"ШИНОХТАҲО" БА ПОРЛУМОН ПЕШНИҲОД ШУДААНД?! ё "тасодуфиҳо" миёни номзадҳо нестанд?!...

Сиёсат 08.02.2010 13:59

Интихобот ба Парлумон-Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ наздиктар мешавад ва сари ҳар қадам, ба вижа дар расонаҳои хабарӣ гузоришу мусоҳибаҳо бо сарварони аҳзоби мавҷуд ба чашм мерасад, ки ин гувоҳ аз маъракаи пураҳаммият будани интихобот аст. Боиси тазаккур аст, ҳар ҳизбе, ки дар ин интихобот вакил пешниҳод карда аст, мекӯшад ва хоҳони он аст , ки худро бо ҳар воситае набошад миёни интихобкунандагон бишиносонад, то намояндааш дар мақоми вакилӣ пазируфта шавад. Дар ин ҷо суоле пайдо мешавад, ки: чаро мо, минҷумла намояндагони ин ҳизбҳо танҳо ҳангоми интихоботҳо пайдо мешавему мехоҳем, ки моро шинохта кунанд ва ба вакилӣ бипазиранд?!

Барои он ки дигар ҳунари амалан муаррифии хешро надорем?! Агар ба қавле ба "майдони муаррифӣ" назар андозем, "майдон чунон фарох аст, ки ҳар ки метавонад худро бе ҳеҷ маъракаороиву ҷаласаҳои "пургуфтугузор" назди мардум маълум бикунад….Ин "майдон" кадом аст?! Майдони корзор, зиндагӣ, макони фаъолият, ҷамъият ва дигар ҷанбаҳое, ки моро танҳо тавассути корамон метавонанд беҳтару бештар шинохта кунанд!....

КАДОМЕ АЗ АҲЗОБ

ШИНОХТА АСТУ КАДОМЕ НЕ

8 ҳизб имрӯз худро дар ҷомеаи Тоҷикистон муаррифӣ кародаву дар талош барои мақом ёфтан дар Порлумон ҳастанд, ки агар ба онҳо амиқтар назар афканем, ғайр аз як гурӯҳи бохабар аз сиёсати дохилӣ фоизи бештари аҳолӣ онҳоро на он қадар мешиносанд…. Чӣ гуна хуб бишносандашон ин ҳизбҳоро, ки овозашонро дар ростои "Роғун", ки барои ҷомеаи Тоҷикистон майдони арсаи номусу нанг аст, камтар мешунавем?! Овози ҲХДТ ва ҲНИТ-ро дар масъалаи ин иншооти азим ба тарзе мешунавем, вале аз ҳизбҳои дигарро камтар ва ё хеле кундтар… Сабаб?! Инро хонандагони рӯзномаҳо аз сарварони ин ҳизбҳо бипурсед, ки чаро онҳо танҳо андешаашон дар мавриди вакил интихоб шудан асту ба дигар масоили муҳим ба қавле "камтар вақт меёбанд". Агарки ин ҳизбҳои хеле барномаҳои олиҷанобдошта, камтар дар бораи "Роғун" гап бизананд (манзур сарварони ин аҳзоб аст), заминларзаи Ванҷро чӣ парво доранд?! Чӣ парво доранд, ки аксар мардуми аз ин заминларза зарардида ва хонаҳояшон кафидаю абгор шабро то саҳар бо чӣ тарсу ҳаросе рӯз мекунанд! Мо аз сарварони ин аҳзоб мадад пурсиданӣ нестем ва зорӣ ҳам надорем, ки барои ин мардум хайма биёбанд. Зеро шояд аксари ин ҳизбҳои ҳазорҳо аъзо дошта якҷоя шуда қудрати ду-се хаймаро харидорӣ карда натавонанд. Дар ин ҷо мақсад, мадади маънавист-"забониву даҳонӣ"… Яъне, барои интихоби номзадҳояшон ба вакилӣ ба куҷоҳое умеди имдод намешаванду лозим шавад, арзу дод ҳам мекунанд. Вале давоми ин қариб як моҳ оё мо ғайри Сарвари давлат ва раиси ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон аз сарвари дигар аҳзоби барномааш "пур аз ваъдаву дил¬сӯзӣ…" сухани "ҳамдиёрие" дар мавриди мардуми ноҳияи Ванҷ шунидаем?! Ва ё кадоме аз сарварон ва намояндагони ин аҳзоб аз маҳалли зилзила дидан карду аз аҳволи "интихобкунандагонашон" бохабар гардид?! Мо дарак надорем, шояд рафта бошанду дар телевизион сабт нашуда бошад?! Пас, модоме ки чунин асту "Аз мост, ки бар мост", чӣ тавр шуморо бишиносанду барномаҳои рӯи коғазатонро бовар бикунанду барои курсии Порлумон "иҷозат" бидиҳанду овози худро бароятон бубахшанд?! Барои кадом хизмататон?! Мо гуфтанӣ нестем, ки "барои "Роғун" ё зарардидагони ноҳияи Ванҷ. Умуман, давоми ин панҷ соли "тайёрӣ барои худро ба интихобот омода кардан ва даъвои вакил шудан", кадом корҳои амалиро ба нафъи ин халқу ин Ватан иҷро ва пиёда намудаед?! Мо медонем, ки давоми ин солҳо шумо дар ҷустуҷӯи аъзои бештар ёфтани ҳизбҳотон гашта, бисёр талош намудед то дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ "ячейкаҳои" маҳалии худро созмон бидиҳед. Албатта, иддае аз ҳизбҳо бо мадади ёру ошнобозӣ ҳам бошад, ба қадре ба ин "нияташон" муваффақ шуданд. Вале маваффақ шудан ба қавле "бо роҳи сунъӣ" дерпой нест, зеро то мардум моро набинаду бо кори амалию шоистаамон баҳо надиҳад, моро эътирофу ба вакилии ин органи олии қонунбарор раҳнамоӣ нахоҳанд кард!! Медонем, ки на танҳо номзадҳо ба вакилии Порлумон, аксар мардуми телевизортамошокун дар хусуси заминларзаи Гаити дарак доранду ҳатто бархе аъзоёни ин ҳизбҳо намедонанд, ки "Ванҷаш дар куҷост!"…Зеро дар телевизион ками дар кам дар хусуси оқибатҳои ин заминларза, ёриҳои Ҳукумату башардӯстона ва дигар ҷанбаҳои ин мулки осебдида наворҳо пешкаш шудаанду мешаванд. Ва ё аксар рӯзномаҳо ҳам ба ҷойи аз рӯйдодҳои асосии кишвар маводҳо ба табъ расонидан, "очае…оча" гуфта, мақсад: "рӯзномаи моро намехаред?!". Ана, рисолати касбии мо, ватанхоҳию воқеиятнигории мо!...Мо аз заминларзаи Гаити хеле ошуфтахотирем ва гуфтанӣ нестем, ки аз ҳаводису авзои олам гузоришҳо пахш нагардад. Вале аввалан бояд аз рӯйдодҳои хоҳ хурсандибахш бошанд ва ё хавотиркунандаи худӣ бояд ҳамватанонро бохабар бикунем, то донишҷӯе ба муаллимаш суол накунад, ки "Ванҷаш ба Гаити наздик аст?!". Шояд роҳбари ҳизбе ҳам аз мо бипурсад, ки "Бародар, ман дарак надорам аз ин ҳодиса, зеро дар родиё ва телевизион нашунидаам". Пас, агар ки чунин "сиёсатшинос" бошаду аз авзои Ватани хеш бехабар, магар дар курсии нарму гарми Парлумон, ки ҷо гирифт, ба ёдаш деҳқони пахтачину муҳоҷири ғарибафтода мерасад?! Бовар надорам!!

ИНТИХОБКУНАНДА БЕҲТАР МЕДОНАД!...

Аз ин рӯ, аз ман беҳтар интихобкунандагон медонанд, ки ба кадомномзад овозашонро бубахшанд, вале умед дорам, ки аксар вакилшиносон-интихобкунандагон ба он номзадҳои арзандае овоз медиҳанд, ки эшон то ин муддат бо кори хубу миллатдӯстӣ, босаводиву заковаташон шинохта шудаанду аз ҳолу аҳволи мардум хеле хуб огаҳанд. Президенти мамлакат ҳам борҳо ёдрас намуда буд, ки "беҳтарин фарзандони арзандаи мардум ба вакилӣ пешниҳод гарданд"…Оре, беҳтаринҳо!! Агар "тасодуфиҳо" дар Парлумон аксарро ташкил бидиҳанд, оқибати ин "шафофкориҳо" чӣ мешавад?!

Мутаасифона, имрӯз агар ба рӯйхати номзадҳои ба вакилӣ пешниҳодкардаи ҳизбҳо ва номзадҳои худпешбарӣ назар андозем, диламон ба фардои Парлумони касбӣ ва доимо амалкунанда месӯзад. Албатта, месӯзад! Барои он ки агар иддае аз ашхоси ҳам дар кор шинохта ва низ миёни мардум соҳибэҳтиром ба назар бирасанд, рӯйхатро онҳое "пур кардаанд", ки эшонро на танҳо ҳамсояи дарбадевораш, хешу табораш намешиносанд. Не, ному синну солашро медонанд, вале кору амали назаррасашро надидаанд. Охир, замони ба қавле "карахтӣ" ҳам "ҳар касе пеш омад, хуш омад" гуфта, ба вакилии ҳатто маҳалӣ пешниҳод намегардид. Агар говҷӯш ҳам пешниҳод мегардид, на он гӯсолабонзане, ки қаҳрамонмодар буду фарзандаш аъзои ҳизб…Он говҷӯшзане лоиқи ин мақом дониста мешуд, ки нақшаҳои кориашро на як бору ду бор, даҳҳо бор аз сад фисад боло иҷро кардааст. Олиме "бе амал" ҳам рӯи ин курсии вакилиро дар шаби хоб медид! Ана замони "карахтӣ" ва яккаҳизбӣ! Имрӯз чӣ?! Демократияаш ҳамин бошад? Ҳар касе, ки "чақонтар" асту аз маоши вакилони Парлумон бохабар, номзадиашро ба ин мақоми пурмасъулият гузошта, "таваккал" кардааст, ки "хайр, чӣ, гузаштам фоидаам, нагузаштам ҳеҷ айбе нест". Агар ҷаноби хостори парлумон медонист, ки барои вакил шудан аз аттестатсия-имтиҳон мегузарӣ ва донишу бинишатро месанҷанд, на ин ки аз номзадӣ даст мекашид, аз назди Шӯрои Олӣ ҳам намегузашт. Вале ӯ хуб дарак дорад, ки "агар вакил шудӣ маоши нағз мегириву ба сафарҳои хориҷа ҳам меравӣ, дар ҷаласаҳо бихоҳӣ гап мезанӣ, нахоҳӣ ҳеҷ касе туро ҷанг ва маҷбур намекунад". Шояд ҳамин чизҳоро шунидаанд, ки "ҳар раҳгузаре" номзадишаро барои вакилӣ пешниҳод кардааст. Фаромӯш аз он ки Парлумон органи олии қонунбарор аст, на бозори "Корвон", ки ҳар касе ду-се ҳазор сомонӣ дорад, дар кунҷаке аз он мағоза бикушояд.

Вакилони арзанда дар кадом синну соле набошанд, бигузор даҳ бор ҳам интихоб бигарданд. Вале он нафаре, ки сатҳи саводаш болотар нест, оё қонуну қарорҳоро мефаҳмад, дар тағйиру илова даровардан аз кӣ имдод мепурсад?! Мо гуфтанӣ нестем, ки танҳо ҳуқуқшиносҳо ба вакилӣ пазируфта шаванд. Доноён, он афроде ки донишу биниши фарох доранд, дар ҳар ҷодае кам нестанд, танҳо онҳоро шинохта, эҳтиром намуда ва пешкаш намудан басанда аст, ки Парлумон Парлумон шаваду касбӣ ва ба манфиати ҷомеа созгор. Дар ин мо хеле кам ва қариб намебинем донишмандони шинохта, олимони ҳуқуқдон, зиёиёни равшанфикр, миллатдӯстони саршиносро…Аксар "тасодуфиҳоеанд", ки (агар интихоб шаванд) танҳо курсиҳоро пур ва банд мекунанду халос.

ПАРЛУМОН ҶОЙИ "ҲАР РАҲГУЗАР" НЕСТ!!...

Боре ба гуфтугузор ва баҳсу андешаи вакилони Думаи давлатии Русия назар меафканем?! Онҳо чӣ бинишу саводе доранд?! Ана, ҳамин "нуктасанҷии" интихобкунандагони ин кишвар аст, ки вакилонашон қонунҳои муҳим ва бар нафъи ҷомеаашонро қабул мекунанд. Вакилони собиқи мо агарчанде арзандаҳо кам надоштанд, вакилоне ҳам буданд, ки дар қабули Қонуни забон "раҳгум" зада, моҳияти ин қонуни тақдирсоз ва хеле муҳими давлатиро дарк карда наметавонистанд. Вагарна, чаро дар баробари забони тоҷикӣ - форсӣ, забони давлати дигареро расмиву давлатӣ барои Тоҷикистони соҳибистиқлол мехостанд?! Магар ин гуна вакилон акси манфиати миллӣ кор намекунанд?! Вакили мардуми кишвараш боваркарда, бояд манфиатҳои миллатро аз ҳама боло биҳисобад, вагарна ӯ вакили халқ не, "вакили шиками хеш" аст!! Аввалтар аз ҳама номзад бояд миллатдӯст, худшинос ва ҷаҳонбинии васеъ дошта бошад, на ин ки "мардаки хуб" аст ё "ду -се мағоза дорад".

Модоме ки мақсади ҳамаи мо гузаронидани интихоботи соф демократӣ ва шаффоф аст, он ашхосеро "яккачин" бикунем, ки фардо "ангушти пушаймонӣ нагазем", ки чаро ман ба номзади нолоиқ овоз додам?! Дар ҷумҳурии мо на ин ки 63, 500-у аз ин бештар фарзандони лоиқи вакилӣ кор ва зиндагӣ мекунанд. Онҳо на танҳо аъзои кадом ҳизбе, инчунин дар ҳама соҳоти хоҷагии халқ заҳмат мекашанд, ки интихоби онҳо боиси пешравӣ, некӯаҳволии мардум ва обрӯву нуфузи Парлумон аст. Аз ин рӯ, ҳар интихобкунанда бо амри дили хеш, виҷдони соф ва ҳисси баланди Ватандӯстиву миллатхоҳӣ кор гирифта, дар ҳангоми интихоб ба иштибоҳ роҳ надиҳад! Зеро ин Парлумони доимоамалкунанда давоми мавҷудиаташ масъулияти муҳими рӯзгори ҳаёти дохилӣ ва хориҷии моро бар дӯш дорад. Ва бояд ҳар номзад бидонад, ки Парлумон ҷойи "ҳар роҳгузар" нест ва "тасодуфиҳо" вақт ҳаст, ки "худро бишносанд". Ана, ин масъаларо набояд аз хотирҳо дур андохт. Гап дар бораи он намеравад, ки ҳизбҳо ин гуна воқеаҳои нохушро ба ёд меоранд ё не. Гап дар хусуси он аст, ки охир ин ҳизбҳо даъвои ободиву шукуфоии кишвар, некӯаҳволии ватан ва ободиву осоиштагиро гӯё мехоҳанду дар барномаву "платформаҳояшон" "гулгун" кардаанд?! Пас модоме ки чунин нияту маром доранд: амалашон, суханашон, рафтору кирдорашон дар мавриди рӯй¬додҳои нохуши ноҳияи мушкилдоштае… куҷост?! Нопайдост! Яъне, "вақти сархорӣ надоранд"-у ҳодисаҳо ба ёдашон ҳам намеояд. Вале интихобкунандагони зиёдро дар бедориву дар шаби хобашон пешназар меоранд. Ана ҳизбҳо!! Пас, модоме ки шумо "чунинед", интихобкунандагон шуморо пеши назар меоранд?! Ҳайронам! Ҳатто аз ҳизбе то ҳол нашунидаем, ки бигӯяд: "Модоме ки се сол аст, ки замини як ноҳия меҷунбад, барои ин мардум хайма бурдан зарур асту тезтар"…Вале…анҷуманҳояшонро бодабдаба гузарониданд, имрӯз даводав доранд, ки худро бо ҳар роҳе набошад бишиносонанд. Мо ҳам бисёр мехоҳем ки онҳоро бишносем. Вале чӣ хел, бо кадом амалу рафторашон?!...

Аз ин ҳизбҳои мавҷуд касе чизе, хосса ҷабрдидагони ноҳияи Ванҷ талаб надорад, вале дӯст, ҳамсоя ва ҳар касеро ҳам дар ин гуна "рӯзҳо" нағзтар мешиносӣ!. Ҳатто дар ростои бунёди "Роғун" андешаи ҳар кадом ҳизбро камтар мешунавем, ки ин хеле нигаронкунанда аст! Шумо дар "Роғун" рафта кор накунед, танҳо барои хабаргирӣ биравед, ки ин ҳам ватанхоҳист!

Хуллас, барои ҳар ҳизбе, ки талош барои нерӯ ёфтан дар ин интихобот дораду хоҳиши дар Порлумон вакил доштан, барор хоста, таманнои ғолибияташонро дорем!! Фатҳу кушоиш ба фарзандони арзандаи Ватан!


Неъматуллои НУРУЛЛО,
рӯзноманигор
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97