ПРЕЗИДЕНТ АФВ МЕКУНАД. КИРО?

Сиёсат 02.11.2009 18:53

Эмомалӣ Раҳмон, Раиси ҷумҳури кишварамон ба порлумон лоиҳаи қонун "Дар бораи афв"-ро пешниҳод кардааст. Интизор меравад, баъд аз тасвиби ин санад аз сӯйи порлумон, ҳудуди даҳ ҳазор зиндониён озод ва ё мӯҳлати ҳукми онҳо коҳиш ёбад. Ин иқдом ба манзури таҷлил аз 15-мин солгарди тасвиби Қонуни асосии Тоҷикистон ва бузургдошти соли Имоми Аъзам гирифта шудааст. Дар матни хабари расмӣ, ки дар сайти интернетии раиси ҷумҳурии Тоҷикистон мунташир шудааст, омадааст, ки ин тасмим ба манзури "амалӣ намудани принтсипҳои инсонпарварӣ мадорою муросо, раҳму шафқат, таҳаммулпазирӣ, ки аз таълимоти ин фақеҳи бузурги олами ислом бармеояд, таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Дар ин хабар омадааст, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи афв" нисбати шахсоне татбиқ мешавад, ки то мавриди амал қарор гирифтани ин санад ҷиноят содир кардаанд. Лоиҳаи ин қонун аз 25 модда иборат буда, ба навиштаи сайти Раиси ҷумҳур, "нисбати гурӯҳи муайяни ашхоси маҳкумшуда ва шахсоне, ки парвандаи ҷиноятии онҳо дар баррасии мақомоти таҳқиқи ибтидоӣ, тафтишоти пешакӣ ва судҳо қарор дорад, татбиқ мегардад."

Интизор меравад, порлумони Тоҷикистон дар ҳафтаи ҷорӣ лоиҳаи ин қонунро тасвиб карда, дубора барои имзо ба Раиси ҷумҳур ироа кунад. Зеро, ин қонун бояд то 6 ноябр, рӯзи таҷлил аз 15-мин солгарди қабули Қонуни Асосӣ мавриди иҷро қарор бигирад. Ба ин далел, Шӯрои Маҷлиси намояндагони порлумони Тоҷикистон рӯзи 26 октябр лоиҳаи ин қонунро баррасӣ ва ба ҷаласаи навбатии худ пешниҳод кард. Тибқи иттилои раёсати умури зиндонҳои Вазорати адлия, ҳоло дар зиндонҳои Тоҷикистон ҳудуди 11 ҳазор нафар ба сар мебаранд.

Зимнан, ин барои дувозаҳумин бор аст, ки Президент Эмомалӣ Раҳмон қонуни мушобеҳи афвро имзо мекунад. Барои охирин бор дар соли 2007 ба манзури ҷашни даҳумин солгарди имзои Созишномаи сулҳ, қонуни афвро имзо карда буд. Дар тирамоҳи соли 2006 ба манзури таҷлил аз 15-мин солгарди касби истиқлол низ қонуни мушобеҳе ба тасвиб расида буд, ки мақомот гуфтаанд, тибқи он беш аз шашу ним ҳазор зиндониён озод шуда, мӯҳлати ҳабси чаҳоруним ҳазор нафари дигар коҳиш ёфт. Вале, бузургтарин мавриди афв дар Тоҷикистон соли 2001 сурат гирифта буд. Он замон тибқи иттллои расмӣ ҳудуди даҳ ҳазор зиндониён озод шуда буданд.

Ҳоҷӣ Акбари ТУРАҶОНЗОДА,

узви Маҷлиси Миллӣ:

- Аз шунидани хабари афв хеле хушҳол гаштам. Ин иқдом хеле иқдоми хуб аст, зеро ба озодии ҳазорҳо сабаб мешавад ва чуноне зикр шудааст, ҳатто шояд то 10 ҳазор нафар дар он шомил шавад. Агар тибқи ин афв 5 ҳазор маҳбусон ва 5 ҳазори дигар зери тафтишот қарор доштаҳо озод шаванд, ин воқеан барои садҳо ҳазор одам як хушҳолиро ба вуҷуд меорад, ки албатта боиси хушҳолии ҳар як кадоми мо тоҷикистониён мешавад. Хусусан дар соли бузургдошти Имоми Аъзам анҷом ёфтани ин иқдом боиси хушҳолист ва мо онро дастгирӣ мекунем, ташаккур ҳам мегӯем ва умед дорем, ки дар оянда низ ин иқдомҳо такрор меёбанд.

Ман пеш аз ҳама мехостам, он маҳбусҳое, ки ба хотири фикру ақида маҳбус шудаанд, хусусан бародарони "таблиғӣ", ки ба қаноати роиҷи ман, онҳо ҳеҷ гуна ҷинояткор нестанд, зеро ба ҷуз нияти хидмат ба Ислом, ба Худо ва бандагии Худоро адо кардаанд, дигар ҳеҷ нияте надоранд, на нияти ғасби ҳокимият ва на сохтани низоми муайяни давлатдорӣ доранд хуб аст, афв шаванд. Онҳо афроди бечораи сарсупурдаи Ислом ҳастанд, метавонем бигӯем, ба ҷуз хидмати Худо дигар аҳдофе надоранд ва аз ин рӯ пеш аз ҳама инҳо бояд шомил бошанд. Инчунин афроде, ки дар ҳақи ҳеч фарде нияти шадиде накардаанд афв шаванд. Дар ин миён одамкушҳо, хусусан касоне, ки ба номуси афрод ва духтарҳо таҷовуз кардаанд ва ҳатто баъзан бачабозҳо бояд истисно бошанд. Ғайр аз ин ҳама касоне, ки гуноҳҳои шадиди барои ҷомеа хатарнок аз онҳо содир нашудааст, хусусан онҳое, ки танҳо барои ақидаашон зиндонӣ шудаанд, бояд озод шаванд, зеро набояд ақида ҷиноят ҳисобида шавад ва боиси зиндонӣ шудани афрод гардад. Ақидаро ҳар кас метавонад дар зеҳнаш дошта бошад ва дар дил бипарварад то модоме, ки барои пиёда кардани ақидааш ягон кори амалиро даст назанад. Набояд инсон барои дидгоҳашу ақидааш ҷинояткор ҳисоб шуда, зиндонӣ шавад.

Ман маҳбусони сиёсиро ҳам дар назар дорам, касонеро, ки аз рӯи ақидаашон дар зиндон ҳастанд, яъне гуноҳи воқеӣ, гуноҳи мушаххасе содир накардаанд. Аз афроди мушаххас ном бурда наметавонам, зеро агар ҳамаи онҳоро ном бубарам, шояд шумо чоп накунед. 3- 4 нафарашро ном бубарам, шояд дигарон аз ман озурда гарданд. Аммо агар мавриди назари шумо аз маҳбусон, мушаххасан Муҳаммадрӯзӣ ва Ёқуб бошад, ман тарафдор. Воқеан дар ҳамин соли бузургдошт, ки соли афву таҳаммулпазирӣ аст ва шиори мазҳаби мост, Ҷаноби олӣ лутф мекарданду онҳоро мебахшиданд, хеле хуб мешуд.

Аҳмадшоҳ КОМИЛЗОДА,

рӯзноманигор;

- Афв кардани маҳбӯсону зиндониён як амали неку башардӯстона аст, ки Раиси ҷумҳури кишварамон рӯи даст гирифтааст. Вале ман дар иҷрои ин амр тардид дорам. Аввалан, ин ки "ҷинояткороне", ки бо гуноҳҳои сохтаву қалбакӣ равонаи зиндон шудаанд, ба гумон аст, ки озод карда шаванд. Дигар ин ки ман аз он тарс дорам, ки ҷинояткорони воқеӣ, ки барои ҷомеа ва зиндагии мардум хатар эҷод мекунанд, раҳо мешаванд ва оромиву суботи ҷомеаро халалдор мекунанд. Ин гуна мисолҳо мо дар ҷомеаи кишварамон зиёд дорем.

Вале агар дар пайи иҷрои ин амри инсондӯстона шахсиятҳои чун Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, Ёқуб Салимов, Ғаффор Мирзоев ва касоне монанд ба онҳо, ки ба бовари комил ба гуноҳи сиёсӣ зиндонӣ шудаанд, аз сӯйи Раиси ҷумҳур ва Ҳукумати Тоҷикистон мавриди афв қарор бигиранд, боиси эътимод ва эҳтироми бештар ба Ҳукумат ва қонунмандии давлат хоҳад буд.

Нуралӣ ДАВЛАТ,

таҳлилгари сиёсӣ:

- Мақсади маҳбасҳо дар даврони Шӯравӣ тарбия кардани маҳбусон буд. Мо меросхӯри ҳамон давлатем ва хуб аст, ки афв кардан дар Тоҷикистон фаромӯш нашудааст. Дар тӯли солҳои истиқлол чандин бор чунин иқдом сурат гирифта буд. Афви кунунӣ аз иқдомҳои қаблӣ тафовут дорад, зеро теъдоди онҳое, ки ба озодӣ мебароянд, хеле зиёдтар мебошанд.

Ман бовар надорам, онҳое, ки барои хиёнат ба ватан ва ё кӯшиши табаддулоти давлатӣ айбдор гардидаанд, афв шаванд. Ба он хотир, ки дар афвҳои солҳои қаблӣ ягон бор мӯҳлати ҳабси эшон камтар нагардид.

Ба назари ман, хуб мешуд, агар онҳое, ки барои ширкат дар ҷанги шаҳрвандӣ ҳабс шудаанд, озод мегардиданд. Фарқ надорад, ки аз кадом ҷониб силоҳ ба даст гирифта буданд. Албатта, дар ин зимн онҳое, ки афв мешаванд, то кадом андоза хатарнок будан ё набуданашон барои ҷомеа ба назар гирифта шавад.


©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97