РУСИЯ БАРОИ МО БЕГОНА МЕШАВАД: КӢ МУҚАССИР АСТ?!

Сиёсат 21.01.2009 13:44

МУСОФИРОНИ САРСОНУ ҲАЙРОН

Барои чӣ тоҷикони мусофирони транзитии ҳавопаймои хатти сайри шаҳрҳои Русия ва Тоҷикистонро дар ягон маҳалли барои мусофирони транзитӣ пешакӣ омодашуда нигоҳ надошта, онҳоро ба кӯча сар медиҳанд? Магар дар байни ширкатҳои ҳавопаймоии тоҷик ва рус дар мавриди мусофирони транзитӣ ягон қарордод ё созишнома мавҷуд нест?

НОРОҲАТИҲОИ САФАР БА РУСИЯ

Ибтидои моҳи октябр мо дар ҳайати як гурӯҳ - рӯзноманигорон, сиёсатшиносон ва ходимони давлатӣ барои ширкат дар як ҳамоиш озими шаҳри Варшаваи кишвари Лаҳистон шудем. Дар бозгашт гузорамон ба хоки Русия афтод. Не, на ба хотири он, ки мо чунин мехостем, балки созмондиҳандагони ҳамоиш билети ҳавопайморо маҳз аз роҳи Русия харида буданд, ҳарчанд метавонистанд аз роҳи дигар, масалан аз роҳи Истамбули Туркия гиранд. Бо ҳамин сабаб мо ба ягона имконияти дар ихтиёрдоштаамон маҷбур қаноат кардем.

Инак вориди фурӯдгоҳи "Домодедово"-и шаҳри Москва шудем. Фурӯдгоҳи "Домодедово" пурра таҷдид шуда, бо тамоми таҷҳизоти муосир мусаллаҳ гашта, воқеан ба фурӯдгоҳи байналмилалӣ табдил ёфтааст.

Аммо ҳанӯз дар остонаи дари фурӯдгоҳ зодагони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқозро, ки асосан мардикоронанд, милитсияи фурӯдгоҳ бо ҳисси махсуси ҳарисонаю манфиатҷӯёна истиқбол мекунад.

- Ҳо бача, куҷо равонаӣ, исто!

- Барои чӣ варақаи иқоматат дар Русия дуруст таҳия нашудааст?

- Ва амсоли гуфтугӯҳои мазкур дар назди дари фурӯдгоҳ ғайриихтиёр ба гӯшатон зиёд мерасад.

Аммо масъалаҳои муҳоҷирон танҳо бо милитсияи ҳарисчашми фурӯдгоҳ хотима намеёбад. Айнан ҳамин саволҳоро дар гузаргоҳҳои гумрукӣ ва марзбонии фурӯдгоҳ ҳам мешунавед. Дар ҳар як нуқтаҳои мазкур аз муҳоҷирон пинҳону рӯшод пул талаб мекунанд. Муҳоҷирон бошанд ба хотири зудтар аз бало халос шудан, пулҳои бо арақи ҷабин пайдокардаву бо мақсади харҷи роҳ ба даст гирифтаашонро ноилоҷ ба муфтхӯрони фурӯдгоҳ бароварда медиҳанд.

- Аз ман ҳазор рубл гирифтанд, ин беинсофҳо!

- Аз ман бошад якуним ҳазор рубламро кашида гирифтанд, - шикоят мекунанд мусофирон баъди ба толори интизории мусофирон ворид шудан. Дар толори мазкури фурӯдгоҳ аллакай ба онҳо касе таҳдид намекунад.

Ниҳоят соати парвози ҳавопаймои хатти сайри Москва-Оренбургро эълон карданду мо барои вориди ҳавопаймо шудан навбат истодем. Тирамоҳ, бо сабаби ба таври оммавӣ ба ватан баргаштан мардикорон ба ҳавопаймои хатти сайри Москва-Душанбе билет пайдо накарда, одамон мешаванд, аввал ба ягон шаҳри дигари Русия парвоз карда, баъд аз он ҷо ба Тоҷикистон парвоз кунанд.

Мо низ мебоист аввал ба шаҳри Оренбург, сипас ба Душанбе парвоз менамудем. Баъди ду соат ҳавопаймои мо дар фурӯдгоҳи шаҳри Оренбург нишаст. Эҳтимол, бештар аз 80 фоизи мусофирони ҳавопаймо шаҳрвандони Тоҷикистон буданд. Ба дасти мо бағоҷҳоямонро дода, ба ҳоли худ гузоштанд. Мусофирон аксар вориди бинои фурӯдгоҳ шуда, мунтазири ҳавопаймои Тоҷикистон нишастанд.

Баъди тахминан се соат парвози ҳавопаймои хатти сайри Оренбург-Душанберо эълон карданд. Мусофирон дубора бағоҷҳояшонро гирифта ба саҳни ҳавлии фурӯдгоҳ - ба кӯча баромада, ба самти биное, ки аз бинои асосии фурӯдгоҳ ҷудо аст, раҳсипор гаштанд. Дар бинои мазкур мусофирони хориҷиро ба ватанашон гусел мекардаанд.

Пушти дари долони даромадгоҳ як нафар капитани милитсия паси мизе нишаста шиносномаҳои мусофиронро аз назар мегузаронд. Дар шиносномаи ҳар нафаре, ки ба андешаи худаш камбудие медид, соҳиби онро ба қафо, назди ду нафар милитсионерони қатории дар долони берун истода гусел мекард.

- Рав, он ҷо масъалаатро ҳал мекунанд, - омирона амр медод капитан ба соҳиби шиноснома.

- Кадом масъаларо ҳал мекунанд? - пурсидам аз мусофире, ки навакак масъалаашро дар кӯча "ҳал карда" омада буд.

- Албатта пул талаб мекунанд, - бо тааҷҷуб ба ман нигариста посух дод мусифири ҳамшаҳрам.

- Чанд пул талаб мекунанд? - боз пурсидам аз ӯ.

- Ҳамаи пулҳои кисаатонро мегиранд.

Азбаски ман аз кишвари дигари Аврупо меомадам, капитан шиносномаамро аз назар гузаронда, онро ба дастам баргардонду иҷозати гузаштан дод.

- Шумо одами хушбахт будаед, - гуфтани мусофире, ки баъди ман навбат мепоид, ба гӯшам расид.

Вориди бинои назоратии гумрук ва марзбонӣ шудем. Азобҳои дар фурӯдгоҳи "Домодедово"-и Москва дидаи мусофирон дар назди таҳқиру таҳдидҳои милитсияи Оренбург ба назарам саҳл намуд. Бағоҷи аллакай як бор дар гузаргоҳҳои гумрукӣ ва марзбонии Москва аз назар гузарондаи мусофиронро дар Оренбург бори дуюм аз назар гузаронданд. Ҳайратовараш он буд, ки баъзе аз ашёи аз назари гумруки Москва гузаштаро гумруки Оренбург барои гузарондан иҷозат намедод. Масалан, ходими гумрук аз ҷомадонҳои аксари мусофирон қуттиҳои атру гулобро гирифта, ба партовқуттии назди пояш партофта, сипас ба мусофирон иҷозати гузаштан медод. Агар нохост нафаре норозигӣ баён карда, "гумруки Москва бо худ гирифтани атрро иҷозат дода буд" гӯяд, ходими гумруки Оренбург ҳатман ба ӯ бо дӯғу пӯписа - "иҷозат нест, вассалом!", - гуфта посух медод.

Вақти аз гузаргоҳи гумрукӣ гузаштан, агар дар бадани шумо ягон ашёи оҳандор мавҷуд бошад таҷҳизоти электронӣ занг мезанад. Маҷбур мешавед пас гашта ҳамаи ашёҳои оҳандор - телефони мобилӣ, оташгиронак, тангаҳоятонро рӯи миз гузошта аз дар гузаред ва баъд чизу чораатонро гиред. Аммо дар гузаргоҳи Оренбург намегузоранд пулҳои тангагӣ, яъне оҳанинатонро бозпас гиред.

- Мумкин нест! - қатъӣ мегӯяд ходими гумруки Оренбург.

- Ман тангаҳоро барои хотира бо худ гирифтаам, - хост эътироз кунад нафаре.

- Намешавад! - бори дуюм таҳдид кард ходими гумруки Оренбург. Ҳамин тариқ тангаҳои ҳамаи мусофирони ҳавопайморо, бигузор чанд пуле, ки дошта бошанд, аз кисаҳояшон ғайри хоҳишашон кашида мегиранд.

Ниҳоят мо вориди толори интизории мусофирон шудем. Як нафар аз ҷавонони мардикоре, ки дар бинои фурӯдгоҳи Оренбург назди мо менишаст, дар толори интизории мусофирон наздамон омад.

-Ака, мебинам милиса ба шумо кордор намешавад, метавонед аз онҳо пурсед, ки се нафар рафиқони мусофири моро милитсия ба куҷо бурд?

- Бепарво бошед, онҳоро пеш аз парвоз меоранд, - посух дод ба пурсиши мо марзбони рус. Мо минбаъд фаҳмида натавонистем, ки оё ҳамон се нафар мусофири ба дасти милитсияи Оренбург афтода ба ҳавопаймо роҳ дода шуданд ё не.

ИЛОҶИ ВОҚЕА ЧИСТ?

Мусофирони транзитӣ дар тамоми олам як воқеияти маъмулист. Ҳар рӯз ҳазорон мусофирон аз гӯшае ба гӯшаи дигари олам парвоз карда, чандин шаҳру кишварҳоро убур мекунанд.

Ҳавопаймоҳо барои пурра кардани захираи сӯзишворӣ ва таъмири қисмҳояшон дар фурӯдгоҳҳо соатҳо мунтазир мешаванд.

Дар чунин соатҳо ба мусофирон дар толорҳои махсуси барои мусофирони транзитӣ пешбинишуда, ки дорои тамоми шароити мусоиди истироҳату фароғат мебошанд, ҷой медиҳанд. Вақти парвоз, албатта дар олами мутамаддин, мусофирони транзитиро дубора аз назорати гумрукӣ ва марзбонӣ намегузаронанд. Мусофирони транзитӣ вақти дар фурӯдгоҳи муваққатӣ қарор доштан ҳатто бағоҷашонро бо чашмашон намебинанд, зеро бағоҷи онҳоро ходимони фурӯдгоҳи мазкур аз ҳавопаймои аввал гирифта худашон рост ба ҳавопаймои навбатӣ месупоранд.

Ба мусофирони транзитии тоҷик низ бояд мутобиқи ана ҳамин тартибу қоидаҳои маъмули умумибашарӣ хизмат расонанд. Зеро барои чунин хизматрасонӣ ягон мушкилот мавҷуд нест.

Вале чаро мусофирони тоҷики ҳавопаймои хатти сайри Москва- Оренбургро дар ягон маҳалли барои мусофирони транзитӣ пешакӣ дар фурӯдгоҳ омодагашта нигоҳ надошта, онҳоро ба кӯча сар медиҳанд? Магар дар байни ширкатҳои ҳавопаймоии тоҷик ва рус дар мавриди мусофирони транзитӣ ягон қарордод ё созишнома мавҷуд нест?

Ба андешаи ғолиб, аввалан, ширкати ҳавопаймоии Тоҷик дар бораи имиҷ - обрӯю эътибори худ камтар андеша мекунад. Азбаски имрӯз ширкати мазкур дар Тоҷикистон ягона аст, мусофирони тоҷик ноилоҷ бо ҳавопаймоҳои он парвоз мекунанд. Аммо дар ҳолати пайдо гаштани имконияти интихоби ширкати беҳтар одамон, албатта, ҳамонеро интихоб мекунанд, ки ба онҳо беҳтар хизмат расонда, дар роҳ амнияташонро таъмин мегардонад. Ширкати ҳавопаймоии Тоҷик низ ба он вазифадор аст, ки нагузорад то ба мизоҷонаш дар кишвари бегона ба таври ношоиста ва таҳқиромез муносибат кунанд.

Дуюм, унсурҳои ҷиноятпеша аз чунин ҳолат ба манфиати ғаразноки худ истифода мебаранд. Ба назар чунин мерасад, ки дар ҳақиқат баъзе унсурҳои ҷиноятпешаи тоҷик бо ҷиноятпешаҳои фурӯдгоҳҳою вокзалҳои роҳи оҳани Русия ҳамкорӣ карда, ҳамватанони худро бо ҳар роҳу восита ғорат мекунанд ё барои ғорат кардани онҳо мусоидат менамоянд. Ин ҳолатро дар фурӯдгоҳи Оренбург баръало дидан мумкин буд. Ҳамин ки соати павози ҳавопаймои хатти сайри Оренбург-Душанбе эълон гашт, дар саҳни ҳавлии фурӯдгоҳ чанд тан ҷавонони ҳузарби тоҷик, ки худро сокини Оренбург номиданд, пайдо шуда, бо ҳар восита ба мусофирон - мардикорони тоҷик "кӯмак" мерасонданд. Байни ходимони милитсия ва мусофирон гашта, як навъ мақоми миёнаравро иҷро менамуданд.

Магар масъалаи амнияти мусофиронро бо ягон қарордод ё созишномаи байни давлатҳо ҳал кардан мумкин нест? Агар Ҳукумати Тоҷикистон сари мавзӯи амнияти шаҳрвандонаш ғамхории бештар зоҳир менамуд, ҳаргиз намегузошт, ки милитсионерони рус мусофирони тоҷик - хоҳ мардикор, хоҳ нафари дигари гузораш ба Русия афтодаро баҳудаю беҳуда сарсону саргардон ва таҳқир намоянд.

Мутаассифона, алҳол чунин нашудааст. Дар ҳар сурат муносибати мақомоти қудратии русро ба мусофирони тоҷик дида чунин хулоса кардан мумкин аст.


Абдуфаттоҳ ВОҲИДОВ,
махсус барои "Миллат"
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97