ё "Иттиҳодбозӣ" бас нест?!
Вожаи "иттиҳод" шояд болотар аз ҳама вожаҳои накӯ ва дӯстдоштаи халқҳои олам ҳам набошад, дар як радиф бо он ҳамин гуна вожаҳое қарор мегирад, ки "мақсадаш накурӯзии…инсонҳост!". Ин вожа ба як маъно фаҳмида шавад ҳам, дар зер маҳфуҳмҳои нуҳуфта ба ин ранг андешаҳо… дорад. Яъне, ба таври мӯъҷазу мушаххас: "Иттиҳод-рамзи пирӯзист!", агар он дар асл Иттиҳоди воқеиву шаффоф бошад…
"ИТТИҲОДИ БУЗУРГТАРИН" - СССР КУҶО ШУД?!
Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сусиёлистӣ (ИҶШС-СССР) ҳам рамзи пирӯзиву комёбиҳои ҷамъ-15 ҷамоҳири "баробару бародар" буд? Ҳаргиз ин тавр набуд ва то охирин "рӯзи фавташ" ҳам чунин нашуд. Вагарна, ки мехост "он аз ҳам резад?" Яке бародари калонӣ буду дигаре бародари угай, дуву сейи…дигар чун писархолаву дигаре бачаи аз падар ҷудову аз модар қаттӣ… Агар вазифаи ҷумҳурие истеҳсоли ашёи хом буд, дигаре онро ба маҳсулоти тайёр табдил медод, саввумӣ нархмону ба куҷо сарфу фурӯши он хӯҷаинӣ мекард. Пас, ҳуқуқи аз ҳама бештарро дар миёни халқҳои бародару "баробар" оне дошт, ки маҳсулотро хӯҷаинӣ мекард. Дар кадом соҳоте нагирем, ҳуқуқи яке аз дигаре фарқ мекарду дар як паллаи тарозу набуд! Соҳаи ҳарбиро бигирем; дар артиши "сар то по оҳанин" генералу адмиралу фармондеҳон русу украин буданду як ду гурҷиву арманӣ. Тоҷик "болотар" старшина мешуд, узбак сарошпази қисм, подабон -қирғиз ё туркман… Ин "баробарӣ" дар Иттиҳоди муқтадири Шӯравӣ буд. Дар пойтахти ҷумҳурие "бародар" хонаҳо танҳо аз бетон сохта мешуданд, дар "наздиктаре" аз мармар ва аз ҳама "бачаи эрка" аз санги хорову хишти пухта… Магар ин шарофати "баробарии бародарҳо" буд?
Магар ба ёди сарони Политбюро (Бюрои сиёсӣ) давоми 70 сол омад, ки котиби аввали Тоҷикистон ва ё Туркманистон "аъзо ва ё номзад ба аъзогии ин "Штаби Олӣ" бошад?!... Давоми ин муддат ҳеҷ наомад ва 100 соли дигар низ аз Тоҷикистону Қирғизистону Туркманистон "сарварашон" аъзои Политбюро яқин, ки намешуд. Ин маънои онро надорад, ки мо ҳаваси аъзо шудан ба ин Ниҳоди ҳукфарморо доштем, балки алам мекард, ки чаро сарварони моро баробар бо Қунаеву Мжаванадзе ва ё Шербитский намедонанд (Инҳо котибони вақти аввали Қазоқистону Гурҷистону Укроин буданд). Ин ҳам дар пайи сиёсатҳои "баробарӣ" буд!
Метавон садҳо мисолу арқом дар ростои фиребу найранги ин "Иттиҳоди баробариву дӯстии абадзиндаи халқҳои СССР" овард. Вале агар ки ин Иттиҳод дар ҳақиқат Иттиҳод мебуду ҳама аз як чашм дида мешуд, аз ҳам намерехт ва умри кӯтоҳ намедид.
Аз ин рӯ, имрӯз хеле аз мо аз шунидани вожаи "Иттиҳод" "аллергия" дорем. Зеро пас аз шикастану аз ҳам рехтани ин Иттиҳоди нобаробар, дарҳол ҳанӯз нафаси озод нокашида, Иттиҳоде дигар тавлид шуд, ки ИДМ (СНГ) номаш гузоштанд, яъне Иттиҳоди давлатҳои мустақил. Дар ин ҷо низ саҳми он "бародарони аз мо "се-чор сол калонтар…" - Русия, Укроин ва Белорус хӯҷаинӣ карда, 12 бародари "қаҳркардаро" ба аъзогии оилаи хеш хонданд. Ҷамоҳири назди Балтик, ки аз ин гуна "Иттиҳод" сад безор буданду анқариб 70 сол "маззаи" онро чашида буданд, аз ин Иттиҳод рӯ тофтанд.
СНГ (ИДМ)-И БЕЧОРА!
Иттиҳоди навташкил-ИДМ агарчанде аз ИҶШС ба куллӣ фарқ дошт, дар оғоз шаккоконаш аз "дӯстдоронаш" камтар буданд, ки тез таъсис ёфт. "Дӯстдоронаш-халқи меҳнаткашу оддиву соддаи ин ҳама 12 ҷумҳурии ин Иттиҳод буданд. Ин доираи аҳолӣ гумон доштанд, ки ин Иттиҳодаш шояд беҳтар аз СССР бошад. Агарчӣ аз онҳо касе ҳам намепурсид. ИДМ-ро аслан 3-4 ҷумҳурии аз рӯйи масоҳат бузургтар ва қудратмандтари собиқ ИҶШС ташкил карданду ба "бозии навбатӣ шурӯъ карданд".
Аммо маззаи ИДМ-ро ҳам чашидем. Ва имрӯз суоле матраҳ мешавад, ки аз ташкилшавии ин Иттиҳод, яъне ИДМ ба Тоҷикистон чӣ суде расидааст?! Вале паллаи тарозу аз суд дида, зарарро бештар нишон медиҳад. Зеро ин Иттиҳод аз ИҶШС-и пештара камтар фарқ дорад ва дар ин ҷо низ аз бародариву баробарӣ дида, бештар муносибати бародари бузург ба бародари хурд эҳсос мешавад.
Инак, барои дуввумин бор аст, ки дар таърихи начандон тӯлонӣ мо "шаҳди Иттиҳодро мечашем" ва ҳар гаҳе, ки бо ин вожа рӯ ба рӯ мешаваем ва ё онро мешунавем, эҳсоси хастагӣ аз ин "Иттиҳод"-бозиҳо мекунем.
Аз ин рӯ, Иттиҳодҳоро дар тарозуи ақлу идрок санҷида, ба хулосае омадан мумкин аст, ки бе ҳамин гуна Иттиҳодҳои нобаробар ҳам метавон дар асоси баробариву дӯстӣ, ҳусни тафоҳум бо ҳар давлате дар ҳамкорӣ бошем, шарикии стротегӣ дошта бошем ва зиндагии осоиштае дошта бошем. Чун об рӯшан аст, ки аз ин "Иттиҳодбозӣ" бештар бохтаем то ин ки бурде дошта бошем.
ОЁ ИТТИҲОДИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁИ
МАРКАЗӢ ЗАРУР АСТ?!
Хабар ёфтем, ки ҳамсояҳои мо ва бахусус Ҷумҳурии Қазоқистон "Иттиҳод" сохтанист, бо унвони Иттиҳоди Давлатҳои Осиёи Марказӣ (ИДОМ). Шояд "масъулону мутасаддиён"-и ин Иттиҳод ба ҷаҳониён ва пештар аз ҳама ба ИҶШС-и пештара, ИДМ-и ҳозира ва Иттиҳоди Урупои навҷавон "нишон доданианд", ки "Иттиҳод, ана ин гуна мешавад?!"
Мо низ агарчӣ аз "Иттиҳодбозиҳо" хаста шудаем, вале бар таъсиси Иттиҳод мухолифати шадид надорем... Вале беҳтар медонем, ки ядигарро чун бародару ҳамсоя, давлати комилҳуқуқ… эҳтирому эътироф кунему таъсиси Иттиҳоди Давлатҳои Осиёи Марказӣ зарурате надорад. Зеро нашавад, ки ба мисли баъзе аз ҳамсояҳо "дӯстии абадӣ" бандему "дӯстиро ду ҳафта тоқат накунем"… Шояд дилу нияти сарвари ислоҳотхоҳи Қазоқистон, сиёсатмадори шинохта Нурсултон Назарбоев нек бошад. Шояд ӯ худро дар ин Иттиҳод "бародари калонӣ" нахонда, ба ҳама бародаронаш чун ҳамсол дар муносибату гуфтугӯ бошад?! Фол намебинем! Барои ин ибтикору нияти хайраш аз эшон сипосгузорем. Вале эҳсос мекунем, ки на ҳама дилу нияти "бародарону узви ин Иттиҳоди тавлиднашуда" як асту холис! Зеро аз ҳамсоядории "хуб"-и кишварҳои минтақа имрӯз дар сархати ахбори расонаҳои ҷаҳонӣ нақл мешавад. Бахусус Узбакистон ҳамчун жандарми минтақа имрӯз амр медиҳад, ки ҳамсоягони нисбатан аз лиҳози иқтисодӣ заифтараш ба хости танҳо ӯ амал кунанд.
Мизи мудавваре, ки дар моҳи ҷорӣ дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҷумҳурии мо доир гардид, маҳз ба ин масъала - чӣ бояд кард, ки "Иттиҳоди Давлатҳои Осиёи Марказӣ" таъсис биёбад, бахшида шуда буд. Аён шуд, ки ҳавасмандии бештар барои таъсиси ин Иттиҳод ҷониби Қазоқистон дорад. Намояндагони онҳо изҳор медоранд, ки дар ин минтақа бештар аз 50 миллион одам зиндагӣ мекунаду захираҳои фаровони моддӣ ва ақлонӣ мавҷуд аст…
МАЗЗАИ "ИТТИҲОД" ДАР КОМ ДОРЕМ МО…
Ин дар ҳолест, ки мо ҳамроҳ маззаи як Иттиҳоди бузург- (ИҶШС)-ро чашидаему аз "майдатараш" - ИДМ-ро ҳанӯз ҳам чашида истодаем. Охир, ҳамин Қазоқистону Тоҷикистон ва 9 ҷумҳурии дигар (Гурҷистон аз он хориҷ шуд) низ алҳол дар ҳамин Иттиҳод аъзоанд. Вале чаро наметавонанд масоили аввалияи муҳимро (аҳолиашон бештар аз Иттиҳоди мадии назари Қазоқистон аст) ҳалу фасл кунанд? Магар Иттиҳоди Давлатҳои Осиёи Марказӣ метавонад, ки ба ин масоил расидагӣ кунад ва воқеан як Иттиҳоди баробарҳуқуқ бунёд шавад? Аммо ба андешаи инҷониб вақте Иттиҳод зиёд шуд, корҳои асосӣ ва муҳим фаромӯш шуда, танҳо "Иттиҳодбозӣ" мешавад, на кори дигаре. Зеро ҳанӯз зеҳнияти мо аз замони бародарсолорӣ дар муносибати собиқ кишварҳои Шӯравӣ раҳо нашудааст.
СНГ НАТАВОНИСТ, ҚАЗОҚИСТОН МЕТАВОНАД?!
Чун қудрати ИДМ-и меросхӯри ИҶШС ба масоили баҳсбарангезе амсоли марзу об миёни ин кишварҳо намерасад, чӣ расад ба як Иттиҳодияи нав, ки аслан кишварҳояш дар ҳоли зиду нақиз ва баҳс бо ҳамдигар қарор доранд?! Бовар надорам, ки ҳамин ИДОМ ҳам чун иттиҳодҳои қаблӣ ва мавҷуд бе бародари калонӣ, дӯстдошта ва эрка "зиндагӣ" карда тавонад! Ҳатто, дар ИҶШС-и фаноёфта ва ИДМ-и имрӯза бо вуҷуди аз рӯйи "оиннома" ҳама баробаранд, вале иддае ҳанӯз аз рӯйи баъзе бартариҳояшон; нуфуси аҳоливу масоҳат, захоири табиӣ дар ихтиёр доштаашон бузургманишӣ мекунанд. Пас, модоме Иттиҳодҳо натавонистанд, ки баробариву бародарии ҳақиқиро барпо созанд, боз мегӯем, ки: "Иттиҳодбозӣ" чӣ лозим?! Дар ҳоле ки алҳол дар ду-се "Иттиҳод" шарикем, моро кишварҳои шарикхондаамон бо фишангҳои муҳоҷирату газу барқ фишор меоваранд ва ҳатто дар шароити бисёр сахт дар бунбаст қарор медиҳанд. Пас, ин гуна аъзогӣ ба Иттиҳоде пур аз тафриқа ба кӣ лозим аст? Шояд барои кишварҳое лозим ҳам бошад, аммо на барои Тоҷикистон.
БЕҲТАРАШ- "ИТТИҲОДИ КИШВАРҲОИ ФОРСЗАБОН!"
Аҷиб, ҳамин масъалаи сохтмони НБО-ҳои мо сар шуду "Иттиҳодбозӣ" ҳам оғоз ёфт! Бигузор 50 Иттиҳод бошад, мо он нақшаҳоеро, ки рӯйи даст гирифтаему ба манфиати миллиии мо созгор ҳастанд, амалан роҳандозӣ мекунем ва ба раҳнамунии касе эҳтиёҷ надорем. Агар дӯстон-Иттиҳодхоҳон дар ҳақиқат дӯсти хайрхоҳу баробариву бародарӣ мехоҳанд, дар ин росто агар ёрӣ ҳам нарасонанд, халал нарасонанд, мо аз онҳо сипосгузорем. Охир, сохтани ин нирӯгоҳҳову роҳҳо, туннелу дигар корҳои азим на танҳо ба манфиати Тоҷикистон, бар суду пешравии кишварҳои ҳамсоя низ аст.
Бародари баробар будан- дилу нияту хоҳиши ҳар тоҷики сарбаланд аст! Вале дар Иттиҳоде ҳеҷ гаҳе гапшунаву фармонбардору сархам буданро намехоҳем! Мо ва авлоди мо нахустимперияи оламро доштанд, мо аз ҳамон авлоду аҷдодем ва дар орзуи боз сохтани Империяи Навин нестем, балки ҳимоят аз ҳаққи худ ва эҳтиром ба ҳақи дигаронро дар авлавият мегузорем.
Бо давлатҳои ҳамсояи Осиёи Марказӣ дӯстиву ҳамкорӣ ва ҳусни ҳамрайъиро хоҳиш дорем. Бигузор ин давлатҳо ҳамеша бо ҳам дар ҳамкории баробар ва некхоҳона бошанд. Мо ҳеҷ давлатеро дар қораи олам "пешво" ва "бародари калонӣ" намеҳисобем.
Агарчанде бе ягон "Иттиҳодбозӣ" ҳам мо бо аксар давлатҳои ҳамсоя, бахусус давлатҳои ҳамзабону ҳамдину ҳамкеш-Ирону Афғонистон дар дӯстиву бародарӣ қарор дорем, вале агар бо чунин унвон -"Иттиҳоди Давлатҳои форсзабон"- иттиҳоде созмон меёфт, ин мӯъҷиби ҷонибдорӣ ва хушбахтиву саодати ин се халқи ҳамзабон мегашт. Зеро аз як ҷониб, мо дар ҳамшафати якдигар қарор дорем, мардумамон бе тарҷумон якдигарро мефаҳманд ва аз ҳама асосӣ- ҳамрангу расму русуми муштарак…дорем ва аз рӯйи нуфус низ ду баробар аз ИДОМ бештарем ва ин Иттиҳод Иттиҳоди воқеӣ ва ҳақиқӣ метавонад бишавад. Вале танҳо бе бародари хурду бузург!
Неъматуллои НУРУЛЛО,
рӯзноманигор