ОЁ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ПОЙГОҲИ НИЗОМИИ РУСИЯ БОЯД ИҶОРА ТАЛАБ КУНАД Ё НЕ?!

Сиёсат 22.09.2009 22:38

Нуралӣ Давлат, коршинос:

- Масъалаи пардохти пул барои иҷораи пойгоҳи низомии Русия чанде қабл, дақиқтараш моҳи июли соли ҷорӣ ба миён омад. Ҷониби Тоҷикистон зимни сафари президенти Русия Дмитрий Медведев ба Душанбе ин масъаларо мавриди баррасӣ қарор дод. Аз вокуниши расонаҳои гурӯҳии он кишвар чунин хулоса бармеомад, ки барои Маскав пеш омадани ин маъсала хеле тааҷҷубовар ва нигаронкунанда будааст, зеро дар Русия фикр мекарданд, ки мавҷудияти ин пойгоҳ танҳо ба манфиати Тоҷикистон аст.

Аммо фаромӯш мекарданд, ки ин пойгоҳ дар навбати аввал ба манфиати худи он кишвар будааст. Кремл ба хотири таъмини манфиатҳои Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ чунин пойгоҳро дар Тоҷикистон таъсис намедод.

Русия дигар он нуфузу имкониятеро, ки Кремл дар даврони Иттиҳоди шӯравӣ дошт, надорад. Имрӯз Русия 25 пойгоҳи низомӣ дорад, ки ҳамаи онҳо дар қаламрави собиқ Иттиҳоди шӯравӣ мавҷуданд. Дар ин миён пойгоҳи 4-ум ва ё ҳамин дивизияи 201-ум, ки дар Тоҷикистон қарор дорад, аз муҳимтарин пойгоҳҳои Русия маҳсуб мешавад. Ҳоло Кремл барои иҷораи пойгоҳҳои низомии худ 300 миллион доллар пардохт мекунад. Барои бархе пойгоҳҳои дигар, масалан Байконур, ки маблағи иҷорааш 105 миллион доллар аст, пардохт ба ҳисоби байниҳамдигарӣ сурат мегирад.

Шояд Русия барои пардохти 300 миллион долларе, ки гӯё Тоҷикистон талаб дорад, розӣ нашавад, аммо ба назари ман, дар Маскав хуб мефаҳманд, ки ройгон ҳам аз он истифода бурда наметавонанд. Тоҷикистон ин пойгоҳро дар тирамоҳи соли 2004 ба Русия ба ивази ваъдаи мабалғгузории 2 миллиард доллар инвеститсия дода буд, аммо ҳатто бо гузашти 5 сол Кремл ба ин ваъдааш вафо накард. Аз ин рӯ, пешниҳоди ҳукумати кишвар пешниҳоди дуруст ва мантиқӣ мебошад.


©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97