Назарсанҷӣ

Шумо ба шаффофияти имтиҳоноти кадом яке аз ин марказҳо боварӣ доред?

Маркази миллии тестӣ - 51.8%
Маркази “Дурахшандагон” - 3.7%
“Россотрудничество” - 4.3%
Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (УЦА) - 22%
Филиали Донишгоҳи давлатии Москва (МГУ) - 4.9%
Дигар - 13.4%

ВАҚТЕ ОШНО БЕГОНА МЕГАРДАД Ё Дмитрий Медведев аз «Географияи СССР» баҳои чанд мегирифт?

Сиёсат 03.02.2009 15:33

ТО БА КАЙ ОБ АЗ ТАГИ ЯХ МЕРАВАД?!

Намедонем сархати матолиби нашрияҳои ғайритоҷикии Тоҷикистон ин ҳафта чи мазмун хоханд дошт, аммо мутмаинем, ки ҳар фарди ватанхоҳ дар ин ҳафта чизе дигар ҷуз масъалаи бунёди ниругоҳҳо ва баҳраёбии мо аз сарватҳои табиӣ хаёли дигаре дар сар нахоҳанд дошт ва чизе дигар аз сахифаи авали рузномаҳо нахоҳанд ҷуст, ҷуз ин. Агарчӣ фармоиши гаронбаҳое барои таблиғи бегонагонро дошта бошанд ҳам.

Зеро ин моем, ва тифлони мо, ки дар ҳоли хору залилии ватан хорузор хоҳем буд ва танҳо оғӯши гарми ватан аст, ки дар он мо фориғу сарбаланд хоҳем буд. Ва ҳам ҳатто нашрияҳое, ки зери бори дигарон бо титрҳои бузург миллату ватанро тавҳину тӯҳмат мезананд, бояд бар ояндаи бачаҳошон андеша кунанд. Бар он андеша кунанд, ки зери бори сиёсати ғалати бузургманишинона умре роҳбарони мо ғуломвор сар хам кардаанд ва бар касрати он имрӯз бачаҳои мо аз сардӣ дар пушти деворҳои хонаҳои сангин меларзанд. Агар дар шоҳрагҳояшон қатрае аз хуни ин миллати сарбуланд ҷорист, як бор бар он биандешанд, ки ин хонаи мо, ватани мост ва ҳарими он муқаддас аст ва убури бегонагон аз марзи он ва дахолати онон бар умури хонадории мо шойиста ва ҷойиз нест ва ҳатто бойиси нанг аст. Нанге, ки онро ҳар ҷавонмард бояд дар худ дошта бошад!

РУСИЯ - ЁРИ БЕАҲДУ ВАФО

Ахиран, Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳурии Русия, дар бораи тарҳҳои энержии Тоҷикистон тайи як сафари ду рӯзааш ба Узбакистон аз мавқеи давлатдорони узбак пуштибонӣ кардааст. Ин мавзеъгирии раиси давлати шарикхондаи мо, ба хусус дар мавриди тарҳи ниругоҳи Роғун, ки Русия ҳамеша барои ширкат дар бунёди ин ниругоҳ изҳори омодагии ҳамкорӣ кардааст, масъулини давлати тоҷиконро ҳайратзада ва нигарон сохтааст.

Медведев дар ҷараёни сафараш ба Узбакистон дар ҳафтаи гузашта ба Ислом Каримов, раиси ҷумҳури ин кишвар гуфтааст, ки кишварҳои минтақа дар мавриди иҷрои тарҳҳои энержии обӣ бояд бо ҳамсоякишварҳои худ машварат кунанд.

Изҳори назари раиси ҷумҳури Русия ҳамчун як жандарми минтақаӣ садо дод, ки аз ҷумла гуфт: "Дар ин замина набояд ба танҳоӣ (хонда шавад-худсарона(!)) амал кард, ин амал натиҷае ба бор нахоҳад овард ё ба танишҳое мунҷар хоҳад шуд, ки ҳалли он баъдан на аз роҳҳои иқтисодӣ, балки танҳо аз роҳҳои сиёсӣ мумкин хоҳад буд, агар аз роҳҳо ва равишҳои хатарноктаре ёд накунем (хонда шавад - ҷанг)".

Адабиёте, ки Владимир Путин ҳеч гоҳ ба худ иҷоза надода буд, дар нисбат ба Тоҷикистон истифода кунад. Аз нигоҳи дигар ин мавзеъгирӣ набояд ба маънои мухолифати Русия ба тарҳи Роғун пиндошта шавад. Ба мушкил метавон ба ин ҳарф бовар кард, ки Медведев Роғунро дар назар дошт. Зеро мувофиқа барои сохтани ниругоҳ дар рудхонаи дохилӣ ниёзе ба мувофиқа бо кишвари дувумро надорад. Ва Роғун дар рудхонаи Вахш, ки як руди дохилӣ аст на фаромарзӣ, сохта мешавад. Агар бовар кунем, ки раиси ҷумҳурии Русия аз "Географияи СССР" баҳои ду нагирифта аст, пас бояд ба ин бовар низ бошем, ки Медведев медонад, ки Вахш аз дохили Тоҷикистон сарчашма мегирад ва дар дохили Тоҷикистон хатм мешавад, ба Ому мерезад ва руди фаромарзӣ нест. Акнун бовар кардем, пас хулоса ин аст, ки Медведев ин ҳарфи боиси моҷарои худро ба хотири таскини Ислом Каримов гуфт ва халос.

Аз нигоҳи дигар, худи даъвати Ислом Каримов аз Дмитрий Медведев ва он ҳам дар маърази ом барои сарзаниши Тоҷикистон ва Қирғизистон, баёнгари пешрафти сиёсат ва ҷой уфтодани мавқеъи ин ду кишвари болооб аст. Агар аз мантиқи сода кор бигирем, ин мисли шикояти шахси нотавон аст. Ва дар ин сурат шояд вокуниши мо даркор ҳам набуд, ва ё шояд ҳам даркор буд. Вақт хоҳад гуфт.

ҒӮЛ ТАҲДИД МЕКУНАД!

Аммо бархе коршиносон бар онанд, ки ин суханони ҷаноби Медведев аз он дарак медиҳад, ки ӯ на танҳо аз мавқеи Тошканд пуштибонӣ мекунад, балки ба кишварҳои дигари минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон, ки бар сари иҷрои тарҳҳои энержии обӣ бо Узбакистон ихтилоф доранд, як гуна таҳдид аст.

Таҳлилгарон ҳамчунин мегӯянд, ҳимояти босароҳати сарнишини Кремл аз мавқеъи Тошканд дар мавриди истифодаи захираҳои оби минтақа, ки боиси эътирози бесобиқаи давлатмардони Тоҷикистон аз ин мавзеъгирии шарики стротегиаш шудааст, баёнгари дар рӯ ба рӯи чолиш қарор гирифтани барномаҳои энержии Тоҷикистон аст.

Баъди он ки Дмитрий Медведев гуфт, Русия дар баромаҳои энержие, ки бо ҳамсояҳо ҳамоҳанг нашуда бошад, ширкат намеварзад, Тоҷикистон умеди ширкати Русияро бо шароити мавҷуди барномаҳо аз даст додаст, аммо ҳамчунон мавқеъи худро дар ин росто ҳифз мекунад. Ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон, ҳамоно беш аз 75 дарсади ниругоҳи Роғун саҳмияи Тоҷикистон хоҳад буд ва баландии сарбанд низ паст нахоҳад шуд, ва ба ҳар қимате ба сохтмони ин ниругоҳ идома хоҳанд дод. Ҳамонгуна, ки Ислом Каримов, раиси ҷумҳури Узбакистон низ мавқеи оштинопазире ба барномаҳои энержии Тоҷикистон ва Қирғизистон дорад.

ИДАЪОИ ҒАЛАТИ УЗБАКИСТОН

То ҳамин ҷо мерасем ва суоли матраҳ ин мешавад, ки далели мухолифати Узбакистон ба тарҳҳои энержии ҳамсоякишварҳо ва дар маҷмӯъ наҳваи истифодаи захираҳои обӣ чист? Асоситарин далеле, ки мақомоти узбак барои исботи даъвояшон дар мавриди ҳамоҳанг кардани барномаи сохтмони ниругоҳҳо пеш меоранд, фаромарзӣ будани дарёҳо мебошад.

Дуввум далеле, ки мақомоти Узбакистон ва Қазоқистон пеш меоранд, эҳтимоли фоҷиаҳои экологӣ, дар натиҷаи сохтани обанборҳо ва пеш омадани мушкили камбуди об аст.

Аммо Тоҷикистон ин идаъоро беасос медонад ва мегӯяд, тарҳи сохтмони НБО Роғун ба ҳамаи ҷонибҳо, аз ҷумла бо мақомоти Тошканд қабл аз оғози сохтмони он дар замони барпоии Иттиҳоди шӯравӣ мувофиқа шудааст ва Тоҷикистон қасде барои бастани об ва пеш овардани мушкилоти об надорад. Инро мутахассисони рус, ки замони таҳияи ин тарҳҳо ширкат доштанд, борҳо тасдиқ кардаанд. Ҷониби Тоҷикистон бар он ҳаст, ки сохтани ин обанборҳо баҳрабардорӣ аз манобеи обиро муносибтар хоҳад кард.

ТАРСИ УЗБАКИСТОН АЗ ЧИСТ?

Аммо далелҳои дигаре низ дар мавриди иллати мухолифати Узбакистон ба барномаҳои энержии Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳадс ё тахмин зада мешавад. Аксари коршиносон мегӯянд, далели аслии Узбакистон барои мухолифат, тарс аз ояндаи ин тарҳҳо мебошад, зеро дар сурати бунёди ниругоҳҳо Тоҷикистон имкон пайдо хоҳад кард, ки дар воқеъ истифода аз захираҳои обии минтақаро, ки шаст дарсади онро дар ихтиёр дорад, танзим ва назорат кунад. Дар он сурат нигаронии Узбакистон аз он аст, ки мабодо Тоҷикистон ба унвони фишанги фишор аз об истифода кунад, ки давлати Тоҷикистон ҳамеша ин иддаъоро бепоя хондааст.

Аммо Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси ҲСДТ ва устоди донишгоҳи байналмилалии Душанбе муътақид аст, ки мушкили миёни Тоҷикистон ва Узбакистон ва мухолифати Узбакистон ба барномаҳои энержии Тоҷикистон бештар ба мушкил ё муносибати миёни ду раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва Узбакистон Эмомалӣ Раҳмон ва Ислом Каримов бар мегардад. Ин дар ҳолест, ки Давлат Усмон, вазири собиқи иқтисоди Тоҷикистон ин ақидаро рад карда мегӯяд, мухолифати Узбакистон ба ин тарҳҳо аслан ангезаи сиёсӣ дорад ва ин масъалаи усулӣ асту ба манфиати миллӣ бар мегардад.

ВАХШ-ЧЕГАРАКЕСАР ДАРЁ ЭМАС!

(Вахш дарёи фаромарзӣ нест!)

Тавре гуфта шуд, ки аслан даъвои Узбакистон дар бораи дарёҳои фаромарзӣ аст, яъне ун дарёҳое, ки дар марзи мо бо Узбакистон қарор доранд. Ин дар ҳолест, ки манобеъи давлати Тоҷикистон мегӯянд, ниругоҳи Роғун дар рӯдхонаи Вахш бунёд мешавад ва он ба ҳеч ваҷҳ рӯдхонаи фаромарзӣ нест ва ин ниругоҳ дар оянда барои таъмини об дар кишварҳои минтақа низ муфид аст. Аз ин рӯ Тоҷикистон аз кишварҳои минтақа низ даъват кардааст, ки дар консорсиюми байналмилалӣ барои бунёди ниругоҳи Роғун ширкат биварзанд, вале ҷониби Узбакистон ин пешниҳодҳоро ҳамеша нодида мегирад. Гуфта мешавад, бозрасии байналмилалии тарҳи ниругоҳи "Ёвон" дар рӯдхонаи Зарафшон низ собит кардааст, ки ин тарҳ ҳеч осебе барои кишвари ҳамсояи Узбакистон нахоҳад дошт, вале мақомоти узбак натоиҷи ин бозрасиро низ напазируфтаанд.

Русия ва Узбакистон набояд фаромӯш кунанд, ки Республикаи Автономии Тоҷикистон ҳанӯз соли 1924 барҳам хӯрдааст.

БА ҲАМААШ УЗБАКИСТОН ГУНАҲКОР

Дар ҳоле Узбакистон кишварҳои болообро барои вайрон кардани вазъи экологӣ ва масрафи об муттаҳам мекунад, ки мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, иҷро нашудани қарордодҳои обу энержӣ миёни Тоҷикистон ва Узбакистон боиси пеш омадани мушкилоти барқрасонӣ дар Тоҷикистон шудааст. Дар ин маврид вазири хориҷаи кишварамон дар як нишасти хабарӣ гуфт, қатъи интиқоли барқи Туркманистон тавассути Узбакистон ба Тоҷикистон боис шудааст, ки захираи обанбори Норак беш аз меъёр истифода шавад. Ва ин ҳол эҳтимолан боис мешавад, ки тобистон мушкили обро барои кишварҳои минтақа ба вуҷуд биорад. Зеро Тоҷикистон роҳи дигаре надорад.

Ва ин дар ҳолест, ки коршиносони соҳаи энержӣ тавони обанборҳои Тоҷикистонро ба ҳадде, ки имкони захираи об ба андозаеро, ки барои кишварҳои поёноб мушкил эҷод шавад, нокифоя медонанд. Агарчанд чунин имконеро рад низ намекунанд. Коршиносони соҳаи энер¬жӣ мегӯянд, агар хушксолӣ ва ё вазъи соли гузашта пеш биояд, ки ҳанӯз дар моҳи август камбуди об мушоҳида мешуд, пеш омадани мушкили об мумкин аст.

ЧАРО ГАПИ МАРД ЯКТО НЕСТ?

Дмитрий Медведев дар ҳоле бо сароҳат аз ин мавқеъи Тошканд пуштибонӣ мекунад, ки зимни дидори расмии худ аз Тоҷикистон дар моҳи августи соли гузашта изҳор дошта буд, ки кишвараш тасмим гирифтааст дар Тоҷикистон боз се ниругоҳи дигари обӣ бисозад ва дар идомаи сохтмони ниругоҳи Роғун ширкат биварзад. Дар бунёди ниругоҳе, ки чун устухон дар гулуи Узбакистон дармондааст ва давлати Узбакистон ҳамеша ҷомеъаи ҷаҳонӣ ва аз ҷумла Русияро дар мавриди тарҳҳои энержии обии Тоҷикистон гӯл мезанад ва алайҳи ин тарҳҳо корзори таблиғотӣ роҳандозӣ кардааст.

МЕДВЕДЕВ ВАЪДАФУРӮШӢ МЕКУНАД

Шарики стратегии мо чаро ваъдаҳояшро фаромӯш кардааст, суолест, ки ҳар фарди огоҳро таҳрик медиҳад.

Барои дарёфти посух ба ин суол нигоҳе хоҳем дошт ба мулоқоти сарони Русия ва Узбакистон дар Тошканд. Дар ин мулоқот Русия ва Узбакистон ҷиҳати харидории гази Узбакистон, тахсиси 51 дарсад аз саҳмияҳои корхонаи тавлиди ҳавопаймоии Тошканд ба Русия ва бархе аз масоили дигари иқтисодӣ ва низомӣ тавофуқ карданд. Акнун Узбакистон газашро танҳо ба Русия мефурӯшад ва Русия ҳақдор хоҳад буд, ки ин газро ба ҳар кӣ дилаш мехоҳад, мефурӯшад. "Газпром"-и Русия гази Узбакистон ва Туркманистонро харидорӣ мекунад ва тавассути лӯлаҳои гази худ ба дигар кишварҳои урупоӣ мефурӯшад.

Ва ба мушкил мешавад бовар кард, ки соҳиби Кремлин низ зери бори Узбакистон рафта, ваъдаҳояшро ба боди фаромӯшӣ додаст ё ваъдафурӯшӣ мекунад.

ВАҚТЕ РУСИЯ АЗ МО ФОСИЛА МЕГИРАД…

Аксари соҳибназарон бар онанд, ки акнун фурсати он фаро расидааст, ки давлати Тоҷикистон низ дар муносиботи худ бо ёри беаҳду паймонаш Русия, ки аз Душанбе фосила мегирад, таҷдиди назар кунад. Ҷониби Тоҷикистон бояд бознигарии ҷиддӣ дар тавофуқоти худ бо Русия дар мавриди ҳузури низомиёни рус дар қаламрави Тоҷикистон дошта бошад, ки акнун оғоз шудааст. Зеро монеъаи аслии сарозер шудани сармояи хориҷӣ ба иқтисоди Тоҷикистон ин ҳузури низомиёни Русия дар қаламрави кишварамон аст.

Агарчӣ бархе дигар аз коршиносон мегӯянд, барои Тоҷикистон бо таваҷҷуҳ ба бӯҳрони ҷаҳонии молӣ ва пайёмадҳои он бар вазъи муҳоҷирон, ҳанӯз ин фурсат фароҳам нашудааст, ки мавзеъгирии Русияро ба чолиш бикашад. Зеро Русия фишангҳоеро дар даст дорад, ки истифода аз онҳо метавонад авзоъи дохилӣ дар Тоҷикистонро ноором бисозад. Гуфта мешавад, имрӯз дар долонҳои Кремлин сиёсатмадороне гом мезананд, ки мумкин аст, аз сиёсати тундравонае дар баробари иқдомҳои ҷониби Тоҷикистон кор бигиранд. Дақиқтараш дар сурати таниш миёни Душанбе ва Маскав, ин афрод метавонанд аз зӯр кор бигиранд ва қартаҳоеро, ки дар муқобили Гурҷистон ва Укроин истифода бурданд, ба бозӣ дароваранд.

Коршиносон сафари даҳрузаи Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури кишварамонро ба кишварҳои соҳили Балтик ва Иттиҳоди Урупо талоше барои боз кардани роҳҳои нав ҷиҳати роҳандозии муносибот дар шароити фишорҳои эҳтимолӣ медонанд.

Бо таваҷҷуҳ ба ин ҳама, бисёре аз коршиносон муътақиданд, ки мулоқоти дар пешистодаи Эмомалӣ Раҳмон ва Медведев дар Маскав, ки қарор аст, аввалифеврал баргузор шавад, пуртаниш хоҳад буд.

ВОБАСТАГИИ МО АЗ КРЕМЛ

Гарму сард шудани муносиботи Тошканд бо Маскав ҳамеша мавриди таваҷҷӯҳи ҷомеаи Тоҷикистон ҳам дар сатҳи мардумӣ ва ҳам дар сатҳи мақомот будааст.

Ба эътиқоди бархе коршиносон, дар ибтидои истиқлол ҷанги дохилии Тоҷикистон замоне мумкин шуд, ки мавзеъҳои Тошканд ва Маскав дар қиболи Тоҷикистон ҳамнаво шуд.

Аз он таърих то кунун Тоҷикистон ба набзи муносиботи Узбакистон бо Русия бо ҳассосияти тамом назар мекунад. Ва ин ҳассосият бебаҳона низ нест. Дубора дар соли 2004 вақте муносиботи Узбакистон бо Ғарб ба далели ҳаводиси Андиҷон сард шуд ва Тошканд бо Маскав канор омад, ширкати русии Русал аз иҷрои тарҳи сармоягузории якуниммилларддоларӣ ба ниругоҳи Роғун даст бардошт. Акнун низ мавзеъгирии намоишкоронаи Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳурии Русия ба манфиати Узбакистон монеъаҳое барои иҷрои барномаҳои энержии Тоҷикистон дар миён гузоштааст.

ИДОМАИ МУХОЛИФАТҲО ВА ДУРНАМО

Ба ҳамин тартиб, баҳси оби минтақа ҳамчунон бо мушкилоти фаровони худ боқист. Ва коршиносон мегӯянд, ба ин зудӣ роҳи ҳалле низ наметавонанд пайдо кунад. Тоҷикистон ва Қирғизистон ду кишвари болооби минтақа беш аз 80 дарсади манобеи обиро дар ихтиёр доранд, вале дар баҳрабардорӣ аз ин захоир ба мухолифати кишварҳои поёноб дучор мебошанд. Вале бо вуҷуди мухолифати хастагинопазири Узбакистон ин ду кишвар, ба хусус Тоҷикистон ба сохтмони ниругоҳҳои бузурги худ идома медиҳанд.

Албатта Тоҷикистон дар ин миён чанд баргаи бозандае низ дорад, ки бо болои миз гузоштани онҳо Маскав нармиш нишон хоҳад дод. Яке пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон аст, ки мақомоти Тоҷикистон ба сароҳат аз ин омил дар мулоқоти Маскав бояд баҳрабардорӣ кунад. Дигар ҳаммарзии мустақими мо бо Ғарб дар симои НАТО дар Афғонистон. Оё Русия ба осонӣ хоҳад тавонист аз канори ин манофеъи стротегии худ убур кунад? Ва охирин паём дар ин замина ин аст, ки вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ахиран, тарҳи созишномаи хобида аз соли 2004 бо Покистон дар зимни ҳимоя ва ташвиқи саромоягузориҳоро аз ҷевон берун кашида, чанги он такиданд ва ба тасвиб расониданд. Кишваре, ки шарики Ғарб ва бештар аз ҳама ба сохтмони Роғун алоқамандӣ нишон додааст.


"Миллат"
©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97