УЗБАКИСТОН НАМЕХОҲАД БАР «ФОТИҲА»-и РУСҲО «ОМИН» ГӮЯД

Сиёсат 24.12.2008 14:21

САНГАНДОЗӢ БА ПОЛЕЗИ ҲАМСОЯ

Масъалаи бунёд кардани ниругоҳи барқи обии Роғун, ки ба он аксари мардуми Тоҷикистон ҳамчун ба сарчашмаи муҳими ҳаёташон умед бастанд, мудом мавриди баҳси мақомоти давлатии кишвари ҳамсояи мо - Узбакистон қарор дорад. Чунин ба назар мерасад, ки масъулини давлатии узбак ба ҷуз Роғун андешаи дигар дар сар надоранд.

Гӯё дар кишварашон тамоми масъалаҳои иҷтимоию иқтисодиро кайҳо ҳаллу фасл кардаанд ва аз бекорӣ ба ҳаёти кишвари ҳамсояашон сар мехалонанд ва аз ҳар мавриди барои худашон мусоид, аз он ҷумла аз минбарҳои маҷлисҳои созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ истифода бурда, ба полези тоҷикон сангандозӣ мекунанд.

РОҒУН ДАРДИ САРИ ҲАМСОЯ

Бори охир дар як ҳамоиши байналмилалии Иттиҳоди Аврупо, ки таҳти унвони "Заминаи ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва манбаъҳои об" дар пойтахти Туркманистон шаҳри Ишқобод 3 декабри соли 2008 барпо шуд, бори дигар ҳамсояҳоямон кӯшиш карданд, то таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба масъалаи сохтмони Роғун ҷалб созанд.

Раиси Кумитаи давлатии Узбакистон оид ба ҳифзи муҳити зист Бӯрӣ Алихонов дар конфронси мазкур суханронӣ кард, ки мавзӯи марказии суханрониаш масъалаи Роғун буд. Дар ин бора оҷонсии иттилоотии "Regnum.ru" хабар додааст.

Ба андешаи Алихонов, маҷрои обҳои байнисарҳадии давлатҳо ва манбаъҳои оби онҳо бояд дар асоси меъёрҳои умумибашарӣ идора шуда, вақти дар болои дарёҳои мазкур бунёд кардани ягон иншоот манфиатҳои ҳамаи кишварҳои минтақа ба эътибор гирифта шаванд.

Ӯ андеша дорад, ҳар коре, ки дар дарёҳои байнисарҳадӣ анҷом дода мешаванд, бояд ба тавозуни об ва талаботи экологӣ дар минтақа таъсири манфӣ нарасонанд. Барои пуртаъсир кардани суханонаш Алихонов 50 миллион нафар аҳолии 6 давлати минтақаро мисол оварда мегӯяд, ки ҳамаи масъалаҳои ба дарёҳо алоқаманд бояд бо назардошти манфиатҳои аҳо¬лии ҳамаи давлатҳои мазкур ҳаллу фасл карда шаванд.

Аз ҷумла, ба андешаи Алихонов, Роғун дар мавзеи барои заминларза тобовар набуда қарор дошта, дар ҳолати ба амал омадани офати табиӣ 50 миллион нафар аҳолии кишварҳои ҳамсоя аз оқибатҳои обанбори Роғун осеб мебинанд. Яъне, ба андешаи Алихонов, Тоҷикистон дар ҳолати бунёд кардани ниругоҳи барқи обии Роғун ба манбаи хатарзои минтақа табдил меёбад.

ВАХШ ВА "ДӮСТОНИ ҒАМХОР"

Аммо бо кадом сабабе ягон нафар аз муддаиёни хилофи сохтмони Роғун дар суханрониҳояшон намегӯянд, ки ниругоҳи барқи обии Роғун дар болои дарёи Вахш бунёд мешавад ва он як шохоби дохили марзии на чандон бузурги Амударё аст, ки ҳатто марзи Тоҷикистони кӯчакро убур намекунад. Яъне Вахш ҳеч гоҳ наметавонад мақоми дарёи байнисарҳадӣ дошта бошад. Илова бар ин, ниругоҳи барқи обии Роғун дар маҳалле бунёд мешавад, ки ба дарёи Вахш ҳанӯз дарёи Кофарниҳон пайваст нашудааст. Яъне обанбори Роғун ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонад ба тавозуни оби минтақа халал ворид созад.

Аз эҳтимол дур нест, агар дар олам барои ба даст овардани ҷоизае ба унвони дарёҳои байнисарҳадии обҳояш тозатарини олам озмуне эълон шаваду барои ба даст овардани ҷоизаи мазкур дарёи Вахш даъво пеш гузорад, маҳз ана ҳамин алихоновҳо зидди ширкати дарёи Вахш дар чунин озмун сухан хоҳад гуфт. Онҳо барои исботи андешаи худ албатта даъво карда хоҳанд гуфт: "Вахш як дарёчаи дохили кишвари Тоҷикистон аст, ки наметавонад ба мақоми дарёи байнимарзии кишварҳо даъво дошта бошад".

Аммо имрӯз, ки Вахш метавонад манбаи некӯаҳволии 7 миллион нафар аҳолии Тоҷикистон гардад, "дӯсти ғамхори" аҳолии 50 миллионаи минтақаи Осиёи Марказӣ Алихонов хилофи дар болои он бунёд шудани ниругоҳи барқи обӣ аст.

ЧАРОИ БУЗУРГ

Чаро? Зеро имрӯз кишвари "дӯсту ҳамсояи дар ба девори мо" ба хотири наздик шудан бо кишварҳои Мағриб дар назди Русияи бузург эътиборашро рӯз то рӯз бештар аз даст медиҳад. Русия дар навбати худ домани Тоҷикистон - манбаи бузурги энергияи аз ҷиҳати экологӣ тозаро аз даст медиҳад. Ба ҳамин хотир ба ҳар васила намоиш медиҳад, ки ҷонибдори бунёди иқтидорҳои нави нируи барқи Тоҷикистон аст.

Тавре аз натиҷаҳои гуфтушуниди сарони мақомоти марбутаи кишварҳои Русия ва Тоҷикистон бармеояд, ҳамсояи шимолии тоҷикон - Русияи бузург имрӯз омода аст барои бунёди ниругоҳи барқи обии Роғун ҳисса гузорад. Сафарҳои расмии чандин афроди баландпояи ҳукумати Русия ба Тоҷикистон дар моҳҳои охир ин тахминро боз ҳам тақвият мебахшанд. Қарори мазкур ба беҳбуд гаштани иқтисоди Тоҷикистон нигаронида шудааст. Тавре дида мешавад, беҳбуди ҳаёти мардуми ҳамсоя ба ҳамсояи даъвогари мо писанд нест. Ба андешаи роҳбарони баландмақоми узбак, мо бояд ҳамеша аз ягон ҷиҳат мутеъ ё вобастаи онҳо бошем.

Чаро роҳбарияти олимақоми кишвари ҳамсоя ҳеҷ фаҳмидан намехоҳанд, ки ба тоҷикон нируи барқи Роғун имрӯз - дар шароити вазнини иқтисодиаш, чун обу ҳаво зарур аст. Роғун сарчашмаи кор, ободӣ ва некӯаҳволии мардуми тоҷик аст. Зиёда аз ин, дар шароити амиқтар гаштани бӯҳрони молиявии умумиҷаҳонӣ тибқи нақшаҳои Русия қариб нисфи мардикорони тоҷик ба Ватан бармегарданд ва ба ҳамаи онҳо ҷойи кор лозим аст. Дар чунин ҳолат Роғун яке аз манбаъҳои ба эътидол овардани шиддати вазъи иҷтимоӣ дар дохили Тоҷикистон шуда метавонад.

"Агар рафту заминларзаи пурқувват ба амал омада оқибатҳои фоҷиабор боқӣ гузорад, ки чандин бор дар минтақаи мазкур аллакай рух додааст, кӣ масъулияти нобуд гаштани садҳо ҳазор одамони соҳилҳои дарёи Амударёро ба зимма мегирад?" - савол додааст Алихонов. Ӯ кадом фоҷиаро дар назар дорад? Оё дар ҳавзаи обҳои Тоҷикистон то ҳол боре шудааст, ки ягон обанбори сунъӣ канда шуда, харобаи азимеро боқӣ гузошта бошад?

УЗБАКИСТОН НАМЕХОҲАД "ОМИН" КУНАД

Алихонов зимни суханрониаш талаб кардааст, ки коршиносони байналмилалии амсоли худаш, нишондодҳои ниругоҳи барқи обии Роғунро санҷида, хулосаашонро пешниҳод кунанд. Ӯ ба коршиносон-мутахассисони рус, ки тӯли даҳсолаҳои асри 20 маҳалли ниругоҳро омӯхта, барои бунёди он фотеҳа дода буданд, эътимод надорад. Алихонов фаромӯш кардааст, ки ҳамаи ниругоҳҳои барқи обии дар кишварҳои Осиёи Марказӣ бунёдшуда маҳз бо фотеҳаи мутахассисони кордидаи рус қомат афрохта буданду имрӯз манзили худи ӯро равшан мекунанд. Аз ин рӯ чаро мо ба коршиносони ошнои деринаи худ эътимод накунем?

Ба ҳамин монанд боз саволҳои зиёде посух мехоҳанд. Вале хулосаи умумии ҳамаи саволҳо, ба андешаи ман, бояд як чиз - бунёд кардани ниругоҳи барқи обии Роғун бошад. Зеро он ҳаққи табии мардуми тоҷик аст, ки дар сарзаминаш манбаи фаровони нируи арзону аз лиҳози экологӣ безарари барқ дорад.


Абдуфаттоҳ ВОҲИДОВ,
махсус барои "Миллат"
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97