МИЛИСА ҲОЛО ҲАМ КАСБӢ НАШУДААСТ?!

Сиёсат 02.07.2009 16:19

Ҳафтае аз худкушии Маҳмадназар Солеҳов, собиқ вазири корҳои дохилии кишвар, ки ба ҳангоми боздошт, қасд ба ҷони худ кард, нагузашта, марги мармузи як пизишки 33 солаи саратоншиноси бемористони Қарияи Боло дар сархати муҳимтарини ахбори расонаҳо қарор гирифт. Аксарияти ин расонаҳо ҳадс мезаданд, ки марги ин пизишк ба ҳангоми боздошти ӯ аз сӯйи маъмурони интизомии пойтахт даррасидааст. Агар чунин аст, пас суоли матраҳ ин аст, ки ин ду ҳодиса ба касбияти кори милитсия иртибот дорад ё на? Барои он ин суол матраҳ мешавад, ки агарчанд бо сари кор омадани вазири нави корҳои дохилӣ, ки хеле аз расонаҳо, бахусус, ҳамин расонаҳое, ки ин ду ҳодисаи марги нафарони хабарсозро мармузу асрорангез унвон кардаанд, ҳарфи ҳирфаӣ шудани ин ниҳодро мезаданд.

Пас замоне ин расонаҳо расидани марги ин ду танро марбут ба фаъолияти кормандони интизомӣ ва ё маъмурони умури дохила медонанд, ҳарфи ҳирфаӣ шудани ин вазорат дигар зери суол аст. Не?!

Ба ҳар сурат аз марги Хуршед Бобокалонов, пизишки дармонгоҳи бемориҳои саратони қарияи Болои шаҳри Душанбе, ки ба иттилои ҳамин расонаҳо ба ҳангоми боздошти кормандони милиса ба таври асроромезе ҷони худро аз даст додааст, огоҳ шудем.

Бино ба иттилои мақомоти милитсия марҳум Бобокалонов дар ҳолати мастӣ қарор доштааст ва вақте маъмурон ӯро ба Маркази ташхиси наркологӣ мехостанд бубаранд, ногаҳон вафот кардааст.

Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯйи Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, ташхиси тиббӣ муайян кардааст, ки Хуршед Бобокалонов бо сабаби нӯшидани май ва бемории қалб дар дохили мошини милиса аз ҳуш рафта, ҷон бохтааст.

Аммо Саодат Қулиева, модари марҳум гуфтааст, ки ҷигарбандаш ба варзиш машғул буд ва хубу солим ҳам буду шароб наменӯшид. Ба гуфтаи ӯ, вақте ҷасади фарзандашро аз сардхона пайдо кард, сари марҳум хуншор шуда буд ва дар баданаш осори зарбу лат дида мешуд.

Модари ҷигархуни марҳум Хуршед Бобокалонов мегӯяд, ҳатман барои муайян кардани сабабҳои марги писараш дод хоҳад ҷуст ва гунаҳкоронро ба маҳкама хоҳад кашид. Зеро сабабгорони марги ягона фарзандаш модарро барои умрбод аз ӯ ҷудо сохта ва набераҳояшро ятим кардаанд.

Ҳодисаи боздошти Хуршед Бобокалонов шаби 29 июн рух додааст. Бино ба иттилои Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ, тақрибан соати 10-и шаб Хуршед Бобокалонов дар хиёбони Рӯдакӣ дар ҳолати мастӣ тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон мекунад. Кормандони милитсия кӯшиш мекунанд, то ӯро тариқи мошин ба Маркази ташхиси наркологӣ бубаранд. Даруни мошин вазъи Бобокалонов бад мешавад ва дар нимароҳ ҷон медиҳад.

Маҳмадулло Насруллоев, сардори ШКД-и Исмоили Сомонӣ ба хабарнигори "Миллат" дар мавриди ҷузъиёти ин ҳодиса гуфт, ки дар замони қабули меҳмонон аз вилояти Суғд, милисаи нозир сӯйи Бобокалонов, ки сумкаи варзишиашро дар паҳлӯйи роҳ мондаву тариқи телефон гуфтугӯ мекард, нигоҳ мекунад. Нигоҳи кунҷковонаи милиса ба Бобокалонов писанд намеояд ва ӯ милисаро таҳқир мекунад. Милиса Бобокалоновро мегӯяд, ки сумкаашро бигираду аз роҳи асосӣ дуртар биравад. Аммо ин ба Бобокалонов боз писанд намеояд ва аз амри милиса саркашӣ мекунад. Милиса маҷбур мешавад, ҳамроҳонашро барои кӯмак даъват кунад. Милисаҳо ба Бобокалонов мегӯянд, ки бояд барои ташхис ҳамроҳи онҳо ба Маркази ташхиси наркологӣ биравад. Бобокалонов рафиқонашро, ки ҳамроҳаш дар тарабхона менишастанд, ба ҷойи ҳодиса даъват мекунад. Пас аз омадани рафиқонаш онҳо розӣ мешаванд, ки ҳамроҳи милисаҳо барои ташхис бираванд. Бобокалоновро дар пушти автомашинаи ПМГ савор мекунанд ва милисаву ду рафиқи марҳум дар салони асосӣ менишинанд. Пас аз расидан ба ҷойи лозимӣ дарро боз мекунанд, ки Бобокалонов ҷон бохтааст.

Ба суоли мо, ки дар таркиби хуни марҳум чӣ миқдори алкул вуҷуд доштааст, Маҳмадулло Насруллоев гуфт, ки ҳанӯз ташхиси амиқи ин ҳодиса анҷом наёфтааст ва танҳо пас дарёфти маълумоти мушаххас ва дақиқ метавон дар ин маврид хулоса кард. Аммо ӯ гуфт, ки ташхиси аввалия мушаххас карда, ки марҳум дар ҳолати мастӣ қарор доштааст.

Аммо ба гуфтаи бархе аз ҳамкорони марҳум Хуршед Бобокалоновро чун фарде хуб мешиносад ва ҳеч гоҳе ӯро дар ҳолати мастӣ надидаанд. Модари марҳум низ истеъмоли шаробро аз сӯйи фарзандаш рад кардааст.

То замоне ки ин матлаб омодаи чоп мешуд, барои мо даст надод, то ташхиси экспертизиро дар мавриди сабабҳои марги нобаҳангоми Хуршед Бобокалонов муайян кунем, ки воқеан, дар таркиби хуни марҳум Бобокалонов танҳо машруб буда, ки бар иловаи он боздошташ аз сӯйи маъмурони интизомӣ боиси стресс шудаву ӯ ҷон бохтааст ва ё шояд дар таркиби хуни ӯ заҳролудшавӣ ҳам ҷой доштааст.

Ба ҳар сурат ҳоло танҳо шоёт аст, ки дар мавриди марги Хуршед Бобокалонов гуфта мешавад.

Ҳодисаи пурмоҷарои марги Хуршед Бобокалонов замоне фаро расид, ки Ҳукумати шаҳри Душанбе нӯшидани шаробу майро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ дар шаҳр манъ кардааст. Гуфта мешавад, ки мумкин аст, маъмурони интизомӣ аз ин муқаррарот сӯиистифода ҳам кунанд. Аммо боз ҳам умед аст, ки милитсияи ҳирфаӣ ҳаргиз ба ин роҳ нахоҳад дод. НЕ?!


А. МИРЗО
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97