АВВАЛ САҲМИЯ БАЪД ИНТИХОБОТ

Сиёсат 06.02.2010 15:54

Гарчанде як мавзӯйи асосии расонаҳои мустақили кишвар сабқати интихоботи парлумонии кишвар ба ҳисоб равад ҳам, аммо дар минтақаи Қурғонтеппаи вилояти Хатлон дар байни мардум фикру андешае оид ба ин маъракаи муҳимми сиёсӣ шунида намешавад. Ё ба гуфтаи як нафар аз собиқ аъзоёни Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон бобои Кароматуллоҳи нафақагир, маъракаи фурӯши саҳмияҳо мисли боде дигар мавзӯъҳои мубрами рӯзро аз хотираи мардум рӯфтааст. Имрӯз мардум роҳҳои дарёфти маблағ барои харидории саҳмияҳоро ҷустуҷӯй доранд.

Донишҷӯён барои тезтар гирифтани имтиҳонот маблағ меҷӯянду дигар табақаҳои ҷомеа бошанд кӯшиш ба он доранд, ки ҳарчи тезтар аз саҳмияҳо харидорӣ намоянд. Як каллағафс, оё худаш саҳмия харидааст ё не, аз телевизион гуфт, ки касе саҳмия намехарад мусулмон нест. Аҷоиб ҳамватани турсунзодагии мо шояд забони тоҷикиро нағз намедонист, ё ба эҳсосот дода шуд, ки ҳамин гуна "фатво" баровард. Ё шояд гуфтанӣ буд, ки касе пасандози зиёдатӣ дораду барои НБО-и "Роғун" саҳм намегузорад, мусулмон нест? Агар мақсад ин бошад, бигзор ба чунин баромадҳои телевизионӣ мавлавиҳо вокуниш нишон диҳанд. Аммо баъд…

ОМОДАГИҲО БА ИНТИХОБОТ

Дар идораи ҲХДТ масъулини кумитаи иҷроия ба маъракаи интихоботӣ омодагиҳои ҷиддӣ мебинанд. Ҳизби ҳукмрон дар 14 ҳавзаи якмандатӣ 14 номзад пешниҳод намудааст, ки аз ин номзадҳо 7 нафарашон вакилони кунунии парлумон мебошанд. Аммо барои ин нафарон; Саодат Амиршоева аз ҳавзаи интихоботии №26 шаҳри Қурғонтеппа, Амирбек Маҳмадалиев - ноҳияи Бохтар, Маҳмадамин Ҳисориев - ноҳияи Ҷомӣ, Баҳриддин Садриддинов - ноҳияи Қубодиён, Абдуҷалол Салимов - ноҳияи Вахш ва Сафаралӣ Гулов аз ноҳияи Ҳамадонӣ соҳиб шудани курсиҳои парлумон дар навбати такрорӣ ба осонӣ ба даст нахоҳад омад. Зеро дар ин шаҳру навоҳиҳо тарафдорони ҲНИТ ба миқдоре зиёданд, ки ба омори воқеии он ҳатто масъулини кумитаи иҷроияи ҲНИТ дар Хатлон ҳам боварӣ надоранд. Агар мо аъзоён не, балки тарафдорони ин ҳизбро ба инобат гирем.

Аз ҷониби дигар зарфияти ҲХДТ дар вилояти Хатлон аз он иборат аст, ки шумораи танҳо аъзоёни он ба 35500 нафар расида, баробари аъзоёни ҲНИТ дар тамоми кишварро ташкил медиҳад. Аммо боз ҳам ин мисолро ба инобат бояд гирифт, ки ҲНИТ дар Хатлон барои ба ҳарос наафтодани дигар аз аҳзоби сиёсӣ дар солҳои охир аз ба аъзогирии бештар аз тарафдорони худ худдорӣ ҳам карда будааст. Ва ин тактикаи сиёсӣ оқилона ҳам ба назар мерасад. Чун фидоии ин ё он созмон дар дилхоҳ вақт ҳам метавонад шаҳодатномаи аъзогиро соҳиб шавад. Ҳамин тавр, дар варақ аз шумораи аъзоёни 7 ҳизби сиёсии вилоят 85% аъзоёни бахши хатлонии ҲХДТ-ро ташкил медиҳад.

Аз ҳисоби саршумор заифтарин ҳизби сиёсии вилояти Хатлон ҲСДТ ба ҳисоб меравад, ки дар баъзе аз маълумотҳои оморӣ шумораи аъзоёни онро ба сифр баробар кардаанд. Аммо ин воқеият нест, зеро Ҳайдар Алиев, роҳбари сотсиал-демократҳои Хатлон, ки дар тамоми ҷаласаҳои ҳукуматӣ иштирок менамояд, алаккай шумораи 1-ро ташкил медиҳад-ку.

ҲАФТОДУ ҲАШТОДУ

МЕХИ ОҲАНИН…

Роҳбари хатлонии ҲХДТ Эшбурӣ Эсанқулов иброз медорад, ки дар миёни номзадҳои онҳо 4 нафар ҳуқуқшиносон мебошанд, ки дар назардошти ҳалли масоили ҳуқуқии кишвар дар фаъолияти парлумони оянда ҳамчун номзад пешниҳод шудаанд. Шахсан худи Эшбурӣ Эсанқулов як нафар аз кадрҳои ин ҳизб бошад дар рӯйхати номзадҳо аз ҳавзаи умумиҷумҳуриявӣ нафари 17-ум ба ҳисоб меравад. Сухани эҳтимолии сиёсатшиносон ин аст, ки аз рӯйхати умумиҷумҳуриявии ҲХДТ бо 80% овозҳо 16 нафар соҳиби курсиҳои парлумонӣ мешаванд ва шояд агар бахт омад намояд, бо 85%-и овозҳо нафари 17-ум ҳам вориди парлумон шавад. Дигар аз аҳзоби сиёсии вилоят низ бовар бар он доранд, ки ҲХДТ барои соҳиб шудани курсиҳо аз рӯйи ҳавзаи умумиҷумҳуриявӣ то 85% ҷаҳду талош хоҳанд кард. Бобати рӯйхати пешниҳоднамудаи ҲХДТ барои ҳавзаи умумиҷумҳуриявӣ бозингари 17-ум Эшбурӣ Эсанқулов андешаҳои коршиносон гуногунанд. Иддае мегӯянд, ки сарҳади хоҳишоти ҲХДТ дар интихоботи дарпешистода то 80% ё 16 нафари аввали вакилон аз рӯйи рӯйхати ҳизбиро ташкил медиҳад. Воқеан, ҷое, ки Амиршо Миралиев дар сафи пеши даста ҳаст, мавсуф бо 70% тарафдорон дар парлумон ҳам талаботи 5 соли ояндаи ҲХДТ-ро дар мақоми олии кишвар ва ҷумла самтҳои сиёсати давлатии ҳизб қонеъ карда метавонад. Аммо ин ки баъзе аз фаъолони ҲХДТ бовар доранд, ки бо беш аз 90% овозҳо ХХДТ номзадҳои худро ба парлумон ворид мекунад, ин натиҷа боиси он мегардад, ки дигар аз аҳзоби сиёсӣ интихоботро ношаффоф эълон намоянд. Ба хусус наҳзатиҳо, ки аз натиҷаҳои бештари интихобот ба нафъи хеш сухан мекунанд. Бинобар гуфтаи роҳбари хатлонии ҲНИТ Садриддин Қаландарзода дар ҳамаи 8 ҳавзаи интихоботии вилояти Қурғонтеппа, А.Ҷомӣ, Бохтар, Ҷ. Румӣ, Қумсангир, Восеъ, Кӯлоб, Данғара, ки онҳо номзадҳои шинохтаи хешро пешниҳод кардаанд, боварӣ аз ғалабаро доранд.

ВАКИЛҶОНИ МАН

Андешаи банда ин аст, ки интихобот дар навоҳии Ҷ. Румӣ, Восеъ, Қубодиён, Қумсангир, А.Ҷомӣ ва Данғара гарм хоҳад гузашт. Ба хусус дар ҳавзаи интихоботии №39 ноҳияи Восеъ, ки аз ҲНИТ бону Хайринисо Сайидова, аз ҲХДТ номзади 28 сола Баҳодур Ғаниев, мудири шӯъбаи фарҳанги ноҳияи Темурмалик, аз Ҳизби аграрии Тоҷикистон Рустам Латипов, сардори Раёсати илм ва техникаи Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ду нафари дигар аз аъзоёни ҲХДТ тариқи худпешбарӣ номзадии хешро пешниҳод кардаанд. Мусаллам аст, ки аз ҳавзаи интихоботии №39 шонси бештарро Рустам Латипов дорад, зеро дар марҳилаи амалӣ гардидани лоиҳаҳои обу энергетикӣ ва эҳтимоли тағйиротҳо дар сохтори мелиоратсияи кишвар мисли Латиповҳо дар мақоми олии мамлакат чун обу ҳаво заруранд ва аз ин ёвониҳо алаккай дарак доранд. Аз ин рӯ, ин номзад новобаста аз дигар ҳизб буданаш, дар дастаи ҳукуматӣ низ кадри даркорӣ аст. Ҳамин тавр, эҳтимол аст, ки дар ҳавзаи интихоботии №39 ноҳияи Восеъ ҲХДТ дар мубориза барои курсии парлумон ҷиддӣ бозӣ накунад.

ҲХДТ дар нисбати дигар ҳавзаҳо дар ҳавзаи №29 ноҳияи Ёвон низ номзадии худро аз ҳисоби шахсиятҳои начандон маъруфи ҳизб Мирзоев Имом, муовини раиси ноҳия оид ба иқтисодро пешбарӣ намудааст. Гарчанде тариқи худпешбарӣ аз ҲХДТ 4 нафари дигар низ хоҳони курсиҳои парлумонӣ хастанд. Ба хусус ҳамтои мо Комилҷон Холов шахсияти аз ҳама шинохта дар байни мардум маҳсуб меёбад, аммо андешаи дигаре низ вуҷуд дорад, ки номзади беҳизб Тӯрахон Самадов низ имкониятҳои аҷоиби соҳиб шудани бештари овозҳоро дорад. Чун дар ин ноҳия ба ҷуз ҲХДТ аз дигар аҳзоби сиёсӣ номзад пешбарӣ нашудааст. Ва як курсии парлумонро соҳиб шудани кадри беҳизб шаҳодат аз он хоҳад дод, ки ғайри халқидемократҳо низ аз ҳавзаҳои якмандатаи вилояти Хатлон аз як нафар зиёд соҳиби курсиҳои парлумон шудаанд. Аммо боз ҳам агар дар назардошти воқеият ва равонии мардуми ноҳияи Ёвон натиҷаҳои интихоботро пешгӯйӣ кунем, бешубҳа овози зиёдро Комилҷон Холов хоҳад гирифт. Чун бо даҳ нафар аз ёвониҳое, ки мо ҳамсӯҳбаташон будем, 8 нафар хоҳони он шудаанд, ки вакили онҳо Комилҷон бошад, 1 нафар пуштибонӣ аз язнааш карда, як нафари дигар гуфт; "Ҳозир ку мусобиқаҳо сар шаванд, суратошона дар саройи заминҳои бекорхобидаи мо реклама кунанд, биёянд вохӯрӣ кунем. Бубинем, ку кадом аз номзадҳо чӣ ваъдаҳо мекунанд. Суханронии онҳоро гӯш кунем. Канӣ бубинем кадом аз онҳо бе "шпаргалка" баромад мекунанд. Шахсан ман номазадеро интихоб мекунам, ки чун дар телевизион нишонаш диҳанд, бо ифтихор гӯям: ана вакили мо!"

МАЙДОН АЗ ДАЛЕР АСТ…

Дар ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ бошад анҷумани Ҳизби Халқии Демократии Точикистон номзадии раиси ҳамин ноҳия Ҳабибулло Саъдуллоевро пешбарӣ намудааст. Тибқи баъзе аз маълумотҳо дар қатори раиси ноҳия, инчунин як нафар аз муовинони раиси ноҳияи Ҷиликӯл аз ҲХДТ ва аъзои ҲНИТ Абдуқаҳҳор Давлатов сардабири ҳафтаномаи "Наҷот" низ номзадии хешро пешбарӣ кардаанд. Ба гуфтаи Ҳабибулло Саъдулоев чун ба ҳавзаи интихоботии №30 Ҷалолиддини Румӣ сокинони як қисми ноҳияи Ҷиликӯл низ шомил мешаванд, номзадии онҳо низ имконияти овоз гирифтан дорад. Ва номзад аз ҲНИТ ҳам ба гуфтаи Ҳабибулло Саъдуллоев шахсияти шинохта ҳаст. Гарчанде ман ҳамчун раиси ноҳия дар ҳалли тамоми нақшаҳои дарпешгузоштаам, муваффақ нашудаам, аммо ҳамеша кӯшиш барои он доштам, ки аз боварии халқ набароям. Зеро барои ҳар сиёсатмадор боварии халқ муҳимтарин қудрат дар майдони сиёсат ба ҳисоб меравад. Зимни нишасти матбуотӣ раиси ноҳияи Ҷ.Румӣ иброз дошт, ки чун анҷумани ҳизб ӯро ба номзад ба вакили арзанда ҳисобидааст ӯ ҳам бо шиори "Майдон аз далер аст" барои дар оянда пиёда кардани ниёзҳои интихобкунандагони хеш дар парлумони кишвар ҷаҳду талош хоҳад кард.

Алъон бобати бақайдгирии номзадҳо дар тамоми ҳавзаҳои якмандатӣ маълумоти пурра надорем. Аммо оғози сабқати интихоботӣ ва пешбарии номзадҳо аз ҷониби аҳзоби пурқудрати сиёсии вилоят гувоҳӣ аз он медиҳад, ки дар нисбати интихоботи қаблӣ ҳизбҳои сиёсӣ таҷрибаҳои хуб бардошта, дар интихоботи қарибулвуқӯъ аз усулҳои гуногун истифода хоҳанд бурд. Агар яке хотири як зарба ба майдон ворид шуда бошад, қадамҳои дигаре амвоҷи соҳилро мемонад, ки ҳалим пеш меояд, сеюмӣ бошад, гӯиё барномаи пешазинтихоботиашро вақти бозии билярд тарҳрезӣ карда бошад, ки интригаҳои мураккаб дорад. Аммо аҷобат дар он аст, ки имсол мардум дар мавзӯи интихобот кам сӯҳбат мекунанд. Ба истиснои аҳён-аҳён садоҳое, ки аз сӯйи кӯҳистон меояд.

ҲАЗЛЕ БА ҶОЙИ ХУЛОСА

Инак, аввалин эътирози сиёсӣ аз кӯҳистон садо дод.

Дар як ҷойе аз навоҳии кӯҳистон, Раҳмати Бекор навбати подаи дигаронро мегузаронду барои меҳнаташ музд мегирифт. Чун мардум ба садоқаташ бовар карданд, ҳамагонӣ навбати подаашонро ба ӯ бахшиданд.

Акнун, Раҳмат серкор шуду моҳе ду маротиба ба деҳа омада ҳаққу ҳуқуқи худро ҷамъу гир карда, боз ба айлоқи боло бармегашт. Ин дафъа чӯпонбача аз деҳа норозиёна баромада рафт.

Ҳамон шаб пеш аз намози хуфтан телефони имом-хатиби деҳа занг мезанад. Баъди гӯшаки телефонро бардоштану "ало" гуфтан, ранги рӯйи имоми масҷид сап-сафед мешавад.

Баъд аз намоз Имом ба мардум хабари нохушро мерасонад:

Мардум! Раҳмат таҳдид кард, ки агар Салим-богат "депутат" шавад, аз гову молатон хотиратонро ҷамъ кунед. Зеро ман 28 рӯз дар ҷойи ӯ подабонӣ кардааму як сол мешавад музди меҳнатамро надодааст. Соли гузашта дар сардиҳои феврал ба ҷойи ӯ ба Мастчоҳ картошкачинӣ рафта будам, фиреб карду пул надод! (ним шӯхию ним ҷиддӣ).


Ҷамолиддин УСМОНИЁН
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97