СИРКАИ САРИ МОЛ ё «ЖАНДАРМИ МИНТАҚА» УЗБАКИСТАН,

Сиёсат 29.12.2008 14:02

НИГОҲ АЗ ПУШТИ АЙНАКҲОИ ҒАЛИЗ

Тавре, ки расонаҳои хабарии кишвар қаблан иттилоъ доданд, Узбакистон сар аз 1 декабри соли равон бидуни огоҳии қаблӣ сарҳадоти худро ба рӯи Тоҷикистон бубаст. Қазияро сафорати Узбакистон амри муваққат хонда, аз шарҳи он худдорӣ намудааст. Аз ин ки Узбакистон сарҳадоти худро ба рӯи Тоҷикистон мебандад, воқеаи наве нест, ки касро дар ҳайрат гузорад.

Дар тӯли 17 соли истиқлолияти Тоҷикистон сиёсатмадорони узбак нисбат ба кишвари ҳамҷавори худ тоҷикҳо нигоҳу назари неке зоҳир накардаанд ва бо ҳамон сиёсати мустакбирона аз пушти айнакҳои ғализ ба ҳаводиси Тоҷикистон нигоҳ менамоянд. Бухл ва ҳасуд аз вуҷуди сиёсатмадорони узбак то ҳанӯз зудуда нашудааст, то ҷое ки кучактарин дастоварди тоҷиконро мусибати худ медонанд. Саодату хушбахтии ҳамсояҳо онҳоро ҳамеша ба кӯи ғамнокӣ мекашонад ва оромона онро таҳаммул карда наметавонанд.

УЗБАКИСТОН ДАР НАҚШИ СИРКАИ САРИ МОЛ

Ҷои таассуф ҳам нест, ки сиёсатмадорони узбак ноадолатиҳоеро нисбат ба ҳамсоягони худ раво медоранд. Кишварҳои Туркманистон, Қирғизистон ва Қазоқистон ҳам аз ин аъмоли номатлуби ҳамсояи худ зарарҳои иқтисодӣ мебинанд ва аз хатти маши сиёсиаш изҳори норозигӣ менамоянд. Суоли матраҳ ин аст, ки чаро Узбакистон сиёсати мустакбиронаеро нисбат ба ҳамсояҳои худ раво медонад.

Посух ба ин суол хеле содда аст. Қабл аз ҳама дар тӯли 73 соли мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ Узбакистон нахуст ҷумҳурие аз Ховари Миёна буд, ки дар дастгоҳи Кремл ҳайсият ва мақоми босубот дошт ва аъзои доимии бюрои сиёсии ҲК маҳсуб меёфт. Ба истилоҳи дигар, мансабдорони олимартабаи Узбакистон дар Кремл барои худ пуштибонҳои қавӣ бо дасту панҷаҳои зӯр пайдо карда буданд ва масоили мубрамро бо андак гуфтушунид ба манофеи худ ҳал мекарданд. Бидуни муболиға Узбакистон дар байни ҷамоҳири Ховари Миёна ва Қазоқистон нақши "Сиркаи сари мол" -ро иҷро мекард ва умури раҳбарӣ дар ин кишварҳоро бо хосту ниёзҳои худ анҷом медод, яъне худро, Жандарми минтақа, эълон карда буд ва дар масъалаи ҷо ба ҷо гузории кадрҳо низ нақши муҳимеро иҷро мекард.

СССР РАФТУ УЗБАКИСТОНИ ЭРКА МОНД

Сиёсати ҷаҳонгирии раҳбарияти Узбакистон на дар замони шӯравӣ ва на ҳоло хомӯш нагардидааст. Яке аз рукнҳои асосии сиёсати давлати шӯравӣ махлутсозии миллатҳо ва тамаддунҳо буд. Бо истифода аз ин шиор миллатгароёни узбак ба таври иҷборӣ мардуми узбакзабонро дар водии Қурғонтеппа, вилояти Марви Туркманистон ва қисмати шарқии Қирғизистону Қазоқистон кӯчонда ба ин васила нуфуси худро дар ин ҷамоҳир зиёд менамуданд. Дар ин кор то андозае муваффақ низ гардиданд. Солҳо масъалаи вилояти Марв мавзӯи баҳси Узбакистону Туркманистон қарор дошт ва имрӯз низ бо намоиш додани дандонҳои тези худ мехоҳад собит созад, ки ин вилоят мутааллиқ ба Узбакистон аст. Бузургманишӣ ва сиёсати ҷаҳонгирии лидерони Узбакистон аз давраи шӯравӣ оғоз ёфта буд ва имрӯз мехоҳанд худро дар минтақа бузург муаррафӣ намоянд.

Аммо, солҳои зиёде гузашт ва дигар касе аз ҷамоҳири собиқи Ховари Миёна намехоҳад, ки Узбакистон сиёсати таккабуромезу бузургманишонаи худро болои дигарон таҳмил намояд ва ба ин гуна сиёсат низ кучактарин имконоте нахоҳанд дод. Имрӯз Туркманистону Тоҷикистон ва Қирғизистону Қазоқистон кишварҳои соҳибистиқлол ва дорои хати маши миллии худ мебошанд. Ҳар кадом тибқи барномаҳои мушахасси худ фаъолият доранд ва дар арсаи байналмилалӣ шинохта ва эътироф шудаанд.

"СИМ-СИМ" ДАРРО БУБАНД

Чун мавзӯъ сари марзбандиҳои якҷонибаи Узбакистон меравад, тасмим гирифтем чанд нуктаеро ёдовар шавем. Аввалтар аз ҳама, Тоҷикистон побанду мутеъи касе нест ва як давлати соҳибистиқлолу соҳибмартаба дар олам шинохта шудааст. Агар солҳои пеш, дар замони салтанати шӯравӣ тамоми умури идорӣ, аз таъини кадрҳои роҳбарикунанда бо пешниҳоду пофишории Узбакистон сурат мегирифт, имрӯз дасти ин оқоён дар ин замина кӯтоҳ гардида, сарнавишти миллатро ворисонаш муайян менамоянд. Дар замони салтанати шӯравӣ маблағҳои буҷавӣ барои рушди иқтисоду соҳаи кишоварзӣ ва соири соҳот ихтисос мегардид ва он ҳам бо дахолати ба истилоҳ пуштибонҳои Тошканд дар Маскав ихтисор ва ё умуман аз ҳисоби ҷорӣ ҳазф мешуд. Яъне, Тошканд тамоми нируяшро истифода менамуд, то дар Тоҷикистон пешравие дида нашавад ва нақшаҳои молӣ ва рушди иқтисодиро таҳти контроли худ қарор медод. Ҷиҳати иттихози тасмиме собиқ роҳбарияти ҷумҳурӣ бо Тошканди расмӣ машварат мекард ва бидуни иҷоза кореро анҷом намедод. Жандарми минтақа, Узбакистон дар умури раҳбарии кишвар рӯйирост дахолат мекард ва кадрҳои гапнодароро зуд аз сари қудрат дур меандохт, ки мо борҳо чунин як ҳаводисро дар замони шӯравӣ дидаем, вале он вақтҳо касе ҷуръати лаб во кушодан надошт, то ба ҷурми миллатгароӣ муттаҳам нагардад. Дуздони зӯр соҳибони говро бидуни банд баста буданд ва ҳар замон ҳамлаҳои турктозона ва таҳдидҳо дар шаклу мазмуни тоза мушоҳида мегардид.

Имрӯз Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мавқеи махсусеро ишғол менамояд. Пешниҳодоти муассир ва дорои аҳамияти ҷаҳонӣ дошта, ки аз минбари баланди Созмони Миллали Мутаҳид иброз ва ироъа мегардад, аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ хуш пазируфта мешавад. Махсусан, масоили оби ошомиданӣ, экологӣ ва қазияи Афғонистон аз ҷумлаи пешниҳодотест, ки дар шароити рӯз яке аз масъалаҳои мубрам ва муҳим маҳсуб меёбад. Ҷои шакку шубҳае нест, ки рушди Тоҷикистонро, ки душманони маънавияш кишвари "кучакаш" мехонданд, чашми дидан надоранд. Онҳо мехоҳанд, ки Тоҷикистон дар сатҳи солҳои салтанати шӯравӣ боқӣ бимонад. Сиёсати палиди он солҳо ин буд, ки сарзаминҳои кишварҳоро бо ҳам махлут мекард, ки ин ҷамоҳир ҳамеша байни худ дар ҳолати хусумат қарор дошта бошанд. Ба қавли дигар "мина замедленного действия" гузошта шудааст, ки ҳар замон метавонад мунфаҷир шавад ва ба ҷанҷолҳои низомӣ оварда расонад. Даргириҳои низомӣ байни Озарбойҷону Арманистон, Молдоваву Преднестрове нишонае аз ҳамон "минаҳо" буд, ки хусумати миллатҳоро ҷовидона гардонд.

НИРУГОҲСОЗИИ ТОҶИК БА ҲАМСОЯ МАҚБУЛ НЕСТ

Масъалаи муҳими дигар фаъол шудани Тоҷикистон дар сохтмони Ниругоҳҳои Барқи Обист. Бино ба гуфтаи коршиносон агар НБО-ҳо сохта шавад, Тоҷикистон дар як сол 527 млрд кВт қувваи барқ истеҳсол менамояд, ки ин дар минтақа барои ҳиҷ кишваре дастнорас нест. Талаботи дохилӣ 125 млрд квт буда, мутабоқӣ ҷиҳати фурӯш пешбинӣ мегардад. Ба ибораи дигар худованд барои тоҷикон обро ҳадя кардааст, то аз он ба таври фоидаоваре истифода гардад. Обҳое, ки аз сарзамини Тоҷикистон ҷорӣ мешаванд, 55 дарсади тамоми обҳои минтақаро ташкил медиҳад ва ҳамчун кишвари болооб дониста мешавад. Давлатҳои поёноб ба мисли Узбакистон, Туркманистон ва Қазоқистон дар заминаи истифодабарии об бояд фаъолиятҳои худро бо Тоҷикистону Қирғизистон, ки кишварҳои болообанд ҳамоҳанг созанд. Тоҷикистон имконият дорад бо касби насосҳои обкаш заминҳои ташналаби вилояти Хатлонро обшор намояд. Вале, дар ин ҷо манфиатҳои минтақавӣ ба назар гирифта мешавад ва дар сарфакории захираҳои обӣ тадобири лозима андешида мешавад.

Ҳамсоякишварҳои мо то ҳанӯз ҳам аз бархе сиёсатҳои гузаштаи шӯравӣ истифода менамоянд. Масалан, дар давраи султаи шӯравӣ, Узбакистон майдонҳои зиёдеро пахта кишт мекард ва оби зиёде мегирифт. Ҳоло чӣ? Захираҳои табии ҳар як сарзамин мутааллиқ ба худи ҳамон кишваранд. Узбакистон, ки дорои захираҳои зиёди гозу нафт аст, онро моли худ медонад ва бо кадом нархе, ки хоҳад мефурӯшад. Мо, ки дар раъси сарбандҳои об қарор дорем, ҳақ дорем захираҳои обии худро бар нафъи худ ҳал намоем. Аз ҷониби дигар Узбакистон аз обҳои мо ройгон истифода мекунад, вале боре иттифоқ науфтодааст, ки масорифи Тоҷикистонро дар соҳилбандӣ ва каналсозии руду дарёҳо пардохта бошад. Миллионҳо маблағи хисорот, ки дар асари офатҳои табиӣ рух медиҳад, аз ҷониби мо пардохта мешавад. Аз ин рӯ иддаои Узбакистону соири кишварҳо, ки гӯё об захираи умумибашарист, мавқеъ надорад. Агар ин тавр бошад, мо ҳам ҳақи истифодаи газу нефти худододро, ки аз зери замин боло меояд, дорем ва ин ҳам моликияти умумибашарӣ маҳсуб меёбад.

ХУШКШАВИИ АРАЛ БАҲОНАИ ҲАМСОЯ

Пешниҳодоти Раиси Ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон оид ба консорсиуми танзими об дар минтақа иқдоми ҷиддӣ буд. Мутаассифона, кишварҳои поёноб, хусусан Узбакистон ширкат ва саҳмгириашро дар ин консорсиум муносиб надонист. Сабаб ин аст, ки пас аз пошхӯрии давлати шӯравӣ, Узбакистону Туркманистону Қазоқистон заминҳои кишти обиашонро чанд мартаба вусъат доданд ва яке аз мусабабини хушкшавии баҳри Арал низ мебошанд, ки ин дар гузориши ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ширкаткунандагони танзими об дар минтақа ошкоро баён гардида буд. Аз ҷумла изҳор гардида буд, ки нарехтани оби лозимӣ ба баҳри Арал ба хушкшавии иқлим ва ба биёбон табдил ёфтани заминҳои кишт оварда расонидааст.

ТОҶИКИСТОНИ "КӮЧАК" ВА "ИРОНЧАВУ АФҒОНЧА"

Тоҷикистон пас аз пирӯзии Инқилоби Октябр кишваре буд ба сони як ҷазирае дар васати туркзабонҳо. Бо ин ҳама, тоҷикҳо тавонистанд тамаддуну фарҳанги ғании худро на танҳо ҳифз намоянд, балки онро равнақу густариш диҳанд, ҳар дафъа ҳамлаҳои туркгароёна аз ҷониби ворисони миллат мансух ва саркӯб мегардид. Нируҳои ақливу зеҳнӣ асолатҳои миллиро ҳифз намуда, кучактарин имконоте барои бадбинони миллат нагузоштанд. Садҳои искандарӣ моро аз ҳамзабонони худ ҷудо карда буд ва бо истилоҳҳои "иронча, афғонча" мехостанд собит созанд, ки тоҷикон бо Ирону Афғонистон ягон муносибати фарҳангиву забонӣ надоранд.

Бо шарофати меваи истиқлол, имрӯз сарҳадоти Тоҷикистон бо Ирону Афғонистон боз аст ва муносибати мутақобиле дар ҳама соҳот сурат мегирад. Сегонаи форсзабонон, ки шарики стротегии якдигаранд, бадбинони миллати тоҷикро ба таҳлука овардааст. Дар асоси мушоҳидаҳо як матлабе равшан гардидааст, ки ҳар гоҳ Тоҷикистон бо Ирону Афғонистон ҳамкориеро оғоз мекунад, бадхоҳони миллат тавтиае ва ё саде дар муносибати ҳамҷаворӣ эҷод мекунанд. Сарҳадбандии якҷонибаи Узбакистон мисоли равшани ин иддао авқоти ахир аст. Бадбинони миллат бояд бидонанд, ки нохунро аз гӯшт ҷудо кардан нашояд ва ин се кишвари ҳамзабон ҳеҷ гоҳ ҷудо аз якдигар набуданд ва дорои дастовардҳои муштарак ва умумӣ мебошанд.

ДӮСТИРО ҶУСТУҶӮ ДОРЕМ МО…

Дар шароити имрӯза муҳимтар аз ҳама барои кишварҳо муносиботи ҳамҷаворӣ мебошад. Тоҷик ва тоҷикистониён ҳиҷ гоҳе нисбати касеву чизе бадбиние надоштанд ва ҳамеша сиёсати башардӯстонаро пешаи аслии худ қарор дода, ба ҳама бо дидаи нек назар мекунанд. Аз ин ки Узбакистон якҷониба сарҳадоти худро ба рӯи мо бастааст, ин корро Ҳукумати Тоҷикистон низ метавонад анҷом бидиҳад. Убуру мурури узбакистониён аз тариқи сарҳадоти шимоли Тоҷикистон хеле зиёд аст. Тавассути роҳи оҳани Конибодому Исфара қисмати аъзами Узбакистон бо ҳам пайваст мешавад ва бастани сарҳад дар ин минтақа ҳеҷ гоҳе ба фоидаи Узбакистон ва шаҳрвандони он нест.

Тавре ки гурбаи Леопольд мегӯяд: - "Давайте жить дружно!"


Ибодуллои ОҚИЛПУР
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97