ҲУҚУҚДОНӢ ВА БЕҲУҚУҚИИ ЗАНОН АЗ НИГОҲИ АҲЗОБ

Сиёсат 11.02.2010 15:30

Дар шумораҳои қаблӣ қисмате аз матолиби мизи гирди "Миллат" дар мавзӯи "Ҳузури зан дар интихобот" пешкаши хонандагони нашрия гардида буд. Дар ин шумора бахше аз суханронии Раҳматилло Зоиров - раиси Ҳизби сотсиал-демократ, Муҳиддин Кабирӣ - раиси Ҳизби наҳзати исломӣ, Абдуҳалим Ғаффоров - раиси Ҳизби сотсиалистӣ ва бонувони фаъол Ҳуриннисо Ғаффорова ва Зарафо Раҳмонӣ оварда мешавад. Ширкаткунандагони мизи гирд доир ба ҳузури зан дар интихобот ва мавқеи занон дар рӯйхати номзадҳо аз аҳзоб ва роҳҳои фаол гардондани бонувон дар ҷомеа сухан гуфтанд.

АБДУҲАЛИМ ҒАФФОРОВ - РАИСИ ҲСТ:

ЗАНҲОИ МО ҲУҚУҚҲОИ ХУДРО НАМЕДОНАНД

Дар ҳизби мо ду муовин зан аст. Раиси ҲСТ дар вилояти Хатлон зан аст, раиси бахши вилояти автономии Бадахшон зан аст ва дар баробари ин чандин раисони ноҳияҳои мо занонанд. Ҷиҳати аз ҳама мушкилиаш аз он иборат аст, ки гарави интихоботии мо ба 7 ҳазор сомонӣ баробар аст, имкон намедиҳад, ки ҳизбҳое, ки имрӯз мушкилиҳои молявӣ доранд, дар ҷомеъа фаъолияти ҳаматарафа ва ин масъаларо амалӣ кунанд.

Дуюм мушкилӣ аз он иборат аст, ки занҳое имрӯз дар ҷомеаи мо ҳастанд дар иштирок кардан дар маъракаҳои сиёсӣ фаъол нестанд ва ҳар чанде, ки мо бештари он занҳоро таклиф кардем, ки дар интихоботи парлумонӣ иштирок кунанд, мутаассифона, ягон нафари онҳо ризогии худро баён накарданд. Сабабҳои асосии фаъол набудани онҳо омилҳои гуногунро доро аст, яке аз омилҳое,ки имрӯз ба фаъол нашудани занҳо таъсири манфӣ мерасонад ин ҳамон ҷанги шаҳрвандие аст, ки соли 1991 ибтидо ёфта буд. Яъне зиёда аз 25 ҳазор зан мушкилии сангинро аз сар гузаронида буданд ва дар баробари ин 55 ҳазор кӯдакон ятим монданд. Онҳо ҳанӯз аз ин мушкилиҳо пурра берун нашудаанд.

Дигар масъалае, ки мо мегӯем баъзе хусусиятҳое, ки аз дин боқӣ монда аст. Масалан дар ҳадиси пайғамбар Муҳаммад (с) омада аст, ки "Биҳишт зери пои модарон аст" ва дар баробари ин гуфта шудааст, ки зан аз қабурғаи чапи мард бунёд ёфта аст. Яъне ин аз ҳолатҳои гуногуни паст задани зан аст. Дар мерос ҳам зан дар бисёр ҳуқуқҳо маҳрум аст, барои ҳамин ман як дастуре тартиб додам бо номи "Зан аз нигоҳи сиёсати гендерӣ" ва хусусиятҳои асосии онро пурра ва ҳаматарафа нишон додам. Барои чӣ даҳсолагии мақоми зан дар ҷомеаро мо мебинем ва дар баробари ин танзими оила, демография, ки соли 2002 нишон ёфта буд, ягон натиҷаи дилхоҳ надода аст. Барои чӣ?! Барои ин, ки дар ҳукуматҳои маҳаллӣ тамоми ин фармонҳо дар рӯйи варақ аст, яъне мавқеи занро пурра ва ҳаматарафа рушд дода натавонистанд. Мо бояд имрӯз тавассути радио, тавассути маҷаллаҳо ва мизҳои мудаввар занҳоеро, ки фаъол ҳастанд, гирд оварем ва дар бораи фаъолияти онҳо пурра ва ҳаматарафа гуфтан лозим аст. Танҳо тавассути тарғибу ташвиқ мо метавонем мақоми занро боло бардорем. Имрӯз шумо тасаввур кунед танзими оила дар ҳар оила панҷ шаш нафар кӯдакаст, масалан як зан панҷ шаш кӯдакро мехӯронаду мепӯшонад ва дар Аврупо бошад ду нафар як кӯдакро тарбият мекунанд, яъне имкониятҳои бисёреро доро ҳастанд. Дигар мушкилӣ аз он иборат аст, ки занҳои мо ҳуқуқҳои худро намедонанд аз қонунҳое, ки дар ҷумҳурӣ вуҷуд доранд пурра хабардор нестанд ва дигар аз ҳама муҳиммаш аз он иборат аст, ки забони қонунҳое, ки мо дорем хеле мушкил ва душворфаҳм буда мардум онро дуруст дарк намекунанд. Масалан соли 1993 конвенсия оид ба барҳам додани тамоми намудҳои табъиз нисбати занон ба татбиқ расида буд ва Ҷумҳурии Тоҷикистон онро пурра қабул карда буд, вале мутаассифона оиди ин конвенсия занҳои деҳот ҳатто занҳое, ки маълумоти олӣ доранд маълумоти муайяне надоранд. Танҳо тавассути он агар дар ёди шумо бошад, дар иҷлосияи 9-юми маҷлиси оллӣ танҳо тавассути занҳо имкон ба вуҷуд омад, ки бисёрзанӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба расмият дароварда нашавад. Дар ин бора бисёр чизҳоро гуфтан мумкин аст, вале ман ҳаминро гуфтанӣ ҳастам, ки танҳо тавассути ҳизбҳо мо метавонем занҳои дорои ақлу заковат ва фаъолтаринҳоро вориди сиёсат кунем ва дар баробари вориди сиёсат кардан ба онҳо имконият диҳем, ки мақомҳои баланд тарро ноил шаванд ва мактабҳои тарбияткунандае, ки дар давраи шуравӣ буданд барои пионер, комсомол ва мактабҳои партиявӣ бояд дар ҳизбҳо низ ҳамин хел мактабҳо ба вуҷуд оварда шавад.

РАҲМАТИЛЛО ЗОИРОВ - РАИСИ ҲСДТ: ЗАНҲОИ МО

ҲУҚУҚҲОИ ХУДРО АЗ МАРДҲО БИСЁРТАР МЕДОНАНД

Масъалаи якум ин аст, ки ман мехостам ин маротиба дар рӯйхати ҳизбӣ як чанд занро дар аввал номгузорӣ кунам, лекин худи занҳо ҷуръат карда натавонистанд ва хоҳиш кардам, ки пеш аз анҷуман худро муарифӣ намоед! Нишон диҳед худро дар васоити ахбори омма ва дар дигар ҷойҳо, бисёр вақт мунтазир ҳам шудам. Охир ҳатто маҷбур шудам, ки муовинҳоро бо тариқи алифбо тақсим кунам дар руйхати ҳизбӣ. Ҳамин тариқ, мо шаш нафар занро пешниҳод кардем, ки дар рӯйхат ҷойи 3, 5, 7, 9, 11 ва 13-умро ишғол кардаанд як мард як зан. Аммо то рӯзи анҷуман, ингуна ақида доштам,ки ман аз рӯйхат аз сараввал номи худро мегирам. Кӣ ҷуръат карда ин ҷойро мегирад ва ҷуръатнок нишон медиҳад ин мушкили як буд. Пеш аз анҷуман, ҳам ман дар мизи мудаввар ин чизро гуфтам, ки бо сӣ зан сӯҳбате доштам. Хусусан ин ҷо ман ба ин фикр розӣ ҳастам, ки созмонҳои ғайри давлатӣ ончизе, ки даҳсол пеш онҳо бо ҷомеаи шахрвандӣ бисёр ворид шуда буданд, имрӯз аз ҷомеаи шаҳрвандӣ баромада рафтанд ва ё ғайри сиёсӣ шуданд. Танҳо бо роҳи сиёсӣ ҳамчун фаолияти сиёсӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ворид шудан мумкин аст. Маърифати ҷомеаи шаҳрвандӣ аввал аз маърифати сиёсӣ оғоз меёбад, лекин, вақте ки ман ба созмонҳои давлатӣ муроҷиат кардам медонед, ки онҳо чӣ хулоса карданд? Дар формаи созмонҳои ғайри давлатӣ онҳо қарор қабул карданд, ки созмонҳои ғайридавлатӣ ба рӯйхатҳои ҳизбӣ ворид намешаванд, аз ҳавзаҳои якмандатӣ аз номи ҳизб пешниҳод намегарданд, яъне бо бештар аз бист созмони ғайридавлатӣ оид ба ин масъала сӯҳбат доштам ва гуфтам, ки биёед якҷоя амал кунем, моддаи 30-и қонуни конситутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дар бораи интихоботи Маҷлиси олӣ аст, амалӣ гардонем. Яъне ҳам ҳизбӣ ва ҳам ғайри ҳизбӣ. Мушкилӣ дар чӣ аст? Албатта, ман ҳозир гӯям, ки проблемаи асосӣ ин низоми сиёсии ҷомеа аст, ин хато намешавад, лекин чунин мефаҳманд, ки боз Раҳматулло Зоиров танқидро сар кард, аммо низоми сиёсии ҷомеъа ҳамин тавр ташаккул ёфта аст. Имрӯз бубинед ҳатто дар парлумон. Барои чӣ дар парлумони мо дар Маҷлиси олӣ палатаи боло ва ҳам палатаи поён, ягон баҳсу мунозираро, ягон ақида ё фикрронии вакилро нишон намедиҳанд?

Калимаи квота як чиз аст, аммо фикрронии квотавӣ ин чизи дигар. Мо ҳозир нисбати зан фикрронии квотавӣ дорем на ҳамчун квота. Яъне алакай дар фикрронӣ ва ҳувийяти мо чунин шуда аст, ки зан ин дуюм дараҷа, яъне танҳо дар асоси квота рафта метавонад. Вақте, ки ҳозир ҳамин ҷо гуфтанд, ки занҳо ҳуқуқҳои ҳудро намедонанд, ман фикр мекунам, ки занҳо ҳуқуқҳои худро аз мардҳо бисёртар медонанд, аммо мардҳо бошанд ҳуқуқҳои занҳоро намедонанд ва эътироф намекунанд. Агар, ки мардҳо проблемаи занҳоро дар якҷоягӣ ҳал намекарда бошанд, пас проблемаи занҳоро ҳал карда намешавад. Барои ин, ки ҳувийяти миллии мо аст. Барои мисол агар як номзад, номзади зан аз ҳавзаи як мандатӣ пешниҳод шавад, худи аксарияти занони ҳавзаи мазкур бар зидди ин зан овоз медиҳанд. Яъне ин ҳам ҳувийяти занон аст. Дар ин бора масъалаҳои бисёр аст ва дар худи занон ҳам проблема вуҷуд дорад, зеро модарон бояд дар тарбияти фарзанд, озодфикрӣ ва баробарҳуқуқиро истифода баранд, лекин ҳамин ақида дар занҳои мо нест. Агар занҳои мо фарзанди худро бо ҳамин фикру ақида тарбият карда тавонанд, ман фикр мекунам, ки ояндаи Тоҷикистон дурахшон мешавад.

Масалан дар ҷумҳурии исломии Ирон, ки соли гузашта рафта будам, потенсиали занҳо, хусусан, потенсиали сиёсиву зеҳнии онҳо аз патенсиали мардҳо хеле баланд аст. Имрӯз ҳувйияти Иронро занҳо муайян мекунанд, албатта на танҳо дар Ирон. Лекин дар Тоҷикистон ин тавр нест, мо ба ҳамин чиз ҳаракат карданамон дар кор аст. Ман пурра розӣ ҳастам ва ин чизро танҳо имрӯз намегӯям. Вақте, ки мо соли 1998 якум барномаи ҳизби СДТ-ро қабул кардем, такрор бошад ҳам мегӯям, ки якумин ҳизбе будем, ки ҳадафи барномаҳои ҳизби мо баробар кардани ҳуқуқи гендрӣ дар Тоҷикистон буд, на танҳо дар дохили ҳизб, лекин ҳувйияти мардҳоро, ҳувйияти ҷомеаро тағйир додан бисёр мушкил буд. Мо ҳатто рӯйхати ҳизбиро бар анҷуман пешниҳод кардан, маҷбур шудем шаш бор шӯрои сиёсӣ гузаронидем, дар шаш маротибаи шӯрои сиёсӣ охир ба хулоса омада натавонистем,ки кӣ чигуна рафтанаш даркор аст.

Дар ҳизби ҲСДТ занҳои қобилиятнок бисёранд. Аммо мушкилӣ дар он аст, ки ҳатто занҳое, ки дар ҳамин ҳизб фаолият доранд, ҷуръат карда наметавонанд. Мушкилии аввалиндараҷа ҳал кардани масъалаи ҷуръати занон аст, на ин, ки дониш. Яъне дониши занон аз мардҳо паст нест. Вақте, ки мо донишро татбиқ карда метавонем ё не, ана ин хирадмандӣ аст. Аммо барои хирадмандии занон бисёр чиз намерасад, имконияти баробарӣ нест. Агар ин чизро таъмин карда метавонистем баъд дар ҷомеа пеш рафтанамон мумкин буд.

МУҲИДДИН КАБИРӢ - РАИСИ ҲНИТ: БЕНАЗИР БҲУТТО

АЗ ТАРИҚИ ЯГОН КВОТА НАОМАДА БУД

Мо як мушкилӣ дорем, мушкилии дохилӣ. Аз ҳад зиёд демократияи дохилии мо қаввӣ аст. Ҳамчун ҳизби исломӣ мо як низоми демократии қаввӣ дар дохили ҳизби худ дорем. Агар банда ҳамчун раиси ҳизб аз ваколате, ки раёсати олӣ дар ҷаласаи охирин ба мо дод, истифода мекардем, шояд, ки ҷойгоҳ ва мақоми хоҳарон дар рӯйхати ҳизб болотар мерафт. Яъне раёсати олӣ тасмим гирифт, ки руйхатро роҳбари маънавӣ ва раиси ҳизб метавонанд худашон тартиб диҳанд ва ба анҷуман пешниҳод кунанд. Аммо мо баъди машварат бо устод Муҳаммадшариф Ҳимматзода аз ин ҳақ ва салоҳияти худ даст кашида, боз ин ҳақ ва салоҳиятро ба шӯрои сиёсӣ баргардондем, ки шӯрои сиёсӣ бо интихоботи пинҳонӣ аз байн ҳар шахсеро сазовор медонад, тартиб диҳад. Интихобот пинҳонӣ ва шафоф буд ва танҳо як нафар аз аъзоёни шӯрои сиёсӣ ширкат надошт, ки дар сафари хориҷа буд. Бо ин интихоботи пинҳонӣ руйхати мо ба вуҷуд омад ва баъд аз онки руйхат мушаххас шуд боз ҳам шӯрои сиёсӣ тасмим гирифт, ки роҳбарият метавонад дар тартиби ҷо ба ҷогузории номзадҳо тағйирот дарорад ва ин ҳам боз қарори шӯрои сиёсӣ буд, аммо мо бисёр дахолат накардем. Ин ҳам яке аз мушкилиҳои демократия аст, ки агар мо аз ҳаққи худ истифода мекардем, ба таври императивӣ ё авторитарӣ рафтор мекардем ҳатман, ки хоҳар Зарафо ва дигар хоҳарон дар рӯйхат ҷойи болотарро касб мекарданд бо назардошти ҳама масоил ва заҳмате, ки онҳо мекашиданд. Инро мо ҳам эътироф дорем ва ҳар қадаре, ки танқид ба унвонии мо ҳамчун роҳбари ҳизб биёяд, мо қабул мекунем, вале ҳамон ҳам баъзе дахолати мо буд,ки ба ҷойи даҳум монондем. Масъалаи дигар аст, ки мутаассифона мо натавонистем, ки дар ҷомеа ва дар дохили ҳизби худ кадрҳоеро аз байни хоҳарон тарбият кунем, ки ҳангоми интихоботи пинҳонӣ ва шаффоф тавонанд бо мардон рақобат кунанд. Инро бояд эътироф кард ва барои ислоҳи он кӯшиш кунем, то дар марҳалаҳои оянда тавонем хоҳароне дар ҳизб ба воя расанд, ки дигар мардҳо ё бародароне, ки овоз медиҳанд бе ягон шакку дудилагӣ раванд барояшон овоз диҳанд.

Масъалаи дигар дар бораи ин, ки оё ҳизб аз ҳузури занҳо дар интихобот пуштибонӣ мекунад ё на? Мо барои тамоми хоҳароне, ки номзад шуданд тамоми хароҷотро аз ҳисоби ҳизб медиҳем, ҳам гаравпулӣ ва ҳам хароҷотҳое, ки барои таблиғоту барои фаолияти номзад ҳаст. Ин ҳам фикр мекунам як навъи пушти бонии зан аст дар интихобот. Мо пештар ҳам дар яке аз сӯҳбатҳо гуфта будем, ки чаро хоҳарон фаъол нестанд, чаро ҳамеша интизоранд, ки мардҳо онҳоро бояд ба майдон оранд ё квота ҷудо кунанд ё пуштибонӣ кунанд. Бояд худи онҳо кӯшиш кунанд баъдан, ки ба майдон омаданд вазифаи мардон аст, ки пуштибонӣ кунанд.

Устод Ғаффоров гуфтанд, ки масъалаи мерос гӯё яке аз мушкилиҳои асосӣ дар ҷомеаи мо бошад. Ростӣ, ман то ба ҳол надидаам, ки мероси занеро аз рӯйи шариат ҷудо карда дода бошанд ва дар як давлати дунявӣ ҳастем, ки ҳафтод солаш дар замони шӯравӣ гузашт ва ҳаждаҳ соли дигараш дар замони давлати дунявӣ аст. Тамоми қонунгузории мо аз рӯйи меъёрҳои давлати дунявие, ки аввалан шӯравӣ баъдан ҳозира аст, рафта истодааст. Агар зани тоҷик имрӯз меросашро аз рӯйи меъёри шариат мегирифт, ин воқеъан барои зан як кӯмаки хуб мешуд. Кадом зан имрӯз меросашро аз рӯйи шариат ҷудо карда гирифта аст? Чаро инро як монеа фикр кунем, ҳатто ба ин ҳам нарасидем. Бигзор дар ин бора кишварҳое фикр кунанд, ки ҳаққи занро аз рӯйи шариат додаанд, баъд фикр кунанд, ки кам аст ва баъд масъала гузоранд, ки аз рӯйи шариат додан кам аст, вале ҳоло мо ба ҳадди шариат нарасидаем, чаро инро бояд эрод бигирем?

Масъалаи дигар ин аст, ки чаро зан дар интихобот ҳузур надорад. Биёед аввал дар бораи ҷомеа андеша кунем, ки аксари ҷомеа дар интихобот ҳузур дошта тавонанд, ҳамчун номзад ё имкониятҳои баробарӣ дошта бошанд, ба таври автоматӣ ҳам худи зан имконият пайдо мекунад, вале ман зид ҳастам, ки мегӯянд ҷомеаи Тоҷикистон зансолор аст ё мардсолор, аслан дар ҷомеаи мо ҳеҷ солорият дида намешавад, яъне на зан солор асту на мард. Солор ин маънои он аст, ки як мард каромат ё шарофат ва ё ҳуқуқ дорад. Дуюм масъала ин аст, ки банда зидди ҳама квота ҳастам, чаро ман борҳо бо хоҳарон дар ҳизб суҳбат доштам, хоҳар Зарафо ва дигарон шоҳид ҳастанд, ки гуфтам: Дигар ба умеди квота нашавед! Дар оянда худи хоҳарон бояд талош кунанд, ки ин ҷойро сазовор бошанд ва дигар ба мардон ҳамчун як гурӯҳе, ки ба онҳо имтиёз медиҳад неву ҳамчун рақиб нигоҳ кунанд, наҳаросанд, кор нишон диҳанд. Худо хоҳад мардум мешиносанд ва баҳо хоҳанд дод. Раҳматулло Зоиров дуруст гуфтанд, ки фикри квотазадагӣ дар мо ба ҷойе расида аст, ки ба дискриминатсияи зан табдил ёфта аст. Занро маҳдуд карда истода аст, мо барои зан як қафаси тиллоӣ сохта истодаем ва ҳатто баъд аз он, ки квота медиҳем боз миннат ҳам бор мекунем, ки мо набошем ба шумо ҳамин квота ҳам намерасад. Квота ба як объекти рақобати байни худи занҳо табдил шудааст. Зан дигар мардро ҳамчун рақиб намешиносад, балки зани дигарро рақиб мешиносад, ки чӣ кор кунам, то дар ҳамон чорчӯбаи квота дохил шавам. Агар мо ҳозир квотаро барҳам диҳем шояд панҷ-шаш соли дигар барои хоҳарон душвор шавад, вале баъдан ба ин натиҷа мерасанд, ки танҳо ва танҳо дар рақобати озод, шаффоф ва ва бо ҷуръату ҷасорат метавонанд вориди сиёсат шаванд. Беназир Бҳутто аз тариқи ягон квота наомада буд. Вай дар як ҷомеаи мардсолори покистонӣ худро сохт, мубориза кард ва Беназир шуд. Ҳамчуноне дар Туркия сарвазир зан буд ва дар Бангладеш ҳам. Ин кишварҳо таҷрибаи квотаро надоранд, квота ин моли фикркардаи ҷомеаҳои мо аст, ки аз як имтиёз табдил шуда аст ба як қолаби маҳдудкунанда барои занҳо .

ҲУРИННИСО ҒАФФОРЗОДА: МАН ҲИЗБИ

СИЁСИРО АЗ ВАЗЪИ МОЛИЯШ БАҲО МЕДИҲАМ

Як чиз дар мо намерасад, ки мо бонувон, ҷасорат надорем. Ҳангоме, ки ман ба сиёсат ворид шудам, таҷриба надоштам, вале ҷасорат доштам. Ҳамагӣ огоҳ ҳастанд, ки соли 2000-ум ман аз ноҳияи Рашт номзадиамро монда будам, ки ҳоло қувваҳо зиёд буданд, нобаробариҳо зиёд буданд. Баъзан ман мегӯям, ки парчамдорони сафед ҳам буданд, парчамдорони сурх ҳам буданд, вале дар ин ҷо ман бояд эҳтиром қоил бошам ба ҷасорати худам. Аз он, ки ман ба он майдон омадам ва бисёр чизҳое, як мактабе буд, ки дастгирии бисёр барои ман набуд, ҳам дар он сурат дастгирии молӣ набуд, вале пуштибонии мардум буд. Мардум як чизи нав мехостанд, як чеҳраи нав мехостанд. Он минтақа минтақае ҳаст, ки то ҳол равандҳои худашро дорад. Вақте, ки он ҷасорати ман омад, алакай номзадиамро ҳамчун як шахси масъул мондам ва дар баробари як мошини хеле бузурги давлат буд. Ҳатто дар вохӯриҳое, ки дар минбарҳо мебаромадам, барои ман иҷозат намедоданд, ки аввал ман сухан кунам. Вале ман кӯшиш мекардам бо ҳама дар таҳаммул бошам, ҷойҳое буд, ки хатоҳое буд, таҷрибаам намерасид, вале танҳо ҷасорат буд. Ва дар ҳақиқат бовар кунед 56%-и овозҳоро дар соли 2000-ум барои ман доданд, мардум раъй доданд. Вале ҳамон шаб худи мардум, 63%-ро гирифтанд барои Сайдулло Хайруллоев карданд. Ман дар ҳамон соли 2000-ум номзадиамро ба таври худпешбарӣ мондам ва пас аз он дар рӯйхати Ҳизби наҳзати исломӣ ҳам будам. Имрӯз ҳарчанд расонаҳои хабарӣ бисёр менависанд, ман узви Ҳизби наҳзати исломӣ набудам ва имрӯз ҳам нестам ва намешавам. Чунки ман бисёр андешаҳои зиёд озод дорам. Дар ҳамон ҳолат устод Нурӣ ҳамон ҷасорати маро қадр карданд. Қадрдонӣ аз ҷасорати ман буд, шахсиятҳо доштанд. Вақте, ки ман дар интихоботи соли 2005 ширкат кардам, эҳсос кардам, ки ҳамон соли 2000-ум барои мо бонувон як бедоршавӣ буд, як таҳаввулоти нав дар тафаккури мо буд, як таҷрибаи сиёсӣ омӯхтан буд, мо ворид шудем. Вале мутаассифона ҳамон муаллиме, ки имрӯз шикоят мекунад аз маошаш, ҳамон раиси ҷамоате, ки шикоят дорад аз камбудии рӯзгори ҳамон ҷамоаташ, ҳамонҳо мегирифтанду тақаллубкорӣ мекарданд. Худи мо занон иттиҳоде надоштем, худи қувваи мо занон дар ҳамбастагӣ набуд, ки ҳимояи ҳамон овозҳои худамонро кунем.

Имрӯз ман ба он мувофиқ нестам, ки дар Тоҷикистон занон нестанд. Не, мо Беназир Бҳутто ҳам дорем. Аз 7 миллион ҳама боҷасорат намешавад. Барои ҷомеаи мо 2%, 5%-аш, 10%-аш фаол бошад, мо пеш меравем. Ҳамон солҳо дар Ҳизби наҳзати исломӣ мардҳо барои ман мушкилиҳо эҷод мекарданд. Ман дар миёни ду оташ будам, аз ин тараф кормандони сохторҳои давлатӣ ба ман фишор меоварданд ва аз дигар тараф ҳарчанд, ки аз Ҳизби наҳзати исломӣ будам, худи ҳамон ҳизб ҳам барои ман дар минтақаи Рашт фишор меовард. Вале ман истодагарӣ мекардам, мушкилиҳо, задан, он таҳқиру он чизҳое дар сари ман омад. Вале ман гуфтам, ки бояд як занҷирро биканам, як чизро шиканам, то мардум бидонад, ки зан ҳам метавонад. Ҳамчун зан ман то имрӯз мардҳоро рақиб медонам, хоҳарон барои ман ҳамшира ҳастанд, хоҳарам ҳастанд. Вале мардони бузург барои ман рақиб ҳастанд, воқеан раиси ҷумҳур барои ман рақиби сиёсиам ҳаст. Оғойи Кабирӣ рақиби сиёсиам ҳаст, оғойи Раҳматулло Зоиров барои ман рақиби сиёсиам ҳаст. Ман инҳоро рақиб медонам. Бонувони азиз бояд ҷасорат кунанд, биомӯзанд ва имрӯз Ҳизби наҳзати исломӣ ду-се нафар бонуе дар рӯйхат дорад, мисли бону Зарафо, ки дар болои онҳо бояд кор кунанд. Инҳоро бояд эътироф мекарданд. Аз бонувони ҳизбҳои дигар ман хоҳиш дорам, ки худашон рисолатро дар даст бигиранд. Баъзан дар андешаи ман меояд вақти он расидааст, ки мо бонувон ҳизби худамонро ташкил кунем ва ҳар як бону таёр ҳастем. Ин дар сари ман ду-се сол боз ҳаст. Дар баробари ду-се олигархе, ки ҳастанд бонувон ҳам дар сохтани Роғун саҳм мегузоранд, тамоми бонувони тоҷик дар иттиҳоду ҳамбастагӣ барои Роғун хестанд-ку! Гирифтем ҳамон саҳмияҳоро-ку. Номи бачамон, номи хонамон рафта кардем-ку ҳамонро. Ё ҳар барномаҳое, ки мешавад, саҳми занон аввалин аст. Вале ман намехоҳам маро ҳамчун зан бидонанд, бигӯянд ин бону аст. Солҳои аввал ман ин бару он бар ҳам мегуфтам гендерӣ-гендерӣ. Не ин хел нест. Ман гендериро дигар хел мехоҳам. Ман бону ҳастам, ман арҷ дорам, ман соҳиби кишвар ҳастам, ман соҳиби мулк ҳастам, аз мардҳо донотар ҳастам, зеботар ҳастам, оқилтар ҳастам. Ман метавонам кишварро пеш барам. Чаро бонуи тоҷик ин корро наметавонад. Метавонад! Имрӯз мо бояд талош кунем, ҳар бонуе, ки дар кадом ҳавзаи интихоботие, ки ҳаст ӯро дастгирӣ кунем. Вақти он расидааст, ки мо бонувон якҷо бошем. Рӯзноманигорони бону бояд кӯшиш кунед, ки дастгирӣ кунед, нависед дар бораи занон. Шумо хеле як иттиҳоди бузург ҳастед рӯзноманигорони бону. Биёед дар якҷоягӣ ё ҳизб мекунед, ё ягон коалитсия месозем. Мо дар паҳлӯйи шумо ҳастем. Воқеан зане, ки ба сиёсат меояд, баъзан мардҳоро ҳам мегӯям, ки аз лиҳози пулӣ ва молӣ таъмин набошӣ набиё. Вақте он ҳизбе, ки пул надорад, ки ҳамон чор-то коргари худашро хӯронад, вай чи гуна мардумро дунболаш мебарад? Он марде ё он зане, ки маблағ надорад, вақте, ки вазъи иқтисодии хонаашро дуруст кардан наметавонад, чи гуна мардумро ба сиёсат мебарад? Ман ҳизби сиёсиро аз лиҳози молиаш баҳо медиҳам. Ҳизбҳои сиёсии мо то андозае вазъи молишон, вазъи иқтисодӣ-иҷтимоишон, равандҳои сиёсиашонро ҳоло намегӯям, сустанд. Ин як сабаб аст, ки наметавонанд ба сиёсати калон ворид шаванд. Занҳои мо ҳам ҳамин хеланд. Аз лиҳози молӣ таъмин нестанд. Оғои Кабирӣ гуфтанд, ки кадом зане номзадиашро пешниҳод кунад ман гаарвпулиашро медиҳам. Не, ман вақте ба сиёсат меоям, чаро интизор шавам, ки оғойи Муҳиддин Кабирӣ гаравпулиамро диҳад? Агар имконият мешуд ман занонро аз гаравпулӣ озод мекардам. Вале ман маблағамро бояд худам супорам, худам бо мардон рақобат кунам, худам бо мардон даст ба гиребон шавам.

ЗАРАФО РАҲМОНӢ: НАСЛИ НАВ БЕДОР МЕШАВАД

Бисми-л-лоҳи-р-раҳмони-р-раҳим. Мехоҳам як нуктаро аз сӯҳбати муаллима Бобоназарова шурӯъ кунам, ки гуфтанд, аҳзобе, ки мегӯянд 35%-ашон занон ҳастанд, дурӯғ мегӯянд. Ман воқеиятро мегӯям, аъзои Ҳизби наҳзати исломӣ аз ҷумлаи занон қариб 50% ҳастанд. Ин воқеият аст ва шумо метавонед ҳатто инро тафтиш ҳам кунед. Имрӯз дар масъалаи ҳузури зан дар интихобот баҳсҳои зиёд шуданд ва банда низ соли 2005 ҳам як кӯшише кардам, ё ба гуфтаи дигар ҷуръате ҳам кардам, ки худро вориди саҳнаи сиёсӣ кунам ва ин бор ҳам мехоҳам ҷуръату тавоноии худро нишон бидиҳам. Албатта, мушкилот зиёд ҳастанд, ки рӯйи онҳо зиёд гуфта шуд. Гуфтанд, ки мушкили асосӣ ин аст, ки огоҳии иттилоотӣ ё маърифати ҳуқуқии занони мо хеле паст аст, ё умуман ҷуръат надоранд, тавоноӣ надоранд. Вале ман мегӯям, ки имрӯз занҳои мо назар ба соли 2005, ки ман номзад шуда будам, хеле фаъол шудаанд.

Имсол мо мебинем, ки занҳо меоянд назди мо ва мепурсанд, ки интихобот кай шурӯъ мешавад, кай мо бояд овоз бидиҳем, мо чӣ гуна биравем ҳавзаҳо ва ингуна сӯҳбатҳо хеле зиёд мешаванд ва мо ҳам кӯшиш мекунем, ки дар навбати худ аз ҷониби наҳзати исломӣ як гурӯҳи занони хеле фаол дорем, ки онҳо байни мардум барои фаҳмондадиҳӣ ба бонувон бираванд ва сӯҳбат кунанду онҳоро бифаҳмонанд, на танҳо барои ҳузур дар интихобот ё ташвиқот бубаранд, балки онҳо раванд ва раъйи худро худро соҳиб шаванд. Ба натиҷаҳое ҳам расидаем, иншоаллоҳ. Аз ҷумлаи ҷавонон гурӯҳи дастёрони наҳзатро ташкил кардем ва барои онҳо як омӯзише ҳам доштам. Ман хеле хурсанд шудам. Ба ин, ки собиқадорон парчамро гузоштаанд, замин, ман розӣ шудан наметавонам. Зеро дар сӯҳбати дирӯзаам бо ҷавонон худам шоҳиди он гаштам, ки як гурӯҳи ҷавонони бедоршуда, яъне дар қалби онҳо шӯълаи ана ҳамин иштирок дар равандҳои сиёсии кишвар, дар маъракаҳои муҳимми кишвар ва аз ҷумла интихобот бедор шуда истодааст ва онҳо талош карда истодаанд, ки ҳатто бо донистани он, ки пайвастани онҳо бо наҳзат чӣ оқибате онҳоро мунтазир аст, ифшо намуданд, ки мо донишҷӯи мактабҳои олӣ ҳастем ва медонем, ки баъди пайвастан бо наҳзати исломӣ аз баъзе муаллимон танбеҳ мешунавем ва бо "ҷурм"-е ҳам аз донишгоҳ ронда мешавем, вале бо наҳзати исломӣ мепайвандем. Онҳо савол медоданд, ки чӣ тавр мо бояд бо номзад, бо шахсони боэътимод ҳамроҳӣ кунем, то таҷрибае барои хеш ҳосил намоем. Яъне ин насл бедор шуда истодааст. Ин насл дорад имрӯз инкишоф меёбад, ҷустуҷӯ мекунад, дониш мегирад, таҷриба мегирад ва дар баробари он насле, ки каме пешрафта аст, истодааст.

Чанд нуктаро дар бораи мушкилоти занон мехоҳам бигӯям, ки чаро намехоҳанд талош кунанд, ки дар рақобат бо мардон як кореро анҷом бирасонад. Албатта мушкилот хеле зиёданд, ман на ҳамчун як узви Ҳизби наҳзати исломӣ як чизро қайд карданӣ ҳастам, ки ман ҳамчун як зан аввал ин чизро мехоҳам бигӯям, ки мардони мӯҳтарами мо, ки хело гилагузорӣ мекунанд, натарсанд, имону ақидаи мо намегузорад, ки агар вакил шавем ё бадавлат шавем аз хонаводаи худамон ҷудо мешавем. Мо пеш аз ҳама зан ҳастем, модар ҳастем, модари тоҷик ҳастем. Дигар мушкилот дар бақайдгирӣ аст, кӣ бояд дар мадди назар бошад.

(Идома дорад)


©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97