ПУТИН МЕГӮЯД, СКИНХЕД АМАЛ МЕКУНАД, ТОҶИК МЕМИРАДҲукумати Тоҷикистон бояд тадбир биҷӯяд!

Сиёсат 19.12.2008 15:15

ҲУКУМАТИ РУСИЯ БО СКИНХЕДҲО ҲАМКОР АСТ?!

Аз cӯйи нажодпарастони рус сар буридани муҳоҷири тоҷик дар наздикии шаҳри Маскави Русия нафрату кинаи мардуми тоҷикро бедор намуд. Ин ҳодиса бори аввал нест, ки аз ҷониби скинхед ва ё сартарошидаҳои рус рух медиҳад.

Даҳҳо, садҳо ҳамватанони мо, ки бо заҳмати ҳалоли худ дар кишвари Русия рӯзӣ ба даст меоранд, аз сӯи гурӯҳҳои миллатгарои рус кушта мешаванд. Ва ҳар дафъа бо ном мудофеъони ҳуқуқи башари Русия аз чунин як ҳаводисе чашмпӯшӣ мекунанд ва ба назар мерасад, ки ҳукумати Русия дар тарҳи амалӣ намудани чунин нақшаҳои сиёҳ бо нажодпарастон ҳамкорӣ дошта бошад. Мисоли барҷастааш ин аст, ки сохторҳои қудратӣ ва ҳуқуқии Русия гоҳҳо муҷриминро дастгир менамоянд ва ба иллати адами далоили шайъӣ онҳоро аз пушти панҷараҳои додгоҳӣ ба озодӣ ҷавоб медиҳанд ва бо ҳамин таҳқиқи парванда қатъ мегардад. Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар робита ба ин масъала изҳорот пахш намуда буд, ки дар он гуфта мешавад: "Соли ҷорӣ 600 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия ба ҳалокат расидаанд, ки аз ҷумла 84 нафари онҳо аз дасти миллатгароёни рус кушта шудаанд."

МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТӢ,

ПУТИН ВА СКИНХЕДҲОИ ВАТАНХОҲ

Ахиран сарвазири Русия В. Путин ба ҳукумат пешниҳод намуд, ки теъдоди муҳоҷирини кишварҳои узви ИДМ 50 дарсад кам карда шавад. Чунин як пешниҳод дорои омилҳои айниву воқеъӣ буда, Путин мехоҳад ба ҳар василае, ки набошад, кишварашро аз ғарқ шудан дар бӯҳрони молии ҷаҳонӣ наҷот диҳад. Зеро, имрӯз як баррел нафт дар бозори ҷаҳонӣ ба 42 - 45 доллари амрикоӣ расида, бо ин нарх фурӯхтани нафт ҳатто наметавонад масорифи тавлидотии онро бипӯшонад. Коршиносони бахши иқтисодӣ бар ин ақидаанд, ки агар Русия як баррел нафтро на камтар аз 75 доллари амрикоӣ фурӯшад, дар он сурат метавонад аз он фоида ба даст биорад. Ин дар ҳоле аст, ки Русия қисмати аъзами даромадҳояшро аз ҳисоби нафт ба даст меорад. Гози табии Русия барои кишварҳои ғарбӣ он қадар аҳамияте надорад ва мисоли собиткунандааш ин аст, ки панҷ-шаш мартаба дар соли 2008 Русия аз онҳо хостааст, то лӯлаҳои гози табииро ба ин кишварҳо бикашонанд. Аммо, ҳар дафъа дар қиболи ин пешниҳодот посухи мусбат нагирифтааст. Гузашта аз ин, Русия дар фурӯши филиз, пӯлод, алюминиум ва соири маводи маъданӣ дар бозори ҷаҳонӣ чандон муваффақ нест. Ба ибораи таҳлилгарон ҳар замон ва ҳар лаҳза дар бӯҳрони молӣ дорад меғӯтад ва роҳи наҷот аз ин вартаро ҷустуҷӯ дорад, то ҳукумати таъсиснамудаи бо ном демократҳоро аз касодӣ наҷот диҳад.

Такони ҷиддие, ки бӯҳрони молии ҷаҳонӣ ба Русия ворид намуд, сардамдорони ҳукуматро водор сохтааст, ки лонаи муҳоҷирони кишварҳои узви ИДМ-ро суст ва ё пароканда намояд. Ҳадаф аз ин амр наҷот додани вазъи молиявии кишвар аст. Тибқи оморгириҳои рӯзномаи "Коммерсант", чопи Русия соле то 25-30 миллион муҳоҷирини меҳнатӣ озими ин кишвар мешаванд ва беш аз 100 миллиард доллари амрикоӣ аз Русия ба берун ихроҷ мегардад, ки ин арқом такони ҷиддӣ дар коҳиш ёфтани вазъи моли кишвар маҳсуб меёбад. Мутахассисини бахши молия ва иқтисоди Русия бо таҳлилҳои дақиқ гузоришҳое омода месозанд ва ба ҳукумат ироа медоранд. Ҳукумат дар навбати худ наметавонад рӯйирост муҳоҷирини меҳнатии кишварҳоеро, ки шарики стротежии худ мехонад, аз хоки кишвараш берун кунад. Биноан, барои тарсондани онҳо аз скинхедҳо ва ё сартарошидаҳо, ки таҳти ҳимояи ашхоси баландмартабаи ҳукумат қарор доранд, истифода менамояд. Онҳо муҳоҷирини меҳнатиро мавриди лату кӯби бераҳмона қарор медиҳанд ва ё ваҳшиёна ба қатл мерасонанд. Ин усули маъмулиест, ки ҳукуматдорон барои тарсондани хориҷиён истифода мебаранд.

ГУРЕЗ АЗ ШОВИНИСТҲОИ БУЗУРГМАНИШ

Агар вазъият ба ҳамин минвол идома ёбад ва пеши роҳи нажодпарастони рус ва шовинистҳои бузургманиш гирифта нашавад, теъдоди қурбониён рӯз ба рӯз зиёд мегардад ва сафи бевамондагону ятимон, ба хусус дар кишвари мо афзоиш меёбад. Суоли матраҳ ин аст, ки дар ин замина чӣ чора бояд андешид, то муҳоҷирини мо аз ҳамлаҳои ҷадидфашистҳо наҷот ёбанд ва ҳамзамон ҷои корӣ дошта бошанд, ки битавонанд зиндагииву рӯзгори аҳлу байти худро таъмин намоянд.

Ҷомеашинос Муҳаммадсалом Махшулов тибқи як пурсише ба рӯзномаи "Миллат" дар ин замина гуфтааст: "Ҳукумати Тоҷикистонро зарур аст, ки бо роҳи дипломатӣ кишварҳои наверо барои бо кор таъмин намудани шаҳрвандони бекори кишварамон пайдо намояд, амсоли кишварҳои Халиҷи Форс, Яман, Қатар, Ироқ, Сурия, Аморати Муттаҳидаи Араб, Арабистони Саъудӣ, Конодо ва Австралия. Ин кишварҳо ба қабули муҳоҷирон ва барои ба кор таъмин намудани онҳо омода ҳастанд…"

Ин яке аз беҳтарин пешниҳодотест, ки дар ин замина ҳукумат бояд ба таври оҷил иқдомотеро иттихоз намояд. Зеро, умед бастан танҳо ба Русия дар шароити феълӣ чандон ба дарди мо нахоҳад хурд.

ИШТИБОҲОТИ АЗИМИ СИЁСАТБОЗОНИ РУС

Сиёсатмадорони рус дар ин маврид иштибоҳоти азиме мекунанд ва кишварҳоеро, ки то дирӯз шарики стротегии худ мехонданд, имрӯз аз худ дур мекунанд. Агар дар Русия сиёсати байналмилалӣ дуруст тарҳрезӣ мегардид ва дунё бо назари нажодпарастон таҳлил намегардид, мардумеро, ки тӯли 73 сол дар як идеология тарбия намуда буд, аз назди худ намеронд. Садсолаҳо лозим аст, ки халқеро биомӯзонӣ то ба фарҳангу забону тамаддуни як миллати дигар наздик шавад ва бо он унс бигирад. Сониян, ҳукумати Русия ҳар дафъа моро водор месозад ва гӯшзад менамояд, ки беш аз як миллион муҳоҷирини меҳнатии моро дар кишвараш қабул намудааст. Агар дар масъалае тавофуқот бар манфиати Русия анҷом наёбад, ҳатман дар хориҷ намудани муҳоҷирини меҳнатӣ аз тарафи он кишвар таҳдидҳое сурат мегирад ва ё ҳадди аққал таънаҳое карда мешавад. Мо намунаи ин мисолҳоро доиман аз тариқи барномаҳои сиёсӣ, ки аз тариқи телевизионҳои Русия намоиш дода мешавад, аз забони сиёсатмадорону ҷомеъашиносонаш мешунавем.

ШОВИНИЗИМИ ШӮРАВИИ РУСӢ

ВА МАНКУРТСОЗӢ

Ҷои таъна задан нест ва дар навбати худ мо ҳам ба Русия ёдовар мешавем, ки дар тӯли қариб як асри бо ҳам будан, чизи тозае ба миллати тоҷик омӯзонда нашудааст. Худи Иттиҳоди Шӯравӣ ниёз ба омӯзиш дошт ва аз кишварҳои пешрафта даҳсолаҳо қафо монда буд. Шовинизми рус дар аҳди ҳокимияти шӯравӣ халқу миллатҳои кучакро барои иҷрои эҳтиёҷоташ истифода мекард. Собиқ ҷамоҳири Ховари Миёнаро ҳамчун кишварҳои аграрии пахтакору чорводор дар як ҳолат нигоҳ медошт. Дар тарбияи кадрҳои фаннӣ низ аъмолаш ба ҷуз хокпошӣ ба чашми майдахалқҳо чизи дигаре набуд. Ба хотири сиёсати дурӯғини "дӯстиву бародариву баробарии халқҳо" соле ҳазорҳо ҳазор муҳассилини ҷамоҳири шӯравӣ ба шаҳрҳои Русия ҷиҳати таҳсил дар донишгоҳу донишкадаҳо азамат мекарданд. Мутаассифона, аксарият бо каллаи холӣ ва бо дипломҳои сурх ба ватан бармегаштанд ва ҳиҷ гоҳе тахассуси ҳирфаӣ касб намекарданд. Дар ин бора метавон даҳҳо мисол овард.

Мо мардуме нестем, ки касеро таъна кунем ва ё миннат гузорем, ки хидматеро иҷро кардаем. Барои кӯру кар ҳам маълуму равшан аст, ки дастовардҳои Русияи имрӯза заҳмати ҷонкоҳона ва сангинбори миллатҳои хурд аст. Аксари ҷамоҳири собиқи шӯравӣ дар умури хоҷагии кишоварзӣ масруф буд ва Русияро бо маводи хом таъмин менамуд. Тамоми корхонаву фабрикаҳои тавлидотӣ дар қисмати Русияи имрӯза мустақар буд ва соири ҷамоҳири собиқ ҳамчун тавлидкунандаи масолеҳи хом унвон мегардид. Равшан аст, ҷое ки корхонаву фабрикаҳост, ақл низ пеш меравад. Дар байни гову мол гаштану зироату пахта коридан дар пешрафти фаҳмиши инсонҳо муссамар нест.

ДАРҲОИ БАСТА ВА ФАҚРУ НОДОРӢ

Системаи ҷаҳонӣ ба ду урдугоҳ тақсим буд, ки якеро сусиёлизм ва дигареро олами сармоя (капитализм) мегуфтанд. Он ҷо, ки қадами наҳси сусиёлизм монда шуда буд, фақру нодориву харобӣ ҳукмфармоӣ дошт. Тарсу воҳима афкори ҷомеъаро фаро гирифта буд. Баръакси ҳол, кишварҳое, ки ба олами сармоя пайваста буданд, рушду тараққӣ меёфтанд ва зиндагии босаодатеро ба сар мебурданд. Барои намуна, Олмони ғарбиву шарқӣ, Куриёи ҷанубиву шимолиро метавон мисол овард, ки яке рушд ёфт ва дуввумӣ то ҳанӯз дар фақру нодорӣ ба сар мебарад. Сиёсати дарҳои баста ақлҳои мардумро тира карда буд, афкор фалаҷ ва муносибати муфтхӯрӣ монеъи ҳама гуна пешрафтҳо гардида буд. Натиҷаи ҳамин сиёсатҳост, ки мо имрӯз дар масъалаи тарбияи кадрҳои баландихтисос ба мушкилоти азиме рӯ ба рӯ шудаем.

ВАЗИФАИ ХОНАГИИ ҲУКУМАТИ ТОҶИКИСТОН

Масъалаи муҳими рӯз, ки бояд ба таври оҷил дар сатҳи ҳукумат ҳал гардад, пайдо намудани объектҳои корӣ дар кишварҳое, ки дар боло зикр гардидаанд, барои шаҳрвандони бекори кишварамон мебошад. Дер ё зуд, шароити кор кардан дар Русияи нажодпараст тағйир меёбад ва ба муҳоҷирини кории мо ҳамчун ба як бардаи сиёҳ муносибат хоҳанд кард. Бозгашти паррандагони муҳоҷир вазъияти бе ин ҳам носолимро сангинтар мегардонад. Имрӯз ҳукумат омода нест, ки ин теъдод бекоронро ба ҷои кор таъмин намояд. Аламовар он аст, ки ин қадар қувваи бузурги кории мо муфту маҷонӣ дар хориҷ аз кишвар истифода мегардад ва самараи онро боз ҳамон касоне мебинанд, ки дар тӯли қариб як қарн моро гул заданд ва билохира аз мо рӯ гардонданд.

Солҳое, ки авзоъ дар Тоҷикистон ноором гардид, яку якбора мутахассисин, мисли ин ки қаблан маслиҳат карда бошанд, кишварро тарк намуданд ва он чи, ки дар давоми 70 сол сохта буданд, харобу валангор карданд. Шоҳидони воқеъа мегӯянд, ки мутахассисини корхонаи коркарди тиллои Шугнов дар дараи Ёхсӯ пеш аз он, ки он ҷоро тарк гӯянд, тамоми дастгоҳҳоро фалаҷ ва ё билкул хароб карданд. Марзбонони Русия на танҳо дидбонгоҳҳо, балки ҳелчаи сагҳоро низ чаппа карданд ва техникаи мавҷударо бурида ба оҳанпора табдил доданд. Чунин аст самароти дӯстие, ки дар муддати як аср ҳосил шудааст ва бешак аз бухлу кина ва нотавонбинии "дӯстон"-и мо шаҳодат медиҳад.

Имрӯз шароит тақозо мекунад, ки илоҷи воқеъаро қабл аз вуқӯъ ҷустуҷӯ намоем. Дер ё зуд Русия дарҳои худро ба рӯи дӯстонаш мебандад. Минбаъд ҷойҳои корӣ барои худи онҳо лозим мегардад. Аз ҳама муҳим бо пайдо кардани ҷойҳои кории нав, метавон аз таънаҳои дӯстонамон наҷот ёбем. Қувваи кории арзон талабгорони зиёде дар бозорҳои корӣ пайдо мекунад.


Ибодулло ОҚИЛПУР
©2008 - 2020 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97