ХУСУСИГАРДОНӢ БОЗНИГАРӢ ШАВАД

Сиёсат 28.01.2010 15:24

Муҷрии мизи гирд Адолати Мирзо: Биёед ба баҳс шурӯъ кунем, ки ҳузури занон дар рӯйхати ҳизбӣ то куҷо зарурат дорад, ё то куҷо ин ҷо ба квота зарурат аст ва оё будани инҳо ҳамчун гули сунъие дар гулдон зарурат дорад?! Ва биёед аз дурӯғ бигузарем ва воқеиятро бигӯем, агар зарурат ба ҳузури занҳо нест, дигар рӯйи ҳамин масъала бознаистем. Ва агар, ки зарурат надорад, ҳамчун як воситаи сунъӣ аз сӯистифодаи он даст бикашем. Суол ба аҳзоб ин аст, ки чаро занон дар рӯйхати ҳизбӣ дар рақамҳои аввал ҷой надоранд ва ё мавқеъ наёфтаанд?! Марҳамат навбати Ҳизби коммунист:

(Идомаи матолиби Мизи мудаввари "Миллат" дар мавзӯи "Ҳузури зан

дар интихобот")

Исмоил Талбаков - вакили порлумон аз Ҳизби коммунистӣ:

Ташаккур ба кормандони нашрияи "Миллат" барои баргузории чунин мизи гирд дар пешорӯи маъракаи интихоботӣ. Ин фурсати хубест барои ман, зеро аз хело вақтҳо пештар мехостам аз номи Ҳизби коммунист ба нашрияи "Миллат" барои инъикоси воқеъбинонаи ҳаёти ҳизбӣ, новобаста аз мавқеи иҷтимоӣ фаъолияти тамоми аҳзобро мунсифона пӯшиши хабарӣ медиҳанд, изҳори сипос намоям.

Имрӯз мо ҳама баҳри он ҷамъ шудаем, ки чӣ бояд кард, то беҳтарин ва пурдоништарин занон ҳам мақоми худро дар ҷомеа биёбанд ва махсусан дар мақомоти қонунгузории кишвар, чунки қисмати зиёди мардуми мо, ин мардуми ҷасур, ҷинси латиф нагӯем - бонувон, аз муборизоне ҳастанд, ки дар бисёр ҳолатҳо аз мардҳо як сару гардан болотаранд. Масалан, Хадича Ҳакимова. Ман ӯро аз давраи сохтмончӣ буданаш мешинохтам. Ӯ имрӯз вакили порлумон ҳаст. Дар тӯли панҷ соле, ки мо дар ҳамон ҷо фаолият мекунем, ягон иҷлосияе нест, ки бе иштироки Хадича Ҳакимова баргузор шавад. Махсусан дар масъалаи қонунгузорӣ аз кумитаи конститутсионӣ. Проблемаҳоеро, ки ӯ мебардорад, ҳатто дар ҳамон кумитаҳо мардҳо ҳам ҳастанд, хафа нашаванд, на ҳама ба миён мегузоранд. Дар ҳамин сессияи охирон Хадича Ҳакимова аз рӯйи ду қонун дар онҷо баромад кард. Лекин барои чӣ Хадичаро дар ҷомеа на ҳама мешиносанд (?), савол ба миён меояд. Барои он намешиносанд, ки давлат бояд барои фаолият ва фаолсозии аъзои ҷамъият то як андоза мусоидат кардан тавонад.

Барои чӣ, дар телевизион як масъалаи иҷлосияро, барои мисол дар "Ҷаҳоннамо" 20-25 маротиба нишон медиҳанд, вале барои чӣ масъалаҳоеро, ки Хадича дар бораи, мисол шишаи сиёҳи мошинҳо, ки имрӯз мардумро ба ташвиш овардааст, 5 дақиқа ақаллан нишон намедиҳанд, ки мардум бифаҳманду маърифати ҳуқуқии мардум баланд шавад?! Барои ҳамин ман фикр мекунам, ки як мушкилот ҳамин аст, ки шояд васоити ахбори оммаи мо он қадар ҳавасманд нестанд, ки он қадар барои муаррифӣ кардани занон ё сиёсатмадорони мо дар ҷомеа кӯшиш ба харҷ бидиҳанд. Агар ягон камбудӣ аз Хадича биёбанд, мумкин инро дароз, васеъ нишон медиҳанд. Лекин заҳмати онҳоро нишон додан наметавонанд. Мисоли дигар Саодат Амиршоева барои як сухани ноҷо, сухани ночиз як сол шуд, ки дар воситаҳои ахбори омма аз як тараф як зану аз дигар тараф Амиршоева, баҳсҳои тӯлоние карданд, ки ҳатто мардҳоро ҳам ба ин баҳсҳо кашида бурданд. Лекин дидем, ки ин кор барои ҷомеа ҳеч фоидае надод. Аз ҳамин нуқтаи назар ман фикр мекунам, ки воситаҳои ахбори омма сиёсатмадорҳои шинохтаро нишон диҳанд. Барои чӣ Сӯҳроб Боқиев аз ноҳияи дурдасти кишвар, аз Чоркӯҳи Исфараро мардум мешинохтанд? Барои он, ки ӯ меҳнат мекард ва меҳнаташро намоиш медоданд. Ман пешниҳод мекунам, ки фаолияти занҳо дар воситаҳои ахбори омма нишон дода шавад. Чизи дигаре, ки мо бояд ба эътибор бигирем ин аст, ки гузаштагонамон дар ин ҳол хуб фармудаанд; "рӯзгор оинаро мӯҳтоҷи хокистар кунад", имрӯз шароити иҷтимоӣ ва мушкили зиндагонии мардум, занони моро ба ҳамин аҳвол овардааст. Ман котиби райком дар ноҳияи Совет будам. Одитарин зан саҳар мерафт, кӯдакашро дар яслӣ-боғча мемонду дар пайи кораш мерафт. Дар маҷлисҳо, дар коллективҳои меҳнатӣ, дар колхоз иштирок мекард. Дар Кангурт дар Швеймеспром 400 ҷойи корӣ буд ва 600 ҷойи кори дигари "меҳнати хонагӣ" эҷод карда буданд. Бо мошинҳо молу маводро мебурданду медоданд ва занон дар хонаҳошон дӯхта меоварданд ва дар ҳаёти ҷамъиятӣ иштирок мекарданд. Дар ҳамон даруни хона комсомол мешуданд, коммунист мешуданд, аъзои шӯрои занон мешуданд, аъзои иттифоқи касаба мешуданд. Ана барои он, ки зан дар ҷомеа барояд, бояд ҳамон хел шароит муҳайё шавад.

Ҳозир мо бозори "Корвон" биравем, мебинем, ки қариб 70%-и занони мо дар бозор нишастаанд. Он занро на сиёсат даркор асту на мақомот. Ӯро даркор аст, ки ҳамин рӯз як чизро 1 сомонӣ харид, дар болои санги хунуку хоки хунуку оби хунук 1 сомониву 20 дирам бифурӯшад. Тарафи дигарашро фикр намекунад. Ӯ намедонад, ки фарзанд дорад. Дар майнаи сари ӯ ба ғайри он, ки имрӯз як тика нони рӯзгузарониашро ёбад, ягон проблемаи дигаре нест. Чизи дигаре, ки муаллима Бобоназарова дар инҷо дарҷ карданд, қисмати зиёди занони мо дар Русия бо чӣ кор машғуланд. Мо ҳамроҳи Шодӣ Давлатович рафтему шоҳид шудем, хостем диаспораи тоҷиконро ташкил кунем. Аҳволи занонро дар онҷо дидем, то чӣ андоза аламовар буд... Назари ҳизби мо дар ин ҷо он аст. Мо бояд дар ҷомеа шароити мусоиди зиндагӣ барои мардум муҳайё созем. Шумо дар бораи приватизатсия (хусусигардонӣ) гуфта гузаштед. 95%-и моликияти давлатие, ки дар давоми 70 соли Шӯравӣ ба дасти занону мардон, падару бобоҳои мо сохта шуда буд, ба дасти як гурӯҳи хурд афтодааст. Лекин ин гурӯҳи хурд дари корхонаро маҳкам кардааст. Дар фабрикаи нассоҷии тоҷик аз рӯйи баъзе ҳуҷҷатҳо тибқи иқтидори лоиҳавиаш қариб 17 000 нафар кор мекард. Аз онҳо қариб 13000 нафарашон занон буданд. Дар инҷо ҷойи кор буд, маош буд, нафақа буд, боғча буд, ҷойи табобату истироҳату дигару дигарҳо буд. Дар оянда онҳое, ки ба Парламент интихоб мешаванд, мардҳоянд ё занонанд, пеш аз ҳама бояд ба вазъи иқтисодиёт рӯй оранд. Коре кунем, ки афзалияти моликияти давлативу ҷамъиятӣ бояд болотар бошад ва давлат тавонад бо ҳамин фишангҳои иқтисодие, ки дар дасташ ҳамчун моликият дорад ба воситаи ана ҳамин, проблемаҳои иҷтимоии мардумро ҳал кардан тавонад. Қаблан ҳамин хел буд ва ман, ки падарам як ронанда буд, бо сӣ сум омадаму ба Донишгоҳ дохил шудам. Агар шароити имрӯзӣ мешуд, бисёри бисёр як тракторчӣ мешудам ё як хоҷагии деҳқонӣ ташкил мекардам. Ҳозир писарам донишҷӯ ҳаст ва ман ҳар сол бояд 700 доллар барои хонданаш бидиҳам. Барои ҳамин рафиқони азиз, занони меҳрубон ва ҷасур шумо як чизро ба эътибор бигиред, ки вақте ҳизб дар сатҳи роҳбарии давлатӣ нест, маҷбур аст, ки навобаста ба мард ё зан будан онеро пешбарӣ мекунад, ки вазнинии ҳамин ҳизбро кашида мебарад, ва бояд бештар ба ҳамон такя шавад. Чунки, вазнинии ҳизб то ба ҳадаф бурда расондан дар пушти ана ҳамон одаме ҳаст, ки то чӣ андоза ба ҳамин имконият дорад, садоқат дорад, бурдан метавонад. Мо агар зан гуфта номзад монем, мушки ласт, бубахшед, ман бисёр эҳтироми калон барои занҳо дорам, чунки аз ҳамин баъди инқилоби Октябр яке аз вазифаҳое, ки Ҳизби коммунист дар даврони Шӯравӣ кард, ин баробарии марду зан буд. Аммо ин дар он шароите буд, ки ҳизб дар сари ҳокимият буд.

Мо ҳам дар барномаи ҳизбиамон ва ҳам дар фаолияти ҳизбиамон дар ҳамон ақида ҳастем, ки моликияте, ки бо хуну пӯсту меҳнату заҳмати мардум ба даст оварда шуда буд, ана ҳамин бояд аз сари нав дида баромада шавад. Касе корхонаҳои давлатиро гирифтааст, хусусӣ кардааст, кор карда истодааст, музди меҳнат медиҳад, ҷойи кор таъмин карда истодааст, андоз медиҳад, маҳсулоти хуб бароварда истодааст, раҳмат ба падараш. Аз ҷониби давлат имтиёз дода шавад, ки ӯ таҷдид кунаду рушд биёбад. Лекин онҳое, корхонаҳоро гирифтаанду дари корхонаҳоро қулф зада як сагу як қулф мондаанду плитаҳои корхонаҳоро канда бурда истодаанд, ин агар капиталисти аз ҳама ашаддитарин бошад, ин моликиятро кашида мегиранд. Чунки ин моликияти давлат аст. Моликияти давлат бояд ба ин аҳвол партофта нашавад. Ман корхонаеро медонам, ки шумо ҳам ба ҳамин чашмонатон мебинед, ки ҳамин идораҳои маъмуриеро гирифтанду тарабхона карданд, боқимондааш бо садҳо миллион доллар таҷҳизот дар давоми 20 сол хоб аст, лекин мо қанду конфетҳои пӯсидаро аз Русияву Қазоқистон оварда истеъмол мекунем, ҳоли "Орима"-ро ҳама дарак дорем. Мо фикр мекунем, ки сарфи назар аз мардону занон, ки дар порлумон иштирок мекунанд, дар оянда бояд масъалагузорӣ кунанд, ки ана ҳамин моликияте, ки дар давоми 20 сол ба давлат ягон фоида наоварда истодааст, зарар оварда истодааст, баргардонем. Мо дар порлумон қоидаи муфлисшавиро тағйир додем. Бо воситаи ҳамин қонун, на бо воситаи "калтакдорони сурх", ки рафта дар сари соҳибмулк бизананду вайро кашида бигиранд, балки бо воситаи қонун дар бораи муфлисшавӣ. Вақте, ки андозҳоро намесупоранд, аз нав дида баромада шавад, шакли ҳуқуқиву ташкилии корхона тағйир дода шавад, ё корхонаи воҳиди давлатӣ шавад ё корхонаи ҷамъиятӣ ё саҳҳомӣ ва ғайра шавад. Агар мо ба ҳамин муваффақ шавем, дигар проблемаҳои мо ҳал мешавад. Шояд пурсида мешавад, ки занони фаъоли коммунист куҷо шуданд. Аз занони фаоли мо Адолат Раҳмонова имрӯз шавҳараш фалаҷ шудааст ва дигар ҳамон мондаасту шавҳараш. Аз ин рӯ шароити иҷтимоӣ имрӯз нақши занонро камранг кардааст. Барои чӣ дар рӯйхати ҳизбии мо занон аввалу дувум нестанд, зеро Шабдолов барин на зан асту на мард. Шумо инро дуруст бифаҳмед, ки вай лидери умумиэътирофшудаи мо ҳаст. Ӯро дар Мурғоб мешиносанд, дар Юнон мешиносандаш, дар Венесуэла вайро мешиносанд. Чӣ мо вайро бигӯем, ки биё дар ҷойи ту занеро бимонем?

Дунёи имрӯз аз дирӯз ба куллӣ фарқ дорад. Нигоҳҳо ҳам тағйир мехӯранд, масалан, дар чанд соли қабл агар нигоҳи мо ба Муҳиддин Кабирӣ ҳамчун нигоҳи Ленин ба буржуазӣ буд, вале имрӯз нигоҳи мо ба ӯ тағйир кардааст ва мо дигар дар симои ӯ буржуазияро намебинем, балки як рақиби ҳизбиро мебинем. Ба ҳар сурат бо гузашти айём, вақте вазъи иҷтимоии ҷомеа беҳбуд пайдо мекунад, ҳатман занон ба сафи пеш бармегарданд.

Барои чӣ дар рӯйхати ҳизбии мо занон аввалу дувум нестанд? Барои он, ки Шабдолов барин на зан асту на мард. Шумо инро дуруст бифаҳмед, ки вай лидери умумиэътирофшудаи мо ҳаст. Дар Мурғоб мешиносандаш, дар Юнон мешиносандаш, дар Венесуэла вайро мешиносанд! Чӣ мо вайро бигӯем, ки биё дар ҷойи ту занеро бимонем?

Бо истифода аз фурсат бону Ойниҳол Бобоназарова ба таъкид расонд, приватизатсия дар замони ҷанг сурат гирифтааст ва аз рӯйи қонунҳои байналмилалӣ ва қонунҳои адл, дар замони ҷанги шаҳрвандӣ, ки қисми зиёди мардум берун аз Тоҷикистон буданд, худи приватизатсия ғайриқонунӣ буд.

Аз ҷониби "Миллат" пешниҳод гардид, ки дар мавзӯи "Хусусигардонӣ", ки воқеан мушкилаи баҳсталаб аст, баргузории як мизи гирд дар фурсате дигар бо иштироки аҳзоб зарурат дорад, аммо беҳтар аст, дар ин фурсат мо ба мавзӯъи ҷойгоҳи воқеии зан баргардем, беҳтар аст…


©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97