БА ҲИЗБҲОИ "ОППОЗИТСИЮНӢ", ВАЛЕ БО ҲУКУМАТ КӢ ОВОЗ МЕДИҲАД?!

Сиёсат 14.10.2009 13:30

ё чаро Кабирӣ ва Зоиров ба худашон шубҳа доранд?

Бисёрҳизбӣ ва ГКЧП

Таърихи пайдоиши бисёрҳизбӣ дар Тоҷикистон расман ба солҳои навадуми қарни гузашта, баъд аз бекор намудани банди шашуми қонуни асосии Иттиҳоди Шӯравии собиқ мутобиқат дорад. Худи ҳамон сол дар баробари Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон ду ҳизби дигар, яке ҳизби Демократии Тоҷикистон, дигаре ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, ки дар аввал ҳамчун шӯъбаи ҳизби Наҳзати Исломии Иттиҳоди Шӯравии собиқ (октябри 1990) ва аз октябри соли 1991 ҳамчун ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон арзи вуҷуд карданд.

Аммо раванди босуръат фалаҷшавии ҳокимияти марказии Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҳамон сол ва билохира пошхӯрии кишвари Шӯравӣ ва истиқлоли ғайри чашмдошти ҷумҳуриҳои зери нуфузаш, минҷумла Тоҷикистон таҳаввулоти азимеро ба бор овард. Дар якчанд ҷумҳурии ҳамонвақтаи Иттиҳоди Шӯравӣ, дар охири моҳи августи соли 1991-ум, баъд аз кудатои нофарҷоми 19-20-уми ҳамон моҳ намоишҳои эътирозӣ ба муқобили роҳбарони дастдошта ва ҳомиёнашон дар ин кудато, минҷумла Тоҷикистон, аз ҷониби аҳзоби навташкил ва ҳаводоронашон шурӯъ гардид, ки боиси эҷоди бӯҳронҳои сиёсӣ дар ин ҷумҳуриҳо шуд. Пошхӯрии сареъи кишвари бузурги Шӯравӣ, қабл аз ҳали ин бӯҳронҳо ва надоштани таҷрибаи кофӣ аз ҷониби аҳзоби навташкил, вуҷуд надоштани механизми таслими қудрат дар шароити бисёрҳизбӣ, муқобилаи сарсахтонаи ҳизби ҳукмрони коммунистӣ дар муқобили хамагуна дигаргуниҳо сабабгори асосӣ ва рӯёрӯии сиёсӣ, ки оқибат ба шурӯъи даргириҳои қавмӣ, нажодӣ, минтақаӣ гардид. Дар Тоҷикистон баъд аз бекор гардидани банди 6-ми Қонуни асосии Шӯравӣ ва иҷозати бисёрҳизбӣ, аз феврали 1990-ум то охири соли 1991-ум даҳҳо ҷараёнҳои қавмӣ ва минтақаӣ, мисли "Меҳри Хатлон", "Лаъли Бадахшон", "Ҳисори Шодмон", "Ошкоро"-и Кӯлоб, "Зарафшон"-и водии Зарафшон, "Истаравшан"-и Ӯротеппа, "Ватан"-и минтақаи Ғарм ва ғайраҳо ба вуҷуд омаданд, ки бинобар характери маҳаллӣ ва минтақавӣ доштаашон натавонистанд ба ҷараёнҳои сиёсӣ табдил гарданд. Ба ғайр аз Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон танҳо ду ҳизб, Ҳизби Демократии Тоҷикистон, Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ва созмони мардумии Растохез тавонистанд, ки дар аксари нукоти кишвар тарафдор ва мавқеъ пайдо кунанд.

СИРОЯТШУДА АЗ ТАБЛИҒОТИ ЗАҲРОГИН

Ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997-ум дар натиҷаи таблиғоти нодуруст ва густурда, аз ҷониби нируҳои зинафъ дар ин даргирӣ, ки сабабгори асосиро дар ҷанги шаҳрвандӣ барои мардум ба вуҷуд омадани аҳзоби ҷадид ва муборизаи онҳоро барои қудрат талқин мекарданд, то андозаи қобили таваҷҷуҳ минбаъд сабабгори ҷиддӣ дар пешрафт ва таҳкими сохтори бисёрҳизбӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон гардид. Агарчанде муттаҳид шудани ҳамаи нирӯҳои зидди коммунистӣ дар солҳои 1990-1992-ум дар ҷабҳаи ягона, ки минбаъд ба номи Иттиҳоди Мухолифини Тоҷик машҳур гардид, роҳи ягона барои наҷоти кишвар буд, аммо дахолати нирӯҳои хориҷӣ тавозуни қувваҳоро дар дохили кишвар ба ҳам зада, сабабгори асосии ҷанги шаҳрвандӣ ва монеъи асосӣ дар раванди бо роҳи табиӣ инкишоф ёфтани ҷомеаи Тоҷикистон бо роҳи таҳкими бисёрҳизбӣ ва гуногунандешии сиёсӣ гардид. Ҳанӯз аз гузаштани бештар аз 10 сол аз замони хатми ҷанги шаҳрвандӣ ва вуҷуд доштани ҳафт ҳизби расмӣ ба ғайр аз ҳизби ҳукмрон, ҷомеаи Тоҷикистон аз асароти он таблиғоти нодуруст ва заҳрогин халос нагардидааст. Аммо сабабгори заъф ва нотавонии аҳзоби сиёсии имрӯза, натанҳо дар ин аст, балки якчанд сабаби дигаре ҳаст, ки кӯшиш хоҳем намуд, то андозае онҳоро низ баён намоем. Тибқи моддаи аввали Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Яке аз нишонаҳои асосии ҷомеаи демократӣ ин вуҷуди бисёрҳизбӣ аст, ки барои андешаҳои гуногун ва амалӣ шудани амалу иродаи табақаҳои гуногуни ҷомеа ва пешгирӣ аз хатари тоталитаризм замина фароҳам месозад.

ҲИЗБҲОИ МАЪЮС ДАР ОСТОНАИ ИНТИХОБОТ

Бо гузаштани зиёда аз чор сол аз интихоботи порлумонӣ ва фарорасии даври интихоботи навбатии порлумони, ки марҳилаи асосӣ дар раванди эҷоди бисёрҳизбии воқеӣ ва ҷомеаи демократӣ дар кишвар мебошад, ҳизбҳои сиёсӣ чи корҳоеро анҷом доданд ва чи барномаҳое барои анҷоми ин маъракаи муҳим доранд, хеле омили муҳим мебошад. Барои мисол, мехоҳам чанд иқтибос аз мусоҳабаҳои ду роҳбари ҳизбҳои расмии кишвар, ки имрӯз нисбат ба дигар ҳизбҳои боқимонда фаъолтаранд, яке Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров (хафтаномаи "Нигоҳ" №21 (140). 13-08-2009) ва дигаре ҲНИТ Муҳиддин Кабириро (ҳафтаномаи "Озодагон" №39 (96), 1.10.2009с.) дар иртибот дар омодагӣ ба ин маъракаи муҳим биорам. Аввалан, вуҷуд доштани омили яъсу ноумедӣ ва шаку тардид нисбат ба натиҷаи интихоботи порлумони ояндаи кишвар, омили дуввум кифоя набудани тавонмандии молии ҳизбҳояшон, омили сеюм умедвор будан ба лутфи роҳбари давлат, ҳамчун менталитети шарқӣ, омили чаҳорум кафолат додан ба ин, ки иқдоми демократӣ хатаре барои аз қудрат рафтани ин ё он шахс надорад (ин ду омили охир дар мусоҳабаи ҷаноби Кабирӣ эҳсос мешавад). Агар ҳамаи ин омилҳо дар ҳизбҳои имрӯзаи расмии кишвар ба ғайр аз ҳизби ҳукумрон бо иқрори роҳбаронашон вуҷуд дошта бошад, пас имрӯз мо метавонем натиҷаи интихоботи ояндаи порлумонии кишварро пешгӯӣ намоем ва омода набудани ҳизбҳои сиесии кишварро, мутаасифона, ба ин маъракаи муҳим қайд намоем? Таъсири манфӣ ва зарари омили аввал дар он аст, ки ҳеч як ҳизб ё созмон то ҳадафаш рӯшан ва ошкор ва дар роҳаш устувор набошад ҳеч гоҳ аз ҷониби мардум дастгирӣ нахохад ефт. Албатта, мардум ба гуфтаи худи Кабирӣ "нисбати сиёсатмадорон боэҳтиёт шуданд", дар сурате, ки сиёсатмадорон худашон ба худ дар расидан ба ҳадафҳояшон шаку тардид доранд.

ҲИЗБҲОИ КАМБАҒАЛ ВА ИНТИХОБОТ

Дар робита ба омили дуввум, ки аксаран ҳамаи роҳбарони ҳизбҳо аз он ёдовар мешаванд, надоштани маблағи кофӣ, агар як ҳизби сиёсӣ ва ё роҳбари он натавонад дар як мудати тӯлонӣ дар дохили як ҳизб бо истифода аз имконоти қонунӣ, тавонмандии молӣ эҷод кунад, пас чи гуна мардум ба он ҳизб ва роҳбараш тақдири инкишоф ва тараққиёти кишварро бовар кунанд(?!).

ҲИЗБҲОИ "ОППОЗИТСИЮНӢ", ВАЛЕ БО ҲУКУМАТ

Дар иртибот ба омили саввум, як ҳизби сиёсӣ наметавонад, ки ҳам ба қувваи дар қудрат буда умеда кунад ва ҳам дар муқобили он рақобат кунад, чи хеле, ки ҷаноби Кабирӣ мегӯяд, мардум хеле боэҳтиёт шудаанд, пас чаро ба ҳизбе, ки дар муқобили ҳизби ҳукмрон натанҳо қудрати гуфтани камбуд ва проблемаҳоро надорад, балки барномаи мушаххаси ҳали онро низ надорад, овоз диҳанд. Чаро дар Афғонистони ҳамсоя ва Ҷумҳурии Исломии Ирон, ки тамоми дунёи Ғарб аз набудани демократия дар он ҳарф мезананд, мардум ба ҳизбҳои оппозитсионӣ овозҳои худро новобаста ба менталитети шарқиашон медиҳанд, ё менталитети шарқӣ хоси ҷомеаи тоҷик аст? Вобаста ба омили чаҳорум, чаро ҳизбҳои сиёсӣ ва ҷомеаи рӯшангарои тоҷик элитаи имрӯзаи тоҷикро мутақоъид кунад, ки амалкард ва иштироки онҳо дар интихоботи дар қудрат мондани онҳо зарар намерасонад, пас ин ҳизбҳои сиёсӣ дар интихобот ба хотири чӣ ширкат мекунанд? Агар элитаи ҳукмрон ин кафолатро дошта бошад, пас яке аз ҳадафҳои мавҷудияти бисёрҳизбӣ амалӣ шудани амалу иродаи табақаҳои гуногуни ҷомеъа ва пешгирии хатари тоталитаризм, ки омили аслии ҷомеаи демократист, чӣ хоҳад шуд? Аммо дар сиёсат бо принтсипи мардумӣ; "ҳам лаъл ба даст ояду ҳам ёр наранҷад", амал кардан душвор аст.

НАТАВОНИСТӢ: ИСТЕЪФО!

Бояд аҳзоби сиёсии Тоҷикистон дар воқеъ агар дар идаъош содиқанд, аввал бояд тарз ва принтсипҳои эҷоди ҷомеаи демократиро дар дохили ҳизбҳояшон ташкил намоянд. Масалан, мо дар раванди интихоботҳои кишварҳои демократии ғарбӣ шоҳиди он мешавем, ки аксари роҳбарони ҳизбҳое, ки дар интихоботҳо бозанда мешаванд, филфавр, баъд аз гузаштани интихобот, ба истеъфо мераванд, чунки онҳо ба хулоса меоянд, ки аз ӯҳдаи омодасозии ҳизбашон ва боваркунонии мардум барои овоз додан ба онҳо набаромаданд ва роҳро барои роҳбарони ҷадид боз мекунанд ва чи хеле ки мебинем, самараи дилхоҳ медиҳад ва мардум ҳам бовар мекунанд, ки ҳизбҳои сиёсӣ ҳамчун васила барои шахсе, ҷиҳати расидан ба қудрат нест, балки механизмҳои идораи кишвар бо роҳҳои рақобати солими сиёсӣ мебошанд ва танҳо шахсиятҳои беҳтарин, ки метавонанд боварии мардумро касб кунанд, зимоми мамлакатро ба даст мегиранд. Дар кишварҳои мо, шоҳиди он ҳастем, ки бисёр ҳизбҳои сиёсӣ барои расидан ба қудрат аз шахсиятҳои боистеъдоди ғайри ҳизбиашон ҳамчун номзади вакили порлумон ё раёсати ҷумҳурӣ истифода мебаранд ва онҳо баъд аз анҷоми ваколаташон боз ғайри ҳизбӣ боқӣ мемонанд, аммо ба онҳо таъна намезананд, ки ба воситаи ҳизби онҳо раиси ҷумҳур шуданд ё вакили порлумон.

ҲИЗБЕ ДАР СОЯИ ҲИЗБИ ҲОКИМ

Яке аз собиқадортарин ҳизби сиёсии ҷумҳурӣ, Ҳизби коммунисти Тоҷикистон аст, ки пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ аксари аъзоаш барои дар қудрат мондан ба ҳизби навтаъсиси Халқӣ - Демократии Тоҷикистон, ки аз ҷониби ашхоси дар қудрат будаи роҳбарони ҷумҳурӣ таъсис гардид, шомил гардиданд. Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон агар мисли дигар ҳизбҳои коммунистии минтақа ба дигаргуниҳои ҷиддӣ дар дохилаш иқдом мекард, шояд, имрӯз ҳамчун ҳизби ҳоким боқӣ мемонд. Бо вуҷуди рӯз то рӯз дур шудани мардум аз даврони коммунистӣ ва маҳдуд гардидани имкониятҳои молии ҳизб ва таблиғоташ сафи тарафдоронаш рӯ ба коҳиш аст. Барои ҷомеаи тоҷик, ки рӯз то рӯз мардум ба ҷониби тақвияти андеша ва ахлоқи динӣ бештар таваҷҷуҳ зоҳир намуда истодааст, ҳизби мазкур, дар сурати фаъол шудани бештар дар роҳи ҳимоя ва дифоъ аз ҳуқуқи шаҳрвандон, барқарории адолати иҷтимоӣ ва баромадан аз сояи ҳизби ҳоким, шояд то андозае мавқеи худро ҳифз на мояд.

ҲИЗБҲОИ БӮҲРОНӢ ВА ИНТИХОБОТ

Ду ҳизби дигари саҳнаи сиёсии Тоҷикистон, яке ҳизби Демократии Тоҷикистон ва дигаре ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон, ки солиёни тӯлонӣ гирифтори бӯҳрони дохилиҳизбӣ мебошанд, нақшашон дар саҳнаи сиёсии кишвар хеле камранг шудааст. Дар сурате ки ҳизбҳои сиёсии кишвар ҳамагӣ ба мушкилот мувоҷеҳ ҳастанд, таҷрибаҳои дигар кишварҳо нишон медиҳад, ки роҳи ягона эҷоди оппозитсияи қавӣ ва созанда, иттиҳоди ин ҳизбҳо дар маъракаҳои интихоботии кишвар мебошад. Вуҷуд доштани оппозитсияи қавӣ ва созанда барои пешрафт ва тараққиёти кишвар бо роҳи дуруст ва барқарории ҷомеаи воқеан демократӣ, ки кишвари мо дар марҳилаи аввали он қарор дорад, шарти асосӣ мебошад. Аҳзоби сиёсии Тоҷикистон бояд кӯшиш ба харҷ бидиҳанд, то ин рисолати таърихии худро анҷом бидиҳанд.


Давлат УСМОН
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97