ЧИН ДАР ДУРОҲАИ ИХТИЁР: ИРОН БЕҲТАР Ё АМРИКО

Сиёсат 27.12.2008 14:01

Дар бозорҳои кишвар асосан колои воридшуда аз ду кишвар Чин ва Ирон аз ҳама бештар ба чашм мехӯрад. Ба илова мебинем, ки ирониву чиниҳо дар обод кардани роҳу нақбу пойгоҳҳои барқии мо ҳам саҳим ҳастанд. Ин вазъияту аҳвол далели равобити хуби Тоҷикистону кишварҳои мазкур мебошад.

Яъне, иттилои бештару беҳтар доштан дар бораи ин ду кишвар ба нафъи ҳар як тоҷикистонӣ ҳаст. Дар зер мехоҳам чашмандозе ба равобити ин ду кишвари бузургро рӯйи коғаз биорам, ки бар хилофи бештари кишварҳои пешрафта дар баробари қудратҷӯйи бузургтарини олам - Иёлоти Муттаҳидаи Амрико истодагарӣ мекунанд.

ЧИН ВА ОЯНДАИ ОН

Баъзе аз чиншиносон ва пажӯҳишгарон дар заминаи масоили марбут ба Чин нирумандӣ ва қудрати ин давлатро аз рушди иқтисодии он медонанду бовар ба он доранд, ки дар соли 2020 Чини бузург аз назари қудрати иқтисодӣ Ҷопону Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро пешӣ мегирад. Аз сӯйи дигар бархе коршиносон ин андешаро рад мекунанд. Нигоҳи ин гурӯҳ ба мавзӯи ояндаи Чин бадбинона ҳасту мегӯянд, ки Чин дар сояи тавсиаи ноҳамгуну номавзун дар кишвар ва аҳолии зиёди он, ки беш аз 1 миллиарду 350 миллион тан мебошад, ба ҳеч ваҷҳ нируи бузург нахоҳад шуд. Зеро эҳтимоли зиёд аст, ки давроне аз ошӯбу дигаргуниҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ Чинро дар пеш бошад.

Ба ҳар сурат Чин кишвари бузург ва аз ҳамсоягони Тоҷикистон мебошад, ки то ҳол равобити ҳасана доштааст. Бошад, ки ин ҳамсоякишвари мо боамну истиқрор бимонад то ҳеч "бадие" ба ҳамсоягонаш нарасад. Чиниҳо ҳар сол 6 миллиард доллар ба кишварҳои тангдасту ҷаҳони саввум кӯмак мекунанд ва стратегияи Чин дастёбӣ ба қудрати иқтисодӣ ва дар Осиё ҷойгоҳи нахустро соҳиб шудан аст.

ОЯНДАИ ИРОН

Бидуни шубҳа, Ҷумҳурии исломии Ирон кишваре рушдгарову хоҳони рушду шукуфоии иқтисодӣ ҳаст ва амнияту нирумандиашро дар рушду тавсиаи иқтисодӣ тамаркуз бахшидааст. Навобаста ба сиёсати ноодилонаи бархе аз кишварҳои ғарбӣ дар қиболи Ирон, ин кишвар ҳунармандона дипломатия ва сиёсатеро пеш гирифта, баҳрабардорӣ аз имконоти байналмилалиро ба кор гирифтааст. Ду кишвари ҳамсояи Ирон Афғонистон ва Ироқро идораи Кохи Сафед ва ҳампаймонашон ба оташ кашидаанду ҳамакнун ба сӯйи Ирон монанди гурбаи гурусна ба дунбаи овехта нигариста лаб мелесанд ва солҳо боз дар ҷустуҷӯйи роҳҳои барҳам задани оромӣ дар ин сарзаминанд. Ҷорҷ Буш, президенти ИМА саъй дошт, ҳар чи зудтар ба Ирон ҳамла биораду монанди Ироқ ин кишварро хароб созаду сарватҳои онро ройгон бубарад, аммо иштибоҳи худро эҳсос кард, ки мардуми иронӣ монанди ироқиҳои мазлум нестанд ва Ирон мисли Афғонистони ҷангзада намебошад, ки дар чанд рӯзаке онро бар ҳам бизанад.

Дар ҳар сурат Ирон бо абарқудрати дигар - Русия алоқоту иртиботи хеле хубу олӣ дорад ва колои иронӣ бозори кишварҳои ҳамсояро серу пур кардаву ҳама хостори амнияти доимии он мебошанд. Ба ҷуз ҷонибдорони Кохи Сафед дигарон ҳама ба ояндаи Ирон назари хушбинона доранд.

ИРОН-ТОҶИКИСТОН -ЧИН

Ахиран дар Теҳрон миёни вазорати роҳу таробарии Ирон ва вазорати нақлиёту алоқаи Тоҷикистон Тафоҳумномаи мушоракат дар сохтани роҳи оҳан аз Ҷумҳурии исломии Ирон тавассути Афғонистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон то марзи Чин ба имзо расид. Ҳадаф аз эҳдоси ин пружа тасҳилоти ҳамлу нақли коло миёни панҷ кишвари ҳамсоя ҳаст ва давлатҳои муҳимму дорои потенсиали бештар боз ҳам Ирону Чин боқӣ мемонанд. Беш аз ин ишора ба ояндаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Ирону Чин дар ин мавқеъ зарурате дигар нест.

СИЁСАТИ ЧИН ДАР БАРОБАРИ БАРНОМАИ ҲАСТАИИ ИРОН

Дигли Шеен, коршиноси сиёсати хориҷии Чин дар маркази мутолиоти стратегӣ ва байналмилалӣ дар Амрико дар мақолааш "Баландпарвозиҳои ҳастаии Ирон", ки тақрибан дуву ним сол пеш ба нашр расид, навишта буд: "Сиёсати Чин дар дар баробари барномаи атомии Ирон бар панҷ нуктаи аслӣ собит аст:

1) Нигаҳ доштани равобити иқтисодӣ, бавижа дар заминаи энержӣ бо Ирон.

2) Нигаҳ доштани равобити ҳасана бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико.

3) Беҳсозии ваҷҳаи байналмилалии Чин.

4) Мӯҳтарам шумурдани ҳақи Ирон дар дастёбӣ ба энержии ҳастаии Ирон.

5) Ҷовидона сохтани режими пешгирӣ аз густариши ҷангафзорҳои ҳастаӣ".

Ирон барои Чин як шарику ҳамкори иқтисодӣ мебошад ва равобити ин ду кишвар асосан дар ду заминаи умда: иқтисоду энержӣ ва равобити низомӣ асос ёфтааст.

Наздик ба 15 сол боз Чин воридкунандаи бузурги нафт ба шумор рафта, беш аз 60%-и нафти хоми масрафии худро аз хориҷ ворид мекунад. Бино ба навиштаи як фаслномаи таҳлилӣ-иқтисодӣ дар Вашингтон, Чин соли 2006 бо ворид кардани 123 миллион тонна нафти хом дуввумин масрафкунандаи нафт дар ҷаҳон табдил шуда, Ҷопонро гузашт.

Муддатҳо боз кишварҳои Ховари Миёна таъминкунандаи энержии Чин будаанд. Аз соли 1998 то 2003 51%-и кулли воридоти нафти хоми воридотии Чин аз Ховари Миёна буда, Ирон 15%-и онро ташкил дода, аҳамияти бечунучарои худро барои амнияти энержии Чин исбот кардааст.

Ирон пас аз соли 2006 бузургтарин содиркунандаи нафт ба Чин мебошад. Соли 2004 намояндаи пештараи ҶИИ дар ожонси байналмилалии энержии атомӣ оид ба пуштибонии Чин аз Ирон гуфта буд: "Ду кишвар (Ирону Чин) ба сурати мутақобил мукаммили якдигаранд. Онҳо (чиниҳо) саноат доранд, мо (ирониҳо) манобеи энержӣ дорем".

Моҳи ноябри соли 2004 хабаргузориҳо ва матбуоти маъруфи ҷаҳон, минҷумла, Chinadaily чунин иттилоеро пахш карданд: "Ширкати Zhuhai Zhenrong", ки давлати Чин молики он аст, як паймони 20 миллиарддолларӣ бо Ирон барои хариди беш аз 110 миллион гази табиӣ (LNG) дар зарфи 25 сол аз Ирон ба имзо расонд. Зиёда аз ин додугирифти бозаргонии Чину Ирон дар соли 2006 ба 7 миллиард доллар расидааст. Ин рақам баёнгари он аст, ки дар ҳоли ҳозир Ирон барои Чин бозори хориҷии пураҳамият ба шумор меравад. 95%-и мототсиклҳои воридотӣ ба Ирон сохти чинӣ мебошанд ва Ирон калонтарин бозори хориҷӣ барои лоиҳои Чин ва судури нируи кор мебошад. Коршиносони хориҷӣ мегӯянд, то имрӯз 120 пружаи чинӣ ба арзиши 6 миллард доллар дар Ирон иҷро гашта, мувофақаи садҳо пружаи дигар бо арзиши садҳо миллиард доллар миёни ду кишвар дар ҳоли анҷомёбист». (Dingli Shen, "Iran Nuclear ambitions", The Washington Quarterly, Spring 2006.)

РАВОБИТИ НИЗОМИИ ИРОНУ ЧИН

Камол Иронидӯст, коршиноси аршади равобити байналмилал аз донишгоҳи шаҳид Биҳиштӣ дар Ирон менависад: "Чин аз бист соли пеш то кунун дар тавсеаи шабакаи мушакии Ирон бо содироту кумак ба бозсозии он, нақше калидӣ бозӣ кардааст. Ҳамкориҳои Чин бо Ирон дар заминаи низомӣ бар ду гуна будааст: 1.Таҳияи мушакҳои круизи зиддикишти (antiship cruise missiles) ва текноложии он барои Ирон; 2. Кумаки фаннӣ ба барномаи тавлиди мушакҳои болистик дар Ирон (ҳамроҳ бо судури бархе мушакҳои болистик ба гунаи комил ба Ирон)".

Ирон аввалин мушакҳои чиниро соли 1985 - замони ҷанг бо Ироқи Саддом Ҳусайн харидорӣ кард. Он замон Чин ҳам барои ироқиҳо ва ҳам барои ирониҳо мушак мефурӯхт. Он замон Чин бо истифода аз фурсат мушакҳои круизи зиддикиштӣ - "Кирми абрешим" (HVA-2) - ро ба Ирон фурӯхт ва дар эътироз ба ин иқдоми Пекин Иёлоти Муттаҳида пас аз он дигар барои Чин текноложии пешрафта надод.

Гуфта мешавад, ки Чин кӯмакҳои фаннӣ ва саноатӣ барои тавлиди мушакҳои сохти Ирон ба мисли мушакҳои Iran-130, Mushak-120, Iran-700, NP-110 ва Zelzal-3 дар ихтиёри Ирон гузоштааст. Рӯзномаи байналмилалии арабизабони чопи Ландан - "Аш-Шарқ ал-Авсат" (Ховари Миёна) 29 августи соли 1996 навишта буд: "CIA - ожонси марказии мухобароти Амрико иддао кардааст, ки Чину Ирон паймоне 3-милларддолларӣ дар мавриди фурӯши мушакҳои болистикии чинӣ, текноложии идораи мушак ва таҷҳизоти тавлиди мушак имзо кардаанд". Аммо баъд аз ин ИМА ба Чин фишор овард то ҳамкории мушакӣ бо Иронро маҳдуд кунад. Меҳвари мулоқоти Виллиам Коэн, вазири дифои ИМА ва Ҷианг Земин, раисҷумҳури вақти Чин дар соли 1998 даст кашидани Чин аз додани мушакҳо ба Ирон буд ва ИМА муваффақ ба он шуд, ки Чин фурӯши мушакҳои круизи пешрафтаи зиддикиштӣ; С-802 ба Иронро бас кард.

Дар бораи паймони Чину Ирон оид ба сохтани мушакҳои зиддикиштии FL-10 рӯзномаи "Washington Post" августи соли 1999 хабар дод. Аммо Пекин ва Теҳрон ин иддаоро рад карданд.

Дар равобити низомии Ирону Чин таҳаввулоти муҳим дар соли 2004 рух дод. Моҳи апрели соли 2004 ИМА панҷ ширкати чиниро бо баҳонаи интиқол додани қисмҳо ва текноложии мушакҳо ба Ирон таҳрим кард. Вале моҳи августи соли 2007 роҳбарони Чину Ирону Русия дар нишасти созмони ҳамкории Шанхай дар паёме возеҳ ба Иёлоти Муттаҳида ҷиҳати "парҳез аз дахолат дар минтақаи Осиёи Марказӣ" ҳушдор доданд, ки амнияту суботи Осиёи Марказӣ ҳатман ба худи кишварҳои минтақа вогузошта шавад.

Дар баробари ин бозаргонӣ миёни ин ду кишвар аз 1,2 миллиард доллар дар соли 1998 ба 10 миллиард доллар ва дар соли 2005 афзоиш ёфтааст. (Washing¬ton Post, 17.02.2006)

ЧИН ВА ИМА

Бидуни шакку шубҳа, дар заминаи сармоягузорӣ, текноложии ҳамлу нақл ва доду гирифт, ИМА бузургтарин шарики Ҷумҳурии мардумии Чин аст. Мизони мубодилоти Чину ИМА беш аз 400 миллиард доллар гуфта мешавад, ки доду гирифти Ирону Чин дар муқоиса бо он басо кам аст. Аммо ин ҷо масъалае дигар вуҷуд дорад, ки метавонад дар оянда ихтилофи Чину ИМА-ро ба бор биоварад. ИМА ва Чин ду масрафкунандаи бузургтарини энержӣ мебошанд ва ин чиз метавонад фардо рақобати сангинеро миёни шарикҳои имрӯза ба амал орад. Дар ҳамон ҳол ҳам метавонад ду кишварро ба ҳамкории бештар водорад. Чин аз як сӯ хавф аз он мебарад, ки дар сурати таҳрими Ирон заминаи таъмини энержии мавриди ниёзаш хело суст мешавад.

ЧИН: ТЕҲРОН Ё ВАШИНГТОН, Ё ҲАР ДУ?

Вақтҳои ахир Чин ҳарчӣ бештар ба ИМА наздик мешавад, зеро равобити Ирон бо кишварҳои Ғарб, ки шарики бозаргонии аслии Чин ҳастанд, ба сардӣ гароида, Ирон гоҳ-гоҳ дар бораи ҷилавгирӣ аз судури нафт сухан гуфтааст. Бисёре аз кишварҳои ҳавзаи Халиҷи Форс ва Ховари Миёна, ки ба Ғарб ҳусни таваҷҷуҳ доранд, бо Ҷумҳурии исломии Ирон сар ба меҳр нестанд. Ва Чин дар ин кишварҳо нуфузи зиёде надорад. Ба ҳамин минвол Чин аз як тараф ба Амрико вобаста аст ва аз дигар тараф дар заминаи таъмини энержии мавриди ниёзаш аз Ирон нигарониҳо дорад. Агар аз ҷониби кишварҳои Ғарб таҳрими Ҷумҳурии исломии Ирон амалӣ шавад, ИМА ва ғарбиҳо барои розӣ кардани Пекин барои дур шудан аз Теҳрон, бояд саҳми бештаре аз нафти Ироқро барои Чин дар назар бигиранд. Илова бар ин Чин метавонад бар доманаи ҳамкорӣ бо Арабистон биафзояд.

Аммо ба ҳар навъ возеҳ ҳаст, ки таҳрими нафтии Ирон на танҳо бар баҳои энержӣ дар бозорҳои байналмилалӣ асари сангин хоҳад гузошт, балки бисёре аз муодалотро дар сатҳи ҷаҳонӣ барҳам хоҳад зад.

Аз ҳамин рӯ Чин ночор робитаи худ бо Иронро ба шакли робитааш бо ИМА ҳамхонӣ медиҳад. Соли 2006 Роберт Золек, раҳбари пештараи Бонки ҷаҳонӣ гуфт: "Агар Чин дар пайи тавофуқ ба сари энержӣ бо кишварҳое ҳаммонанди Ирон барояд, таорузи бештаре миёни Чину Иёлоти Муттаҳида рух медиҳад".

Мувофиқати Чин бо пайвастани Ирон ба паймони Шанхай ба унвони узви нозир, аз буъди геостратегӣ дар чорчӯби ҳамкориҳояш дар заминаи энержӣ бо Ирон дида мешавад. Ҳамкориҳои Чин бо кишварҳои атрофи Халиҷи Форс сол ба сол афзоиш меёбад ва ба гунаи чашмгир Пекин хоҳони ширкат доштан дар тартиботи амниятии минтақа мебошад. (Asia Times, 10-уми феврали 2006)

Равобити Чин бо кишвари бузурги дигари минтақа - Русия мусолиматомез ҳаст. Ҳаҷми мубодилоти солонаи ин ду кишвар беш аз 30 миллиард доллар гуфта мешавад. Пекин ҳамеша саъй мекунад, ки бо ҳама кишварҳои бузург муносибати хубу олӣ дошта бошад, вале бар сари парвандаи ҳастаии Ирон бо риштаи манофеи дарҳамтанида ва масоиле рӯ ба рӯст. Ирон метавонад "ҳастаи манофеи миллии Чин" - энержиро кунад, вале муносибати дӯстонаи Чину Ирон хашми Кохи Сафедро ба бор меорад. Бояд дар назар дошт, ки ИМА нируи таъминкунандаи модернизатсияи иқтисодии Чин аст. Бо дар назардошти ин ҳама Чин хостори ҳалли мусолиматомез ва дипломатии қазияи ҳастаии Ирон дар чорчӯби ниҳодҳои байналмилалӣ ҳаст.


Зоҳири ДАВЛАТ
"Миллат"
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97