БОЗДОШТИ МИРЗО ЗИЁЕВ

Сиёсат 11.07.2009 23:36

Бино ба хабарҳои расида, Мирзо Зиёев, собиқ фармондеҳи нирӯҳои Иттиҳоди мухолифини тоҷик ва собиқ Вазири ҳолатҳои фавқуллода ва Неъмат Азизов аз қумондонҳои собиқи Иттиҳоди мухолифин, инчунин панҷ нафари дигар аз ҳамроҳонашон, шоми ҷумъа 10 июл дар маҳали Чилдараи ноҳияи Тавилдара зимни як амалиёти Вазорати корҳои дохилӣ зинда боздошт шудаанд. Мувофиқи баъзе хабарҳо, гӯё пас аз ҳамлаи 8 июл ба постгоҳи Сафедхок аз ҷониби грӯҳи Неъмат Азизов, ки ба нокоми анҷом ёфт, Мирзо Зиёев низ ба ин гурӯҳ пайвастааст.

Масъулони Вазорати корҳои дохилӣ аз ибрози назар дар ин бора худдорӣ карданд. Аммо сухангӯи вазорати номбурда Маҳмадулло Асадуллоев дар гуфтугӯ бо «Миллат» ин хабарро на тасдиқ ва на рад кард. То ҳол ҳеҷ манбаъ ин хабарро расман тасдиқ ё рад накардааст.


©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97