ҶОЙҲОИ ХОЛИИ КОР ДАР ҲУКУМАТ: «БАРҚИ ТОҶИК», «ТОҶИКГАЗ», «КУМИТАИ АНДОЗ»

Сиёсат 15.01.2009 20:32

Имрӯз, 15 январ таҳти раёсати Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи васеъи Ҳукумати Тоҷикистон ба кори худ шурӯъ намуд. Дар рафти он натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ дар соли 2008 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, вазифаву нақшаҳо барои соли равон муайяну мушаххас мегарданд. Эмомалӣ Раҳмон аз пастравии ҳаҷми истеҳсолоти саноатӣ дар солҳои охир изҳори нигаронӣ намуда, баҳри ислоҳи ин вазъият супоришҳои қатъӣ дод.

Дастур дода шуд, ки дар зарфи 12 рӯзи оянда нақшаи чорабиниҳо баҳри дастгирии сохторҳои истеҳсолоти воқеъӣ таҳия ва ба баррасии Ҳукумат пешниҳод карда шавад.

Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки истифодаи мақсаднок ва самарабахши маблағҳои буҷа таҳти назорати қатъӣ қарор дода шавад.

Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаким Солиев бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифа озод карда шуд.

Роҳбари маркази татбиқи лоиҳаи инвеститсионӣ оид ба таҳкими гумрук Анваршо Музаффаров аз мақоми дошта барканор гардид.

Ба директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо Давлаталӣ Ҳотамов зимни ҳисоботаш супориш дода шуд, ки баҳри пешгирӣ аз воридот, истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти пастсифати озуқаворӣ дар бозори дохилӣ чораҳои қатъӣ андешад.

Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» - ро намунавӣ арзёбӣ намуда, ба раиси он Муҳаммадамин Муҳаммадаминов арзи сипос намуд ва дастур дод, ки таҳлилҳои судбахши бонкиаш ба аҳолӣ ва бонкҳои дигар пешкаш карда шавад.

Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти мушкилоти энергетикии кишвар дастур дод, ки соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ на камтар аз 50 нерӯгоҳи хурди обӣ бунёд ва ба истифода дода шавад.

Барои роҳ додан ба камбудиҳои ҷиддӣ дар фаъолияти роҳбарию идорӣ раиси ШСХК «Барқи Тоҷик» Шарифхон Самиев, раиси КВД «Тоҷикгаз» Фатҳиддин Мӯҳсиддинов ва сарвари Ҷамъияти саҳҳомии «Тоҷиксемент» Маҳмадраҳим Каримов аз вазифа озод карда шуданд.

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад.


©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97