18 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ, 19 СОЛИ ҲДТ ВА ҲАВОДИСИ ШАРҚИ КИШВАР

Сиёсат 26.08.2009 13:49

Ё ташаккуле бо номи Ҳизби демократи Тоҷикистон вуҷуд надорад!

Ҳафтаи гузашта ҲДТ 19 сола шуд. Ҳизбе, ки аз он асосан ном боқӣ мондааст. Ин ҳизб дар поёни бозсозии Горбачёв ва баъд аз Қонуни асосии СССР ҳазф шудани банди шаш, ки нақши Ҳизби коммунистро чун ҳизби пешбар эътироф мекард, зуд ба майдон омад. Зеро мардуми солҳо аламдор аз низом як сӯ, донишмандон ва андешамандони миллӣ аз сӯйи дигар ва дар паҳлӯйи онҳо унсурҳои ранҷур аз ҳизби Коммунист, омодаи мушорикат барои тағйири низом буданд.

Ҳам нирӯҳои ислоҳталаб, ҳам нирӯҳои миллӣ ва мазҳабӣ ва ҳам онҳое, ки муборизаашон барои танҳо ва танҳо вазифа буд, вақте шиор медоданд, ҳадафашон беҳбуди авзоъ ва рифои беҳтар буд ва умедвори як зиндагии хубтар ва шоистатар буданд. Шиор ва ҳадафи ҳеҷ касе ба манзури вайронӣ, боло рафтани қимматҳо, бенизомӣ ва зери по шудани ҳаққи мардум набуд.

Ин ки имрӯз дар ҳарҷу марҷ ва сар задани бенизомӣ ва билохира ҷанги дохилӣ нирӯҳои миллӣ ва истиқлолталабро муттаҳам мекунанд, асосе надорад. Билкул. Айби аслӣ аз ҳукумати вақт буд. Он ҳукумат мебоист, амнияти замони гузариш аз як низом ба низоми дигарро таъмин мекард. Он ҳукумат мебоист, ҳамаи таҳаввулоти эҳтимолии иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодиву фарҳангиеро, ки имкони сар задан дар замони гузаришро дошт, пешбинӣ мекард. Ду ҳукумати Қаҳҳор Маҳкамов ва Раҳмон Набиев тавҷеҳе барои мубарро донистани худ дар ин заминаро надоранд. Ба ибораи Тоҳири Абдуҷаббор (раҳмати Худо бар ӯ бод) "агар Тоҷикистон ҳукумате медошт, ҳеҷ гуна ҷанге сар намезад". Рӯзе ҳатман додгоҳи боадолати таърих ба ин пурсишҳо посухи дақиқ хоҳад гуфт. Ҳар гуна баҳона дар ин замина қабул накарданист.

Ҳарфи аслӣ сари ин аст, ки акнун давлат бояд аз нигариши қаблӣ сарфи назар ва бистари муносиберо барои таҳқиқ, пажуҳиш ва ҳақиқатёбии таърихи муосир омода кунад.

Мисол; ин ки мегӯянд, ҳукумат нирӯе барои посух гуфтан ба чолиш ва хушунатҳоро надошт, дурӯғ аст. Аввал ин ки, агар ҳукумат медоштем, кор ба хушунат намекашид. Дигар, агар ҳатто кор ба хушунат кашид ҳам, ҳукумати вақт қудрати посух гуфтан ба чолишро дошт. Мисол: Дар таърихи навини Тоҷикистон баъд аз Ҷанги дувуми ҷаҳон танҳо дар феврали соли 1990 нирӯҳои изофӣ ба кӯмаки милисаи Тоҷикистон аз Макав расиданд. То он ва баъди он ҳам нирӯҳои милиса ва амнияти Тоҷикистон кафили субот ва оромӣ набуданд? Буданд! Имрӯз ҳам нисфе аз милисаҳои мо милисаҳои замони шӯравианд. Чаро истифодаи аҳсан аз онҳо нашуд?

Мегӯед, вазирон ба ҳарфи раиси ҷумҳур амал намекарданд? Шояд. Аммо ин боз ҳам кӯтоҳии кист? Аз вазир? Магар вазир узви ҳукумати раиси ҷумҳур набуд? Бале, ба ҳар баҳонае даст назанем, боз ҳам ба ҳукумат бар мегардем. Он ҳама таърих, ки дар мавридаш баҳонасозӣ шуда ва мешавад, шабеҳ ба ҳаводиси ахири шарқи Тоҷикистон буд. Фақат ин ҷо иродаи мақомот ғолиб омад. Агарчанд дер. Аммо боз ҳам агар доманаи ин нооромиҳо ба ҳудудҳои бештар мекашид, мардуми бештаре кушта мешуд, роҳҳои бештаре банд мемонд, гуруснагӣ дар ҳар ҷое сар мезад, магар натиҷаи беиродагии ҳукумат намебуд? Дақиқан. Ин ҷо ҳукумат ба рисолати худ амал кард. Бо чӣ ангезае, ҳоло ин муҳим нест. Муҳим ин аст, ки хушунатҳо идома пайдо накард. Агар аз инсоф ва адолат нагузарем, ҳақиқат ҳамин аст. Ин ба маънои пуштибонӣ аз ҳукумат не, балки воқеият аст. Агарчанд ба навҳаи баргузории амалиётҳо метавон эътироз дошт, ки мавзӯйи баҳси дигар аст.

Аммо чӣ тур шуд, ки 24 ҳазор милисаи соли 1992 ба ҳадди аксар 200 силоҳбадаст натавонистанд, муқобила кунанд?

Надонистани қонун ҷавобгариро осон намекунад, бале? Не, намекунад! Аммо савод ва дониши нокифояи аъзои ҳукумат, ки натавонад, ояндабинии таҳаввулот ва барномарезӣ барои ҷилавгирӣ аз хушунат ва ҷанги дохилиро дошта бошад, бояд ҷавобгарии аъзои ҳукуматро дар назди миллат ва таърих соддаву осон кунад? Мантиқ куҷост?

То як моҳи дигар 18 сол аз умри ИСТИҚЛОЛИ Тоҷикистон сипарӣ мешавад. Яъне он ба сатҳи балоғати комил мерасад. Вале ҳақиқатамон ноқис ва андешаву иродаамон боз ҳам мисли ҳукумати солҳои аввали навад нокомил хоҳад буд, агар таҳаввулоти аввали солҳои навад баҳои дурусти ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва инсофӣ нагирад. Ин ақида, ки ҷанги дохилии моро хориҷиҳо ҳезумкашӣ мекарданд, дуруст аст, аммо он шиор умдатан барои даст ёфтан ба сулҳ ва ризоияти миллӣ зарур буд. Ҳоло, ки ин субот ба даст омадааст, бояд навоқис ва камбудиҳои худро низ бозгӯ кунем, ки дарсе барои ояндаҳо шавад... Худо нигоҳ дорад аз он рӯзе, ки ояндаҳо гуноҳи моро таҳқиқ кунанд. Иқрор ҳам кори мардон аст.

Дигар, ҲДТ, ки тақрибан ҳамсини истиқлоли Тоҷикистон аст, умдатан бетаъсир шуда. Агарчанд, бархе аъзои ин ҳизб шиори истиқлол додаанд, аммо натавонистанд бо мушкилоти Тоҷикистон то 18 сол ҳампойӣ кунанд. Ин ҳизб, ки зодаи эҳсос буд, ба ҳамон зудие, ки гуфтем таъсис шуд, мунҳал ва беасар шуд. Ин ҳизб ба унвони як ташаккули сиёсӣ, то ҳудуди як сол баъди таъсисаш ба навъе мустақил буд. Аммо бо шурӯи ҷанг ба ҷойи раҳбарони он, Нурӣ ва Тураҷонзода тасмим мегирифтанд. Ва дубора истиқлоли нисбии ин ҳизб ба худаш вақте баргашт, ки Муҳаммардӯзӣ Искандаров ба раёсати он расид. Аммо боз ҳам дер давом накард...

Ҳақиқате, ки то кунун инсофан ба он ишора нашуда, ин аст, ки ҲДТ худ як ташаккули баромада аз батни Растохез аст. Агарчанд Тоҳири Абудҷаббор ба далели фаросат ва таҳаммулпазирии худ ҳеҷ гоҳе ба сурати оммавӣ ин изҳорро накарда буд, аммо аксари онҳое, ки иқдом ба таъсиси ҲДТ карданд, аъзо ё ҳаводорони Растохез буданд, ки аз сиёсати нарм ва таҳаммулпазирии Тоҳири Абдуҷаббор норозӣ буданд. Чун Тоҳири Абдуҷаббор шиораш на мансаб ва ҳукумат, балки истиқлол ва рифоъ буд, чунин чизе гурӯҳҳои тундравтарро қаноъат намедод. Аз ҷониби дигар, Растохез як созмони сиёсӣ ва иҷтимоӣ буд ва расман ҳаққи талош барои ҳуқуматро надошт. Ва аз ин рӯ, ҳукуматхоҳон ва мансабталабон умдатан аз Растохез ба ҲДТ кӯч бастанд. Бо гузашти 19 сол аз умри ин ҳизб ин ақида бештар тақвият мешавад, ки агар демократҳо ақидатӣ мебуданд, ташаккулашон аз миён намерафт.

Аммо ин туда умдатан аз баданаи Растохез берун омада ва бештар шиораш зиди ҳукумат ва ҲК шуд ва дар амалашон навъе қудратгароӣ ва тамоюле барои ҳукумати сиёсӣ тақвият мешуд. Дар ҳоле, ки шиори Растохез ҳамчунон истиқлол, пойдории андешаи миллӣ ва озодии андеша ва ҳимоят аз арзишҳо боқӣ монд. Вале ҲДТ ҳамин тавр, ҳизбе нест, ки акнун ё дирӯз дар ҷараёни мубориза таҷзия шуда бошад. Ин ҳизб бо пора кардани баданаи ҷунбиши Растохез зода ё таваллуд шуда буд.

Албатта, ин иттиҳомро наметавон ба номи ҳамаи аъзои ин ҳизб зад, ки дар сиёсатгузориҳои он нақше надоштанд. Садҳо ва ҳазорон нафар бо дили соф ва умедворона аз ин ҳизб пайравӣ мекарданд. Ва ҳанӯз ҳам дар пайкоранд. Аммо аз он ҳама ҳамҳамаву дағдағаву ғурур, ки ин ҳизби профессорони донишгоҳу шоиру нависанда дошт, ҳатто, ба истилоҳ як Мулло Умари кӯр ҳам номбардори он боқӣ намондааст.


"Миллат"
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97