ЧАРО РАИСИ ҶУМҲУР ЖУРНАЛИСТОНРО ПУШТИБОНӢ МЕКУНАД?!

Сиёсат 12.02.2009 14:22

Баъди ба имзо расидани Фармони раиси ҷумҳур Эмомалии Раҳмон "Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба матолиби интиқодӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма", аксар бар он ақидаанд, ки фармони мазкур барои баланд бардоштани мақом ва эътибори расонаҳо мусоидат мекунад. Бархе дигар аз журналистоне, ки аз иҷро нашудани қонунҳо ва қарорҳои ба тасвиб расида нисбатан рӯҳафтода ҳастанд, иқдоми навбатии раиси ҷумҳурро як ҷадали навбатие медонанд, ки баъди гузашти вақте ба боди фаромӯшӣ хоҳад афтод.

Вале, ба андешаи ғолиб, ба имзо расидани фармони мазкур дар сатҳи олии мақомоти роҳбарии Тоҷикистони соҳибистиқлол як иқдоми тоза ва ба манфиати на танҳо журналистон, инчунин ҷомеаи кишвар равона гардидааст.

Журналистони собиқадоре, ки ҳануз дар нимаҳои дуюми солҳои 90 асри гузашта расонаҳои хабарии мустақил таъсис дода буданд, чи гуна муносибат кардани ҳокимони вақтро ба фаъолияташон фаромӯш накардаанд. Журналистони расонаҳои мустақилро он замон дар вазорату идораҳои давлатӣ, бо вуҷуди мутобиқи Қонун "Дар бораи матбуот ва дигар васоити ахбори омма" фаъолият карданашон, ҳамчун як унсури барои ҷомеа бегона қабул мекарданд

Ниҳоят, ҷомеаи мо бо мурури вақт тадриҷан қадам ба қадам ҷониби мақсади пешгузоштааш - сохтани ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд пеш рафт. Дар муносибати роҳбарони мақомоти ҳокимият ҳам нисбат ба журналистони мустақил дигаргуниҳои мусбат ба амал омадан гирифт. Вазъ то андозае тағйир ёфт, ки миқдори расонаҳои хабарии мустақил дар муқобили расонаҳое, ки аз буҷаи давлат маблағгузорӣ мешаванд, ҳам аз рӯйи сифат ва ҳам аз теъдод зиёдтар шуд. Аз ин рӯ минбаъд ба сухани онҳо низ гӯш додан лозим омад ва ҳамин тақозоро дар мақомоти олии ҳокимияти кишвар дарк намуданд. Зеро фаҳмиданд, ки матбуот ва радиову телевизиони мустақил ҳам ба манфиати кишвар ва мардумаш хизмат мекунанд.

Аммо дар ҳар сурат, то ҳол дари мақомоти давлатӣ ба рӯйи онҳо то андозае баста буд. Ва ҳар андозае, ки дари ҳуҷраҳои мақомоти давлатиро ба рӯи расонаҳои мустақил баста нигоҳ медоштанд, мардуми ҳамон қадар ноогоҳу гумроҳро ба даст меоварданд.

Дар айни замон расонаҳои хабарие, ки аз ҳисоби буҷаи давлатӣ фаъоланд, тибқи рисолаташон бояд ба мардум аз ҳаёти кишвар ахбори воқеӣ расонанд, ба хотири наранҷондани роҳбарони олимартаба ва маҳрум нашудан аз имтиёзҳояшон тамалуқкориашонро идома дода, расонаҳои давлатиро, дар ҳоле ки иқтисоди кишвар рӯ ба харобӣ дошту рӯз ба рӯз бадтар мешуд, ба минбари таърифу тавсифи афсонавии мансабдорон табдил доданд. Мардум дар навбати худ аз чунин расонаҳо рӯ тофта ба расонаҳои мустақил рӯ оварданд. Зеро дар расонаҳои мустақил масъалаҳои дархурди ниёзҳояшонро пайдо карда метавонистанд.

Бо дарки ҳамин масъала, ҳануз 4 марти соли 2005 ба хотири дастрасии бештар пайдо кардани расонаҳои мустақил ба сарчашмаҳои ахбори расмӣ амри барпо кардани нишастҳои матбуотии мақомоти давлатӣ барои журналистон дода шуд. Дар ибтидо моҳияти амри мазкури раиси ҷумҳурро баъзан роҳбарони мақомоти давлатӣ дуруст дарк накарда, иҷрои онро амри ҳатмӣ намеҳисобиданд. Аммо тақозои замон чунин роҳбарони воломақомро ҳам водор сохт, ки дар нишастҳои минбаъда бо дили нохоҳам ҳам бошад, дар назди журналистон ба бисёр саволҳои ногаҳонӣ ва номақбули онҳо, баъзан саволҳои "иғвогаронаашон" ҷавоб гӯянд. Баъди гузашти чор сол аз имзо шудани амри мазкур, имрӯз ҳамаи роҳбарон ба он одат кардаанд ва нишастҳои матбуотиро ҳамчун минбари муфид барои гуфтугӯ бо аҳли ҷомеа босамар истифода мебаранд.

Тавре аз таҷрибаи фаъолияти аксари расонаҳои мустақил огоҳем, роҳбарони мақомоти ҳокимияти давлатӣ ба посух гуфтан ё вокуниш нишон додан ба интиқоди расонаҳо то ҳол одат накардаанд.

Дар ҳамин маврид ниёз пайдо кардани мақомоти олии ҳокимияти давлатӣ ба сухани бепардаю беғаразонаи як қишри калону пешқадами ҷомеа - журналистон, ки ба пешрафту рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа нигаронда шудааст, зиёдтар ба чашм мерасад. Модоме ки ниёз ба сухани журналист мавҷуд аст, пас он бояд дар назди мансабдору шахси одӣ эътибори яксон дошта бошад. Эътибори онро, аввалан, худи журналистон бо маводи пуртаъсир, воқеъӣ ва беғаразашон таъмин мекунанд, сипас Фармони навбатии раиси ҷумҳур.

Таърих мисолҳои зиёди бо роҳи иҷборӣ ба низом даровардану кашидани лаҷоми мансабдорони давлатиро дар хотир дорад. Фармони ҳануз сесад сол муқаддам имзокардаи императори рус Пётри I дар мавриди боярҳои русро ба хотир меорем. Император бо мақсади ба аврупоиён наздик кардани мардуми қафомондаи рус онҳоро ба пӯшидани либосҳои аврупоӣ, тарошидани ришҳои дарозу бино кардани манзилҳои зебою барҳаво водор менамуд. Вақте ҳамаи даъватҳояш аз ҷониби боярҳо беҷавоб монданд ӯ маҷбур шуд фармоне интишор дода, боярҳояшро ба тарошидани ришҳояшон маҷбур созад. Дар ҳамин ҳолат ҳам баъзе аз боярҳои саркашу қайсар фармони шоҳро иҷро накарданд, зеро онҳо аз расму русум ва одатҳои тӯли асрҳо идомадошта ба якборагӣ хайру маъзур карда наметавонистанд. Он гоҳ Пётр фармон баровард, ки риши боярҳои саркаш бо табар кӯтоҳ карда шавад.

Албатта, фармон чораи иҷборист. Ва ба андешаи баъзе коршиносон хуб нест, ки мансабдорро ба навиштани ҷавоб ба воситаи фармони раиси ҷумҳур водор созанд, зеро ӯ дар сурати, ба андешааш, дар мақолаи журналист хато ё таҳрифи факту далел мавҷуд будан, ақаллан ба хотири ҳимояи эътибори кори худаш бояд вокуниш нишон диҳад. Вале, дар ҳолате ки мансабдор талаботи қонун ва тақозои раиси ҷумҳурро ба хубӣ (қонунӣ) дарк намекунад, пас дуруст аст, ки ӯро маҷбур созанд.

Фармони раиси ҷумҳур бо нияти хайр ба имзо расидааст. Он тақозо дорад, ки мансабдорон барои адои вазифаи давлатиашон масъулияти бештаре эҳсос кунанд, пеши роҳи фасод ва ришваситонӣ гирифта шавад ва минбаъд мансабдорон ҳам эҳсос кунанд, ки онҳо низ дар назди ҷомеа ҳисоботдеҳ мебошанд.

Фармон на танҳо барои барқарор намудани эътибори сухани журналист мусоидат мекунад, инчунин ба дӯши ӯ масъулияти калон мегузорад. Зеро фаъолияти шахси дар саҳифаи рӯзнома интиқодшуда барои ҳимояи худ ҳаргиз хомӯш наистода, чораҳо меандешад. Пеш аз ҳама шахси мансабдор дар худи матлаби журналист роҳи раҳо ёфтанашро меҷӯяд. Яъне аз мақола ё гузориши журналист камбудӣ пайдо карда, онро ба муқобили журналист истифода мебарад.

Дар ҳамин маврид принтсипҳои асосии фаъолияти журналист - дар асоси факт, воқеӣ, боэътимодона, ҳақиқатнигорона ва беғараз навиштан дастгири ӯ хоҳанд шуд. Журналист агар дар фаъолияташ аз ҳамин принтсипҳо риоя кунад, ӯ ҳаргиз, ҳатто агар объекти интиқодаш роҳбари воломақом бошад ҳам, бояд наҳаросад. Зеро ӯ дар ин ҳолат бояд дилпур бошад, ки ҳар нуктаи мақолаашро бомавқеъ ва бехато навиштааст ва ҳамзамон касеро таҳқир накардааст. Бавижа дар мавриде, ки ниёз ба сухани ҳаққи журналист дар мақоми олии роҳбарии давлат эҳсос шудааст.


Абдуфаттоҳ ВОҲИДОВ
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97