ЧЕЧЕНОФОБИЯ ВА ЧЕЧЕНҲОИ «ИНОПЛАНЕТЯН» дар бораи "чечен"-ҳо ва на танҳо "чечен"-ҳои тоҷик

Сиёсат 28.08.2009 15:02

…Чеченҳои силоҳбадаст бо мақсадҳои ғаразнок ба Тоҷикистон омаданд. Онҳо кӯшиш карданд, ки пояҳои сохти конститутсиониро дар ҷумҳурӣ ба ларзиш биоваранд. Панҷ нафари эшонро гӯё ба қатл расондаанд, ҳамин қадари дигарро ба асорат гирифтаанд. Ин аз навиштаҳои ВАО-и Тоҷикистон аст. Ва ҳангоме ки ба таври мустанад собит гардид, ки бадхоҳон бо мардуми чечен ҳеҷ иртибот надоранд, хабарнигорон иддаои худро бозпас нагирифтанд, фарзия ба далеле мубаддал гашт, ки инкор нагардид. Чунин "фармӯшхотирӣ"-и хабарнигорони тоҷик ҳеҷ ҷои тааҷҷуб надорад.

Онҳо истисно нестанд. Ҷаҳон кайҳост одат кардааст; ҳама амалҳое, ки зери ин гунбади кабуд ба ин тарз ё он тарз сурат мегиранд, бо чеченҳо иртибот доранд. Ин гургҳо ҳеҷ наметавонанд, ки бинии худро ба ҳама ҷо нахалонанд. Ва ин ҳам дар ҳолест, ки теъдодашон дар ҷаҳон хеле кам аст. Тасаввур кардан душвор аст, ки агар чиниҳо чечен мешуданд, бо сайёраи Замин чӣ ҳодиса рух медод. Ва ё баракс. Албатта, аз лиҳози теъдод.

Чеченҳо кайҳо боз дар тамоми ҷаҳон дар ҳоли таку дав мебошанд. Онҳо ё Уссома бин Лодини гурезпову асроромезро мекобанд, ё супоришҳи ӯро иҷро мекунанд ва ё аз номи ӯ баромад мекунанд. Чунон ки сомонаи интернетии "Ислам.ру" навиштааст: "Шояд танҳо дар Моҳ "террористҳои чеченӣ фаъолият надошта бошанд". Ба наздикӣ "изи чеченҳо"-ро ҳатто дар як кишвари фаромӯшшудаи африқоӣ, ки гӯё дар он ҷо аз хадамоти махсуси Русия пинҳон шуда буданд, низ пайдо кардаанд.

Гоҳе "ҷустуҷӯи чеченҳо" ба латифа таблил меёбад. Аз ин рӯ, ман ҳам аз анекдот сар мекунам. Ва барои ҳама маълум мегардад, ки ягон ҳодиса дар ҷаҳон бидуни ширкати чеченҳо рух намедиҳад. Ва муҳимтар аз ҳама чаро чеченҳо дар ҳама ҷо ҳозиру нозиранд… "Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ. Конслагери Бухенвалд. Сардори онро барои бархурди нарм бо асирон, алалхусус бо асирони шӯравӣ аз кор гирифтанд. Сардори нав тасмим гирифт, ки сахтгирии худро нишон диҳад. Ҳамаро ба майдон бароварданд. Дар як қатор саф кашиданд. Сардор бо қотеият изҳор дошт, ки ҳар нафари даҳум ҷазои сахт мебинад. Не, инро дуруст намефаҳманд. Хар нафари панҷум дафъаи оянда. Ба нафари якум наздик мешавад. "Миллият?" "Рус!" "Парронда шавад!" Ба нафари даҳум наздик мешавад. Ӯ худро белорус муаррифӣ мекунад. "Ба дор овехта шавад". Нафари бистум. "Украин!". "Чор пора карда шавад!" Нафари сиюм: "Чечен!" - асир рост ба чашмони ӯ нигоҳ карда, бо сари баланд посухаш медиҳад. Амр: "Ба камераи газӣ фиристода шавад!". Ногаҳон чечен аз ақиби ӯ садо мекунад: "Рафиқ фашист, рафиқ фашист! Охир ту урупоии мутамаддин ҳастӣ, агарчӣ фашист ҳам бошӣ. Мумкин нест, ки ту бо ман фақат барои чечен буданам ин гуна муносибат бикунӣ. Сардори лагер беихтиёр пас мегардад ва суол мекунад, ки аз ин амри одилона кӣ норизост? "Чӣ гуна одилона - мутаҳайирона суол мекунад чечен. -Дирӯз камераи газӣ, имрӯз боз камераи газӣ. Охир сарам аз ин камераи газӣ ба дард меояд".

Аммо шарҳи ҷиддитари "ҷаҳонӣ будан"-и чеченҳо вуҷуд дорад. Мо ҳама хунрезии Андиҷонро 13-уми майи соли 2005 ёд дорем. Садҳо нафар ваҳшиёна ба қатл расонда шуданд, ҳазорҳо нафари дигар маъюб гаштанд. Президент Путин ва роҳбари ВКХ Русия Лавров изҳорот пахш карда, дар бораи ширкати эҳтимолии террористони чеченӣ сухан ронданд. Ҳарчанд ки ягон далел пешниҳод карда натавонистанд. Гӯё масълаи чеченҳо бо ҳамин муаллақ монд. Аммо маълум гардид, ки дар Узбакистон нафаре зиндагӣ мекунад, ки "ҷаҳонӣ будан"-и чеченҳоро медонад. Ин нафар "сиёсатшинос" Тошпулот Икромов аст. Дар мақолаи худ (барои истифодаи худи узбакҳо) ӯ на танҳо "комилан исбот" кард, ки чеченҳо ба муқобили диктатори хунхор Ислом Каримов мубориза бурданд, балки ӯ исбот намуд, ки чӣ гуна як теъдоди хурди чеченҳо дар тамоми сайёраи Замин аз худ нақш боқӣ мегузоранд. Ба андешаи "сиёсатшинос" сирри ин кор хеле осон аст. Далели бовазни ӯ роҷеъ ба ширкати "размандагони соҳибтаҷриба ва хуб тарбияшудаи чеченҳо" дар ҳодисаҳои Андиҷон ин аст, ки "ягон нафари онҳо ҳангоми пиёда шудани амалиёт на кушта шуда буданду на ба асорат афтиданд".

Гӯё чеченҳо дар ҳама ҷо ҳастанд. Гӯё онҳо ҷовидонианду дастгир карданашон имкон надорад. Дар тӯли 3 соли охир (ҳамин мӯҳлати кӯтоҳро мегирем) чеченҳо дар муқобилат бо абарқудратҳои бузургу хурди ҷаҳони муосир - аз Ҳинду Чин дар шарқ то Мексикаву Амрико дар ғарб ва дар ин миён дар кишварҳое ба монанди Покистон, Афғонистон, Ироқ, Гурҷистон, Озарбойҷон ва Арманистон низ дида шудаанд. Дар Фаронса чеченҳоро ҳатто ҳангоми кӯшиши таркондани бурҷи Эйфел ошкор кардаанд. Дар Испания бошад, онҳо ҳатто гурӯҳи машҳури ЭТА-ро аз сархати ахбори расонаҳо берун кардаанд. Дар Англия тибқи иттилои мақомоти босалоҳияти ин кишвар мехоҳанд метрои Лондонро бо кадом моддаи химиявӣ заҳролуд гардонанд.

Дар лентаҳои иттилоотии ҷаҳон аксар вақт номи Вазиристон ба чашм мерасад. Ин қаламрав миёни Афғонистону Покистон қарор дошта, аз ҷониби қабилаҳои паштун идора мешавад. Артиши Покистон чанд сол боз наметавонад ба онҷо ворид шуда, вазъиятро таҳти контроли худ қарор диҳад. Дарк кардед, ки чаро? Бале, дар миёни Толибони Вазиристон чеченҳо ҳастанд. Соли гузашта баъди тӯли се рӯз роҳбарияти артиши Покистон иддао кард, бин Лодин ва муовини ӯ аз-Завоҳирӣ дар Вазиристон ба муҳосира гирифта шудаанд Аммо баъдан низомиёни ин кишвар гуфтанд, ки дар муҳосира на ин ду нафари номбаршуда, балки "як қумондони олирутбаи чеченӣ" қарор дорад, ки ӯ ҳам тавонист тибқи иттилои генералҳои покистонӣ беному нишон ғайб занад. Дар арафаи ин задухӯрд теъдоди чеченҳое, ки ба муқобили артиши Покистон гӯё меҷангидаанд, ба маротиб бештар эълон гардида буд. Ҳатто теъдоди онҳоро 300 - 400 нафар мегуфтанд. Баъдан Исломобод эълон дошт, ки беш аз 100 нафар ба асорат гирифта шудаанд. Дигарон, чунон ки дар ин хел маврид мегӯянд, дар атроф парешон гашта, дар бораашон ҳеҷ маълумот дар даст надоранд. Чеченҳо барқасди покистониҳо дар миёни асирон пайдо нагардиданд.

Теъдоди "размандагони чеченӣ" аз 300 нафаре, ки дар ахбори покистониҳо зикр мегардид, ба як нафар коҳиш ёфт. Аммо ҳамин як нафар ҳам кофӣ буд, ки дар борааш дар шакли ҷамъ сухан гӯянд. Ба ғайр аз ин, кайҳо боз мушоҳида гардидааст, ки чечен наметавонад ба ҳеҷ ваҷҳ аскари қаторӣ бошад. Бинобар ин, тибқи охирин фарзияи генералҳои покистонӣ эшон ба таври оддӣ наҷангидаанд, балки ба муқобили "қумондони олирутбаи чеченӣ" ҷангидаанд. Ин бояд худ аз худ мушкилоти низомиёнро, ки натавонистанд дар ин амалиёт муваффақият ба даст оранд, нишон диҳад.

Далелҳои генералҳои покистонӣ дар мавриди муайян кардани миллияти "қумондони олирутбаи чеченӣ" аҷоиб аст. Агар ба радиои "Эхо Москвы", ки ба низомиёни покистонӣ истинод мекунанд, бовар кунем, гуфтушунид бо ӯ ҳамзамон ба забонҳои чеченӣ ва узбакӣ доир гардидааст.

Ин ки чеченӣ полиглот шуда, забонҳои бисёрро метавонад омӯзад, ҳеҷ аҷобат надорад. Магар инсонҳои боистеъдод каманд? Аммо ин ки дар миёни низомиёни покистонӣ нафаре пайдо шудааст, ки забони чечениро медонад, далели хеле аҷоиб аст. Чунин ба назар мерасад, ки забони чеченӣ дар баробари забони англисӣ забони байналмилалӣ мешавад. Дар Ироқ, Афғонистон ва Покистон гурӯҳҳои даргир забони чеченӣ меомӯзанд. Барои он ки рост ё дурӯғ гуфтани фирорӣ муайян шавад, урупоиҳо маҷбур мешаванд, калимаҳои чечениро аз ёд кунанд. Фирориҳо ҳам чеченӣ меомӯзанд, то ки аз сӯҳбат гузаранд. Кор то ҷое расидааст, ки баъзан сиёҳпӯстони Замбия низ худро чечен эълон мекунанд. Барои исбот кардани ин иддао калимаҳои зиёди чечениро ёд мегиранд.

Собиқ сарвазири Англия Тони Блэр савганд ёд мекард, ки дар Ироқу Афғонистон ба муқобили артиши Англияву Амрико чеченҳо меҷанганд. Бинобар ин нирӯҳои эътилоф дармондаанд. Рӯзномаи The Daily Telegraph дар ҳамон соли 2005 иттилоеро пахш кард, ки метавонист ҳамчун сенсатсия шинохта шавад. Бо истинод ба манбаъҳои худ дар хадамоти махсус рӯзнома эълон дошт, ки Ирон ба муҷоҳидони чеченӣ методҳои мураккаби муборизаи террористиро меомӯзонад, то ки онҳо ба муқобили артиши рус ҳамлаҳои муваффақро анҷом бидиҳанд. Тибқи иттилои The Daily Telegraph (бо истинод ба манбаъҳои номаълум дар хадамоти ҷосусии ғарбӣ) муҷоҳидони чечен таълимро дар лагери имом Алӣ, воқеъ дар назди майдони Таҷриши шаҳри Теҳрон мегузаранд. Аммо ҳоло ин ҳам кам аст. Ба ғайр аз ин, чеченҳои суннимазҳаб тасмим гирифтанд, ки шиа шаванд, зеро "дастури идеологиву сиёсиро аз муллоҳои иронии ҳавзаи Қум мегиранд".

Кишвари дигаре, ки дар он чеченҳоро камтар аз Ироқ "мушоҳида" накардаанд, Афғонистон аст. Дар ин кишвар чеченҳо ва лагерҳои тарккардаи онҳоро "доир ба тарбияи террористҳо" шоҳидоне, ки дар ҷаҳон ҳамчун шоҳидони объективӣ ном баровардаанд, дастнишондаи амрикоиҳо Карзай ва наркобарон Дӯстум ва хабарнигори англис Анатол Ливен дидаанд. Ин хабарнигор чунон ки худаш менависад, замоне ба "чеченҳо" дил баста буд, аммо акнун пушаймон шудаву имрӯз чеченҳоро мисли зани бадқаҳре, ки шавҳарашро дар мурофиаи ҷудошавӣ дар додгоҳ фош мекунад, ифшо мекунад. Ва ахиран, ҳузури чеченҳоро дар Афғонистон боз Тони Блэр шоҳидӣ дод. Чеченҳоро чунон ки дар боло зикр кардем, аксаран дар Покистон "мушоҳида" мекунанд. Ҳузури онҳоро генералҳои зиёд ҳам аз артиш ва ҳам ВКД шоҳидӣ додаанд. Масалан, дар тӯли соли гузашта, онҳоро на танҳо диданд, балки лашкаркаши забардасти покистонӣ, генерал Сафтар Ҳусейн, стратег ва тактики машҳур Шавкат Султон ва инспектори генералии Балуҷистон Чаудҳури Ёқуб бо онҳо дар набард буданд.

Аммо чеченҳо на танҳо ин ҳамлаҳои ин се нобиғаи илми низомиро гардонданд, балки дар майдони ҷанг ҳатто ягон ҷасадро боқӣ нагузоштанд. Агар як нафарро, ки Дониёр ном дорад, истисно кунем. Дар бағали Дониёри мурда китоби "Химия" барои синфи 8 бо забони русӣ пайдо гардида буд. Генералҳои покистонӣ фавран ба ин хотир нишасти матбуотӣ доир карда, гулҳои сари сабади расонаҳои ҷаҳониро даъват намуданд. Онҳо эълон доштанд, ки толибон бо роҳбарии инструкторони чеченӣ ҳамали кимиёиро ба ранчои Ҷорҷ Буш дар Техас тайёр мекардаанд. Аммо баъдан таъсири ин нишасти матбуотиро коҳиш доданд, зеро эълон доштанд, ки ин "Дониёри химик" шаҳрванди Узбакистон аст.

Чеченҳо аз назари худ Ҳиндро низ канор нагузошта, тамоми потенсиали нирӯҳои баҳрии ин кишварро ятим монданд. Ба Ҳинд танҳо як нафар чечен ҳамла кард, аммо ин чӣ гуна чечен буд. Ин чечени ношинос, ки барояш тамоми расонаҳои гурӯҳии ҷаҳон саҳифаҳои аввали худро бахшида буданд, дар Ҳинду Амрико ҳангома ба вуҷуд оварда буд, аммо баъдан чечен ба таври ногаҳонӣ нопадид гашт. Қабл аз нопадид гаштан ӯ қариб буд тамоми адмиралҳои Ҳинд ва витсе-адмирали амрикоӣ Ҷеймс Метсгерро, ки барои мулоқот бо онҳо ба Бомбай омада буд, ба роҳи реинкранатсияи он дунёӣ бифиристад. Пулиси боэҳсоси Ҳинд ин чеченро чунин тасвир кардааст: "Ӯ қоматбаланд буда (қариб 2 метр қад дорад), дар тарафи рости рӯяш изи ҷароҳат аст. Шояд қаблан ин чечен дар нирӯҳои баҳрӣ хизмат карда бошад". Гӯё гурги воқеии баҳрӣ аз Бомбай рост ба романҳои Рафаэлло Сабатини доир ба роҳзанҳои баҳрӣ даромада бошад.

Чинро ҳам чеченомания (ё чеченофобия-чеченбадбинӣ) фаро гирифтааст. Дар тӯли солҳои охир датсибао ба таври ҳамешагӣ хунвэйбинҳо ва дигар шаҳрвандонро тарсонда, мегӯяд, ки асоси гурӯҳҳои шӯришиёни уйғурро чеченҳо ташкил медиҳанд. Аз Чин ин шавқи уфологӣ ба Қазоқистон гузашт. Ба ҳар ҳол кадом генерале, сардори Кумитаи давлатии бехатарӣ он қадар "чеченҳои террорист"-ро дар қаламрави ин ҷумҳурии паҳновар ифшо месозад, ки онро ҳатто пропагандистҳои рус муболиғаи беҳад шуморидаанд.

Ҳатто Исроил низ, бо вуҷуди эҳтиёткориаш дар қабули ғояҳои бегона аз ин мавзӯи ҷолиб дар канор намонд. Шабакаҳои телевизионии Русия (дар соли 2003) бо иштиёқи зиёд сӯҳбати нафари лоғарандомеро дар либоси афсарӣ, ки бо лаҳни меланхоликӣ мегуфт, ки артиш ва хадамоти махсуси Исроил аз вуҷуди чеченҳо дар сафи "террористони фаластинӣ" хеле дар ташвишанд, намоиш дод. Ҳамзамон қайд карда мешуд, ки чеченҳо аз террористони дигар бо "бебокии бесобиқа"- и худ фарқ карда меистанд ва барои мисол чанд ҳодисаи аҷиб нақл карда мешуд.

Аммо чеченҳо вақте ки дар миёнаҳои моҳи октябри соли 2004 дар ҳайати 25 нафар дар сарзамини Мексика фуруд омада, аз онҷо ба дарунтари ИМА роҳ гирифтанд, ҳамаро қоил карданд. Хабарнигори "Вашингтон пост" Билл Гертс (муаллифи ин сатрҳо дар Вашингтон шахсан бо ӯ рӯзи нашри хабар дар идораи рӯзнома мулоқот дошт) нақл кард, ки чеченҳо бо аслиҳа ва кӯлборҳои вазнин то "ноҳияҳои кӯҳии иёлоти Аризона" расидаанд ва дар он ҷо худро аз ҳама гуна воситаҳои таъқиботи заминию кайҳонӣ эмин доштанд. Ончунон хуб паноҳ шуданд, ки ҳарчанд дар Қасри сафед воҳимаи зиёде барпо намуда буданд ва дар шаш иёлот ҳолати фавқуллода эълон гардиду ҳама хадамоти гумрукию сарҳадӣ ва ҳамчунин ФБР ва як қисми гвардияи миллӣ ба по хезонида шуд, то ҳол онҳоро ёфта наметавонанд.

Дар қиёси ин амалиёти дуру дароз мавҷуд будани дастаи чеченҳо дар дараи овозадори Панкис дар Гурҷистон ҳангомае ба вуҷуд оварда наметавонад. Дар яке аз мурофиаҳои судӣ бар зидди Зара Муртазалиева ("мехост" шаҳри Маскавро аз рӯи замин нест кунад) дар қатори далелҳои аҷиби дигар (масалан, Зара дар синни даҳсолагиаш аллакай дар ҳайати қувваҳои мусаллаҳи Чеченистон ҷанговари ботаҷриба буд) маълумотҳое ошкор гардиданд, ки "базаҳои террористии чеченҳо" қариб ки пойтахти Озарбойҷон- шаҳри номдори Бокуро ба ҳалқа гирифтааст. Дар ин базаҳо таълимгоҳҳои техникӣ кушода шудаанд, ки дар онҳо инструкторҳои маккори араб фидоимардон ва фидоизанони ояндаро ҳунари пиротехникӣ меомӯзанд. Зараро, бидуни тафтишоти зиёд, нӯҳ сол аз озодӣ маҳрум карданд. Аммо "базаи чеченҳо" аз ин зарар надид ва то ҳол бомуваффақият амал мекунад. Сарчашмаҳо дар Арманистон мегӯянд, ки "ҷанговарони чечен дар се деҳаи ноҳияи Шаумяни Ҷумҳурии Қарабоғи кӯҳӣ ва ҳамчунин деҳаи Садараки Ҷумҳурии мухтори Нахичеван ва деҳаи армании Артсвашен лагерҳои ҳарбии худро таъсис додаанд".

… Бовар кунед, ин аз ҳама хурдтарин далелҳоест аз азолилиятгардонии чеченҳо ва чеченигардонии дунё. Хонандаи азиз, худат андеша намо, барои чеченҳо, ки худ барои соҳибистиқлолӣ 400 сол мубориза кардаанд, барои ҷудо кардани иёлоти Кашмир аз Ҳиндустон ҷангидан чӣ лозим аст? Ҳарчанд чеченҳо (дар таҷрибаи талхи худ бештар аз дигарон дар рӯи замин таъзиқи давлатҳои мустамликадорро медонанд) ба онҳое ки барои истиқлол ва озодӣ мубориза мебаранд, ҳамдардӣ мекунанд. Барои чеченҳо чӣ лозим аст, фронтҳои Ичкерияро, ки дар он истилогарон ва душманони миллат бедодгариҳо мекунанд, холӣ гузошта, ба шиаҳо (қисми зиёди аҳолии Ироқ, бинобар фарзияи Тони Блэр), ки дар якҷоягӣ бо сунниҳо бе ягон тир кушодан ба ҷониби истилогарон президенти кишвар (ҳамчунин ҷосуси КГБ) Саддом Ҳусейнро бо генералитети таърифияш супориданд, дил бубанданд.

Агар толибон қариб, ки бе ҷанг ҳукуматро дар Афғонистон ба амрикоиҳо ва маъмурияти лӯхтакмонанди Карзай супориданд ва танҳо баъд аз ду сол кӯшиши танзими амалиётҳои партизаниро намуданд, чаро ҳатман ташаббускори ин мубориза на худи толибон, балки чеченҳо бошанд?

Ва ё чаро писарони офтоб - ҷопонҳо безобита шуданд? Чӣ, чеченҳо барои қасд гирифтан аз шикасти русҳо дар Сусима ҳуҷум карданд? Фақат як чечен кадом вақте дар ин ҷо иқоматгоҳ ёфта будааст. Ду карат ҷемпиони Иттиҳоди Шӯравӣ оид ба бокс Рамазон Себиев. Ва Рамазон дар рӯзҳои ба шумор ба номи худ изофаи навозишкорона бигирифт ва Рамзан-сан шуд.

Ҳамчунин галҳои сарбаланд низ ба изтиробу ҳарос афтоданд. Чеченҳо шуҷову нотарсанд (ин хислати эътирофгардида ва тасдиқшуда аст) ва мисли геббелсҳои Путин девона ва ба хиёнат қодир нестанд. Дар кадом ақли бемор чунин ақида пайдо шудааст, ки чеченҳо барои куштор ва террори франсузҳо ба соҳили Сена меоянд? Ва умуман чӣ лозим "буридани он шох", ки баъзан ягона аз он сарзамин (Иттиҳоди Урупо, Ассамблеяи порлумонии Иттиҳоди Урупо) барои муборизаи чеченҳо барои истиқлол садои дастгирию ҳамрайъӣ садо медиҳад. Ва дар ин "эпопеяи чеченҳо дар Франсия" аз ҳама номафҳумаш он аст, ки чаро франсузҳо ба ин бозиҳои ифлоси ФСБ-и Русия бовар мекунанд?

…Аз оғоз матлабро ба шӯхӣ, яъне латифа, оғоз намуда, дар охир ҷиддӣ анҷом медиҳам. Кӣ дар ёд надорад ва ё намедонад, ки як таърихчаи афсонамонанди аҷибе ҳаст. Шабона бечорае як суми охиринашро гум кардааст. Дар партави чароғи кӯча хеле мекобад. Ҳамин вақт як нафари дигар омада мепурсад, ки "тахмин дар куҷо гум кардӣ?" Он мард ба тарафи дигар, ки комилан торик аст, ишора мекунад. "Ту одами аҷоиб будаӣ, пас чаро онро дар ин ҷо мекобӣ?". "Ин ҷо равшантар аст!" То ҳол, ба ғайр аз гап, дар тамоми дунё ягон бор (?!) ягон чечени мурда, маҷрӯҳ ва ё асирро ҳамчун далел аз намояндаи ин миллат, ки гӯё гранатомёт сари китф дар ақсои олам мегардад, пешниҳод накардаанд…

Акнун ниҳоят ҷиддӣ. Агар ҳатто президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз минбари Ассамблеяи генералии СММ квота - "ҷой"- и чеченҳоро дар кишвару давлатҳо пешниҳод намояд ҳам, ба Тоҷикистон ҳатто даҳ чечен ҳам намерасад. На барои он ки дар СММ касе Тоҷикистонро эҳтиром намекунад, не, ин қадар чечен аслан вуҷуд надоранд. Хулоса, чизи гумкардаро на дар ҷойи равшан, балки дар ҷойи гумкарда кофтан лозим.

Тасҳеҳ: Духтараке, ки дар акс мебинед, бинобар баъзе овозаҳо дар Тавилдара будааст ва ноаён ғайб задааст. Эҳтимол, чечендухтар буд. Дигар кӣ ҳам мешуд!


Турко ДИКАЕВ
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97