БАРФ МЕГУЗАРАД, ВАЛЕ СИЁҲИИ ЗАМИН МЕМОНАДё чаро давлати ҳамҷавор пешрафти моро намехоҳад?

Сиёсат 22.01.2009 14:34

ЧУ ҲАМСОЯ БО МОСТ ДАР ХУРӮШ…

Дар манотиқи Осиёи Марказӣ протсеси аз ҳам дуршавӣ ва адами тавофуқот миёни ин кишварҳо ҳамоно идома дорад. Далоили мавҷуда шаҳодат медиҳанд, ки сол аз сол дар ҳалли масоили сарҳадӣ миёни кишварҳои ин минтақа тафоҳуме ба даст намеояд ва маҳдудиятҳои тозае дар муносиботи тиҷоратӣ, ҳаракати нақлиёт, амволи тронзитӣ ва убуру мурури мусофирон аз сарҳадоти ин кишварҳо эҷод мегардад.

Анқариб ба таври куллӣ муомилоти истеҳсолӣ миёни ин кишварҳо қатъ гардида, реҷаи рафтуомади шаҳрвандон ба ин кишварҳо шадидтар мегардад. Муносибати фарҳангӣ ва илмӣ-техникӣ канда шуда, ба дипломҳои дигар кишварҳо кучактарин эътимод намондааст. Дар ин самт кишварҳои алоҳидаи минтақа нақши хосеро ифо мекунанд. Сиёсати хориҷии Узбакистон то он даме, ки ба Созмони ҳамкориҳои иқтисодии Аврупову Осиё шомил нагардида буд, ба изолятсияи кишвараш аз дигар ҷамоҳири минтақа ва истифодаи омилҳои маҳдуд сохтани муносибаташ ҷиҳати зарар расонидан ба пружаи рушди иҷтимоиву иқтисодии кишварҳои ҳамсоя, махсусан ба Тоҷикистон, Қирғизистон ва Туркманистон равона гардида буд.

ТОҶИКИСТОН ЧӢ МЕХОҲАД?

Тоҷикистон бо дарназардошти чанд далоил сиёсати пешгирифтаи ҳамсоякишвари Узбакистонро бар зарари манофеи кишварҳои минтақа хонда, хати машеро, ки ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ аст, пеш гирифт, Тоҷикистон ҳамеша хоҳони он аст, ки тамоми маҳдудиятҳо чи дар масоили марзӣ ва чи дар муносиботи иҷтимоиву иқтисодӣ ва убуру мурури озоди шаҳрвандони кишварҳои минтақа аз тариқи марзҳои якдигар аз байн бардошта шаванд ва сиёсати дарҳои боз шиори доимӣ ва амалии ҷамоҳири минтақаи осиёӣ гардад. Боз ҳам бо сабаби беэътиноӣ ва нодида гирифтани ҳаққи ҳамсоягӣ, ибтикороти Тоҷикистон аз тарафи Узбакистон пуштибонӣ наёфт.

НАҚШИ СОЗМОНҲОИ МИНТАҚАӢ

Бо ин ҳама пас аз пошхӯрии Шӯравӣ дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ зарурати таъсиси созмонҳои ҳамкориҳои минтақавӣ ба миён омад.

Ҳанӯз соли 1993 бо қарори муштараки намояндагони панҷ кишвари минтақа, Созмони Осиёи Марказӣ таъсис ёфт. Пас аз ин созмонҳои мухталифи минтақавӣ ба вуҷуд омад, ки намояндагони он ҳама дорои ҳуқуқҳои баробар буданд. Таъсиси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), Созмони ҳамкориҳои иқтисодии Аврупову Осиё, Созмони ҳамкориҳои Осиёи Марказӣ, Созмони ҳамкориҳои Шонхай, аз ҷумлаи созмони минтақавӣ аст, ки ба хотири ҳамоҳангсозии барномаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фаҳангиву маданӣ байни кишварҳои аъзо ташкил ёфта буд.

Соли 2004 Узбакистон пешниҳод намуда буд, ки дар чаҳорчӯби Созмони Ҳамкориҳои Оси¬ёӣ бозори умумии Осиёи Марказӣ таъсис дода шавад. Мутаассифона бозори мазкур бо баъзе баҳонаҳо, ки нақши роҳбариро бояд Узбакистон ба даст мегирифт, пас аз чанде фаъолияташро қатъ намуд. Бо ҳамин барномаҳое, ки дар соҳоти тиҷорат нақлиёт ва тронзит пешбинӣ гардида буданд, барҳам хӯрд ва дар ин замина коре иҷро нашуд. Узбакистонро дигар аъзои созмон нахостанд, ки нақши роҳбарӣ дар ин созмонро дошта бошад.

УЗБАКИСТОН БА ВОХӮРӢ НАОМАД

Дар ҳамон соли 2004 мутобиқи қарори Шӯрои сарони давлатҳо, ки ин ҷаласа дар шаҳри Душанбе доир гашта буд ва лоиҳаи консорсиуми барномаҳои гидроэнергетикӣ, хӯрокворӣ ва нақлиётӣ тасдиқ гардид, ҳукуматҳои аъзои Созмони кишварҳои Осиёи Марказӣ муваззаф гардиданд, то лоиҳаи қарордодро оид ба таъсиси консорсиумҳои фавқуззикр таҳия намоянд. Дар ин замина коршиносони кишварҳои аъзо дар соли 2005 дар Алмаато ва Бишкек бо ҳам вохӯрда, масоили марбутро мавриди баррасӣ қарор доданд. Бо камоли таассуф коршиносони Узбакистон боз ҳам дар ин вохӯриҳо ширкат наварзиданд.

ТАЪСИСИ КОНСОРСИУМИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ

Қобили зикр аст, ки таъсиси консорсиуми гидроэнергетикӣ ва нақлиётӣ барои Тоҷикистон аҳамияти калоне дорад. Консорсиуми нахустин ҷиҳати таъсиси шароит барои ҷалби на танҳо захоири табиии Сирдарё, балки захоири қавии Амударё дар ин ҳавза, ки ҳамаи ниругоҳҳои барқи обии амалкунанда ва пешбинишаванда даъват шуда буд. Консорсиуми нақлиётӣ бошад шароитеро ҷиҳати раҳоӣ ёфтани Тоҷикистон аз ҳолати изолятсияи нақлиётӣ-ҷуғрофиёӣ тавсиа ва на танҳо наздик кардани иқтисодиёти худ бо иқтисодиёти кишварҳои ҳамсоя, балки бо иқтисоди ҷаҳонӣ фароҳам меовард. Дар сурате, ки агар ин ду консорсиуми пешбинигардида фаъолият мекарданд ва шароитҳои беҳтаре муҳайё мегардид, ҳамкориҳои иқтисодӣ байни Тоҷикистону Афғонистон тавсия меёфт.

АГАР МО ДАР РӮДИ ПАНҶ НИРУГОҲ БИСОЗЕМ…

Бунёди ниругоҳҳои барқи обӣ дар маҷрои дарёи Панҷ имконияту шароитҳоеро фароҳам меовард, ки аз 400 то 1 млн. гектар заминҳои вилоятҳои шимоли Афғонистон обшор мегардид ва навоҳии на танҳо шимоли ин кишвар, балки навоҳии марказиаш бо барқи арзон доиман таъмин мегардид.

Мутаасифона, асноди лозимӣ дар масъалаҳои зикргардида таҳия ва қабул нагардид, зеро мавқеи бетарафӣ ишғол намудани Узбакистон ба соири масоили ҳалгардидаи минтақавӣ, ки яке мехост аз дигаре бартарият дошта бошад, дар пешравии умури ин консорсиумҳо монеъаҳои шадиде эҷод намуд. Шомил гардидани Узбакистон ба Созмони ҳамкориҳои Аврупову Осиёӣ ва баровардани созмони кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ин созмон вазъиятро ба куллӣ тағйир дод ва фаъолияти коршиносон дар ин консорсиумҳо ба куллӣ қатъ гардид. Ва ин амр тасодуфӣ сурат нагирифт. Коршиносон бар ин ақи¬дବанд, ки эътироф накардани бартарияти Узбакистон аз тарафи аъзои дигар вазъиятро хеле бад кард. Зеро Узбакистон мехост тамоми захоири табииро дар Осиёи Марказӣ таҳти назорати худ қарор диҳад. Аммо ин амали ҷониби Узбакистон ба аъзои дигари консорсиумҳо хуш наомад ва ба ҷараёни минбаъдаи кор монеъаҳо эҷод кард.

ҚАТЪИ ПАЙВАНДҲОИ ХЕШУТАБОРӢ

Муносибат, мавқеъгирӣ ва ширкати Тоҷикистон дар ҳамкориҳои минтақавӣ аҳдофи некро дунбол дошт. Тоҷикистон дар рушду тавсиаи ҳамкориҳои минтақавӣ таваҷҷӯҳи бештаре зоҳир менамуд. Дар ин самт имконоти ҳар чи зудтари ҳалли масоили ба миён омадаро медид, ки дар сурати ҳал гардидани ин масоил, Тоҷикистон имконият пайдо мекард, ки пружаи коҳиши сатҳи камбизоатиро дар кишвар ҳал намояд ва ба муҳосираи эълон нагардидаи иқтисодӣ, ки аз тарафи кишвари ҳамсоя Узбакистон ташкил шудааст, хотима диҳад.

Ҳамчунин кишвари мо имконият пайдо мекард масоили тронзитии амвол ва мусофиринро, ки аз қаламрави кишварҳои ҳамсоя убур мекунанд, ҳалу фасл намояд ва тиҷорати дохиливу хориҷиашро ба соири кишварҳо густариш диҳад. Аз ҳама муҳим канда шудани муносибати хешутабории шаҳрвандонро ки тайи 10-15 соли ахир бо Узбакистон рух додааст, дубора барқарор мешуд.

НИЯТИ КИШВАРИ МО НЕК АСТ

Тоҷикистон бо дарназардошти манофеъи минтақаӣ бо ибтикороти ҷиддӣ, ки ифодакунандаи манофеъи дуҷонибаву сеҷонибаи ширкаткунандагон аз ҷумла дар муносибат бо Узбакистон, пешниҳодоти арзандаеро ироа намуд. Бо камоли таассуф аксари ин ибтикорот аз тарафи Узбакистони ҳамсоя нодида гирифта шуд ва ё умуман шунида нашуданд. Иддае аз қарордодҳо, ки бо ризоёти ҷониби ҳарду тараф таҳия ва омода шуда буданд то имрӯз аз тарафи ҳукумати Узбакистон ба имзо нарасидааст. Имрӯз Тоҷикистон бо тамоми кишварҳои дунё иртиботи доимӣ дорад, тайёраҳои мусофирбар ба ин кишварҳо мунтазам парвоз мекунанд ба ҷуз Узбакистон. Сабаби инро мутахассисон ҳар гуна шарҳу тавзеҳ медиҳанд. Аммо ба маврид аст бигӯем, ки яке аз сабабҳои асосӣ муносибати нек надоштан бо Тоҷикистон аст. Дар ин ҷо ягон рукне аз ҳамсоягӣ ва ҳусни тафоҳум мушоҳида намегардад.

ТАЪНА НАКУНЕД, МО ПУЛ ДОДА ГАЗ МЕХАРЕМ

Тоҷикистон, ҳамеша хостааст бо кишварҳои дуру наздик равобити ҳасана дошта бошад. Аммо ҳеч не, ки бо яке аз ҳамсояҳои наздики худ ин муносибатро дошта бошад. Агар Узбакистон моро бо он, ки аз гази табииаш истифода мебарем, таъна заданӣ бошад, ин ҷо ин ҳарфҳо ҷой надоранд. Зеро то имрӯз мо як метрии мукааб газро ройгон нагирифтаем ва онро бо нархи ҷаҳонӣ аз ҳамсоякишвар харидорӣ менамоем. Имрӯз мардуми мо ба камбуди газ одат кардааст ва бо набудани гази табиӣ чизеро аз даст намедиҳад. Бо сароҳат ва итминони комил гуфта метавонем, ки мо баъди чанд солаке истиқлолияти энергетикӣ ба даст хоҳем овард ва дигар эҳтиёҷе ба гази бадбӯю тасфиянашудаи Узбакистон нахоҳад монд. Дар кишварҳои мутамаддин ҳеч гоҳе аз чунин гази хом истифода намебаранд, зеро дар ин мамолик саломатии инсон болотар аз ҳама боигариҳост. Ин моем, ки бо пули нақд гази пастсифатро мехарем ва боз ҳам зери таънаҳо қарор мегирем.

РАВОБИТИ МО БО ДИГАР КИШВАРҲО ХУБ АСТ

Сафари ахири президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои ширкат дар ҷаласаи сарони кишварҳои ИДМ дар Остона ва мулоқоту гуфтушунидаш бо Назарбоев собит сохт, ки муносибати ин ду кишвар дар сатҳи баланде қарор дорад. То имрӯз тамоми муоҳидаҳо миёни ин ду кишвар амалӣ шудаанд ва мо бо давлати Қазоқистон ҳамаи масъалаҳои муҳимро бар суди якдигар ҳал намудаем.

Муносиботи Тоҷикистон бо Туркманистону Қирғизистони ҳамсоя дар ҳама соҳот некбинона ва бародарона сурат мегирад. Аз ин, ки Узбакистон муносибати сарду қаҳролудагӣ бо мо дорад, ин гуноҳи худи онҳост, ки заъфи нотавонбинӣ ва хусумати иддае аз сиёсатмадорон онҳоро гирифтори ин беморӣ гардонидааст ва бо як эгоизми бузургманишӣ наметавонанд воқеиятро эҳсосу дарк намоянд, ки дар шароити имрӯза бо чунин назаре имкони пеш рафтан вуҷуд надорад.Онҳо бояд дарк намоянд, ки Тоҷикистон рӯз аз рӯз, сол аз сол пеш меравад ва рушду тараққӣ дорад. Мавқеи ҷойгиршавиаш низ имконияти васл намудани Осиёву Аврупоро бо шарқ фароҳам меорад ва маҳз оянда аз ҳамин минтақа метавонад "Роҳи абрешим" бо Чину уқёнуси Ҳинд васл гардад.

МО БА РӮЗҲОИ НЕК МЕРАСЕМ!

Сиёсате, ки имрӯз давлатмардони Тоҷикистон барои ниругоҳсозӣ пеш гирифтаанд, на танҳо бар нафъи тоҷикон, балки тамоми мардуми минтақа аст ва ин иқдомот аз ҷониби кишварҳои дуру наздик дастгирӣ меёбад. Мо ҳич гоҳе дар назди худ мақсади ҷаҳонгир буданро нагузоштаем ва моро ҳамин сарзаминамон кифоя аст, ки орому осуда зиндагӣ намоем ва хати маши роҳбарияти давлатамонро дастгирӣ намуда, тамоми барномаву нақшаҳояшро бо он ҳамоҳанг гардонем, то кишварамон ҳар чи зудтар аз ҳама гуна бунбастҳо наҷот ёбад. Иншоллоҳ он рӯз дур нест ва мо онро хоҳем дид!


Ибодуллои ОҚИЛПУР
©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97