ДИПЛОМАТИЯИ КОМИЛАН ЗЕҲНӢ

Сиёсат 16.02.2009 14:04

Нақши "нухбагони самарқандӣ" дар равобити миёни

Тоҷикистон ва Узбакистон дар даврони муосир

Расонаҳои гурӯҳии Тоҷикиситон зимни таҳлили мушкилот дар равобити миёни ду кишвари ҳамҷавор - Тоҷикстону Узбакистон - ба унвони иллати асосӣ аз омили зеҳнӣ (субъективӣ) ва махсусан аз адами ҳусни таваҷҷуҳи мутақобил миёни сарварони ин ду кишвар ёд мекунанд.

Ин арзёбӣ асосан дуруст, вале ҳамзамон хеле сатҳӣ ва умумӣ аст. Воқеият ин аст, ки дар расонаҳои гурӯҳии ҷаҳон бо таваҷҷуҳ ба дидгоҳҳои таҳлилгарон ва коршиносони масоили сиёсӣ ба каррот дар бораи даъовии бузургманишонаи сарони Узбакистон, ки талош мекунанд бо тавассул ба равишҳои мухталиф (бастани марзҳо, тавтиаҳои сиёсӣ, фишорҳои иқтисодӣ ва ғайра) на танҳо Тоҷикистон, балки дигар кишварҳои минтақаро низ таҳти таъсир дошта бошанд, матолиби мухталифе ба табъ расидааст.

Аз ин даъовӣ беш аз ҳама Тоҷикистон зарар мебинад. Зеро Қазоқистон ва Туркманистон дорои захоири бузурги нафту газ ва мутаносибан ҳомили нируи тавонои иқтисодӣ буда, аз имкони тавассул ба бозорҳои хоричӣ чи аз ҷоддаҳои заминӣ ва чи аз роҳҳои дарёӣ бархурдоранд. Қирғизистон, ки аз чунин захоире маҳрум аст, ҳадди ақал имкони хуруҷ ба кишварҳои дигарро (аз тариқи Қазоқистони дӯст ва Чини некхоҳ) дорост. Яъне аз ин лиҳоз аз ҳама бештар Тоҷикистон дар вазъи ногувор қарор дорад.

Ва сарони Узбакистон ҳар дафъа тибқи салоҳдиди худ аз ин вазъият сӯистифода менамоянд. Хоса, ки иллати устуворе ҷиҳати "табриъаи" ин гуна амали накуҳидаи нухбагони (зубдагони) сиёсии узбак вуҷуд дорад. Ва ин ҷо саҳеҳтар аст, агар бигӯем "нухбагони узбакистонӣ", на "нухбагони узбак". Чаро ва ба чӣ далеле? Ба он далели хеле соддаву маълум, ки ҳастаи асосии нухбагони (зубдагони) сиёсии идоракунандаи Узбакистон аз самарқандиён, яъне на аз узбакҳо, балки асосан аз тоҷикон иборат аст. Вале онҳо танҳо асолатан тоҷиканд, на аз лиҳози эҳсоси мансубияти қавмӣ, зеро, тавре ки маълум аст, унсури асосии мансубияти қавмӣ ҳамоно эҳсоси тааллуқ ва вафодорӣ ба ин ё он қавм аст. Ин матлаб ба касе пӯшида нест, дар Узбакистон ва куллан дар саросари Осиёи Марказӣ ҳама аз ин матлаб огоҳанд. Ва "нухбагони самрақандиро" лозим аст, ки барои исботи мансубияти худ ба қавми узбак ҳамеша дар талош бошанд. Ва чи талоше дар ин росто метавонад муассиртар аз бархурди хасмона бо Тоҷикистон ва бо ҳар чизи тоҷикӣ бошад?

Ва агар ба ҷои "нухбагони самарқанди" дар Узбакистон ҳар гуна гурӯҳи дигаре (масалан, фарғониён, хоразмиён тошкандиён ва ғайра) дар сари қудрат мебуд, равобити миёни ду кишвари ҳамсоя қатъиян ба ранги беҳтару муносибтаре ҷилва менамуд. Чун миёни тоҷикону узбакҳо ҷанбаҳои муштараку ваҳдатзой аз қабили таҷрибаи муштараки таърихӣ, муштаракот дар фарҳанг, расму русум ва ҳатто дар тафаккури қавмӣ вуҷуд дорад. Бо таваҷҷуҳ ба чунин муштаракот ба назар мерасад, ки дар Осиёи Марказӣ кишварҳои Тоҷикистону Узбакистон бояд аз ҳама бештар бо якдигар дӯстӣ дошта бошанд. Аммо воқеият хилофи ин матлабро нишон медиҳад. Ва ин ҳол ҳамоно натиҷаи "хидмати шоистаи" "нухбагони самарқандӣ" аст. Дар таърихи Осиёи Марказӣ назири ин гуна воқеиятҳо зиёд ба назар мерасад. Ба унвони мисол "нишонаҳои беморӣ"-и хоси Файзулло Хоҷаев, Абдуррауф Фитрат, Абдулло Раҳимбоев ва чанд нафари дигар аз роҳбарони даврони аввалияи шӯравии Осиёи Миёнаро ба ёд биёред. Ин роҳбарон барои чоплусӣ ба пантуркистҳо ва тасохуби симатҳои баланд нахостанд тоҷиконро (қавми хешро) ба унвони қавми бумӣ эътироф намоянд ва онҳоро "муҳоҷирини иронӣ" қаламдод карданд. Чунин ҷанбаи равонӣ дар миёни бархе аз тоҷикони Самарқанд ва Бухоро тайи қуруни мутамодӣ ташаккул ёфта, ҳануз аз замони Маҳмуди Ялвонҷ ки тоҷик буд ва муғулонро барои шурӯъи таҷовуз ва тохту тозҳои харобиовар ба Осиёи Марказӣ тавҷеҳ мекард, буруз ёфта буд.

Дар он даврон ин гуна афроди сарватманд, ки асосан иборат аз бозаргонон буданд, ба хотири ба даст овардани даромадҳои ҳангуфт аз тиҷорат дар саросари Ҷодаи Абрешим аз ҳеч хабосате парҳез надоштанд ва дар баробари ҳар гуна нируи бартари сиёсию низомӣ чоплусӣ мекарданд.

Ва ҳоло бо бозгашт ба даврони муосир ёдовар аз он мешавем, ки нухбагони фавқуззикр барои аз масоили доғу ҳалношудаи иҷтимоию иқтисодӣ ва дигар хараҷу мараҷи дохилӣ ба самти дигар равона намудани таваҷҷуҳи мардум ногузир ба хиллаи клоссик, яъне ҷустуҷӯи аносири душман ва ё ҳадди ақал бадандеш даст мезананд. Ва барои ифои нақши бадандеш чи қавме метавонад аз қавми худӣ муносибтар бошад? Аз ин тариқ метавон як масъалаи дугонаро ҳаллу фасл кард - "маълум" ва "мушаххас намудани" бадхоҳ ва намоиши мансубият ва садоқати худ ба қавми ҳоким. Дар ин росто таърихдононро лозим меояд муайян намоянд, ки оё зимни истифодаи нируҳои сарҳанг Худойбердиев барои ба хоку хун кашидани шӯриши Андиҷон ҳамин ҳадаф дунболагирӣ намешуд? Он амр низ музҳик ва хандаовар ба назар мерасад, ки нухбагони мазкур барои таҳаққуқи наҳваи худкома, ки дар идораи кишвар ба кор гирифта мешавад, муғули хуношом Темури Лангро дар мартабаи қаҳрамони миллӣ ва ба унвони намунаи "ҳокими хирадманду дурандеш" қарор додаанд. Муаммо дар он аст, ки Темури Ланг тибқи шаҳодати муаррихонаш муғули туркшуда (танҳо аз лиҳози забон) ва мансуб ба қавми сирфан муғулии барлос буда, аз мансубияти худ ба қавми муғул ва табақаи аъёни зотии муғулӣ ифтихор дошт.

Ва ҳатто бозмондагони ӯ дар Ҳинд давлате таъсис дода онро Императории Муғулони Кабир (на узбакҳо ва ҳатто на туркҳо, балки "муғулони кабир") номида буданд. Ҳамзамон дар илми таърихнигории расмии Узбакистон худи Чингизхон ба унвони ғосиб ва мутаҷовиз қаламдод мешавад.

Чунин муаммоҳоро дар амали "нухбагони самарқандӣ" метавон ба таври фаровон мушоҳида кард. Дар ин миён васоиле аз қабили тавтиачинӣ, иттиҳоми беасос, таъқиботи бераҳмона, таҳдид ба ҳамсоягон ва ғайра кам нестанд.

Бино бар далоили мазбур метавон қотеъона таъкид кард, ки агар сохтмони Ниругоҳи барқии Роғун намебуд, "нухбагони самарқандӣ" баҳонаҳои дигареро аз қабили қатъи беасоси интиқоли нируи барқи Туркманистон ба Тоҷикистон пайдо менамуданд, то ки равобити миёни ду қавми ҳамсояро хадчадор созанд. Гузашта аз он Каримов, ки ҷунуни "ҳокими тавоно"-ро дар сар дорад, мехоҳад дар Тоҷикистон афроде ҳукумат кунанд, ки тобеъ ва фармонбари ӯ бошанд. Вале дар ин ҷода ӯ натавонист муваффақ шавад.

Пас дипломатияи худкоми узбакро бояд на танҳо "дипломатия зеҳнӣ" балки "дипломатияи комилан зеҳнӣ" донист.

Аммо бояд гуфт, ки режимҳои ҳоким даврони гузаро доранд, вале кавмҳо қарнҳои тӯлонӣ канори ҳам ба сар хоҳанд бурд ва ногузир бояд бо ҳам дӯст бошанд. Гарчанд, ки равобити кунунӣ, ки бо манофеи қавмҳои тоҷику узбак мунофот доранд, монеаи ҷиддие дар роҳи рушди иқтисодию иҷтимоии ин ду кишвар ва гузашта аз он саросари минтақа эҷод менамоянд.


Мирзо САЛОМ, ҷомеъашинос,
тарҷума аз сомонати www.centrasia.ru
©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97