МИЛЛАТ + ИСТИҚЛОЛ + ДЕМОКРАТИЯ + ПЕШРАФТ ё андешаи миллӣ ваҳдати андешаҳост

Сиёсат 30.09.2009 13:50

АНДЕШАИ МИЛЛӢ

Аз солҳои оғози садаи бисту як дар Тоҷикистон масъалаи конепсиюни андешаи миллӣ аҳамияти вежа пайдо кард ва дар нашрияҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор гирифт. Сабаби ин ки масъалаи андешаи миллӣ имрӯз якбора аҳамияти вежа пайдо кард, бегумон он аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлоли сиёсӣ ба даст овард ва ба сохтмони ҳаёти нав ва давлати ҳуқуқбунёди демократӣ, ки бунёди миллии он устувор бошад, шурӯъ кард.Бо истиқлоли сиёсии Тоҷикистон давраи тозае дар таърихи мардуми тоҷик сар шуд. Акнун тоҷикон бояд сарнавишти таърихии худро ба дасти худ амалӣ бикунанд.

Ин вазифаи бузурги миллӣ ба сурате қобили иҷро хоҳад буд, ки худшиносии иҷтимоъиву маънавии миллат мувофиқи замони нав ба пояи баландтар бирасад. Лозим аст, ки миллат манфиатҳои худро умуман ва барои имрӯзу фардо мукаммалтар бидонад ва аз рӯйи ин дониш хатти ҳаракати худро таъйин бикунад. Барои ин худшиносиву роҳҷӯийи таърихӣ консепсиюни андешаи миллӣ даркор аст. Ҷустори андешаи миллӣ ва дуруст муайян шудани он аз ҷумлаи омилҳои асосӣ дар шинохти хештан, шинохти манфиатҳои миллӣ ва роҳи рушд аст.

Андешаи миллиро ба ду маъно метавон фаҳмид.

Андешаи миллӣ ба маънои тангтар ғамхорӣ дар ҳаққи миллат аст, ғами миллат ба дил доштани шахс ва ҳар сухан, ҳар корро ба дилсӯзӣ барои миллат, ба меҳру муҳаббати миллат, ки дар дили шахс шӯъла мезанад, вобаста аст. Андешаи миллӣ ба маънои танг бештар хусусияти шахсӣ дорад ва агар фарде аз миллат ҳар фикру андешаи худ, ҳар қадами худро ба миллатпарварӣ ва хидмати миллат, ба некхоҳӣ дар бораи миллат, ба осон кардани як мушкили он вобаста донад, аз рӯйи андешаи миллӣ амал кардааст. Миллатро фикр карда кор кардан лозим аст ва ин андешаи миллӣ хоҳад буд.

Ба маънои васеъ, ба он маъно, ки мо ҳоло ба назар дорем, андешаи миллӣ як идея, як ғояи бузург аст, ки маънои фарогири таърихӣ дорад, як ақидаи умдаи илмиву назарист, ки такя бар фаҳмиши амиқи равандҳои асосии таърихи асрҳои гузашта овардааст ва мақсад аз он ояндабинист. Андешаи миллӣ моҳияти ҳастии таърихии миллат ва вежагиҳои чеҳраи маънавии ӯро ифода менамояд ва аз ин рӯ имкон дорад, ки ҳам маънои умдаи дирӯзу парерӯзи миллат ва ҳам чигунагии роҳи фардову пасфардои ӯро намоён биёварад. Аз пайванди мантиқии гузаштаи дуру наздик бо имрӯз, аз пайванди замонҳо ва дурнамои оянда андешаи миллӣ ҳосил мешавад.

Азбаски андешаи миллӣ фарогири ҳама ҳастии таърихии миллат аст, ҳар қадами ҷомиа дар роҳи сӯйи оянда бояд аз андешаи миллӣ сар занад ва ҳар қадаме, ки онро андешаи миллӣ тақозо накардааст, мумкин аст бефоида бошад, ё ки бар зарари миллат натиҷа бидиҳад.

РУСҲО АНДЕШАИ МИЛЛӢ МЕҶӮЯНД

Мутаассифона, муайян кардани маънои аслии сарнавишти таърихии миллат ва зубдаи фалсафаи таърихи ӯ бисёр душвор буда, пешбиние дар ин асос боз душвортар аст. Донишмандони рус чандин бор кӯшиш карданд, ки андешаи миллии мардуми русро муайян бикунанд, ҳеҷ яке аз он кӯшишҳо натиҷаи муҳим надод. Ду-се бор чунин вонамуд гардид, ки андешаи миллӣ ёфт шуд, вале пас аз андаке ошкор гардид, ки чунин набудааст. Ҷустуҷӯйи донишмандони рус дар ин роҳ ҳанӯз давом дорад. Аз ин рӯ пажӯҳишгарони тоҷик низ дар ин ҷустор бояд аз шитоб ва саҳлангорӣ худдорӣ бинамоянд.

АНДЕШАИ МИЛЛӢ ВА МУШКИЛОТ

Таъйини андешаи миллӣ ба вежа дар мавриди халқҳои куҳанбунёде чун халқи тоҷик душвор аст. Ин душворӣ аз чанд сӯй пеш меояд. Як душворӣ аз он ҷост, ки миллати тоҷик чанд қарн боз миллати чандпора буда, ҳар порае дар як густураи таърихии худвежа зистан дорад ва мумкин аст, ки сарнавишти таърихии ҳар пора каму беш аз дигар пораҳо фарқ дошта бошад. Вежагии умумии таърихи ҳамаи ин пораҳоро муайян кардан лозим аст, то ки андешаи миллии мардуми тоҷик ба даст биёяд. Андешаи миллии мардуми тоҷикро дар асоси мадорики як пораи онҳо наметавон баён кард. Он пораи тоҷикон, ки дар Тоҷикистонанд, ба саодати истиқлолу озодӣ расиданд ва таҷрибаи таърихии онҳо барои дигар пораҳо, ки дар Узбакистону Афғонистон ва дигар кишварҳо зиндагӣ мекунанд, ибратомӯз ва бағоят ҷолиб аст. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иҷрои вазифаҳои бузурге, ки таърих ба пешгоҳи миллати тоҷик гузоштааст, шурӯъ намуд ва аз баъзе ҷиҳатҳо муваффақиятомез амал мекунад. Бо вуҷуди ин ба фаҳми банда танҳо бо назардошти таҷрибаи таърихии Тоҷикистон наметавонем андешаи миллии мардуми тоҷикро ба вуҷуд биёварем. Андешаи миллӣ танҳо дар асоси роҳҳои таърихии як бахши миллат ва танҳо барои як бахши миллат, танҳо барои як-ду гурӯҳ, як синфу табақаи ҷомиа, як тоифаи мардум ба вуҷуд оварда намешавад. Андешаи миллӣ чунонки ишора рафт, бояд ҳама ҳастии таърихии миллатро бо ҳама пасту баландиаш, бо ҳама зиддиятҳо, фарқу монандиҳо дар бар бигирад, то ки дар ҳақиқат раҳнамои миллат бошад. Сарнавишти таърихии миллат аз вежагиҳои зиндагии таърихии ҳамаи пораҳои он, аз моҳияти рӯйдодҳои мухталифе, ки дар минтақаҳои гуногуни қаламрави таърихии он ба амал омадаанд, намудор меояд ва ин ҳамаро бояд ба назар гирифт. Андешаи миллӣ ҳамгуниву ҳамрангӣ ва ягонагии миллатро ба назар дорад, барои устувор кардани ягонагии миллат хидмат мекунад.

МИЛЛАТ+ИСТИҚЛОЛ+

ДЕМОКРАТИЯ+ПЕШРАФТ

Профессор Абдунабии Сатторзода соли 2006 чун ба як пурсишнома посух гуфт, як фикри муҳим баён кард. Вай гуфт: "Мухтасар бигӯем, формули он (андешаи миллӣ - М.Ш.) ин аст: Истиқлол +миллат + демократия + пешрафт (прогресс)" (В поисках своего пути // Азия-Плюс, 27 апрели 2006, саҳ.8.).

Ин формулбандии А. Сатторзода (агар калимаи "миллат" дар ҷойи якум гузошта мешуд, беҳтар мебуд) аз он ҷиҳат ҷолиб аст, ки матлабро возеҳ ва чунон ифода кардааст, ки ба пиндори ин камина на танҳо барои тоҷикони Тоҷикистони соҳибистиқлол, балки барои ҳамаи тоҷикон қобили қабул аст. Ҳар кадоме аз мафҳумҳое, ки А. Сатторзода номбар кардааст - миллат, истиқлол, демократия ва пешрафт имрӯз барои ҳама пораҳои миллати тоҷик аҳамияти вежа доранд. Истиқлол дар Тоҷикистон ба даст омада бошад ҳам, аҳамияти он кам нашудааст, зеро нигаҳдошт ва устувории пояҳои он дар Тоҷикистон низ аз муҳимтарин вазифаҳои таърихист. Аз ин рӯ имрӯз маънои мафҳуми истиқлол дар Тоҷикистон ва дигар пораҳои ҷаҳони тоҷикон аз ҳам фарқ мекунад, лекин ин мафҳуми ормонии мардуми тоҷик, ки аз бисёр ҷиҳатҳо ҳаммаънои мафҳуми озодист, дар ҳама гӯшаҳо то рафт бештар аҳамият пайдо мекунад.

Ин аст, ки мо тоҷикони Тоҷикистон бояд фаромӯш накунем, ки пораи хурде аз ҷаҳони бузурги тоҷикон ҳастем ва дар ҳалли баъзе масъалаҳои бузурге чун андешаи миллӣ бояд ягонагии таърихии ин ҷаҳони чандпора ва ягонагии маънавии кунунии онро ба назар бигирем. Аммо ҳамаи онҳое, ки то ҳол дар баррасии масъалаи андешаи миллӣ ширкат варзидаанд (аз ҷумла ин каминаи нигоранда), танҳо Тоҷикистонро мадди назар доштаанд. Инро банда норасоии ҷустуҷӯҳои илмӣ ба шумор меоварам. Андешаи миллиро барои ҳама тоҷикон бояд муайян бикунем ва агар бархе аз унсурҳои он дар бархе аз гӯшаҳои ҷаҳони тоҷикон аз дигар гӯшае ё аз дигар гӯшаҳо тафовут дошта бошад, ин тафовутро бояд таъкид намоем.

АНДЕШАИ МИЛЛӢ ВАҲДАТИ АНДЕШАҲОСТ

Соли 2006 ҳафтаномаи "Миллат" дар бораи андешаи миллӣ ба камина чанд пурсиш пешниҳод кард (М. Шакурӣ: Бе андешаи миллӣ бояд қадаме пеш гузошта нашавад // Миллат, 27 апр. 2006, №16, саҳ.11.), ки яке ин буд: "Бархе ин консепсияро (андешаи миллиро - М.Ш.) маънавигаро дидан мехоҳанд, баъзеи дигар бо назардошти тараққиёти ҷомиаи муосир мехоҳанд он моддигаро бошад, ба гуфте рӯҳияи технократӣ дошта бошад. Арзишҳои муосирро аз қабили баробарии шаҳрвандон, давлати ҳуқуқбунёд, демократия ва ғайраро ифода кунад. Шумо ба кадом андеша ҳастед?"

Банда ба ин боварам, ки чунин гузориши масъала, ки андешаи миллӣ кадом ҷиҳатҳои ҳастии ҷомиаи кунуниро фаро бигирад ва аз кадом ҷиҳатҳо қатъи назар бикунад, кадом ҷиҳатро бештар ва кадомеро камтар матраҳ бикунад ва монанди инҳо ба тамом ноҷоиз аст. Чунонки гуфтем, андешаи миллӣ ҳама ҳастии миллат, ҳама паҳлӯҳои худҷӯиву худрасии иҷтимоъиву маънавии вайро ба яклухтӣ фаро мегирад. Дар ҳар сурат чашмандози васеъ ва фарогирии куллӣ муҳимтарин хусусияти андешаи миллист. Набояд, ки андешаи миллӣ фақат ба як гӯшаи зиндагии миллат, танҳо ба як ё ду-се минтақаи қаламрави он, як-ду гурӯҳи иҷтимоъии ҷомиа, ё ки ба мафҳумҳои навбаромади моддигаройӣ ва технократия такя оварад.

Боз мегӯем, ки андешаи миллӣ ҳамаи инҳоро ба якҷоягӣ ва ҳамбастагӣ фаро мегирад.

Дар ин маврид муҳим он аст, ки чун андешаи миллӣ як низоми мураккаб ва чандпаҳлӯст, нуктае дар он бартарӣ дорад, яъне дар маркази он низом қарор ёфта, ҳама унсурҳои онро зери шуъо гирифта, равшантар намудор меоварад, ҳамаи онҳоро ба ҳам муттаҳид мекунад, амали мутақобили онҳоро самт медиҳад ва ҳамбастагии онро таъмин менамояд.

Ба пиндори банда маънавият дарунмояи андешаи миллии тоҷикон аст.

МИЛЛАТЕ, КИ ЗАРДУШТ ЗОДААСТ

Пӯшида нест, ки мардуми тоҷик ва аҷдоди эшон аз аҳди бостон маънавиятпарвар ва маънавиятпарвард будаанд. Онҳо дар пайдоиш ва таҳаввули фарҳанги маънавии Шарқ нақше муҳим доштанд. Аҷдоди тоҷикони кунунӣ як дини бузурги ҷаҳониро, ки ойини Зардушт бошад, ба вуҷуд оварданд; барои ин ки як бахши бузурги аҳли башар бо омӯзаҳои авастоӣ аз тафаккури асотирӣ ба тафаккури маънавӣ бигзаранд, яъне барои ин ки дар тафаккури инсон инқилобе рух намояд, кумак намудаанд. Як хидмати таърихии мардуми тоҷик дар пеши аҳли башар он аст, ки барои устувор шудани пояҳои Ислом ва густариши он дар миёни халқҳои гуногун кӯшидаанд ва ҳамаи туркинажодони атроф ба дасти аҷдоди тоҷикон Ислом пазируфта, ба маънавияти волои исломӣ ва ориёии иронӣ пайвастаанд. Ҳастии таърихии халқҳои иронӣ, аз ҷумла тоҷикон мағз то мағз маънавибунёд буд, ки аз байни онҳо бузургони бисёре аз Рӯдакӣ (қарни даҳ) то Аҳмади Дониш (қарни нуздаҳ), Садриддини Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров (қарни бист) баромаданд. Дар байни онҳо бузургтарин бузургони ҷаҳонӣ чун Ибни Сино, Абулқосими Фирдавсӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ ҳастанд. Мардуми тоҷик аз халқҳои таърихсоз, маънавиятгарой ва фарҳангофарину фарҳанггустар будаанд.

Аз ин рӯ андешаи миллии тоҷикон аз маънавияти воло сарчашма мегирад. Дар даврони ҷаҳонгаройӣ (ҷаҳонӣ шудан, глобализм) як нуктаи муҳим дар андешаи миллии тоҷикон, радди моддигароийи маҳз ва маънавиятситезӣ хоҳад буд, то ки пайвандҷӯйӣ бо мабдаъи маънавии тамаддуни Ғарб, ба ҳам як кардани маънавиятгароийи шарқӣ ва моддигароийи ғарбӣ муяссар шавад. Арзишҳои кунуние чун давлати ҳуқуқбунёд, баробарҳуқуқии ҳама шаҳрвандон, демократия ва монанди инҳоро ба ҳеҷ ваҷҳ ба ҷанбаи технократӣ вобаста донистан мумкин нест. Ин мафҳумҳо бунёди маънавӣ доранд, ба он фаҳмиши маънавият, ки мо дорем, мувофиқанд ва моҳияти маънавии онҳоро дар ҷомиаи мо устувор кардан даркор аст. Мардуми тоҷик бояд ба мафҳумҳои сиёсиву ҳуқуқии имрӯз, ба илми ҷаҳонии кунунӣ, ба фанну фанноварии (техникаву технологияи) рӯзафзун даст биёбанд, лекин арзишҳои маънавиро қурбони дастовардҳои фанниву фанноварӣ ва технократизм кардан мумкин нест. Расидан ба илму фанни муосир бояд ба ҳувияти фарҳангӣ, ба вежагиҳои таърихии ҳаёти маънавии миллат зарар наоварад. Ба хотири пешрафти иқтисодӣ аз баҳри баъзе арзишҳои маънавӣ гузаштан гуноҳи бузурги таърихӣ хоҳад буд. Дар ҷомиаи тоҷикон ба ҳам созиш додани маънавияту моддиёт, ба ҳам як кардани маънавиятҷӯйӣ ва моддигаройӣ чунин маъно хоҳад дошт, ки мабдаъи моддӣ тобеъи мабдаъи маънавӣ хоҳад буд. Давлати тозаистиқлоли тоҷикон он гаҳ давлати миллӣ хоҳад шуд, ки дар ҷомиа омили маънавии рушд бартарӣ ёбад, давлат бартарии ин муҳаррики анъанаии ҳама равандҳои ҳувиятсозро бар омили иқтисодӣ ва омили сиёсӣ таъмин бикунад. Бартарии омили маънавӣ дар ҷомиа муҳимтарин нуктае дар андешаи миллии тоҷикони замони мо бояд бошад. Дар ин сурат ин саодат даст хоҳад дод, ки пешрафти иқтисодии ҷомиа ва пайвастан ба моддигароийи ҷаҳони имрӯз бо талафоти камтар дар ҳувияти миллии тоҷикон, дар моҳияти маънавии ҳастии инсон ва асосҳои ахлоқии он сурат бигирад. Вагарна бемаънавиятӣ ва фасоди ахлоқ мардуми моро аз ҳувияти миллӣ маҳрум хоҳад кард.

ИСЛОМ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Чун мегӯем, ки маънавият дар ҳувияти фарҳангии миллати тоҷик ҷойгоҳи асосӣ дорад, нақши дини мубини Исломро низ бояд ёдовар бишавем. Набояд аз ёд бурд, ки фарҳанги миллии мардуми тоҷик саршор аз файзи Ислом аст. Ҳама соҳаҳои ҳаёти тоҷикон аз нақши Ислом бархурдор аст. Ҷойгоҳи Ислом дар ҷомиаи тоҷикон ҳамеша ба маротиб бештар аз ҷойгоҳи дин дар ҷомиаи кишварҳои Ғарб буд ва ҳаст. Аз ин рӯ Ислом дар андешаи миллии мо бояд ҷойгоҳе басазо дошта бошад. Дин ақл аст, чунонки расули акрам (с) фармудааст, на афюн, ки марксистҳо мепиндоранд. Ҳар чӣ бештар бояд рӯ ба ақл биёварем. Миллату давлат бояд пайваста бо дину диёнат бошад. То ба андешае ростин бирасад. Дини мубин миллат ва миллатҳоро ба ҳам мепайвандад, аз пурзӯртарин омилҳои ягонагии миллӣ ва байналмилалист. Ва ҳол он ки ягонагии миллӣ аз шартҳои умдаи мавҷудияти миллат аст.

Шуури миллӣ ва шуури динӣ сахт ҳамбастаи якдигаранд ва ғизогирии онҳо аз якдигар омили муҳимме дар рушди шуури иҷтимоъиву маънавии миллат аст. Давлати миллӣ бо устувор кардани ҳамбастагии шуури миллӣ ва шуури динӣ, бо боло бурдани сатҳи ин ду навъи шуури мардум ягонагии маънавии ҷомиаро амиқтар мебарад.

Ба даст овардани ягонагии миллӣ ва устувор кардани пояҳои он дар Тоҷикистони кунунӣ аз муҳимтарин вазифаҳост. Мутаассифона, ҳоло дар Тоҷикистон қувваҳои марказгурез фаъолтар аз қувваҳои марказшитобанд. Дар ҳар давраи таърих, ба вежа дар давраҳои нооромӣ ва пурталотум қувваҳои марказгурез барои фаъолиятафзойӣ мекӯшанд ва дигар ҷунбишҳои зидди ягонагии миллӣ пайдо мешаванд. Хавфе ба сари ягонагии миллӣ, яъне ба сари ҳастии миллат дар ҳар давраи дигаргуниҳои таърихӣ меояд ва дар ин мавридҳо нақши Ислом ва ҳамаи дигар омилҳои таъминкунандаи ягонагии миллӣ, устуворкунандаи бунёди маънавии ҷомиа афзоиш меёбад. Ва ягонагии миллӣ ба яке аз бузургтарин ҳадафҳои миллату давлат табдил меёбад.

Аз ин рӯ ягонагии миллӣ яке аз муҳимтарин ҷузъҳои андешаи миллӣ мебошад. Ягонагии миллӣ дар давраи ҳозираи таърихи Тоҷикистон ва ҳамаи тоҷикон инчунин аз муҳимтарин ҳадафҳои миллист.

ТАФОВУТИ АНДЕШАИ МИЛЛӢ ВА ҲАДАФИ МИЛЛӢ

Дар ин ҷо андаке дар сари масъалаи андешаи миллӣ ва ҳадафи миллӣ истодан даркор аст.

Бояд миёни андешаи миллӣ ва ҳадафи миллӣ фарқ гузорем. Гоҳе ин ду ба ҳам бисёр наздик меоянд ва тафовути онҳо нонамудор мемонад. Лекин андешаи миллӣ ва ҳадафи миллӣ дар бештарини мавридҳо фарқи намоён доранд.

Андешаи миллӣ як ғояи бузургест, ки асли моҳияти ҳастии таърихии миллат, вежагиҳои ҳастии маънавии онро ифода мекунад, ки дар ҳама тӯли таърих хоси ӯ будаанд ё ки дар муҳимтарин давраҳои таърих бо нирумандии бузурге буруз намуда, барои тоза кардани роҳи таърихии миллат аз мониаҳо хидмат мекунанд. Азбаски андешаи миллӣ аслгӯй ва моҳиятнамост ва моҳияти аслии миллат зуд-зуд дигар намешавад ва қариб тағйирнопазир аст, андешаи миллӣ низ дар тӯли асрҳо тағйир намеёбад ё ки кам тағйир меёбад, мумкин аст дар тӯли чанд давраи таърих бидуни дигаргунӣ бимонад.

Пажӯҳишгари тоҷик Н. Нуров ақида дорад, андешаи миллии тоҷикон (ки ӯ идеяи миллӣ номидааст) аз аҳди бостон то садаи бист таҳаввуле дорад, ки онро ба се давра тақсим кардан мумкин аст: 1) Давраи ҳамлаи Искандари Мақдунӣ, ки "ин марҳиларо даврони оғози таҳаввули идеяи миллӣ дар таърихи миллати тоҷик метавон унвонгузорӣ кард" (Н. Нуров. Масъалаи се марҳилаи таърихии таҳаввули идеяи миллӣ ва бозтоби он дар адабиёти бадеӣ. Дар маҷм.; Масъалаҳои ташаккули идеяи миллӣ дар ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе, Ирфон, 2007, саҳ. 108).

2) Давраи сууду суқути кишвардории Сосониён, тасаллути аъроб ба сарзамини Форс ва интишори дини мубини Ислом, таҳкими ормонҳои миллӣ ва ҳувияти фарҳангии мардуми форсу тоҷик дар фарози гирудорҳои сиёсӣ ва иҷтимоъӣ". 3) Замони салтанати Сомониён ва марҳилаи иртифоъи идеяи миллӣ" ва ин марҳила то садаи бист омадааст ва мардуми тоҷик "маҷмӯъи арзишҳои фарҳангиву маънавии хешро ҳифозат карда то замони мо расонидааст".

Ин ақидаи Н. Нуров ҷолиб ва сазовори он аст, ки таҳқиқ шавад. Ин даврабандӣ ҳам таҳаввулро нишон медиҳад, ҳам пояндагии андешаи миллиро таъкид мекунад, ки андешаи миллӣ дар тӯли асрҳо мазмуни асосии худро нигоҳ медорад, дарунмояи он ҳамчунон боқӣ мемонад.

Ин ки андешаи миллӣ тағйирпазир нест ё бисёр кам дигар мешавад як паҳлӯи масъала аст. Паҳлӯи дигари масъала ҳадафи миллӣ ва тағйирпазирии он аст. Инак, як-ду сухан дар ин бора.

ФАРБЕҲӢ - АНДЕШАИ МИЛЛӢ ДАР АМРИКО

Ҳар давраи таърих нисбат ба давраҳои пештар тафовут дорад ва гоҳ тафовути он хеле калон аст. Бо пайдоиши тафовут, бо тағийри шароити иҷтимоъиву сиёсӣ ва ё иқтисодӣ, бо оғози баъзе равандҳои пуртаъсир дар пеши аҳли ҷомиа вазифаҳое пайдо мешаванд, ки онҳоро зуд иҷро кардан лозим аст, мақсадҳое ба миён меоянд, ки зуд ба онҳо расидан даркор аст. Инҳо ҳадафи миллиянд, ки агар барои расидан ба онҳо зуд чорабиниҳое нашавад, миллат зарар хоҳад дид.

Чанд сол пеш аз ин аҳли ҷомиаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба муқобили тамокукашӣ мубориза сар карданд. Тамокукашӣ дар Амрико дар байни зану мард ва хурду калон чунон густариш ёфт, ки ба сари тамоми миллат хатар овард, ба хатари миллӣ табдил ёфт. Мубориза бо хавфи тамокукашӣ ҳадафи миллӣ қарор ёфт. Давлат бо пешниҳоди мутахассисон як силсила чораҳо андешида, ҳама нируҳои мавҷударо сафарбар кард. Ин талош чунин натиҷа дод, ки тамокукашӣ дар Амрико хеле кам шуд ва метавон гуфт, хавфи бузургеро аз сари миллат рафъ карданд.

Ҳоло дар Амрико ба муқобили фарбеҳӣ мубориза сар шудааст. Азбаски дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳама мардум мошини шахсӣ доранд, ба ин сабаб ва сабабҳои дигар ҷунбу ҷӯл ва ҷунбишу ҳаракати ҷисмонии мардум кам шуда, фарбеҳӣ афзоиш дорад. Ақидае ҳаст, ки агар бар зидди фарбеҳӣ муборизаи сахт пеш нагиранд, агар мардумро ба дараҷаи муайян ба сӯйи лоғарӣ барнагардонанд, миллат зери хавф мемонад. Ҳоло аз сари миллат дафъ кардани хавфи фарбеҳӣ мақсади давлат ва ҳадафи миллист, ки шояд дар 10-15 ё 20-25 сол ба он бирасанд.

Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мубориза бо тамоку, фарбеҳӣ ва монанди инҳоро андеша (идея)-и миллӣ унвон кардаанд. Ба пиндори банда ин гуна мақсадҳои муваққатро, ки ҳарчанд бузурганд, ба ҳар ҳол ба як муддати муайян, ба як муддати нисбатан кӯтоҳ ба онҳо тавон расид, на андешаи миллӣ, балки ҳадафи миллӣ бояд номид. Андешаи миллӣ ҳастии миллатро дар як давраи бузург, дар як-ду ё чанд давраи таърих ба назар дорад, аммо вазифаҳое, ки дар роҳи рушди таърихӣ ба тарзи қонунмандӣ ва ё ки тасодуфан сар задаанд ва онҳоро зуд иҷро кардан даркор аст, ба доираи ҳадафи миллӣ медароянд. Ба ин маънӣ он барномаҳои бузург, ки Тоҷикистон дар оғози даврони истиқлол бо сарварии Имомалии Раҳмон - Раиси Ҷумҳурӣ иҷро карда истодааст, чунончи барномаи истиқлоли энергетикӣ ё растан аз бунбасти иртиботӣ ва дигарҳо ҳадафҳои волои миллиянд, ки истиқлоли воқеъии Тоҷикистон, соҳибихтиёрии куллии онро таъмин мекунанд. Ин ҳадафҳо аз андешаи миллӣ нумув кардаанд ва як навъи амал аз рӯйи андешаи миллӣ мебошанд. Аммо худи андешаи миллӣ ба маротиб фарохтар ва волотар аз ин вазифаҳои ҷорист. Бо анҷоми ин вазифаҳо, бо расидан ба ин ҳадафҳо андешаи миллӣ ба поён намерасад, балки ҳамчунон боқӣ мемонад ва барои иҷрои ин гуна вазифаҳои муҳим тоза ба тоза раҳ мекушояд.

ТОҶИКОНИ ДУНЁ ЯК АНДЕША ДОРАНД

Инак, омадем ба сари мақсади аслӣ, ба сари ин масъала, ки чӣ ғояе метавонад андешаи миллии мардуми тоҷик бошад.

Чун банда дар китоби "Хуросон аст ин ҷо" ва бархе навиштаҳои дигари худ аз зеҳнияти тоҷикони Варорӯд, вежагиҳои роҳи таърихии эшон сухан ронда будам, азбаски тоҷикони Варорӯд як бахши бузург ва муҳимми миллати чандпора буда, вежагиҳои ҳаёти маънавии онҳо махсусиятҳои ҳастии маънавии ҳамаи тоҷиконро ифода мекунад, гумон дорам, ба ин асос андешаи миллии тоҷикони имрӯзро ба ин тариқ метавон баён кард:

"Таъмини бақои умри таърихии миллат бо тараққии ҳамаҷонибаи ҷомиа, ба вежа бо устувор кардани бунёди маънавии ҳастии инсон, ба воситаи расидан ба ҳаёти маънавӣ. Парвариши шахсияти фарҳангии худогоҳ, ки инсони асил, парварда бо ормонҳои волои ҷомиаи анъанӣ ва ғояҳои бузурги замони нав, миллатпарвар ва меҳандӯсти фидокор бошад. Барпо кардани пойгоҳи моддии тавоно, ки эҳтиёҷоти иқтисодии ҷомиаи маънавиро барорад. Дар заминаи демократии ҷомиа поянда доштани давлати миллии ҳуқуқбунёд, ки бо таҳкими ҳамбастагии шуури миллӣ ва шуури динӣ барои пойдории иттиҳоди миллӣ, барои ҳамгароийи омилҳои асосии пешрафт - омили маънавӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ, барои бартарии омили маънавӣ дар ҷомиа, барои амиқбурди пайванди миллат бо мардуми ҷаҳон, барои пешгирии таҳоҷуми фарҳангии абарқудратҳо, барои тоза кардани роҳи таърихии миллат аз мониаҳо талош мекунад".

Ҳамин аст ба пиндори банда андешаи миллии мардуми тоҷик барои имрӯз, фардо ва пасфардо, барои як давраи таърихии тӯлонӣ дар қарни ХХ1. Ҳар гоҳ ки дар инкишофи таърихии миллат давраи наве расид, шояд андешаи миллӣ низ андаке ё хеле дигаргунӣ бипазирад.

Чунонки таъкид шуд, андешаи миллии мазкур барои ҳама тоҷикон - тоҷикони Тоҷикистон, Узбакистон, Афғонистон, инчунин барои гурӯҳи андак аз тоҷикон аст, ки дар дигар кишварҳои гирду атроф буду бош доранд. Имрӯз тоҷикони ҳамаи кишварҳо як андешаи миллӣ доранд, ормонҳои иҷтимоъӣ ва ниятҳои таърихии ҳамаи онҳо як аст ё ба ҳам бисёр наздик аст. Худмуҳофизатӣ, ҳифзи ҳувияти миллии худ, фарҳанг, забон, вежагиҳои тафаккури миллӣ дар шароити пурпечу пурзиддияти садаи ХХ1 вазифаест, ки онро ҳама пораҳои миллати чандпораи тоҷик бояд якҷоя бо ягонагӣ ва иттиҳод ё ки ҳар порае ба сари худ иҷро намоянд.

ЗАРУРАТИ ИТТИҲОДИ

ТОҶИКОН ДАР ҚАРНИ ХХ1

Андешаи миллӣ пораҳои миллатро ба ҳам наздик ва муттаҳид месозад, ҳама миллатро ба адои рисолати таърихӣ сафарбар менамояд, барои бартараф кардани тамоюлоти марказгурезӣ ва маҳалгаройӣ, ки дар дохили ҳар пора ҳаст, мусоъидат мекунад.

Тоҷикони чандпора - хоҳ кӯҳу дарёҳо онҳоро аз ҳам ҷудо карда бошанд, хоҳ марзҳои сиёсӣ - ҳамеша ягонагии маънавӣ доштанд ва имрӯз ҳам доранд. Имрӯз бештар имкон фароҳам меояд, ки минтақаҳои гуногуни тоҷикнишин иттиҳоди сиёсӣ ба даст биёваранд, дар як давлат муттаҳид шаванд ё дар ҳар минтақа як давлати миллӣ барпо намоянд, то ки барои иттиҳоди сиёсии баъдӣ замина омода бисозанд. Қарни ХХ1 гӯё бештар аз қарни ХХ тӯфонӣ хоҳад шуд. Дар ин сурат ба сари миллатҳои чандпора бештар хавфи нобудӣ хоҳад омад. Ин миллатҳо танҳо бо иттиҳоду ягонагӣ, бо барпо овардани давлати миллӣ (як давлати тавоно барои ҳама минтақаҳои зисти худ ё давлатҳои хурдтаре барои ҳар минтақа) метавонанд пояҳои ҳастии худро устувор бикунанд. Тоҷикон дар асри мо иттиҳоди сиёсӣ меҷӯянд ва умед аст, ки ба мурод мерасанд.

Он гоҳ андешаи миллӣ нируи бузурге пайдо карда, миллатро ба иттиҳод, ба мустаҳкам кардани бунёди ягонагии миллӣ сафарбар хоҳад кард. Андешаи миллӣ, агар дуруст ифода шуда бошад, раҳнамои миллат дар муҳимтарин марҳалаҳои таърих аст.

Азбаски минтақаҳои гуногуни ҳамзистии тоҷикон ба эътибори шароити иҷтимоъиву сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва ғайра гоҳ ба ҳам монанданд ва гоҳ аз ҳам фарқ хоҳанд дошт, бешак он ҳадафҳои миллии кӯтоҳмуддату дарозмуддат, нақшаҳои стратегӣ, барномаҳои миллӣ, ки аз андешаи миллӣ сар задаанд, дар минтақаҳо аз баъзе ҷиҳатҳо ба ҳам монанд ва аз баъзе ҷиҳатҳо аз ҳам фарқ хоҳанд кард. Ин албатта рӯйдоде табиъӣ хоҳад буд. Лекин ба ҳар кадоми ин ҳадафҳои миллӣ бо амали созгор ба андешаи миллӣ метавон расид. Дар ин маврид ба назар гирифтани манфиатҳои мардумони минтақаҳои дигар, ба назар гирифтани ҳадафҳое, ки мардумони минтақаҳои дигар дар пеш доранд, зарур аст, то ки ба иҷрои вазифаҳои иҷтимоъии онҳо халал нарасад. Ҳадафҳои миллӣ дар минтақаҳои гуногун наметавонанд бар хилофи якдигар бираванд. Дар минтақаҳо ниятҳои хилофи якдигар пеш гирифтан хилофи ягонагии миллат рафтан аст ва ҳатман хилофи андешаи миллӣ хоҳад буд. Ҳама пораҳои миллати тоҷик дар ҳама минтақаҳои дуру наздик якдиланд ва як ният доранд, сарманзили мақсуди онҳо як аст. Онро андешаи миллӣ муайян мекунад.

Ин ҷо суханро ба поён метавон расонид. Дар охир гӯшрас меоварем, ки муайян кардани андешаи миллӣ, дарёфти он хеле душвор аст ва ифодаи он, баёни дақиқи илмии он боз душвортар. Аз ин рӯ онро пайваста бояд биҷӯем ва бикӯшем, ки дуруст ба қалам оварда бошем. Он чӣ банда ин ҷо баён кардам, қадаме дар роҳи ҷӯяндагист. Чун қадами дигарон аз пай омад, оқибат ба мақсад хоҳем расид. Аз ин рӯ ин матолиб барои назархоҳӣ пешниҳод мешавад.

14 январи соли 2008, Душанбе

23 феврали соли 2009, Теҳрон,

бемористони Меҳр.


Муҳаммадҷон Шакурӣ
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97