ҲАВЗАИ 37 ҲАВЗАИ МАХСУСИ ПАГОНДОР

Сиёсат 10.11.2009 15:56

НАМОЯНДАИ МАРДУМӢ АЗ КӮЛОБ - ШАХСИ ПАГОНДОР?

Тоҷикистон дар остонаи маъракаи навбатии пешазинтихоботӣ ба палатаи поёнии порлумони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ қарор дорад. Маъракаи навбатии пешазинтихоботӣ барои кӯлобиҳо муқаррарӣ аст. Не, муқаррарӣ будани маъракаи пешазинтихоботӣ дар он ифода намегардад, ки Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон бори дигар дар интихобот дастболо мешавад ё камаш тамоми нируяшро ба он равона месозад, ки раъйҳои мо, ба участкаҳои интихоботӣ омадани ҳатто як нафари моро бидуни сохтакорӣ, ба самти дилхоҳаш, яъне ба ҷонибдории ҲХДТ равона кунад.

Бале,, мо ба анъанаҳоямон, агарчӣ онҳо хуб ё бад бошанд ҳам, вале содиқем.

Муқаррарӣ будани маърака дар он ифода мегардад, ки маҳз дар ҳамин рӯзҳои пешазинтихоботӣ ба мо номзадамонро, нафареро, ки бояд 5 соли минбаъда бо ӯ зиндагӣ кунем, нишон медиҳанд. Вале дар асл ӯ ҳамагӣ дар тӯли як-ду моҳе, ки қоғазбозии пешбарӣ намудани номзад ба мақоми намояндаи мардумӣ идома меёбад, "одами мо" шуда, каму беш баъзе ваъдаҳо ҳам медиҳад.

Не, ҳаргиз бо амри "боло" ба сари мо касеро бор намекунанд. Ҳамаи корҳо дар асоси қонунӣ анҷом дода мешаванд. Мо, интихобкунандагон ё раъйдиҳандагон (зеро дар ҳар участкаи интихоботӣ бо мо бо тарзи худ муносибат мекунанд), дар асоси Қонуни асосӣ аз раванди пешбарӣ намудани номзад аз муҳити худамон дур андохта шудаем. Аз ин рӯ ба мо нафареро пешниҳод мекунанд, ки ӯ ба мо баринҳо арзанда аст. Мо ноилоҷ ба номзадии ӯ розӣ мешавем, ҳатто наметавонем ӯро бо касе қиёс намоем, зеро мо ҳаргиз ба ҷустуҷӯ ва интихоб кардани одами арзандаи худамон машғул нашудаем.

Ниҳоят, мо мунтазир мешавем, шиносномаамонро дар ҷойи ба чашмамон наздик мегузорем, то ин ки бо ишораи аввал ба маҳалли интихобот бишитобем. Вале, ба ҳар эҳтимол, аллакай чизеро пешбинӣ намудан мумкин аст. Ман ҳавзаи якмандатаи интихоботии рақами 37-и шаҳри Кӯлоби Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар назар дорам. Намояндаи мо дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ узви ҲХДТ, одами пагондор мешавад. Ва ӯ дар Кумитаи оид ба қонунияти конститутсионӣ, қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон даъвати навбатӣ ё узв, эҳтимол, ҳатто роҳбари Кумитаи мазкур шавад.

Аз куҷо чунин пешгӯйии дилпурона? Тавре дар боло аллакай мутолиа намудед, мо ба анъанаҳоямон - хоҳ хуб ё хоҳ бад, вале ҳамеша содиқем. Пешгӯйии дилпуронаамон ҳам аз ҳамин ҷо сарчашма мегирад. Охир мо наметавонем ба хотири кадом як ҳавзаи якмандата шуда, бигузор он ҳатто дар шаҳри Кӯлоб ҷойгир бошад, анъанаҳоямонро дағалона поймол созем...

Ба ҳамин анъана (ҳатто анъанаи аз ҷонибӣ кӣ иҷро шудани ҷустуҷӯйи чунин номзадро) ҳанӯз 8 сол муқаддам (эҳтимол, баъзе одамон ӯро то ҳол дар ёд доранд) муовини сардори РКД вилояти Хатлон дар гӯрӯҳи навоҳии Кӯлоб, полковники милиса Анвар Тағаймуродов асос гузошта буд. Ӯ ҳамон сол дар интихобот ё аз болои худаш ё аз болои мо - интихобкунандагонаш ғолиб омаду намояндаи мардумӣ гашт. Сипас ӯро дар чавкии депутатӣ кӣ иваз намуд? Хотиррасон менамоем. Полковники адлия, муовини прокурори вилояти Хатлон дар гурӯҳи навоҳии Кӯлоб Абдуҷаббор Шамсов.

Аммо замоне, ки худи Абдуҷаббор Шамсов муовини вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ таъин гардид, 1 апрели соли 2007 ҷойи ӯро дар порлумон Вазири собиқи корҳои дохилии Тоҷикистон, генерал лейтенанти милитсия Ҳумдин Шарифов ишғол намуд. Вале вазири собиқи бемор ҳанӯз ба иҷрои вазифаҳои депутатиаш шурӯъ накарда, 30 августи ҳамон сол аз олами фонӣ гузашт (худо раҳматаш кунад!). Ҳатто нафаре шубҳа надошт, ки ҷойи генералро генерали навбатӣ ишғол мекунад. Дар ҳақиқат ба ҷойи холишуда генерал - лейтенант Абдураҳмон Азимов омад.

Ҳамаи ин одамонро на танҳо сабаби намояндаи дӯстдоштаи мардумии мо буданашон ба ҳам қарин кардааст, инчунин он чиз онҳоро ба ҳам алоқаманд месозад, ки ҳамаи онҳо дар Кумитаи оид ба қонунияти конститутсионӣ, қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси намояндагон фаъолият кардаанд.

Мо имрӯз дар назди худ вазифаи тафтиш кардани қонунҳои хоҳ хуб, хоҳ бад қабулкардаи онҳоро нагузоштаем. Модом, ки қонунҳоро лағв накардаанд, пас онҳо коршоям мебошанд. Дар омади гап, аъзои ҲХДТ новобаста аз он ки, ба минтақаи Кӯлоб аз он ҷумла робитаи ҷуғрофӣ доранд, кам нестанд, вале вазъи кадрҳо дар мақомоти ҳимояи қонун, ки депутати оянда бояд аз байни онҳо бошад, комилан тағйир хӯрдааст.

Ҳамин сабаби мазкур намегузорад, ки ба маснади номзади мардумӣ аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон пешбарӣ карда шавад. Зеро ҳизби мазкур дар сафҳои мақомоти ҳимояи қонун ва умури амниятии минтақаи Кӯлоб намоянда надорад. Коммунистони маҳаллиро бошад, масъалаи мушкилоти молиявӣ намегузорад, ки ҳатто ба интихобот наздик шаванд. Коммунистон дар хазинаи худ барои номзадашонро пешбарӣ намудан ҳатто якуним ҳазор доллари ИМА надоранд.

Ана бо ҳамин сабабҳо, мо хоҳу нохоҳ ба интихоб кардани депутати минбаъадаи "погондор" омодагӣ мебинем. Эҳтимол генерал А. Азимовро бори навбатӣ интихоб мекунем. Боке нест, ӯ депутати бад нест. Ӯ шабу рӯз машғули кори пурмаҳсул аст, муҳим аз ҳама ба мо ҳатто ба андозаи мӯйе халал намерасонад. Дар як пурсиш аз байни 100 нафар интихобкунандагон қариб аксарият кӣ будани намояндаашон дар порлумони кишварро ёд надоранд. Эҳтимол, одамони дар пурсиш иштироккарда одамони тасодуфӣ буданд. Аз байни 70 ҳазор нафар интихобкунандагони ҳавзаи интихоботӣ ба ҷонибдории генерал А. Азимов 94,3 фоиз раъй додаанд, аз ин рӯ андешаи 100 нафари мазкурро метавонем ба эътибор нагирем…

Вале… боз кӣ медонад, рафту дар интихоботи навбатӣ нафари дигар интихоб гардад?


Турко ДИКАЕВ
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97