РОҒУН, ТАҲРИМҲОИ УЗБАКИСТОН ВА МАҲАТМА ГАНДӢ

Сиёсат 18.01.2010 13:15

Ахиран расонаҳо аз қавли сухангӯи вазорати хориҷаи Тоҷикистон гуфтаанд, ки Узбакистон ба як қатори ҳомили бору коло иҷоза додааст, ки аз қаламраваш убур кунад ва вориди Тоҷикистон шавад. Маълум аст, ки танҳо роҳи таъминотӣ ва қатори Тоҷикистон аз Узбакистон мегузарад ва ин ҳол умдатарин мавриди вобастагии иртиботии Тоҷикистон аз Узбакистон аст. Аз ин ҷост, ки вақте қаторамонро боз медорад ва дубора иҷозаи убур медиҳад, хушҳол мешавем. Давлат Назрӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷаи кишвар мегӯяд:

"Ин мушкил то андозае аз сӯи Узбакистон ҳал шуд ва ҳоло 68 вагони ҳомили семент ва дастгоҳу молҳои мухталиф, ки дар марз маътал буданд, вориди Тоҷикистон шуданд. Вазорати корҳои хориҷа умедвор аст, ки аз ин ба баъд Узбакистон ҳамчунин мушкилро барои Тоҷикистон эҷод намекунад". Ин баёнияи як дипломат аст, ки бояд чунин бошад. Аммо дар миёни ин сатрҳо чандин сатри дигар низ қобли хондан аст, ки инаш ба бардошту завқу салиқаи хонанда марбут мешавад. Аввал ин ки мушкил ҳамчунон боқист. Ба гуфтаи шоҳидон садҳо вагон молу колои Тоҷикистон дар банди Узбакистон аст. Ва ҳамеша чунин буд. Ҳар тоҷиру мудире, ки бо содироту воридот машғул аст, инро таъйид мекунад, ки ҳамеша ин вазъ вуҷуд доштааст. Фақат акнун аст, ки мақомот ба сурати ошкор ин масъаларо тарҳ мекунанд.

Дигар ин ки он чи иҷозаи убур ва ворид шудан ба Тоҷикистонро ёфтааст, умдатан васоилу муҳиммоти марбут ба Сангтӯдаи-2 аст. Чизе ки ба ҷониби Ирон робита дорад. Вагонҳои тоҷирону бозаргонони мо ҳанӯз ҳам дар банд ҳастанд. Инро мақомоти Тоҷикистон хуб медонанд. Узбакистон агар қисман ин масъаларо ҳал карда бошад ва он ҳам бигузор бо дархости Тоҷикистон, вале ба хотири зӯри Ирон аст. Ёдамон бошад!

Дигар, мантиқ низ ҳамин аст ва аз табъи суханони мақомоти Тоҷикистон ҳам пайдост, ки таҳрими бештар аз инро ҳам метавонем интизор бошем. Вақте ба рағми майлу иродаи Тошканд, ба бунёди Роғун иқдом кардем, мебоист ин мавридро дар назар медоштем. Ин ҳаргиз ба маънои зери суол бурдани иқдоми бузурги сохтмони Роғун нест. Балки солҳо мо ин интизорро доштем, ки ба рағми тафаккури вобастагӣ аз Тошканд, иқдоми бузургеро анҷом диҳем, ки як гоми маҳкам дар роҳи миллат шудан ва истиқлоли фикриамон бошад. Аммо масъала ин аст, ки аз қабл бояд ҳамаи чолишҳои эҳтимолӣ ва мушкилоте, ки метавонад пеш биояд, пешбинӣ мешуд ва барномаҳои хосе барои муқобила бо ин чолишҳо низ таҳия мегашт. Албатта як усули озмудашудаи тахрибкорӣ, ки аз он дар баробари Роғун истифода мешавад, ҷанги расонаист. Дар ин замина микрофони Тошканд баландтар аст ва мо ақиб мемонем. Онҳо ҳам пул, ҳам восита ва ҳам фаҳми дурусти истифода аз расонаро ва аз он ҳам муҳимтар иродаи муқовиматро доранд ва инро ҳам таҷрибаи шӯравӣ ва ҳам 20 соли баъди он собит кардааст. Мо фаҳми содаи худ рӯ ба раҳми Худо ва ба умеди виҷдони журналистонем. Ҳатто аз расонаҳои Маскав наметавонем истифода кунем. Вале як филми боз кардани гӯри Темур тавассути шабакаҳои Русия ва ҳамин шабу рӯз такрор кардани он худ нишони чирагии мухолифони Роғун дар ҳамин шабу рӯз аст. Ин комилан як музахраф аст, моли ҳунар нест, бардоштест аз усули Гитлер дар таблиғ. Яъне дурӯғ ҳарчи бузургтар буд, боварибахштар аст. Аз нигоҳи дигар ин нишони заъфи мо дар ақида ва диндориамон ҳам ҳаст. Чаро? Барои он ки созандагони он филм дақиқан медонанд, ки аксарият ба ин афсона бовар хоҳанд кард. Ва аз ҳамин хотир ин афсонаи боваркарданиро пеша карданд, ки гӯё бо кандани гӯри як нафар қиёмат қоим ва Ҷанги дуввуми ҷаҳон оғоз мешавад. Берун аз ҳар фикри диние ҳам дар асри ХХ1 чунин ҳарф масхара ва хандадор аст. Хеҷ касе ба ин бовар надорад, ҳатто мудири ОРТ, аммо солҳост, ки он наворро тоб медиҳад, посухи бузургони мо дар рӯзномаҳое нашр мешавад, ки ҳатто давлатмардонамон аз сари иҷбор ба он обуна шудаанд. Ҳалли ин мушкил дар дунёи имрӯз кори сода ҳаст. Аммо ин баёнгари омодагии мо ба як ҷанги расонаист.

Дар замони шӯравӣ ҳам Тошканд дар муқобили мо ва фарҳангиёни мо аз расонаҳои Макав истифода мекард. Аммо раҳбарони лӯхтаки мо ирода ва тавони ин корро надоштанд. Имрӯз агар авзоъ андаке тағйир карда, боз ҳам аҷаб аст, ки ҳанӯз ҳам ин навъи тафаккур ва беиродагӣ хоси хеле аз мақомҳои мост. Албатта иқдом ва иродаи вазири умури хориҷиямон дар ин замина тайи як ду соли охир қобили тақдир мебошад. Аммо мутаассифона, аз ин гуна ашхос дида, нафарони бо тафаккури кӯҳна дар сатҳи мақомот бештар аст.

Ёдамон бошад, ки ҳатто агар Роғун ҳам набуд, як давлате, ки мехоҳад иззат ва шараф ва манфиати худро дошта бошад, бояд дар ин аср омодаи ҷанги расонаӣ бошад. Дар ҳоле ки воқеъияти Осиёи Марказӣ ба бовари коршиносони байналмилалӣ як саҳнаи талошҳои гарм барои манобеъи обу энержӣ хоҳад шуд. Аз ин нигоҳ мо бояд аз ҳисоби кам кардани расонаҳои бешумори давлатӣ, ки бисёре аз онҳо ҳатто ба андозаи созмони тарбузфурӯшони бозори "Саховат" афкори умумӣ ба вуҷуд намеоранд, як расонаи муқтадири байналмилалӣ таъсис шавад. Вале идорааш дар дасти созмони ғайридавлатӣ бошад. Зеро муассисаҳои расонаии давлатӣ на танҳо дар Тоҷикистон дар саросари дунё нокоромадии худро собит кардаанд. Аммо давлат дар чанд соли аввал бояд сармоягузории бедареғи ин расонаро таъмин кунад.

Имрӯз даъвои Тошканд умдатан ин аст, ки рӯдхонаҳое, ки Тоҷикистон мехоҳад дар онҳо ниругоҳ бисозад, фаромарзӣ ҳастанд, ва бояд маслиҳати мо ба кор бошад. Чаро мақомоти Тоҷикистон вақте худ ин тавонро надоранд, ки аз роҳбандии Узбакистон сӯҳбат кунанд, ин масъаларо тавасути расонаҳо доман намезананд? Магар хати роҳи оҳани дар замони шӯравӣ сохташуда фаромарзӣ нест? Тибқи кадом санади байналмилалӣ моли мавриди ниёз ва ғайри низомиро Узбакистон иҷозаи убур аз қаламраваш намедиҳад? Ин ҳама баҳонаи муносиб барои аксултаблиғ аст, ки мутаассифона мақомоти мо иродаи онро надоранд.

Гузашта аз ин ёдамон бошад, ки дастгоҳҳои аслии ниругоҳе, ки мехоҳем бо пули саҳмияҳо бихарем, бояд аз ҳамин роҳ убур кунад. Мо фақат дар сурати доштани аҳроми бузурги таъсиргузорӣ метавонем ба ин кор муваффақ шавем.

Як масъалаи дигар ин аст, ки аз чанд сол пеш рӯшанфикрони мо мегуфтанд, ки Роғун бояд ба меҳвари идеяи миллӣ табдил шавад. Ва шуд. Мисли барномаи сулҳомези ҳастаии Ирон. Дар Ирон мардум аз ин барнома дастгирӣ мекунанд, зеро ҳеҷ як кишвари боиззат, қудратманд ва пешрафта дар дунёи имрӯз наметавонад фановарии ҳастаӣ надошта бошад. Фановарии ҳастаӣ шарти давлати пешрафта аст, аз нигоҳи илми физик, тиб, кимиё ва иртибототи ҷаҳони муосир. Аммо масъала андаке фарқ мекунад ва ин андак метавонад афзоиш ёбад. Ниругоҳсозии мо аз Ирон фарқ кард. Дар Ирон касе барои ниругоҳи Бушир пул ҷамъ накард ва саҳмия нахарид. Мо вақте мегуфтем Роғунро бисозем, ин ҳама чиро, ки мебинем интизор надоштем. Мо ҳоли дигаре дорем. Аз як сӯ дар ин амр ба ифрот роҳ додем ба ҳадде саргарми саҳмияфурӯшӣ барои Роғун шудем, ки ҳама масъалаи дигар, ҳатто тарафи дигари худи Роғун ҳам ёдамон рафт. Тавре гуфтем, аз ҷумла масъалаи ҳимояи расонаии ин тарҳ ва таъмини роҳи икмолотии Роғун. Мисле, ки замоне ҳама ҳушамон ба хориҷ буд, дохили кишвар ёдамон рафта буд, акнун ҳама чандон ба дохил бар гаштем, ки хориҷ ёдамон намонд. Ин кори дуруст нест. Иҷбори мардум дар харидани саҳмия ё ҷамъоварии хайрия барои Роғун на танҳо кори носавоб аст, балки имкон дорад, ин идеяи бузургро дар назарҳо хира кунад ва ҳатто боиси норизоятиҳои иҷтимоӣ шавад.

Имрӯз ҳатто ҳаққи моҳонаи устодон ба ин манзур сарф мешавад, донишҷӯ фақат баъди он баҳои имтиҳонро мегирад, ки расид ё квитансияи харидории саҳмияи Роғунро нишон диҳад. Чанд сол боз, китобхонии занаку духтаракони рус дар нақлиёт аз ёдам рафта буд, акнун тоҷиконро ҳам дидам, ки дар автобус мехонданд, аммо варақи баҳодор, саҳмияро.

Ба назарам шитоб ва иҷбор дар ин амр зарурӣ нест. Саҳмияхарӣ ва ташвиқу иҷбори мардум дар шаҳру навоҳӣ сафарбарии солҳои шӯравӣ ба пахтачиниро мемонад. Аммо то ҷое, ки маълум аст, дар буҷаи ҳукумати Тоҷикистон барои сохтмони Роғун дар имсол ҳудуди саду панҷоҳ миллион доллар ихтисос ёфтааст. Бар илова ин маблағи фурӯши саҳмияҳо ва хайрия дар маҷмӯъ бояд бештар аз ин ҳам шуда бошад. Акнун суол ин аст, тавоноии мо барои иҷрои чӣ миқдор кор ва ба истилоҳ аз худ кардани чӣ миқдор маблағ аст? Аз ин ҷост, ки мегӯем, шитоб ва иҷбор зарур нест. То поёни сол ва соли дигар низ метавонем саҳмияҳоро харидорӣ кунем. Масъулини мӯҳтарам даричае барои салом бояд бимонанд, ки агар дар соли дигар хостанд барои кори дигаре ёрии мардумро биталабанд, дасте сӯяшон дароз шавад.

Иқдоми раҳбари давлати Тоҷикистон дар ҷиҳати сохтмони Роғун ва дар маҷмӯъ дар амри пайдо кардани истиқлолияти комили Тоҷикистон ҳам аз нигоҳи сиёсӣ ва ҳам аз нигоҳи фикрӣ, дақиқан дар ростои таълимоти пирӯзи Маҳатма Гандии бузург қобили арзёбист, ки мегӯяд, «аввал туро нодида мегиранд, баъд ба ҳолат ришханд мекунанд, баъд муборизаро бо ту шурӯъ мекунанд, ва он гоҳ ту пирӯз ҳастӣ». Панде хушоянд ва иқдоме ҳам хушояндатар аз он аз сӯи раҳбарии Тоҷикистон.

Аммо панди дигаре аз Гандӣ ёдам меояд, ки нигаронам мекунад, вақте мегӯяд, «агар беҳтарин фикр бо бадтарин равиш амалӣ шавад, натиҷаи хуб нахоҳад дошт».


Адолати МИРЗО
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97