Оё ТОҶИКИСТОН БАРОИ ПОЙГОҲИ НИЗОМИИ РУСИЯ БОЯД ИҶОРА ТАЛАБ КУНАД Ё НЕ?!

Сиёсат 18.09.2009 14:40

Сайфулло Сафаров - муовини раиси Маркази тадқиқоти стротегии

назди Президент:

- Масъала танҳо бо гирифтани иҷорапулӣ ҳал пайдо намекунад. Агар Русия чанд ниругоҳи барқӣ дар кишвари мо бисозад ва боз бо назардошти дигар ҳамкориҳо, мумкин аст дар ин маврид тавофуқоте ҳосил бишавад. Зеро муносиботи мо бо Русия танҳо бо пул чен карда намешавад, дигар масоили ҳамкориҳо мо бо Русия дорем, ки ҳам дар масоили байналмилалӣ ва ҳам дар масоили дигари ҳамкориҳо ҳарду кишвар назари яксон доранд. Русия шарики стротегии давлати мо маҳсуб меёбад ва дар бисёр маврид омода ҳам ҳаст, ки ба кишвари мо кӯмак кунад.

Пешниҳоди маблағи иҷора ин шурӯъи кор аст, дар ин миён бо назардошти ҳамкориҳо дар дигар бахшҳо ва дарёфти имтиёзҳо имкон дорад, ки муомила сурат бигирад. Дар ин маврид бояд осемасар нашуд ва пухтакорона амал кард.

Дар мавриди ҳузури низомиёни Русия дар Тоҷикистон ҳаминро мехоҳам таъкид кунам, ки ҳузури пойгоҳи Русия зарурат дорад. Зеро Тоҷикистон аз рӯйи мавқи ҷуғрофиёӣ дар минтақае қарор дорад, ки хатароте аз сӯйи ҳамсоякишварҳо ба он таҳдид мекунад, ба хусус таҳдидҳое аз қабили хатароти терроризм, маводи мухаддир ва ҷумбиши Толибон.


©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97