КГБ-и СССР, нируҳои демократӣ-миллӣ ё як амали худҷӯш?
-Ҳануз дар ибтидои бозсозии Горбачев ҷомеаи онвақтаи шӯравӣ ба он бовар буд, ки ворид кардани тағйирот дар системи мафиёзии ҳукумат имкон дорад. Агар Пленумҳои аввалини Кумитаи марказӣ дар соли 1985-ро ёд доред, яке аз раҳбарони ҳизбиро "генератори бозсозӣ", дигаронро қариб ки "мутаҳаррик"-и (двигатель) он ном бурданд.
Баъди чанде онҳо дар пойтахти ҷумҳурӣ маҳфилеро бо номи "Ҳама дар ҷояш ҳал мешавад" (Всё решается на месте") таъсис доданд. Ҳадаф аз таъсиси ин маҳфил баргузор кардани вохӯрии мардум бо роҳбарони воломақом, котибони Кумитаи Марказӣ ва вазирон буд. Бо вуҷуди он ки аҳолии кишвар дар ин маҳфилҳо рӯйирост аз мушкилоти худ, камбудӣ дар иҷрои корҳои ҳифзи ҳуқуқ ҳарф мезаданд, вале ин мушкилот ҳал намегардид ва чорае андешида намешуд. Ҳатман аз чунин муносибат мардум норозӣ гашта, дилмонда шуд. Дар натиҷа аксарият аз ҳокимони давр норозӣ гаштанд. Мулоқоти аъзои Бюрои Кумитаи Марказиро бо донишҷӯён дар Хонаи маорифи сиёсӣ (дар ҳоли ҳозир Кохи "Ваҳдат") ба ёд биёред. Дар он мулоқот ҷавонон аз мушкилоти худ ба мисли норасоии хобгоҳҳо, кори номунтазами нақлиёт, таъминоти ҷомеъа бо масолеҳи ғизоӣ, маоши (стипендия) донишҷӯён ва ҳоказо ҳарф заданд. Ҳокимони давр ваъда доданд, ки ин мушкилиҳо ҳалшавандаанд, вале бо гузашти сол ҳукумат донишҷӯёнро боз гирдиҳам овард ва онҳо аз иҷро нашудани мушкилоти матраҳшуда изҳори норозигӣ карданд. Донишҷӯён рӯйирост роҳбарияти вақтро ноӯҳдабаро унвон карданд. Рӯзномаҳои даврӣ ошкоро аз ин мушкилот ва камбудиҳои зиндагии мо менавиштанд ва сабабгорони вазъро фош мекарданд.
Мардум ба роҳбарони вақт бо шубҳа нигариста, ошкоро фаъолияти онҳоро интиқод мекарданд. Маҳз дар ҳамин айём нишонаҳои аввалини пошхӯрии ҳукумати вақт падид омад. Ин гуна вазъият дар тамоми Иттиҳоди Шӯравӣ эҳсос мешуд. Тағйироти вазъи сиёсӣ сабаб шуд, ки ҳодисаи баҳманмоҳ (феврали соли 1990) ба вуқӯъ бипайвандад. Азбаски бештар аз ҳама ҷавонон шайдои афкори домони бозсозӣ гашта буданд, нахустин шуда, боз ҳаминҳо аз як набудани сухан ба амали ҳокимони вақт норозигӣ баён карданд.
Ҳукумат мардумро дар масъалаи қонуни давлатӣ барои забон ва озодии виҷдон бозӣ медоронд. Вазъиятро вазъи ноҷӯри иқтисодӣ муташан ниҷтар месохт, фақат 10 % ҳосили пахтаи рӯёнидашуда дар дохили ҷумҳурӣ коркард мешуд. Дар ин солҳо заводу корхонаҳои аҳамияти умумииттифоқӣ дошта сохта мешуд. Барои фаъолият дар ин корхонаҳо аз дигар ҷумҳуриҳо коргарон, мутахассисон оварда мешуданд ва онҳо бо манзил ва маоши беҳтар таъмин мешуданд. Дар ҳоле ки худи мардуми тоҷик бекор буд ва ҷабҳаи ягонаи кор барои онҳо пахтазори сӯзону тафсон ба ҳисоб мерафт. Норозигӣ аз лиҳози вазъи ташвишовари иҷтимоӣ ва бефаъолиятии ҳукуматдорон рӯз ба рӯз зиёд мешуд. Хабари изҳори норозигии мардум тариқи роҳҳои гуногун ба Маскав мерасид. Марказро лозим меомад, то тадобири қатъӣ бубинад, гунаҳкоронро бо ҳадафи дарси ибрат шудан барои дигарон сахт муҷозот бидиҳад. Чунин як сенария дар Марказ коркард шуда буд. Тавре мегӯянд, фасод ё ғализӣ аз он ҷое сар мезанад, ки нафису ноустувор аст. Воқеаҳо чунин сурат мегирифтанд, ки маркази таҷрибаи зайл Душанбе қарор гирифт. Ҷомеаи гуногунмиллати норозӣ ба хиёбонҳои Душанбе рехтанд. Мутаассифона, ин гирдиҳамоиҳо дар муқоиса бо ҳаводиси шаҳрҳои Алмаато ва Тибилиси хилофи сенарияи навишташуда ранги дигар гирифт. Агар дар шаҳрҳои мазкур пахш кардани эътирози одамон аз сӯйи ҳукумат даст дода бошад, пас дар Душанбе тазоҳургарон бар ҳукумат дастболо шуда, ба якборагӣ се роҳбари аввали ҷумҳуриро маҷбур ба навиштани аризаи истеъфо карданд. Марказ чун бидид, ки амалиёт аз чаҳорчӯбаи нақшаи кашидашуда берун мебарояд, усули дигареро пеш гирифт. Бо ёрии мафия ва гурӯҳҳои ҷиноятпеша ғоратгариву роҳзаниро дар шаҳр ташкил кард. Шаҳрро овозаҳое пахш мекарданд, ки гӯё русҳоро кушта истодаанд. Биноҳои фарҳангиро оташ мезаданду метарконданд.
Бетартибиҳо дар Душанбе аз бисёр лиҳоз аз ҷоҳилона фаъолият намудани худи ҳукумат сар зада, боиси рехтани хуни бегуноҳони зиёде гардид.
Бо ҳадафи шикастани рӯҳияи озодихоҳӣ ва истиқлолталабии халқҳои СССР Кумитаи Марказии КПСС он чи ки аз дасташ меомад мекард, то ин муборизаи онҳоро ба маҷрои зиддиятҳои мазҳабӣ равона созад. Бо ин мақсад аз нируҳои ҷиноӣ васеъ истифода бурда мешуд. Аз ин рӯз намоишҳои бисёрмиллатаи ҳодисаҳои феврали Душанберо ранги низоъи байнимилӣ бахшиданд.
Дар асл, фоҷиаи моҳи феврали шаҳри Душанбе характери ҷазодиҳӣ дошта, як навъ додани адаби халқи тоҷик ва дигар миллатҳо буд.
Моҳи феврали соли 1990 оммаи васеъи мардум, ки аз намояндагони халқу миллатҳои гуногун иборат буд, на бар зидди арманиҳову дигар миллатҳои чун худашон аз ҳукумат норозӣ баромада буданд, балки алайҳи дурӯғу иғво, беадолатиҳо, худи системае, ки баъди ду сол Тоҷикистонро ба ҷанги бародаркӯшӣ тела дод.
Абдулло Ҳабибов,
шоҳиди воқеа