ВАКИЛОНУ ВАЗИРОНАНД… ФОШ МЕГӮЕМ… Оё вакилон ҳақи истироҳатро доранд?

Сиёсат 09.07.2009 14:53

Таътили тобистона фаро расид. Аввал барои бачаҳои мо, ки оянда умедвор ҳастем, ҳам асои пирӣ барои мо хоҳанд шуд ва ҳам номи гузаштагони моро зинда нигоҳ хоҳанд дошт ва баъдан барои вакилони мӯҳтарами порлумони кишвар, ки имрӯз ва ояндаи мову бачаҳои мо аз онҳо сахт вобаста аст, мавсими таътил фаро расид. Тафовут танҳо дар он буд, ки хеле аз бачаҳои мо пас аз машшақати таълим дар синфхонаҳои таъмирталабу дар фасли сармо сарду дар гармо тафсон ва вакилони мӯҳтарами мо пас аз таътилоти бардавомашон дар курсиҳои мулоим ва толори барҳавои зимистону гармаку тобистон салқин ба таътили тобистона баромаданд.

Аммо натиҷагирӣ аз фаъолияти аксарияти бачаҳои мо қаноатбахш буд, албатта дар назар аст, дар он ҷоҳое, ки муаллим асту дарс асту таълим. Вале натиҷагирӣ аз як соли фаъолияти вакилони мӯҳтарам бино ба гузоришҳои расонаҳо, ба истиснои расонаҳои хабарии расмӣ (давлатӣ) манфӣ будааст. Аммо бо вуҷуди ин шароити фароғати вакилони мӯҳтарами мо аз бачаҳои мо ба куллӣ фарқ хоҳад дошт. Агар истилоҳҳои маъруфи "Артек" "лагер" дигар дар фонди луғавии бачаҳои мо ҷо надорад, барои вакилони мӯҳтарами порлумони мо номҳои агар соф миллиро ба забон биёварем: "Хоҷа обигарм"-у "Шоҳамбарӣ", "Оби гарм"-у "Зумрад" хотирмонанд… Вале суоли матраҳ ин ҷо он аст, ки оё вакилони мӯҳтарами мо дар ҳоле ки кишвар бештар ба умқи бӯҳронҳо футур меравад, ба худ иҷозаи истироҳатро медиҳанд?!

Аз гузориши мӯҳтарам Сайдулло Хайруллоев, раиси Маҷлиси поёнии порлумони кишвар, ки рӯзи 30 июн дар иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагон баён доштааст, бармеояд, ки аксарияти вакилони мӯҳтарами порлумон аз кори худ қаноъатманд ҳастанд ва посухашон ба суоли мо бале, хоҳад буд. Онҳо ҳаққи комил барои истироҳатро доранд.

ИҚТИБОС АЗ ГУЗОРИШИ МАЗКУР:

"Дар давраи фаъолияти иҷлосияи 5-уми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ давъати сеюм 138 қонун қабул карда шуд, ки аз он 60 -тоаш қонунҳои конститутсионӣ мебошанд. Ҳамзамон, дар ин давра аз ҷониби Маҷлиси намояндагон 55 қарор қабул гардида, 17 Созишнома ва 5 Аҳднома ба тасвиб расонида шуд. Қонунҳои қабулшуда, ҷавобгӯи талаботи замона ва меъёрҳои байналмилалӣ буда, нақши онҳо дар рушди иқтисодиёти миллӣ ва тақвияти муносибатҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва давлатҳои мутараққии ҷаҳон бузург аст."

Стоп кадр: Шояд ин барнома барои дарозмуддат аст ва то он вақт мардуми шарифи Тоҷикистонро сабр мебояд, сабр!...

ДАВОМИ ГУЗОРИШ:

"Инчунин, ду маротиба муҳокимаи парлумонӣ сурат гирифт, ки дар он масъалаҳои муҳими рушди иқтисодиёти мамлакат бо иштироки вакилон ва аъзои Ҳукумати ҷумҳурӣ баррасӣ гардиданд. Аз ҷониби шаҳрвандон ба парлумони кишвар 544 муроҷиат расид ва 412 нафар шаҳрвандон аз ҷониби намояндагони парлумони кишвар қабул гардиданд. Дар мавриди таҳкими ҳамкории Маҷлиси намояндагон бо созмонҳои бонуфузи парлумонӣ ва кишварҳои дунё дар ин давра байни Маҷлиси намояндагон ва Вулуси Ҷиргаи Афғонистон гурӯҳи дӯстии парлумонӣ созмон дода шуд. Ҳамзамон, сарони кишварҳои Хорватия ва Туркия зимни сафари расмии худ ба Тоҷикистон аз Маҷлиси намояндагон боздид намуда, бо фаъолияти ин мақоми олии қонунгузор шинос шуданд".

Раис аммо нагуфт, ки ба фаъолияти мо дар хориҷ ба шубҳа менигаранд, иқтибосҳо аз як гузориши расонаҳо аз мулоқоти намояндагони порлумони Урупо:

"Рӯзи 7 апрел, дар иҷлоси чаҳоруми намояндагони порлумони Урупо ва Маҷлиси Миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе эълом шуд, ки Иттиҳодияи Урупо омода аст ба Тоҷикистон кӯмакҳои бештаре ироа кунад, вале давлати Тоҷикистон бояд шаффофияти истифода аз ин кӯмакҳоро таъмин кунад.

Дар оғози нишаст намояндагони порлумони Урупо ба ҳамтоёни тоҷики худ пешниҳод карданд, ки масоили марбут ба тақвияти ҳамкориҳои миёни ин ниҳод ва давлати Тоҷикистон, вазъи иқтисодӣ, иҷтимоъӣ ва сиёсӣ дар кишвар, кумакҳои Урупо ва рушди демукросӣ дар кишварро матраҳ кунанд.

Ба гуфтаи Она Юкнявичене, раҳбари ҳайати порлумонии Урупо, онҳо қабл аз сафар ба Тоҷикистон дар бораи вазъи ин кишвар иттилооти зиёде ҷамъоварӣ карда буданд.

Дар ҳоле ки намояндаҳои Тоҷикистон тақозо доштанд, ки Иттиҳодияи Урупо бояд мизони кумакҳои худ ба кишварамонро афзоиш бидиҳад, хонум Юкнявичене изҳор дошт, ки кишварҳои урупоӣ ба ин амр моиланд, вале вуҷуди ФАСОДи густарда дар Тоҷикистон дар ин замина мушкилоте эҷод мекунад.

ДУНЁБЕХАБАРИИ НАМОЯНДАГОН:

Она Юкнявичене аз ҷумла ба гузориши ахири Гурӯҳи Байналмилалии Буҳрон ишора кард, ки дар он аз фасоди густарда дар ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон ва нокомии давлат дар мубориза бо фасод интиқод шуда буд.

Гурӯҳи Бӯҳрон дар ин гузориш, ки "Тоҷикистон: дар масири шикаст" унвон дошт, кишварҳои кӯмакунанда ба Тоҷикистонро ҳушдор дода буд, ки онҳо бояд наҳваи истифода аз кӯмакҳои худро таҳти назорат қарор бидиҳанд.

Вале аъзои Маҷлиси Миллии Тоҷикистон аз вуҷуди чунин гузориш изҳори беиттилоӣ карданд ва гуфтанд, ки мушкили фасод дар кишвар чандон ҷиддӣ ва нигаронкунанда нест...»

Ин дар ҳолест, ки ҳатто раҳбарони ниҳодҳои калидии кишвар пас аз сабукдӯш шуданашон аз вазифа ба фасоди идорӣ ва молӣ муттаҳам мешаванд, танҳо ҳодисаи худкушии собиқ вазири корҳои дохилӣ ба ҳангоми боздошташ бо амри Додситонии кулл ва бозрасии парвандаи раиси ширкати "ТоҷикЭйр" аз сӯи ин ниҳодро дар ин маврид метавон далел овард.

«...Вале дар посух ба ин иддаои аъзои Маҷлиси Миллии кишварамон Юкнявичене таъкид кард, ки Гурӯҳи Байналмилалии Бӯҳрон созмонест, ки аз сӯйи ҷомеъаи ҷаҳонӣ эътироф шудааст ва "гузориши чунин як созмони муътабар мавриди таваҷҷуҳи сиёсатшиносони кишварҳои мухталиф ва созмонҳои кумаккунанда қарор мегирад."

Вай афзуд, ки ҷониби Тоҷикистон набояд чунин гузоришҳоро нодида бигирад, зеро дар онҳо куллия мушкилоти ҷомеъа ва роҳҳои ҳалли онҳо нишон дода шудаанд."

Дар ҳамин ҳол, Маҳмадшо Илолов, узви Маҷлиси Миллӣ ва раиси Фарҳангистони улуми Тоҷикистон гуфт, ки на ҳамаи кишварҳои узви Иттиҳодияи Урупо созишномаи ҳамкории миёни ин иттиҳодия ва Тоҷикистонро тасвиб кардаанд, ки ин амр дар роҳи тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба монеъ эҷод мекунад. Ба унвони мисол, оқои Илолов аз Фаронса, Итолиё, Малта ва Юнон ном бурд. Вале Она Юкнявичене гуфт, ки ҷониби Тоҷикистон дар ин замина иттилоъи кофӣ надорад, чун дар ҳоли ҳозир Юнон танҳо кишварест, ки ин санадро ҳануз тасвиб накардааст, вале тибқи муқаррарот ин кишвар низ базудӣ тасвиб хоҳад кард.

ВАКИЛОНИ МО ТАНҲО ВОҚЕАҲОИ СОЛИ 1992 -РО ЁД ДОРАНД:

Дар робита бо интихоботи соли ояндаи порлумонӣ дар Тоҷикистон аъзои порлумони Урупо хостори дарёфти иттилооти дақиқ дар бораи омодагии давлати Тоҷикистон ба ин тадорукоти сиёсӣ шуданд.

Аз посухи ҷониби Тоҷикистон чунин бардошт мешуд, ки омодагиҳо ба интихоботи порлумонии соли оянда хуб аст ва дар ин замина ҳеҷ мушкиле ба назар намерасад. Вале ба гуфтаи Она Юкнявичене, агар интихоботҳо ба таври ғайридемукроти баргузор шаванд, ояндаи кишвар норӯшан хоҳад буд.

Маҳмадшо Илолов дар посух ба ин назар гуфт, ки "Шумо дар Душанбе дар оғози даҳаи 1990 ҳузур надоштед ва он ҳодисаҳои мудҳишро надидед. Ҷо-меъаи мо аз ҷавомеъи кишварҳои дигар фарқ дорад."

ПАРЛУМОНИ КАСБӢ, ЯЪНЕ ХОМӮШ?!

Дар идомаи гузоришаш Сайдулло Хайруллоев доир ба касбияти вакилони Маҷлиси намояндагон дар роҳи эҷоди қонунҳо ва таҷрибаи намояндагии онҳо, ки ба рушди парламентаризм дар кишвар мусоидат менамоянд, ибрози назар кард.

Вожаи порлумони касбӣ дар ҳеч куҷо набуд, вале мо вакилони фаъоле доштем, ки новобаста аз мавқеи сиёсиашон ҳарфашонро мегуфтанд ва то ҳанӯз бо гирифтани номи "депутат" маҳз ҳамин чеҳраҳо дар зеҳни хелеҳо ҷилвагар мешаванд. Маъзур, мутаассифона мо имрӯз дар порлумони касбӣ чеҳраҳоеро дорем, ки ҳатто дар доираи сиёсӣ ва расонаӣ номашонро ҳам намедонанд. Аз ин вакилон ба унвони "овоз" ёд мешавад, ки корашон тугмазеркунист.

ҚОНУНҲОИ МАМНӮЪ:

Натиҷагирӣ аз фаъолияти яксолаи вакилони мӯҳтарами Маҷлиси намояндагон:

Тибқи яке аз қонунҳои нав, ки маҷлис ба тасвиб расонд аз якуми июли соли равон мӯҳлати пешбинишуда барои нигоҳ доштани паранда, ҳайвоноти хонагӣ ба истиснои гурбаву саг ва парандаҳои кучак (ба ғайри мурғу мурғобиву индюк) дар қаламрави пойтахт ба поён хоҳад расид ва бар асоси ислоҳоти ворида ба қонун аз сӯи Маҷлиси намояндагон сокиноне, ки ин муқарраротро нақз мекунанд, ҷазо хоҳанд гирифт. Ин ҳам дар ҳолест, ки корхонаҳои саноатӣ дар пойтахт қариб, ки фаъолият намекунанд ва аксарияти сокинони пойтахт бекор ҳастанд ва аз ночорӣ ба парвариши мурғу ҳайвоноти хонагӣ машғуланд то рӯзи худро гузаронанд. Аммо илоҷ чист, ки сазои сари интихобкунанда мегӯянд, дар чунин вазъияте.

Аммо тасмими порлумон барои манъи парвариши ҳайвонот дар шаҳр танҳо санаде нест, ки нигаронӣ ва нороҳатиҳои шаҳрвандонро ба бор оварда бошад.

Ҳамин тавр ислоҳот ба қонуни роҳҳои автомобилгард ва фаъолиятҳои роҳдорӣ, яке аз ифтихороти Президенти кишварро, ки ҳамчун фаъолияти пурсамараш тавассути радио ва телевизиони давлатӣ шабу рӯз таблиғ мешуд, зери суол бурд. Акнун бо шарофати намояндагони мардумӣ ин роҳ барои мардумонаш пулакӣ шуд. Гумон меравад, ки ҳатман мусофири камбағали ин роҳ аз намояндааш дар порлумон ба ҳангоми мулоқоти тобистонӣ инро суол хоҳад кард. Ҳатман вакилони мӯҳтарам барои посухгӯӣ омода бошанд!

Тасвиби қонун «Дар бораи ипотека», ки харидуфурӯши замини киштро иҷоза медиҳад, низ аз пурсарусадотарин қонунҳои тасвибкардаи ин мавсими кори вакилони мӯҳтарам буд, ки дар матбуот интиқод ҳам шуд. Зеро тибқи Қонуни Асосии Тоҷикистон замин моликияти истисноии давлат маҳсуб мешавад, вале дар ин қонун ба ҳайси моликият ба гарав гузоштани замин иҷоза шудааст.

Дигар аз қавонини баҳсбарангез ин қонуни "Озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ" буд, ки бо вуҷуди мухолифатҳо дар порлумон тасвиб гардид ва дар пайи он сару садоҳо дар бораи ин санад дар ҷомеъа зиёд шуд.

Ин санади ҳуқуқӣ суолоти марбут ба масоили мазҳабӣ дар Тоҷикистонро ҳал накарда, балки худ суолоти зиёдеро ба миён овард.

Ин танҳо чанд қонуни ба тасвиб расонидаи вакилони мӯҳтарами порлумон буд, ки сару садои зиёдеро дар ҷомеа ба вуҷуд овард ва мо ҳам танҳо онро мисол задем. Соҳибназарон низ бар онанд, ки ин қонунҳо ба ҷойи ҳалли мушкилот душвориҳои наверо барои ҷомеаи Тоҷикистон ба миён хоҳанд овард.

Дар ҳамин ҳол Раиси ҷумҳури кишвар низ дар паёми хеш ба порлумон дар моҳи апрели соли гузашта ба мавориди зиёди таноқузи қавонине ишора карда буд, ки дар порлумон тасвиб мешаванд.

ВАКИЛОН ТАНҚИД ҲАМ МЕКУНАНД

Фаъолияти бахши иқтисодии ҳукумат дар соли гузашта ва дар ду моҳи аввали соли ҷорӣ аз сӯи вакилони Маҷлиси намояндагон мавриди интиқоди шадид қарор гирифт. Вакилони порлумон аз гузориши Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молия дар бораи натоиҷи иҷрои буҷаи давлатӣ дар соли гузашта ва ҳамчунин аз тадобири андешидаи Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷиҳати коҳиши зарари бӯҳрони молиявӣ изҳори норозигӣ карданд. Дар баҳсе, ки миёни вакилони порлумон ва масъулони блоки иқтисодии ҳукумат доир шуд, вазирон посухҳои қонеъкунанда дода натавонистанд.

Ба ҳар сурат ҳеч кадом аз вакилон дар шароити сахту сангини бӯҳронӣ ҳозир нашуданд аз истифодаи мошини хидматӣ ҳадди ақал даст бикашанд. Агарчӣ дар ин миён мошини хидматии Муҳаммадшариф Ҳимматзода, вакили порлумон ва намояндаи ҲНИТ-ро кашида гирифтанд, аммо гумон намеравад, ин ба хотири ғанӣ сохтани буҷаи бе ин ҳам касоди ҳукумат сурат гирифта бошад. Балки роҳ наёфтани вакили ҷойгузини ҷаноби Ҳимматзода аз рӯйхати ҳизбӣ ба порлумон далели ҳадафи сиёсӣ доштани ин баҳсро рӯшантар кардааст.

БӮҲРОН ВА ТАЪСИРИ ОН БА ПОРЛУМОН

Аммо ин ки бӯҳрони ҷаҳонии молӣ ба зиндагии шахсии вакилони мӯҳтарам чӣ таъсире гузоштааст, ба ҳангоми таътил ва дар куҷо истироҳат кардани онҳо муайян хоҳад шуд

Ҳамин тариқ порлумон ба таътили охирини тобистона меравад ва аммо бархе аз коршиносон бо ишора ба адами риояти таносуби шохаҳои қудрат дар низоми ҳокимияти Тоҷикистон бар он ҳастанд, ки ҳанӯз порлумони Тоҷикистон шохаи мустақил ва соҳиби салоҳияти зарурӣ нашудааст ва асосан хостаҳои ҳокимияти иҷроияро бароварда месозад.

Гуфта мешавад, вакилон бар изофаи ҳудуди ду моҳи таътил ҳамчунин дар анҷоми он як моҳи дигар бо интихобкунандаҳои хеш мулоқот хоҳанд дошт. Фаъолияти навбатии порлумон дар моҳи октябр шурӯъ мешавад. Ва боз фурсати наверо барои ба даст овардани раъйи воқеии мардум барои вакилони ояндаи порлумони касбии Тоҷикистон вомегузорад.


"Миллат"
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97