ҲАЖДАҲ СОЛ БОЗ БО ДУРӮҒ БА САР МЕБАРЕМ ё ақл шукӯҳи инсон аст

Сиёсат 17.09.2009 15:03

Аввал чизе, ки Ҳақтаъоло биофарид, ақл аст. Пас вайро фармуд пеш ой. Пеш омад. Ва гуфт:- Боз пас шав. Боз пас шуд. Пас фармуд, ки ба иззату ҷалоли ман, ки ҳеҷ халқ гиромитар аз ту наёфтам, ахзу иътои худ ба ту манут (вобаста) кардам ва савобу уқоби худ ба ту марбут гардонидам. Дунёе, ки мо ба сар мебарем, машҳун аз фасоду фисқ аст ва инсонҳо мисли даррандае, ки омодаи даридани якдигаранд, дар ин сарой зиндагӣ мекунанд. Ва агар инсонро Худованд ақл намедод, дар як они воҳид нишонаи зиндагиро дар ин ҷаҳони пурмоҷаро маҳву нобуд мекард. Ақл манбаи идора ва роҳнамои инсон аст, ки онро бидуни илм наметавон ҳосил кард.

Шарофати ақлу илм ин аст, ки ҳар ду ба сони роҳнамое шуури инсонҳоро идора мекунанд ва василаи саъодату хушбахтӣ ва ё бадбахтиву фақру маҳви инсонҳо мегарданд. Ҳамин ақл аст, ки инсон тавассути он метавонад аз файзҳое бархурдор гардад ва қадру манзалатеро дар ҷомеъа касб кунад. Агар ақлу илм набудӣ, инсон бо он ҷуссаи хурде, ки дорад, ба ҳеҷ ваҷҳе наметавонад ҳайвони даррандаеро, ки дар бузургӣ ба маротиб аз ӯ бузургтару дар ниру қавитар аст, мағлуб ва нест намояд. Дар навбати аввал агар шарофати инсон ӯро дар назди ҳайвон мӯҳташам гардонда бошад, аз нуқтаи назари равонӣ манбаъи асосӣ он аст, ки ҳайвон аз ақлу илми инсон дар ҳарос аст, ин падидаро тавассути аъзои ҳиссиётиву равонии хеш дарк мекунад. Ақл имкон фароҳам меорад, ки инсоният ба кашфиётҳои бузурге ноил гардад ва аз ин ҷост, ки гоҳе инсони ҳушманду боақл ҷойгоҳи вижа ва маҳбуберо дар ҷомеъа ишғол менамояд.

Дар ҷомеъаи суннатии мо мафҳуми ақлу илмро мардум ба таври худ ва бар тибқи фаҳмишҳояшон арзёбӣ ва тавзиҳ медиҳанд. Масалан мегӯянд, ки фалонӣ шахси сарватмандест ва ҳамин сарвату зиёдатии пулу мол ҷоҳу манзалаташро баланд бардоштааст ва ӯро инсони ақлманде гардонидааст. Ва ё мегӯянд, ки фалон марди солхӯрда хеле боақлу ҳушманд аст ва месазад, ки аз ӯ сабақи зиндагиву ақлу илму таҷруба омӯхт. Дар асл агар аз мантиқ ва асли маънӣ истифода барем, мебинем, ки мавзӯъ аслан дорои мафҳуми дигарест. Бузургии инсонро на ба сол, балки бо ақли ӯ мешиносанд. Ақл ҷавҳарест аз ҷавоҳирот, ки ҳамеша аз вуҷуди инсони ҳушманд таҷалло мекунад ва ба сабаби зиёдатии таҷрубаи рӯзгор ва андухтани илм самараи ақл бармало мегардад. Ақл инсонро мӯхташам ва обрӯманд мегардонад. Вақте шахс бо инсони ақлманд рӯ ба рӯ мегардад, бешак ақли мусоҳиб ӯро мутеъи худ мегардонад, машрут бар инки шахси муқобил заррае дар вуҷуди худ хамираке аз ақл дошта бошад. Агар мусоҳиб ҷоҳилу кундафаҳму нодону тангназар бошад, сӯҳбати ин ду сард гардида, самаротеро ба бор нахоҳад овард, ки оқибаташ ҷанг асту ҷидолу харошидани қулуби якдигар.

Ҷомеъаи мо дар аксар маврид манзалати инсонҳоро дар сурати онҳо ҷустуҷӯ менамояд ва барои сират аслан ҷойгоҳе боқӣ намемонад. Асли воқеият ин аст, ки шахси оқилу ақлманд кару фару шукӯҳ надорад ва дар назари мардум намоён нест. Баракс инсони ҷоҳил, ки аз кӯи илму ақлу ахлоқ нагузаштааст, салобату кару фарраш ӯро дар назди мардум мӯҳташаму муқтадир гардонидааст. Онҳо мисли зарфи дарунтиҳианд, ки бо андак зарб садое аз худ ихроҷ мекунад. Ин тоифаи мардум бо суханфиребӣ ва чарбзабонӣ, бадҳайбативу босалобатӣ ва маъсияту машкукиву чоплусии худ зимоми роҳбарии раъиятро ба дасти хеш гирифтаанд ва имоматии қавмро ба душ доранд. Сар чунон аст, ки кулоҳ чунин. Мардум кулоҳеро ба сар мегиранд, ки шакли он ба шакли сар мувофиқат намекунад. Имомони давр мисли ҳамон кулоҳҳои чоркунҷаианд, ки дар сари гирду мудаввари мардум нишастаанд ва мехоҳанд бо ин кулоҳҳо сарҳои раъиятро тағйир диҳанд. Ин амалро ба бозии хуку бузина метавон ташбеҳ дод, ки саранҷомаш нохушӣ аст. Ҷаҳолати ин гуна ашхос то ҷоест, ки сухани саҳеҳро дурӯғ пиндоранд ва табъату пайравии ҷаҳлу фисқашон бузургтар аз мартабаи инсонияти онҳост.

Фазилати ақлонии инсон вақте буруз мекунад, агар имконияти солиме барояш муҳайё гардад ва минбари васеъе дар ихтиёраш гузошта шавад. Дар ин сурат инсон ҳусни хулқу дараҷаи ақлонияти худро метавонад намоиш диҳад ва чун ин ҳосил шуд, нафъе ба раъият ва ҷомеъа мерасад, ки ин ҳама ба хотири саъодати инсон ва вазъи зиндагии ӯ равона мегардад. Ҳар чизеро сутуне аст, ки бо такя бар он устувории он тазмин мегардад ва сутуни аслии инсон ақли ӯст ва дараҷоти маъишати ӯ вобаста ба андозаи ақли ҳосилкардааш аст.

Аз бузурге пурсиданд, ки меҳтарӣ наздики Шумо чист?

Гуфт:-Ақл.

Ҳар чизеро шукӯҳе аст ва шукӯҳи инсон ақли ӯст ва ҳар ки дорои ақли солим аст, маърифати ӯ бештар аз дигарон аст. Ҷойгоҳи ишон низ бояд арше дошта бошад ва аз саъодати рӯзгор баҳрае бардорад. Аммо, бо таассуф марди ақлмандро ҷойгоҳе насиб нагардидааст ва девону дадоне, ки ишғоли мансаб доранд, ба ҷуз манфаъати шахсӣ аҳдофи дигареро дар шуури пучи худ ҷой намедиҳанд. Шиори ин тоифа дар зиндагӣ ин аст, ки бо ҳаром хӯрдан меъдаҳои худро пур аз гандида мегардонанд ва барои кирмону мурони лаҳад тӯшаи серғизое омода менамоянд. Агар ин тоифа дар зиндагии худ некие бар раъияти худ накарда бошанд ҳам боке нест. Хидмати ишон пас аз маргашон ба олами набототу ҳайвонот мерасад. Ҷасади пӯсидаи онҳо ғизои хубе бар олами рустаниҳост. Бузурге дар ишора ба ин тоифа мардум гуфтааст:

-Ҳақтаъоло заминро рому мусаххари бандагони худ гардонидааст, на барои он ки аз он ватане ва мустақаре бисозанд, балки барои он ки онро манзиле донанд ва аз он тӯшае бардоранд ва гоми худро аз доми он нигоҳ доранд. Ва ба яқин бидонанд, ки умрашон киштие аст, ки ҷону равони ишонро бо худ мебарад ва ишон дар ин олам мусофиронанд ва аввали манозили ишон маҳад аст ва охири он лаҳад аст ва умр масофати ин сафар аст ва солҳо марҳилаҳо ва моҳҳо фарсангҳо ва рӯзҳо милҳо ва нафасҳо гомҳо.

Мафҳуми ақл мухталиф аст ва ҳамин инсон аст, ки молики аслии ақл аст ва нахустин васфе, ки инсонро аз ҳайвон муфориқат мекунад, ақли комили ӯст. Ақл нурест, ки дар қалби инсон макон дорад ва аз он ҷо инсонро ба дунёи равшанӣ ҳидоят менамояд. Агар ақли инсон комил бошад, ӯ қодир аст илмашро ба дигарон биомӯзонад. Вале на ҳама инсонҳо ақли солим доранд. Дар ҷомеаи мо одатан инсонҳое, ки ақли ноқису ҷаҳонбинву тафаккури тангу мустаъмар доранд, садорати идорот ва сарварии ақшори ҷомеъаро ба дасти худ гирифтаанд. Ин гуна ашхос аслан шарму ҳайё надоранд ва ҳамин беҳаёии онҳост, ки тамоми дарҳам барҳамиҳо эҷод гардида ва ҷомеъа дорад рӯ ба таназзул мениҳад. Ҳатто дар сатҳи баланд ашхосеро мебинӣ, ки бо салобату кару фарр идораи сохторҳои муҳимеро ба душ доранд ва мусаббаби бадбахтиву фақру тангдастии мардуму ҷомеъа гардидаанд. Гузоришоти дурӯғин, хокпошӣ ба чашми роҳбарият ва раъият, эҷоду таҷлили ҷашнвораҳои сермасраф ва ҷалби тафаккури мардум ба сӯи дигар корҳо маҳаки фаъолияти ин гурӯхи масъул аст, ки ҳама аз рафтору кирдор ва амалу ниёти дурӯғи онҳо шаҳодат медиҳад. Ҳамин тавр ҳаждаҳ соли муқарар аст, ки бо дурӯғ ба сар мебарем ва ба умеди ояндаи дурахшон ба фиреби якдигар машғулем ва гӯшти якдигарро аз тан дармеорем.

Дурӯғ ва дурӯғгӯиву дурӯғгӯён бо шарофати имомони давр ба артиши бешуморе табдил ёфтаанд, ки манфиъати шахсиашонро болотар аз ҳама муқаддасот медонанд. Онҳо ба ҳар васила мехоҳанд ақли мардумро тағйир диҳанд ва раъяшонро заъиф созанд. Инсоне, ки раъйи мустақилу мустаҳкам надорад, метавонад ба суҳулат дар ҳар гардише печу тоб хӯрад ва ба махлуқе хатарнок табдил ёбад. Бадхӯи якдигар будани инсонҳо барои имомон аз манфиъат холӣ нест. Зеро идора кардани онҳо осонтару мутеъу пойбанд карданашон барои ишон манфиъатовар хоҳад буд. Аз ин ҷост, ки кас ба дурӯғгӯии инсонҳо мутаваҷҷеҳ намешавад ва ин амалро як падидаи оддӣ қабул мекунанд. Зеро ин ҷо инқилоби ақлҳо тарҳрезӣ гардидааст ва чи қадар ақлҳо тираву зулмонӣ бошанд, идораи раъият бар имомон осонтар мегардад. Дигар инсони бехуд ягона мояву сарвати бузурги худ- ақлро аз даст додаст ва дар ин сарои мағшуш ҳайрону саргардон умед ба ояндаи неки худ надорад.

Пайғомбар (с) мегӯяд: - Бар уммати худ пас аз худ аз се чиз метарсам: -Ситами подшоҳон, чун зулм кунанд, кори маъош номуназзам бошад, имон ба ситорагон, ки саъодати худро аз илми соҳирӣ мепиндоранд ва мункир шудани тақдири некиву бадӣ.

Ин ҳар серо мо имрӯз дорем, мушоҳида мекунем ва ба хубӣ мебинем, ки адолат поймолу мардум ба таври густурда ба илми соҳирӣ рӯ меоранд ва соҳириро мусаббаби хушбахтӣ ва ё бадбахтии худ медонанд ва бо ин амали хатарноки худ аз тақдири азалиашон мункир мешаванд. Дар ин ҷо ақл кайҳост ақлонияти худро гум кардааст ва ҷаҳлу ҷоҳилият ҷойгузини он гардидааст. Ба ривояте замоне кастаҳои Ҳиндустон хушбахттарин мардуми рӯи дунё будаанд ва пас аз рӯ овардан ба илми соҳирӣ хашми Худовандӣ онҳоро фаро гирифта ба бадбахттарин мардум табдил ёфтанд. Худо кунад, ки ақлҳои мардуми моро тирагӣ фаро нагирад ва ҷойгоҳи хешро бо ақлҳои солим дар ҷомеъа ишғол намоянд.


Ибодуллоҳи Оқилпур
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97