СОЯ АЗ ҲУЗУРИ ЗАНОН ДАР ИНТИХОБОТ БАРДОШТА МЕШАВАД

Сиёсат 25.01.2010 13:38

"МИЛЛАТ" ВА МИЗИ МУДАВВАРИ "ҲУЗУРИ ЗАНОН ДАР ИНТИХОБОТ"

Дар ҳоле ки ба поён ёфтани сабти номи номзадҳо ба вакилии порлумони кишвар дар ҳавзаҳои интихоботӣ ҳамагӣ чанд рӯз боқӣ монда буд ва маъракаи интихоботро бозори саҳмияфурӯшии НБО-и "Роғун" зери соя бурдааст, бо ибтикори нашрияи сиёсии "Миллат" нақш ва ҳузури занон дар интихоботи порлумонии соли 2010 дар як мизи гирд мавриди баҳс ва баррасӣ қарор гирифт. Дар ин нишаст, ки рӯзи 9-уми январ дар толори Иттифоқи журналистони кишвар таҳти унвони "Ҳузури занон дар интихобот" бо ширкати намояндагони аҳзоби сиёсӣ, созмонҳои ғайридавлатӣ ва расонаҳои хабарӣ баргузор шуд, мавзӯъи Зан - интихобкунанда ва Зан - интихобшаванда меҳвари баҳсу баррасӣ қарор гирифт.

Дар ин нишаст, дидгоҳҳо ва назароти аҳзоби сиёсӣ дар мавриди ҳузури камранги занон дар маъракаҳои интихоботӣ, ба вижа интихоботи порлумонӣ шунида шуд. Аксарияти ширкаткунандагон камфаъолиятии занонро аз сабабҳои аслии ҳузур наёфтани онҳо дар саҳнаи муҳимии сиёсӣ - интихоботҳо арзёбӣ карданд. Мушкили дигаре, ки дар ин нишаст унвон шуд, мушкилоти молӣ буд, ки гуфта мешавад, бар асари тангдастӣ занон натавонистаанд вориди рақобатҳи интихоботӣ барои вакил шудан дар порлумон шаванд.

Гуфта мешавад, ки адами ҳузури занон на танҳо мушкили ҳизбҳои бӯҳронзада, балки ҳизбҳои муқтадиртаре ҳамсони ҳизби ҳокими халқӣ ва ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон низ будааст. То ҳоли ҳозир муаррифӣ нашудани ҳадди ақал ду нафар бону аз сӯйи ин аҳзоб дар ҳавзаҳои инфиродии интихоботи порлумонӣ далели он аст, ки бӯҳрон ба ҳамаи аҳзоби сиёсии кишвар таъсиргузор будааст, агарчӣ намехоҳанд шояд аз сари ғурур, онро бӯҳрони молӣ унвон кунанд, метавон ҳадс зад, ки аҳзоби Тоҷикистон як навъ ғутавари бӯҳрони маънавӣ ҳам шудаанд. Зеро адами идеологҳои сарсахт, ба вижа аз шумули на танҳо занон, балки мардон низ рӯҳафтодагии аҳзоби сиёсии Тоҷикистонро бармало месозад. Дар ин мизи гирд дар бораи зарурати таъсиси як ҷумбиш ва ҳатто як ҳизби занон пешниҳодҳо ироъа шуд.

Ширкаткунандагони ин мизи гирд ҳарчанд баргузории ин нишастро як амали дершуда барои таъсиргузорӣ дар интихоботи кунунии порлумонӣ хонданд, аммо ин нишаст бесобиқа ва ҷолибтарин мизи гирд унвон шуд.

Дар мизи гирди "Ҳузури занон дар интихоботи парлумонӣ" аз миёни бонувон Ойниҳол Бобоназарова - сиёсатмадори варзида, Хадиҷа Ҳакимова - узви Ҳизби халқӣ-демократӣ ва намояндаи мардумӣ дар Маҷлиси Намояндагон, Ҳуринисо Ғафорзода - бонуи довталаб барои курсӣ дар порлумон дар интихоботҳои қаблӣ, Зарафо Раҳмонӣ - фаолтарин бонуи Ҳизби наҳзати исломӣ, Ҳарамгули Қодир - рӯзноманигор дар бораи нақш, ҳузур ва фолияти занон дар интихобот ва ҳам бар бораи овоз надодани занон ба бонувакилон изҳори андеша карданд.

Дар ин мизи мудаввар ҳамчунин И. Талбаков - намояндаи Ҳизби коммунистӣ, М. Кабирӣ - раиси Ҳизби наҳзати исломӣ, Р. Зойиров - раиси Ҳизби сотсиал-демократӣ ва А. Ғаффоров - раиси Ҳизби сотсиалистӣ иштироку ибрози ақида карданд.

Тафсилоти орову андешаҳои ширкаткунандагони ин мизи гирдро ин ҷо пайгирӣ кунед:

Адолати МИРЗО, гардонандаи мизи мудаввар:

- Дуруд ҳузури якояки Шумо. Хуш омадед! Ташаккур аз ҳамаи онҳое, ки даъвати моро пазируфтанд ва вақти қимати худро дареғ надошта, ба сарнавишти мардум бетараф набуданашонро ба намоиш гузоштанд.

Ростӣ мо мунтазир будем, ки созмонҳои марбут ба интихоботҳо ҳамчунин ҳамойишеро баргузор ва мушкилотро баррасӣ кунанд ва мо танҳо инъикоскунандаи ин рӯйдод дар саҳафоти расона бошем. Аммо камрангии маъракаи омодагӣ ба интихобот моро водор кард, то даст ба кор шавем ва ҳамчунин мизи гирдеро доир созем. Ҳадафи баргузории ин мизи гирд танҳо барасии ҳузури густурда надоштани занон дар феҳрасти аҳзоби сиёсӣ ва адами ҳузури занони даъвогари вакилӣ аз ҳавзаҳои инфиродӣ набуда, Зан- интихобкунанда низ, ки бо сабаби ҳузур надоштани теъдоди азими интихобкунандагон аз шумули мардон, имрӯз интихобкунандаи аслӣ Ӯст, аз мавзӯъи матраҳшавандаи ин мизи гирд аст.

Навбати сухан гуфтан аз Зоҳири Давлат, сардабири тозатаъйини "Миллат" аст:

Зоҳири ДАВЛАТ: "НИНА БУРҶАНАДЗЕИ

ТОҶИК КУҶОСТ?!"

Бонувони ниҳоят гиромӣ!

Меҳмонон ва рӯзноманигорони боҷуръату рӯшанфикр!

"Миллат" ҳамеша ҷиҳати рушди демократия дар кишвар мавзӯъҳои умдаи рӯзро барои хонандагони нашрия ироа карда, вобаста ба имконот мизи гирд ва нишастҳоеро бо шахсиятҳои саршинос доир мекунад ва ин ҳамоиши мо идомаи ҳамон силсила мебошад.

Бо иҷозаи Шумо, мехостам дар иртибот ба аҳаммияти нақши зан, ҳамчун узви комилҳуқуқ дар ҷомеаи шаҳрвандӣ якчанд ҷумлае бигӯям.

Тибқи маълумоти омори расмӣ дар Тоҷикистон теъдоди занони фаъолияткунанда дар мансабҳои мухталифи давлатӣ ба 3915 нафар мерасад. Дар Маҷлиси Миллӣ 3 нафар ва дар Маҷлиси намояндагон 11 нафар намоянда аз ҷинси латиф вакил ҳастанд. Теъдоди бонувони вакил дар Маҷлисҳои вилояту шаҳру навоҳии кишвар 114 нафар аст. Дар Дастгоҳи иҷроияи Раиси ҷумҳур 16 бону фаъолият доранд. 4 тан аз ҷинси латиф раисони шаҳру навоҳианд. 67 бонуи дигар ба ҳайси муовини раисони вилоёту шаҳру навоҳии кишвар фаъолит доранд.

10 сол пеш Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа" қабул шуда буд ва дар даҳсолагии он 3 декабри соли сипаришуда, як моҳу як ҳафта пеш аз ин, бону мӯҳтарама Хайриннисо Юсуфӣ - раиси Кумитаи занони кишвар бо зикри омори ёдшуда, илова ва ба таъкид расонд, ки; "дар соли 2009 теъдоди занони корманд дар вазорату кумитаҳо ба 7801 ва шумораи бонувони сарвар ба 750 нафар расидааст. Айни замон дар ҷумҳурӣ дар вазифаҳои роҳбарӣ занон дар ҳудуди 4500 нафар фаъолият доранд".

Дар баробари ин созмонҳои гуногуне фаъолият доранд, ки масоили гендериро дар кори худ меҳвар қарор додаанд.

Ин албатта омори расмист ва ба он хотир ёдовариш кардам, ки ҳаққи занон дар кишвар то чӣ ҳадд шинохта шудааст ва бешубҳа нисбат ба солҳои пештар назаррас мебошад.

Дар авоили солҳои 1990 дар кишварҳои пасошӯравӣ созмонҳои ғайридавлатие зуҳур карданд, ки дар раъси онҳо занон буданд ва бештар масоили гендериро таҳқиқ мекарданд. Дуруст аст, ки масоили гендерӣ на танҳо ба занон, балки ба мардон низ марбут буд.

Соли 1995 дар Тоҷикистон ҳамагӣ 3 созмони мустақили марбути масоили занон вуҷуд дошт ва соли 2005 теъдодашон ба 152 расид.

Аммо, суоли матраҳ ва марбут ба мавзӯи мизи гирди мо ин аст, ки чун интихобот як маъракаи муҳимми иҷтимоист ва занон ҳамчун аъзои комилҳуқуқи ҷомеа дар интихоботи порлумонӣ, ба ҳайси интихобкунанда ва интихобшаванда чӣ нақше доранд? Оё бонувоне, ки ба ҳайси намояндаи мардум интихоб мешаванд ва ба Порлумон мераванд, оё метавонанд дар тасмими қарору қавонин ва ироаи масоилу қазияҳои марбути иҷтимоъ ва ба хусус масоили зиёди бесару нӯги модарону хоҳарони ин марзу бум дар Порлумони кишвар нақше бибозанд?

Масъала сари фаъолияти занон аст на омору теъдоди онҳо. Агар бонувон ё мардон намояндаи мардум дар Порлумонанд, анҷом додани рисолати намояндагиашон муҳим аст, поён бурдани муддати депутатии онҳо. Агар намояндаи мардум, ки дар Порлумон хомӯш менишинад ва танҳо нақши "ҳа" ё "не" гуфтанро мебозад, ӯро кунҷе дигар нишастану коре дигар кардан ба маротиб беҳтар аст. Умедворам, ки хотири нозуки бонувони намоянда дар Маҷлиси Миллӣ, Маҷлиси намояндагон ва Маҷлисҳои вилоёт ва шаҳру навоҳӣ аз сухани рост озурда намешавад. Аз 50 респондент-хонуме, ки дар бораи бонувони порлумон пурсида мешавад, шояд ҳамагӣ 1 ё 2 нафар посух диҳад, ки 2 ё 3 бонуи вакилро медонад. Барои мисол дар оморҳо гуфта мешавад, ки 17,5% -и шумораи умумии вакилони мардумӣ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистонро бонувони вакил ташкил медиҳанд.

Вакилони мардумӣ ба таври умумӣ ва бонувон хусусан бояд дар пайи ҳамкорӣ бо аҳолӣ бидонанд, ки машокил ва нохушҳолии занон дар чӣ ҷойе нуҳуфтааст? Зани тоҷик чӣ мехоҳад; озодӣ, озодии ҳавоӣ ё воқеӣ? Озодӣ аз рӯсариву аз қайду банди оиладорӣ ё озодии воқеӣ ҳатто дар кунҷи хона?

Дар баробари ин бонуи вакил дар порлумон ҳам бояд натанҳо рӯйи масоили занон тамаркуз диҳад. Зеро дар баробари хонумҳои ниҳоят гиромиқадр мардон низ барои вакил шуданаш овоз додаанд.

Боз дигар суоле, ки дар зеҳн меояд, ин аст, ки магар бо зиёд шудани шумораи бонувон дар Порлумон вазъи он тағйир хоҳад кард?

Ва дар поён мехостам бипурсам: Сабаб чист, ки дар байни занони сиёсатмадори мо ашхосе мисли хонум Рашида Дати - вазири адлияи Фаронса, Юрико Коикэ - вазири мудофиаи Ҷопон ё Карме Чакон - вазири дифои Испониё ва монанди онҳо зуҳур намекунанд? Ё Нина Бурҷанадзе ва Роза Отунбоеваи тоҷик куҷоянд, ки садо баланд кунанду мардум онҳоро бубинаду бишносад? Оё чизе монеи роҳи рушди онҳост?

Ойниҳол БОБОНАЗАРОВА:

"БОНУВАКИЛОНИ ТОҶИК БОЯД САДО БАЛАНД КУНАНД"

Ман депутатзанҳои Қирғизистонро беҳтар мешиносам, метавонам онҳоро ном ба ном гӯям, Қазоқистонро медонам, Русияро медонам, аммо аз бонудепутатҳои Тоҷикистон фамилия ва номи ду нафарро медонаму халос. Бояд бигӯям, ки ҳама вақт дар маҷлисҳо ҳастам, доимо бо омма ҳастам, ҳама вақт газетаву журналҳоро мехонам, ман онҳоро намешиносам. Ҳатто вақте депутатзанҳо аз ман хафа мешаванду мегӯянд, ки шумо чаро ин тавр мегӯед, мегӯям, охир фикр кунед, ки ман шуморо намешиносам, пас вой бар ҳоли он мардумони ноогоҳ.

Ду-се сол пеш хостам, ки ҳамин занҳоро фаъол кунем ва як конфронс ташкил кардам бо иштироки депутатҳо аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, Русия ва Қазоқистон. Бонудепутатҳои мо дар ин конфронс нишаста буданд ва бисёраш сухане намегуфтанд. Ман бо онҳо вақте сӯҳбат доштам ва якеашон мегӯяд, ки муаллима ман диссертатсия навиштам, маро кӯмак бикунед, ки ман диссертатсияамро ҳимоя кунам. Ба ӯ гуфтам, ки шумо ҳамагӣ ду сол нашудааст, ки аз ноҳия омадаед, чӣ тавр тавонистед диссертатсия нависед? Ман диссертатсияи худро дар 15 сол навиштам. Шумо депутат ҳастед, инқадар проблема аст, инҳоро ҳал накарда, диссертатсия навиштед? Ҳам фирма доред, ҳам депутат, ҳам диссертатсия менависед? Мо мардҳоро танқид мекунем, аммо занҳо ҳам ба ҳамин касал гирифторанд. Хеле афсӯс мехӯрам. Депутатзанеро гуфтам дар ноҳия худсӯзӣ бисёр аст, якҷоя онҷо биравем. Ҳа, гуфту баҳона карду нарафт. Яъне як механизме нест, ки депутатҳоро бозхонем. Ташкилотҳои ғайридавлатӣ, ҷомеаи маданӣ ва журналистҳо бояд тарғиб кунанд, ки мо чунин ҳуқуқ дорем. Ба ёдатон бошад, баҳси "мӯҳрабизнес". Чӣ қадар занҳо хеле чизҳои худро аз даст доданд. Ман занеро медонам, ки шавҳараш аз Русия пул фиристод ва ӯ "мӯҳра" харид. Вақте ки шавҳараш омад, ҳамон мӯҳраҳоро дар гарданаш овезон кард ва гуфт, ки ана ту ҳамин хел як сол мегардӣ. Ман инро бо чашми худ дидам. Чандин занҳоро бар асари ин "бозӣ" шавҳарҳошон талоқ карданд. Хонаҳои худро аз даст доданд. Ман гуфтам, ки шояд гапи манро қабул надоранд, на ҳукумат, на мардум, аммо шумо депутатзанҳо якҷоя шуда коре бикунед, ки ин занҳо ақаллан нисфи маблағи аздастдодаашонро бозпас бигиранд. Аммо ҳайҳот.

Проблемаҳои иқтисодие ҳастанд, ки депутатзан ба хомӯш будан (дар ҳалли он) ҳаққ надоранд. Имсол ман ҳамчун ташкилоти ғайридавлатӣ ҳамаҷониба кӯшиш мекунам, ки мардум бифаҳманд, ки ҳуқуқи бозхонди депутат ҳаст. Охир депутате, ки пас аз интихобот як бор намераваду бо интихобкунандагонаш мулоқот намекунад, ӯро чи тавр депутат номидан мумкин? Аз проблемаи минтақааш дур аст, вай чӣ гуна депутат аст? Вақте, ки ман ин суханҳоро мегӯям, ин ба мардҳо ҳам дахл дорад, азбаски имрӯз масъалаи занон аст, ман доири занҳо мегӯям. Ҳайронам, ки то ҳозир ман суханронии депутатҳоро нашунидаам, ростӣ ман телевизионро камтар тамошо мекунам, шояд аз ин ҷост. Аммо онҳо танҳо вақте овоз баланд карданд, ки нисбати онҳо як масъалаи танқидӣ шуду як рӯзноманигоре гуфта буд, ки мардум шуморо намешиносад, онҳо як-ду маротиба баромад карданд. Дар интихоботи гузашта хонум Адолати Мирзо номзадии худро барои депутатӣ дар ҳавзаи Фирдавсӣ ба таври худпешбарӣ пешниҳод кард. Ӯ медонист, ки намегузарад, аммо ба ҳар ҳол ин як қадаме буд, ки дигаронро талқин мекард ба сӯйи интихоботҳо. Мо натавонистем ӯро дастгирӣ кунем ва ҳар баҳонаҳое шуд, ки ин хонумро нагузоштанд, ки иштирок кунад. Агар дар ҳақиқат давлат мехоҳад, ки занон дар мақомоти баланд бошанд, ҳатто бигзор хатоҳои майда шуда бошад, онҳо ислоҳпазир ҳастанд, чизҳое ҳастанд, ки мувофиқи қонун онро ислоҳ кардан имкон дорад, ҳол он ки ягон хато нагузашта буд, барои занони фаъол роҳро кушода монад. Агарчанде Президент мегӯяд, интихобот бояд шаффоф гузарад ва дар мобайн онҳое, ки ин корро мекунанд, хеле хизмати хирсона ба Президент мекунанд. Ё ин, ки дар Комиссияи интихоботӣ чаро аз Ҳизби сотсиал-демократ нафаре нест? Ман ин масъаларо дар нашрияе ҳам дар миён гузоштам, ки мо мегӯем, ки шаффофият ҳаст, баробарҳуқуқӣ ҳаст ва чаро аз ҲСДТ нафаре нозир нест?

Бонувон набояд рӯҳафтода шаванд, Роза Отунбоева дар Қирғизистон вазири корҳои хориҷӣ буд, се маротиба дар интихобот нагузашт ва кӯшиш карду ҳоло депутат аст. Ростӣ, мо метарсем ва намехоҳем, ки проблема пайдо шавад. Ин ба ман ҳам дахл дорад. Имрӯз ташкилотҳои ғайридавлатӣ бисёр чизи хубанд, аммо барои тараққиёти занҳо, барои рушди ҷомеаи маданӣ халал расонида истодаанд. Вақте ман инро мегӯям, ташкилотҳои ғайридавлатӣ хеле хафа мешаванд. Чунки ин ташкилотҳо озод ҳастанд ва касе онҳоро гап намезанад. Дар бораи ҳуқуқи занҳо, дар бораи саломатии онҳо гап мезанему мегузарем, на ҳукумат ва на каси дигар гап намезанад. Яъне як мавқеи мулоиму ором аст. Албатта барои зан хуб аст ва зан намехоҳад, ки проблема пайдо шавад, фикр мекунад, ки оила дорад, фарзанд дорад ва ғайраву ҳоказо. Аммо ба андешаи ман ягона роҳе, ки бо он метавонем мавқеи занро дигар кунем, ин ҳизбҳои сиёсӣ ҳастанд ва ин рисолати онҳост.

(Идомаи матолиби "Ҳузури занон дар интихобот"-ро дар шумораи оянда мутолиа хоҳед кард)


©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97