ЖУРНАЛИСТОН ДАР МУҚОБИЛИ ДУ ҒУЛИ ҶАҲОНӢ: АМРИКО ВА РУСИЯё сухан дар соли 2008 чӣ нируе дошт?

Сиёсат 06.01.2009 14:34

Перомуни вокуниши хабарнигори телевизиони ироқӣ Мунтазири Зайдӣ пас аз солҳо тадқиқотҳои мухталифи илмию ҳуқуқию рӯзноманигорӣ анҷом дода мешаванд. Аммо амали ҷасуронаи ӯ алайҳи истибдод мавзӯи қиссаҳои қаҳрамонӣ гашта, тавассути онҳо акси садои кафши Зайдӣ баъди қарнҳо ба гӯши одамон хоҳад расид. Шумораи куштагони ҷанги таҳмилии Ироқ имрӯз аз куштагони аксари ҷангҳои ҷаҳонӣ бештар аст.

Агар ҷангҳои асри 19 ба воситаи камону ғӯлак анҷом меёфт, пас дар ҷангҳои муосир силоҳи пуриқтидори мусалсал, дигар силоҳҳои инфиҷоршаванда то силоҳҳои кимиёвӣ, бактереологӣ ва ҳастаӣ мавриди истифода қарор мегиранд.

Агар дар набардҳои асрҳои пешин дар як набард миқдори ками ҳайати сарбозон кушта мешуд, пас дар набардҳои муосир беш аз 90 фоизи сарбозон кушта мешаванд. 10 фоизи боқимонда ё аз ҳароси мурдан вақти инфиҷори бомб худро ба хандақҳо мепартоянд, ё тарсуҳое мебошанд, ки ҷисмашонро дар пушти ҷисми беҷони ҳамсафонашон пинҳон карда, ҷон ба амон мебаранд.

Зайдӣ бо ибораи Саъдӣ аз ҷумлаи ҷанговарони "Ман на он бошам, ки рӯзи ҷанг бинӣ пушти ман, Он манам, к-андар миёни хоку хун бинӣ саре" аст.

Ба тамоми мардуми олам маълум аст, ки дар паси шиорҳои демократия ва ҳуқуқи башар кишварҳои муқтадир дар олам ба чӣ гуна бедодгариҳо ва ноадолатиҳо даст мезананд.

Ҳатто бо баҳонаи пешгирӣ кардан аз паҳншавии силоҳи ҳастаӣ тамоми олам алайҳи Ирон қариб сӣ соли расо ҳам дар майдонҳои иқтисод ва ҳам майдонҳои ҷанг рӯйрост ҳарбу зарб доранд.

Афғонистони қашшоқро ба хотири осоиштагии худашон ба майдони саҷишгоҳи навъҳои нави силоҳҳои муқтадир алайҳи зоти одамӣ табдил додаанд ва ҳаққи мардуми афғон ба зиндагии шойистаро кайҳо фаромӯш кардаанд.

Баръакс, ба ҷойи кам кардани нируҳои низомиашон, кишварҳои муқтадир дар соли нав мехоҳанд иқтидорашонро дар қаламрави ин кишвари ҷангзада афзоиш диҳанд. Чаро намегузоранд афғонҳо худашон масоили ҳаёти дохили кишварашонро ба ҳамон навъе, ки ба худи онҳо писанд аст, ҳал кунанд?

Вақте зиндагии шойиста мегӯем, ҷойи кори доимӣ, маоши кофӣ барои рӯзгор ва зиндагии хонаводаамон, зиндагонии осоишта ва дигар имкониятҳои рӯзгори серу пурро дар назар дорем.

Вақте зиндагии шойиста мегӯем, бояд тарзи рӯзгори одамонеро дар назар дошта бошем, ки дар ҳолати дилхоҳашон барои дар ҳар гӯшаи олам зистан имконият дошта, аз фардои зиндагии осоиштаашон дилпур бошанд.

Имрӯз ба хотири чӣ зиндагии мардуми афғон, ё урду, ё араб, ё мазангҳои Африқо, ки боигариҳояшонро тӯли асрҳо аврупоиён ба кишварҳояшон кашонда, худашон рӯз то рӯз сарватманду серу пуртар шуда, мардумони кишварҳои мазкурро ғуломвор истисмор мекунанд, заррае беҳтар намешавад?

Бадтарин одати фарзанди одам аст, ки некӯаҳволии худашро аз ҳамсояаш авлотар медонад. Кишварҳои муқтадири олам маҳз ба хотири зиндагии шойиста ва рифоҳи мардуми хеш мардуми мамлакатҳои заифро тарсонда, зери тасарруфи худ қарор медиҳанд.

Маҳз ҳамин кишварҳо талаб доранд, ки минбаъд бо баҳонаи амнияти аҳли башар ва пешгирӣ кардани паҳншавии силоҳи ҳастаӣ дар кишварҳои дигар чунин силоҳ истеҳсол нашавад. Эшон намегузоранд, ки қисми боқимондаи аҳли башар, ки дар баробари онҳо соҳиби ақлу фаросат мебошанд ва ҳуқуқи рӯзу рӯзгори беҳтару хубтарро доранд, бо қувваи зеҳн ва ақли худ зиндагии шойистаашонро ба роҳ монанд.

Барои расидан ба пояи баландтари иқтидори иқтисодӣ ба аҳли башар шароити мусоид зарур аст. Кишварҳои муосири абарқудрат ба рушди ақли башар монеа эҷод мекунанд. Намегузоранд ақле аз ақли эшон пешқадаму пешрафта бошад. Кор то андозае шигифтовар аст, ки онҳо бо таҳдиду зӯроварии худ намегузоранд давлати ғайр ҳатто ба истеҳсоли ашёи нав машғул шавад.

Мақоми дипломатии кишвари шарики стратегии Тоҷикистон ба хотири тарсондани мо рӯирост ва бепарда журналистони моро таҳдид мекунад. Зеро тавре аз мазмуни таҳдидомези нотаи сафорати Русия ба Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон бармеояд, зумрае аз сиёсатмадорони кишвари шарики стратегии Тоҷикистон то ҳол нафаҳмидаанд, ки Тоҷикистон як субъекти мустақили ҳуқуқи умумибашарӣ аст. Бигузор силоҳи ҳастаӣ ё шумораи зиёди аҳолӣ надорад, вале ҳамчун субъекти ҳуқуқи байналмилалӣ дар баробари кишварҳои дигар дорои ҳамаи ҳуқуқҳо аст.

Ашхоси мазкур гумон доранд, ки Тоҷикистон бидуни Русия зиндагиашро ба роҳ монда наметавонад ва бо истифода аз ҳар мавриди барои худашон мусоид (дар мисоли мазкур аз набудани сафири мухтор ва фавқулоддаи Русия) аз фишангҳое, амсоли мардикорон ва камбизоатии Тоҷикистон истифода бурдан мехоҳанд. Ҳатто сиёсатмадороне амсоли Лужков дар мавриди мардикорони тоҷик аз минбарҳои баланди расонаҳои хабарӣ "мо тоҷиконро ба ватани худ нахондаем" мегӯянд. Аммо чӣ мешавад агар мо, тоҷикон гӯем: "мо Русияро ба Тоҷикистон нахондаем"!

Соли 2008 дар хотири оламиён, бешакку шубҳа, бо факти кафшпарронии як тан журналисти ҷасури араб ба сари президенти мамлакати абарқудрати ҷаҳон Ҷорҷ Буш ҳамчун нишони эътироз алайҳи ҷангу одамкушӣ ва инсонбадбинӣ дар ёдҳо боқӣ мемонад. Эҳтимол, дар саҳифаҳои таърих номи худи Ҷорҷ Буш ҳам бо сабаби воқеаи ба сараш кафшпарронии рӯзноманигор боқӣ монад.

Русия бошад бо сабаби нотаи сафораташ дар Тоҷикистон то дер гоҳ мавриди баҳсҳои матбуоти олам қарор хоҳад гирифт.

Ҳарду воқеаи мазкур, ки бевосита ба масъалаи озодии Сухан робита доранд, мутаассифона, дар анҷоми сол ба вуқӯъ пайваст. Азбаски озодии сухан ва баён яке аз меъёрҳои умдатарини ҷомеаҳои муосири демократӣ мебошад, худсариҳо аз ҷониби қудратҳоро намеписандад, бигузор он аз забони кишварҳои абарқудрат садо дода бошад. Зеро гуфтани сухан ҳаққи худододии аҳли башар аст ва онро бояд гуфт. Матбуоти тоҷик ҳам яке аз ҷузъҳои ҳамин забони умумии башарият мебошад ва онро нафаре, ҳатто бузургтарин иқтидор, наметавонад хомӯш кунад.

Забонеро, ки ҳазорсолаҳо мустабидони зиёд натавонистаанд хомӯш кунанд, мустабидони имрӯзу оянда низ хомӯш нахоҳанд кард.


Абдуфаттоҳ ВОҲИДОВ,
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97