодати комил расонидани миллати тоҷик таваҷҷуҳи бештари давлатӣ ба маориф ва илм ҳумачун авомили калидии ба тавфиқ расонидани Тоҷикистон ҷалб шавад.


Иршод СУЛАЙМОНӢ
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97