ОҒОХОНИ IV ДАР ТОҶИКИСТОН

Сиёсат 15.10.2009 15:25

Сарвари мусулмонони шиъаи исмоилияи ҷаҳон Мавлоно Шоҳкарим Ал-Ҳусайнӣ- маъруф ба Оғохони IV бо сафари корӣ ба Душанбе омад. Пас аз пазироӣ дар майдони ҳавоӣ аз ҷониби Муовини аввали Сарвазир Асадулло Ғуломов меҳмони олиқадр ба Хоруғ парвоз кард. Дар шаҳри Хоруғ Оғохони 1V бо рафти иҷрои лоиҳаҳо дар манотиқи кӯҳистон шинос гардид. Бунёди Оғохон - ташкилоти ғайримазҳабӣ, башарӣ, ғайри тиҷоратӣ буда, дар асоси лоиҳаҳо дар қариб 20 мамолики дунё фаъолиятҳои кӯмаки башарӣ, таълимӣ, тибби, тиҷоратӣ амалӣ мекунад.

Шабакаҳои сершумораш беш аз 17 сол дар Тоҷикистон лоиҳаҳои кӯмаки башарӣ ва рушди бахшҳои кашоварзӣ, тиббӣ, таълимиро сармоягузорӣ менамоянд. Дар мулоқот бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Аълоҳзарат Оғохон аз рафти ҳамкориҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, тарафҳо ба дурнамои ҳамкорӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карданд.

12 октябр маросими ифтитоҳи Маркази мусулмонони шиъаи исмоилияи Исмоилиёни Тоҷикистон бо иштироки Президенти Чумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Оғохони 1V барпо гардид. Марказ бо дастгирии шабакаҳои Оғохон ва сарпарстон бо усули меъмории бостонии шарқию ғарбӣ сохта шудаст. Муаллифи лоиҳа меъмори канадагӣ Фаррухи Нурмуҳаммад дар меъмории бино усули меъмории манораҳо ва гунбадҳои ҳамаи биноҳои исломиро истифода намудаст. Хишти бинои Марказ низ бегона нест. Аз Ватани аҷдоди мо- шаҳри Самарқанд оварда шудааст. Аз ҳама муҳим ва аҷиб он чиз аст, ки дар марказ барои атфол ва омӯзиши технологияи дунявӣ низ утоқҳо фароҳам аст. Ин нахустин маркази мӯҳташам дар ҳудуди ИДМ мебошад. Алҳол ҷамоатхонаҳо ва марказҳои Исмоилиён, ки вазифаи масҷидро адо мекунанд, дар Ингилистон Португалия, Аморати Араб, Фаронса, Олмон, Покистон ИМА, Канада ва як қатор давлатҳои Африқо ва Осиё амал намуда, дар хамзистӣ ва ҳамкорӣ бо равияю мазҳабҳои дигар анъанаҳо ва русуми мусулмонии хешро адо менамоянд.

Баъди қабули Қонуни ҶТ дар бораи дин ин тадбир аввалин кори амалии ин Қонун маҳсуб мешавад. Ифтитоҳи Маркази Исмоилиён давоми мантиқии соли бузургдошти Имоми Аъзам аст. Зеро дар набардҳои ақидавӣ ва мухолифиҳо Ҳанафиён ва Исмоилиён аз ҳамдигар дифоъ менамуданд. Мусулмонони шиъаи Исмоилия аз замони Имом Ҷаъфари Содиқ ақоид ва қавонини Имом Абуҳанифаро эҳтиром мегузоранд. Исмоилиёни ҷаҳон 50 сол баҳри ҳамгироӣ, ҳамкории комили тамоми мазҳабу равияҳои Ислом кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳанд. Сарвари Исмоилиён пайваста дастуру ҳидоят медиҳад, ки Ислом дар ҷаҳони рӯ ба томгароӣ, задухурди манфиатҳои иқтисодӣ, тақсими харитаи геополитикӣ, мусалаҳшавии бошитоб, рақобати бозор, тавассути ҷараёнҳои нави радикалӣ ба вуҷуд овардани ҷудоӣ дар Ислом ва буҳронҳои молиявӣ бояд бо усули таҳамулпазирӣ бо роҳи муколама саҳми хешро гузорад. Маҳз сиёсати зидди зуроварӣ, фанатизми мазҳабӣ Оғохонро дар Ғарб шуҳратманд намудааст.

Бояд тазаккур дод, ки бо кӯшиши Оғохон мусулмонони Кӯҳистони Бадахшон аз атеизми шадиди Шуравӣ, нигаронии мадади берунӣ ва як қатор анъанаҳои бади шаробпарастию нашъамандӣ раҳо ёфтанд. Бахусус, лоиҳаҳои икишофи тиҷорати миёна, хурд, истифодаи замин, сармояи қарзҳои хурд ба рушди некуаҳволии мардум мусоидат намуд. Барномаи инкишофи манотиқи кӯҳистони берун аз Бадахшон дар даҳ соли охир аз ҷониби ташкилотҳои ҷаҳонии хайриявӣ беҳтарин лоиҳа арзёбӣ гардидаст.

Дар сафари навбатии Оғохони 1V ӯро фарзандонаш ва як зумра коршиносон ва тоҷирони хориҷӣ ҳамроҳӣ намуда, ба иқлими соҳибкории мусоиди Ҷумҳури шинос гардиданд.


Наҷмиддини Шоҳинбод
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97