"НЕЪМАТ АСПКОВӢ РАФТА БУД" Модари Неъмат Азизов фарзандонашро таслим кард

Сиёсат 12.08.2009 13:59

Нируҳои давлатӣ дар шарқи кишвар Зайдуллоҳ ва Раҳмуддин Азизов, ду бародари Неъмат Азизов, раҳбари як гурӯҳи мусаллаҳ дар ноҳияи Тавилдараро боздошт кардаанд. Ин хабарро рӯзи 3 август Маҳмадуллоҳ Асадуллоев, сухангӯйи Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон низ тасдиқ кард. М. Асадуллоев гуфт, ки таслими ин афрод дар чорчӯби амалиёти вижаи муштарак аз сӯйи нирӯҳои милиса ва амниятӣ ва дар пайи музокира байни афроди мусаллаҳ ва нируҳои давлатӣ сурат гирифт. Ба гуфтаи ӯ, афроди мусаллаҳ дар ҷараёни ин амалиёт ба иҳотаи нируҳои давлатӣ даромаданд ва пас аз музокира бо нируҳои давлатӣ таслим шуданд.

Як манбаъи мӯътамад дар минтақаи Сағирдашт ба нашрияи "Миллат" хабар дод, ки холаи Шамъигул, модари Неъмат Азизов ба назди ду фарзанди дигараш, ки пас аз кушта шудани бародарашон ҳанӯз ҳам пинҳонӣ ба сар мебурданд, рафта ва тавалло кардааст, то ба нируҳои давлатӣ таслим шаванд. Аммо сухангӯи ВКД ширкати модари Неъмат Азизов дар ин музокираро рад кардааст.

Ба гуфтаи сухангӯи ВКД, Зайдуллоҳ ва Раҳмуддин Азизовҳо дар аксари амалиётҳои террористие, ки дар ин минтақа рух додааст, бо роҳбаладӣ ва ташаббуси Неъмат Азизов иштирок намудаанд ва дар чандин ҷиноёти вазнин, аз ҷумла гаравгонгирӣ ва ҳуҷуми мусаллаҳона ба шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Тавилдара иштирок караанд. Ин манбаъ афзудааст, ки аз бародарони боздоштшудаи Неъмат Азизов миқдори зиёде аслиҳа мусодира шудааст.

Зимнан, ба нақли сокинони минтақаи Сағирдашт, вақте ки ба маросими азо ва дилбардории хонаводаи марҳум Неъмат Азизов рафтаанд ва аз модари дар азо нишаста аҳвол пурсидаанд, модари зор лаб газидаву ашки сӯзон рехта ҳарфе нагуфтааст. Ин шоҳидон ҳадс мезананд, ки қабл аз он ки Неъмат азм кардааст, ки силоҳ бигирад ва ба пушта биравад, модар монеаш шудааст, вале марҳум бо дуруштӣ модарро аз роҳаш дур меандозад.

Аммо ба нақли як теъдод аз сокинони минтақа, ки рӯзи 19 май ҳудуди сад нафар аз ҳар хонавода барои даъват ба мусолиҳа ба назди хонаи Неъмат Азизов рафтаанд, Саъдулло Азизов, падари Неъматро ба назди масҷиди маҳалла даъват карда аҳвол пурсидаанд. Аз ин гирдиҳамоии мардум Саъдулло Азизов изҳори нороҳатӣ карда, гуфтааст, ки "ҳамин ҳукумат Неъматро рӯз медиҳад, ки ором зиндагӣ кунад? "Ҳамин мардум нақл мекунанд, ки вақте ки як зани бевамонда, ки шавҳари бегуноҳашро ба гумони муҷоҳид будан куштаанд, бо нармӣ аз Саъдулло Азизов дар куҷо будани Неъматро пурсидааст, то воқеиятро аз забони ӯ бишнаванд ва ҳам дар бораи пайдо шудани афроди бегона суол кардааст, Саъдулло Азизов дар қаҳр шуда гуфтааст; "онҳо меҳмон буданд, ки бо ӯ аз замони муқовимат ошноӣ пайдо карда буданд ва омаданду меҳмон шуда ба роҳашон рафтаанд ва ба касе ва на ба ҳукумат коре надоранд". Дар бораи дар куҷо будани Неъмат падараш гуфтааст, ки "ӯ аспковӣ рафтааст ва агар ҳукумат, ки тамоми дороӣ, мошинҳо ва хонаи Неъматро дар Душанбе кашида гирифтааст, нагузорад, ки ӯ оромона зиндагӣ кунад, падар низ маҷбур аст, барои дифоъи писараш бархезад". Ба нақли шоҳидон Раҳмуддин, бародари Неъмат низ падарро дар ин гуфтугузор ҳамраҳӣ доштааст ва бо истифода аз телефони мобил аз гирдиҳамомадагон аксбардорӣ ҳам кардааст. Ҳамин гуна мардуми ҷамъомада "дасти холӣ" ба хонаҳояшон баргаштаанд ва ҳеч натиҷае аз ин гуфтушунид ба даст наоварданд.

Зимнан, мардум бо дархости масъулини ҳукумати ноҳияи Дарвоз, ки рӯзи 18 май мардумро ҳушдор додаанд, ки бохабар бошанд, ки субот ва амнияти минтақа мумкин аст халалдор шавад, аз ҳамаи деҳаҳои атроф ҷамъ шуда, барои гуфтушунид ба Пастироғ ба назди Неъмат Азизов рафтаанд, ки бенатиҷа анҷом ёфтааст.

Аммо, таври маълум Неъмат Азизов рӯзи 29 июл дар амалиёте тавассути нируҳои давлатӣ дар дараи Шури деҳаи Шакови ҷамоъати деҳоти Чилдараи ноҳияи Тавилдара кушта шуд. Давлат фаъолияти ӯро ба Ҷунбиши исломии Узбакистон муртабит медонад.

Бояд гуфт, ки аз моҳи май ба ин сӯ ноҳияи Тавилдара маҳалли даргириҳои гурӯҳҳои мусаллаҳ бо нируҳои давлатӣ будааст. Дар ин даргириҳо 9 узви гурӯҳҳои мусаллаҳ ва як нируи давлатӣ кушта шуда ва чанд нафари дигар захмӣ шудаанд. Дар яке аз даргириҳо, ки 11 июл дар мавзеъи Чилдара рух дод, Мирзо Зиёев, вазири собиқи ҳолатҳои фавқулодда ва фармондеҳи ИНОТ кушта шуд.

Гуфта мешавад, бародарон Раҳмуддин ва Зайдулло Азизовҳо, ки бо миёнаравии модарашон силоҳ ба замин гузоштаанд, ба Душанбе оварда шудаанд. Замоне ки хабарнигори мо дар минтақа хост барои мусоҳиба бо холаи Шамъигул хонаи Неъмат Азизов биравад, падару модар ва бародари дигари Азизовҳо Раҳматулло низ барои бозпурсӣ ба Душанбе даъват шуда буданд. Дар Душанбе низ онҳоро пайдо накардем.

Акнун вақт довари ҳақгӯст, ки Неъмат Азизов дар кӯҳу камар дар ҷустуҷӯи асп буд, ё чизи дигар.


"Миллат"
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97