ХИЁБОНИ ЗАНИ ТАНҲО

Зиндагии ғамбори як зани танҳо: Ӯ рӯзгоре ҳамсари номзади Раёсати Ҷумҳурии Амрико буд.

Ӯ як зани танҳо ва таркшуда аст. Зане ки солҳост муҳри сукут бар лаб духтааст. Ин зани танҳо, номаш Карл Маккейн аст. 70 сол дорад. Дар наздикиҳои Вашингтон пойтахти Амрико Вержиния зиндагӣ мекунад. Зане ки рӯзгоре касе ӯро намешинохт акнун мавзӯъи рӯзи Амрико шудааст, чаро ки ӯ зани собиқ ва таркшудаи номзади кунунии Раёсати ҷумҳурии Амрико сенатор Ҷон Маккейн аст!

Ин пиразани 70 сола зани аввали Ҷон Маккейн номзади ҷумҳурихоҳон аст. Вай дар соли 1965 ҳангоме, ки бо сенатор Маккейн издивоҷ кард як мудел ва саногари моҳир буд. Солҳои аввали зиндагии муштаракашон хушбахт буданд ва соҳиби се фарзанд шуданд.

Аммо ҳангоме ки ҷанги Ветнам ба авҷи худ расид, сенатор Маккейн, ки як халабони ҷавон буд ба Ветнам рафт. Дар соли 1968 ҳангоме ки Маккейн рустоҳои Ветнамро бомборон мекард ҳавопаймояш суқут кард. Ба ин тартиб номзади кунунии ҷумҳурихоҳон ба унвони асири ҷангӣ дар яке аз зиндонҳои ҳонуӣ 5 соли тамомро дар ҳабс ба сар бурд. Имрӯз кондидойи ҷумҳурихоҳон шароити сахти рӯзҳои асоратро бозгӯ мекунад ва аз шиканҷаҳое, ки бар вай рафт сӯҳбат мекунад.

Аммо ҳеч гоҳ аз як зани танҳо ва таркшуда сӯҳбат намекунад: Аз Карл Маккейн! Ҳангоме ки сенатор Маккейн дар зиндони Ветнам ба сар мебарад занаш Карл дар як рӯзи наҳс ва дар ҷодаи яхӣ тасодуф мекунад. Чандин моҳ дар бемористон бистарӣ мешавад ва бо сандалии чархдор ба хона бармегардад.

Халабони нируи ҳавоии Амрико Ҷон Маккейн дар соли 1973 ба Амрико бармегардад ва дар хона бо ҳамсараш рӯ ба рӯ мешавад: Зане, ки бо сандалии чархдор роҳ меравад. Зане, ки зебойии собиқашро аз даст додааст ва фарбеҳ ҳам шудааст. Ҳафт сол баъд Маккейн аз занаш Карл ҷудо мешавад ва танҳо як моҳ баъд аз талоқ додани занаш, бо як духтар ба номи Синди Ҳансали издивоҷ мекунад. Духтаре, ки муддатҳои мадиде буд бо вай ба сар мебурд ва 18 сол аз Ҷон Маккейн кучактар аст. Маккейн аз зани баъдиаш Синди, ки духтари яке аз сарватмандтарин мардони Амрико, яъне Ҷим Ҳансел аст дорои чаҳор фарзанд аст.

Ба гузориши веблоги тарҷумаи ахбори Туркия ба нақл аз Ҳарет, Карл ҳам чанд муддате барои бачаҳояш аз сенатор Ҷон Маккейн нафақа ва харҷӣ дарёфт мекунад. Баъдҳо тавре зиндагӣ мекунад, ки гӯё ҳеч вақт дар зиндагии сенатор Маккейн вуҷуд надоштааст…

Дар ин асно 23 амали ҷарроҳии рӯйи Карл Маккейн анҷом шуд ва Акнун ба ҳар тартибе шуда метавон роҳ бурд. Аммо акнун ҳам фаромӯш шуданаш аз сӯйи шавҳари собиқаш ва падари се фарзандаш ҳанӯз ҳам дили ин зани танҳоро ба дард меоварад. Бо ин вуҷуд Карл танҳо тайид мекунад, ки замоне ҳамсари сенатор Маккейн будааст ва тарҷеҳ медиҳад сукут кунад. Аммо ин зани танҳо ва пир, ки 28 сол баъд мавзӯъи рӯз шудааст, ин рӯзҳо ба кобуси оқои сенатор Ҷон Маккейн, номзади ҷумҳурихоҳон дар интихоботи Раёсати Ҷумҳурии Амрико табдил шудааст.


©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97