ТАЪИНИ ГЕНЕРАЛ ҚАҲҲОРОВ ЗАРБАЕСТ БА КАМАРИ КОРРУПСИЯ

Сиёсат 05.02.2009 14:44

Қабл аз баргузории ҷаласаи васеъи Ҳукумати ҷумҳурӣ миёни мардум гуфтугузорҳое оид ба роҳандозӣ шудани тағйиротҳо дар блоки вазоратхонаҳои қудратии кишвар паҳн гардида буд. Афзоиши ҷинояткорӣ ва амалҳои коррупсионӣ, фаъолияти сусти ҳомиёни ҳуқуқу тартибот то ҷое мардумро ба ташвиш оварда буд.

Бойиси хушист, ки дар ҷаласаи Шӯрои амнияти кишвар чанд рӯз пеш ин масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд ва нахустин тағйирот низ ба амал омад. Таъини роҳбари нави вазорати умури дохила бозгӯи он аст, ки дар сиёсати кадрии Ҳукумат як таҳаввулоте ба вуҷуд омад. Ин бори аввал аст, ки аз доираи маҳал берун рафта як вазири калидӣ дар Ҳукумат аз зумраи ашхоси воқеъан мутахассис ва аз шумори он кадрҳое, ки дар миёни кормандони соҳа эҳтироми хосса доранд ва эътироф шудаанд, соҳиби таҷрибаи ғанӣ ҳастанд ва ҳамеша барояшон манфиату давлату миллат аз манофеъи шахсиву гурӯҳӣ боло меистод таъин гардид. Ин таъиноти сардори давлат аз ҷониби аҳли ҷомеъа бо хубӣ истиқбол шуд. Умедворем, ки чунин тамоюл ва тағиротҳои кадрӣ дар дигар соҳот низ роҳандозӣ мешаванд. Таъини вазири нави умури дохила шаҳодати он аст, ки муборизаи беамон алайҳи фасоду ришвахорӣ оғоз шуд ва ба сари роҳбарии вазорат омадани генерал Абдураҳим Қаҳҳоров зарбаест ба камари коррупсия. Коршиносон ва кормандони соҳаи ҳуқуқ бар он назаранд, ки тайи ду- се соли ахир фаъолияти умури дохила дар пояи суст қарор гирифт ва хеле кормандони ботаҷриба, кордон ва шойиста бо сабабҳои номаълум сафи милисаро тарк гуфтанд. Қисмате аз кормандони хуб аз кор барканор шуданд, иддае дигар мӯҳлатҳои тӯлонӣ дар ихтиёри бахши кадрҳои вазорат буда ба ҷойи онҳо ашхоси тасодуфӣ ба мансабҳо таъин гардиданд. Дар натиҷа кори соҳаи милиса ба вазъи мушкиле қарор гирфт, ки дар ҳақиқат он бойиси ташвишу нигаронист. Агар ба вазири тозатаъини умури дохила, ки фарди фидоӣ ва дорои дасту дили по каст имкон дода шавад, ки мустақилона дар соҳаи милисаи тоҷик тағйиротҳои кадриро пиёда созад ва ба ӯ имкони тоза кардани сафҳои милиса аз одамони тасодуфӣ фароҳам оварда шавад бо имони комил метавон гуфт, ки дар кӯтоҳтарин фурсат ин вазорати басо муҳим ва калидӣ дар кори оромии вазъи кишвар ва мубориза бо ҳама гуна зуҳуроти номатлуби ҷомеъа ва аз иҷрои ҳама гуна вазифаву ваколатҳои бар уҳдааш гузошта бо сарбаландӣ мебарояд.

Генерал- лейтенант Абдураҳим Қаҳҳоровро масъулияти душвору пуршарафе бор шуд. Барои ӯ дар ин вазифаи масъулу сангин тансиҳатӣ ва барори кор мехоҳам.

Абдулло Ҳабибов, собиқ сардори шӯъбаи сиёсии

Вазорати умури дохила, генерал- майори милиса


©2008 - 2020 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97