НОМАИ ДОДИ МОДАРИ ЗОР
Зариф Ализода, ваколатдори ҳуқуқи башари Тоҷикистон дар як мулоқоташ бо расонаҳои хабарӣ, ки рӯзи 19 август доир шуд, гуфт, ки номаи шикоятии модари Ёқуб Салимовро, вазири собиқи корҳои дохила ва аз фармондеҳони пешини Ҷабҳаи мардумӣ ё Фронти халқӣ, ки дар ҳоли ҳозир зиндонӣ аст, мавриди баррасӣ қарор додааст. Ҷаноби Ализода дар ин маврид гуфт, ки ӯ ахиран номаеро аз модари Ёқуб Салимов дарёфт кардааст ва онро мавриди омӯзиш қарор додааст.
Ҳарчанд мавсуф дар бораи ҷузъиёти ин нома ибрози назар накард, аммо гуфт, ки дархости ин сокини кишвар дар чорчӯби фаъолияти Омбудсмен омӯзиш ва баррасӣ хоҳад шуд.
Бояд гуфт, ки номае саркушода аз модари 80-солаи Ёқуб Салимов ба мақомҳои давлатии кишварро расонаҳои хабарии мустақил дар кишвар ҳам мунташир карда буданд, ки дар ин нома модари зор аз вазъи зиндагии писараш дар боздоштгоҳ изҳори нигаронӣ мекард.
Қаблан Аминҷон Салимов, бародари Ёқуб Салимов, дар як нишасти хабарӣ иброз дошта буд, ки модараш муддати даҳ соли ахир фарзанди худро надида ва дар номае саркушода ба Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури кишвар хостааст, барои интиқоли ӯ аз боздоштгоҳ ба зиндон кӯмак кунад.
Наздикон ва вакилони мудофеи Ёқуб Салимов мегӯянд, бо гузашти чаҳор сол аз маҳкумияти ӯ ҳанӯз ҳам Ёқуб аз боздоштгоҳ ба зиндон интиқол нашудааст.
Бо вуҷуди пайваста матраҳ шудани мавзӯи интиқолӣ Ёқуб Салимов аз боздоштгоҳ ба зиндон аз тариқи расонаҳо, то кунун Вазорати адлияи Тоҷикистон, ки масъули иҷрои ин амр аст, ба ин суол посухи мушаххасе надодааст, ҳатто, пас аз судури фармони №622 низ.
Тибқи иттилои масъулони Додситонии кулли Тоҷикистон, дар боздоштгоҳе, ки дар маркази шаҳри Душанбе воқеъ аст, зиндони кӯчаке вуҷуд дорад, ки дар он ҷо Ёқуб Салимов мӯҳлати ҳабси худро сипарӣ мекунад.
ДАР ҚИЁС БО ДИГАРОН ТОҶИКИСТОН БЕҲТАР АСТ
Дар ҳамин ҳол Зариф Алиев, комиссари ҳуқуқи башари кишварамон дар мулоқоти ахираш бо хабарнигорон, ки ба ибтикори Иттиҳодияи журналистон ва Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон доир шуд, вазъи ҳуқуқи башар дар кишварро дар маҷмӯъ хуб арзёбӣ кард. Ӯ гуфт: "Дар муқоиса бо кишварҳои дигар Тоҷикистон дар заминаи ҳуқуқи башар, бахусус, озодии расонаҳо ва озодии баён шароити беҳтаре дорад."
Ин дар ҳолест, ки созмонҳои мудофеи ҳуқуқи башар дар гузоришҳои солонаи хеш пайваста аз вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон интиқод кардаанд. Дар ҳамин ҳол Пайём Фуруғӣ, масъули ҳуқуқи башари Маркази Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Урупо дар шаҳри Душанбе, адами дастрасӣ ба зиндонҳо ва мавридҳои шиканҷаро аз мушкилоти аслӣ дар заминаи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон медонад. Ӯ мегӯяд, дар чанд соли ахир созмонҳои мудофеи ҳуқуқи башар, бахусус, Салиби Сурхи Ҷаҳонӣ, барои ворид шудан ба зиндонҳои Тоҷикистон ва аз ин тариқ ошно шудан бо вазъи зиндониён талошҳое карда, аммо ба натоиҷи дилхоҳе нарасидаанд. Ин мақоми Маркази Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Урупо мӯътақид аст, ки бо пайвастани Тоҷикистон ба Протоколи алайҳи шиканҷаи Созмони Милмали Муттаҳид, мушкилоти мавҷуд дар заминаи зиндонҳо ва мавориди шиканҷа дар кишвар рафъ хоҳад шуд. Аммо Зариф Ализода, ваколатдори ҳуқуқи башари кишварамон мегӯяд, ки ин ниҳод дар заминаи рафъи мушкилоти мавҷуд фаъолият хоҳад кард.
МАРДУМ РӮ БА ОМБУДСМЕН МЕОРАНД
Ба гуфтаи Ализода, ҳамакнун, таваҷҷӯҳи сокинони кишвар ба ин ниҳоди навтаъсис бештар шуда ва теъдоди зиёде аз шикоёти мардум дастраси Омбудсмен гардидааст, ки тавассути мутахассисон мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.
Гузориши Омбудсмен ҳокист, ки мизони шикоёте, ки аз сӯйи сокинон ба ин ниҳод ворид шудааст, дар муқоиса бо шикоёти расида ба мақомоти додгоҳии Тоҷикистон бештар буда ва 80 дарсади он ба мақомоти додгоҳӣ марбут аст.Тибқи итттилои Зариф Ализода, шикоёти расида ба Омбудсмен ба масоиле, монанди баҳсҳои манзил, ҳукми додгоҳҳо ва шароити адои ҷазо, вазъи маълулон ва занон ихтисос дорад.
Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи Зариф Ализода, дар сохтори Омбудсмен ба зудӣ як намоянда ё масъули бахши расонаҳо фаъолият хоҳад кард, ки бештар масоили марбут ба ҳуқуқи башар дар бахши расонаҳо ва дифоъ аз ҳуқуқи рӯзноманигорон аз вазоифи аслии ин фард хоҳад буд. Ба эътиқоди Ализода, озодии расонаҳо ва озодии баён аз бахшҳои умдаи ҳуқуқи башар маҳсуб мешавад, ки ҷавҳари фаъолияти Омбудсмен аст.
ЗОЙИРОВ ОМБУДСМЕНИ НАВ МЕСОЗАД
Дар Тоҷикистон тарҳе барои омӯзиш ва роҳандозии фаъолияти панҷоҳ нафар ваколатдори ҳуқуқи башари мустақил ё "омбудсмени ҷамъиятӣ" оғоз шудааст.
Ин афрод фаъолияти худро дар манотиқи мухталифи кишвар роҳандозӣ хоҳанд кард. Ҳадаф аз ин тарҳ мусоидат ба тавсеаи фаъолияти ваколатдори ҳуқуқи башар ва беҳтар кардани фазои дифоъ аз ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон унвон мешавад.
Раҳматилло Зойиров, раҳбари ҳизби Сотсиал-демократи Тоҷикистон ва раиси созмони ғайридавлатии "Консерсиюми ҳуқуқӣ", ахиран ба ВВС хабар додааст, ки созмонаш иҷрои тарҳи наверо рӯйи даст гирифтааст, ки боло бурдани сатҳи ҳуқуқии сокинони кишвар ва эҷоди муҳити ҳамкорӣ миёни ҷомеа ва мақомоти кишварро ҳадафи худ қарор додааст.
Раҳматилло Зойиров дар ҳамин маврид афзудааст, ки фаъолияти омбудсменҳои ҷамъиятӣ бо фаъолияти Омбудсмени Тоҷикистон зиддият надорад ва баръакс, иҷрои ин барнома ба фаъолияти Зариф Ализода кӯмак хоҳад кард.
Дар чорчӯби ин барнома, ки аз сӯйи Маркази Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо дар Тоҷикистон сармоягузорӣ шудааст, Консерсиюми ҳуқуқӣ интихоб, омӯзиш ва роҳандозии фаъолияти датикам 50 нафар омбудсмени ҷамъиятиро дар назар дорад.
Ба гуфтаи Раҳматилло Зойиров, ин афрод аз миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа интихоб мешаванд ва муҳим нест, ки онҳо чеҳраҳои саршинос бошанд. Танҳо меъёр ин аст, ки чунин афрод мавқеи шаҳрвандӣ ва ҷуръат дошта бошанд.
Қарор аст то охирҳои соли ҷорӣ ин афрод ба давраҳои омӯзишӣ фаро гирифта шаванд ва сипас ба фаъолияти худ оғоз кунанд. Раҳматилло Зойиров афзудааст, ки тибқи ин тарҳ, дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон "қабулгоҳҳои ҷамъиятӣ" ифтитоҳ мешаванд, ки маҳалли фаъолияти "омбудсменҳои ҷамъиятӣ" хоҳанд шуд. Сокинони кишвар метавонанд ба ин "қабулгоҳҳо" ё марокизи вижаи кӯмаки ҳуқуқӣ муроҷиат кунанд ва "омбудсменҳои ҷамъиятӣ" ба мушкилоти онҳо расидагӣ мекунанд. Яъне, ба гуфтаи Раҳматилло Зойиров, ин афрод миёнаравҳое миёни ҷомеа ва мақомот хоҳанд шуд.
Ҷаноби Зойиров мегӯяд, ки эҷоди заминаи иҷтимоии фаъолияти Омбудсмен дар Тоҷикистон аз аҳдофи дигари ин тарҳ арзёбӣ шуд. Вай афзуда, ки бо ҷаноби Ализода сӯҳбате анҷом додааст ва дар ин замина тавофуқоте ба даст омадааст.
Дар чорчӯби ин барнома коршиносони Консерсиюми ҳуқуқӣ дар 15 муҳокимаи пурсарусадои додгоҳӣ ширкат карда ва ба сурати ройгон аз ҳуқуқи афроди муттаҳам дифоъ хоҳанд кард. Натоиҷи мушорикати Консерсиюми ҳуқуқӣ дар ин муҳокимаҳо ва мушкилот дар низоми қазоия дар кишвар таҳқиқ ва ба Омбудсмени Тоҷикистон пешниҳод мешавад.