Султони Ҳамад - рӯзноманигор:
- Бале, бидуни шаку шубҳа бояд бигирад ва ҳарчӣ зудтару ҳарчӣ бештар. Русия дар ҳаждаҳ соли истиқлолият барои Тоҷикистон чӣ кор кард, ки ҳузури бузургтарин пойгоҳи низомиаш дар хориҷ аз кишвараш барояш бояд ройгон бошад? Куҷо шуданд, иҷрои ваъдаҳои пайвастаи раҳбарияти Русия дар масъалаи кӯмакҳои иқтисодӣ? Бунёди ягона иншоот- ниругоҳи барқии Сангтӯда-1 қабл аз ҳама ба манфиати Русия ҳаст. Ихтиёри фурӯши ҳафтоду панҷ дар сади нируи истеҳсолшавандаи барқи ин ниругоҳро онҳо дар даст доранд. Дигар ягон коре барои мо накардаанд.
Баръакс мо барои онҳо ҳанӯз ҳам ғуломвор хизмат карда истодаем. Беш аз якуним миллион муҳоҷири иқтисодии мо дар бадтарин вазъу шароити корӣ дар Русия заҳмат мекашанд. Кореро, ки онҳо мекунанд, ҳамагӣ даҳ дар сади маошашро мегиранд. Чунки ҳамин гуна шароитро барояшон "муҳаё" кардаанд. Мардикорони мо ҳам қонунан таҳти фишоранд ва ҳам ғайриқонунӣ. Аз ин рӯ барои идомаи ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон на танҳо маблағ талаб кунем, балки бояд шарт ҳам пеш гузорем, ки аҳволи ҳуқуқии муҳоҷирони иқтисодии мо дар Русия беҳтар шавад.