МАСЪУД ВА «СИЁСАТҲОИ АНТИТОҶИКИИ ИСТЕЪМОРИ СИЁҲ»

Оё Покистон Ҳомид Карзайро аз байн бурданист?

Ҳафтаи гузашта натиҷаи таҳқиқоти сӯйиқасд ба ҷони Ҳомид Карзай эълон шуд, ки дар он дастгоҳи истихборотии Покистон мавсум ба ISI муттаҳам дониста шуд. Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури Давлати Исломии Афғонистон дар санаи 27 апрели соли ҷорӣ ҳангоми ҳузур дар 16-умин солгарди пирӯзии муҷоҳиддин бар Шуравӣ мавриди сӯйиқасди ашхоси номаълум қарор гирифт.

Масъулини Кумитаи Амнияти Афғонистон изҳор доштанд «далелҳоеро дар ихтиёр дорад, ки мутобиқи он, амалиёти сӯйиқасд тавассути тамоси мобилӣ аз сӯйи дастгоҳи амниятии Покистон идора мешудааст».
Ин иттиҳом чанд пурсиши муҳиммеро матраҳ мекунад, ки оё дар ҳақиқат Покистон Карзайро аз байн бурданист? Агар чунин аст, марги Карзай чӣ мафодеро ба Покистон меёрад? Равобити ин ду кишвари ҳамҷавор баъди ин иттиҳом чӣ гуна хоҳад шуд? Чаро Ҷумҳурии Исломии Покистон пайваста мавриди иттиҳоми мақомоти афғон қарор мегирад? Ва ин иттиҳомот аз куҷо маншаъ мегиранд?

Иттиҳоми маъмулӣ

Дар Давлати Исломии Афғонистон ҳар гоҳ таркише, инфиҷоре ва ё терроре ба вуқуъ пайвандад, ангушти иттиҳом ба сӯйи ҷангҷӯёни Толибу Ал-қоида ва дастгоҳи истихборотии Покистон ишора мекунанд ва ин иттиҳоми ахири мақомоти афғон низ, як иттиҳоми маъмулие буда, амри наве нест. Дар ҷавоб ба чунин иттиҳомот мақомоти Покистон, низ посухи маъмулие доранд; ё онро «такзиб мекунанд» ва ё онро «иттиҳоми беасос» мехонанд.
Ин бор низ мақомоти Покистон ин иттиҳоми мақомоти афғонро такзиб карданд.

Ҳамсояи нохуб

Афғонистон яке аз давлатҳои пурҳамсоя дар минтақа мебошад. Дар шимол бо Кашмири Ҳиндустону Кашмири Покистон,Чин,Тоҷикистон, Узбакистон ва аз тарафи ғарб бо Туркманистону Ирон ва аз тарафи ҷанубу шарқ бо Покистон ҳаммарз аст.
Вақте мо таърихи равобити Афғонистону Покистонро дар ду қарни ахир ба шакли гузаро менигарем, чунин натиҷагирӣ мекунем, ки Афғонистон аз ҳама бештар аз тарафи Покистон зарбаҳои муҳлике хӯрдааст.
Артиши Инглис аз хоки Покистони имрӯзӣ борҳо ба Афғонистон ҳамлавар шуда, онро ғасб кард ва сабаби сар задани ҷангу муқовимати тӯлоние шуд.
Ҳукумати коммунистӣ бо раҳбарии Наҷибуллоҳро ҳам муҷоҳидони афғон аз хоки Покистон ҳамла намуда, мӯҷиби шикасти он шуданд ва билохира ҳукумати муҷоҳидони афғон бо раҳбарии Бурҳонуддин Раббониро низ ҳаракати гурӯҳи Толибон аз байн бурд, ки он низ дастпарвардаи Покистон буд.

«Хатти Дюронт»–меҳвари ҳамаи мушкилот

Дар авохири асри Х1Х, дақиқтараш дар соли 1895 милодӣ байни ҳукумати Афғонистон ва давлати вақти Ҳинд созишномае ба имзо расид, ки дар таърих бо номи «Хатти Дюронт» маъруф гашт. Тибқи ин созишнома манотиқи қабоилнишини сарҳадоти ҷанубии Афғонистон ва Ҳинди онвақта, ки имрӯз музофоти шимол шарқии Покистонро ташкил медиҳад, ба давлати вақти Ҳинд барои 100 сол фурӯхта шуд.
Соли 1947 таҳаввули таърихие дар ин минтақа рух дод, ки маҷрои таърих ва ҳаводисро дигаргун намуд. Давлати Ҳинд аз Тоҷи Бритониё истиқлолияти худро ба даст овард ва ҳамзамон бо ин Ҳиндустон ба се ҳисса тақсим шуд: Ҳиндустон, Покистон ва Бангладеш.
Тибқи ин тақсимот, ки бар асоси дин сурат гирифта буд ва Покистон ба унвони кишвари мустақиле барои мусулмонони Ҳинд ҷудо гардид, меросбари «сарзаминҳои харидашуда» аз Афғонистон ба унвони «Хатти Дюронт» гардид.

Аҳамияти «Хатти Дюронт» барои Покистон

Аз бози истиқлолият то ба ҳол Покистон ба «сарзаминҳои харидашуда» ҳамчун моликияти худӣ таъомул кардааст. Ҳангоми боздид аз ин сарзаминҳо эҳсос мешавад, ки чӣ қадар маблағҳои ҳангуфте дар ободонии ин манотиқ маблағгузорӣ шудааст. Ин «сарзаминҳои харидашуда» ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати иқтисодӣ барои Покистон аҳамияти фаровоне доранд, ки онро дар чанд нуктаи зерин хулоса мекунем:
Сарзаминҳои харидашуда кӯҳистонӣ буда, дорои захоири обӣ мебошанд ва чун Покистон як кишвари саноатӣ ҳаст метавонад аз обҳои ин сарзамин дар тавлиди барқ истифода намояд. Дар солҳои наздик чолиши дараҷаи яки Покистон камбуди нирӯи барқ аст ва маҳз ба ҳамин хотир дар хариди нирӯи барқи Тоҷикистон, Покистон ҳамеша таваҷҷуҳ зоҳир мекунад.
Манотиқи мазкур дорои канданиҳои фоиданок, аз қабили тилло ва аз ҳама муҳиммаш захираи бузурги санги мармар мебошад, ки коркарди он дар Покистон хеле рушду ривоҷ дорад ва бисёре аз корхонаҳои марматарошии иёлати Панҷоби Покистон маводи хоми худро аз сарзаминҳои фурӯхташуда, ки дар Покистон бо номи ихтисоршудаи NWFP маъруф аст, таҳия ва таъмин менамоянд.
Сохтмони бисёре аз корхонаҳои муҳимми Ҷумҳурии Исломии Покистон, аз қабили корхонаҳои сементбарорӣ ва корхонаи гӯгирд, ки на танҳо Покистон, балки ҷумҳуриҳои муҷовир аз қабили Афғонистону Туркманистону Узбакистону Тоҷикистонро таъмин менамояд, дар музофоти шимол шарқии ин Ҷумҳурӣ мавқеъият доранд. Ҳамчунон шоҳроҳи автомобилие, ки бо меъёрҳои ҷаҳонӣ сохта шуда, дар Покистон бо истилоҳи «Motorway» маъруф аст, акнун пойтахти Покистон Исломободро бо Пешоваршаҳр пайванд медиҳад.
Мавқеъи стротегӣ доштани ин минтақа. Хатти Дюронт Покистонро бо дигар кишварҳо мепайвандад. Маркази Музофоти Шимол Шарқӣ шаҳри Пешоварро сокинони он чунин шарҳ медиҳанд: Пешовар – аз калимаи форсӣ «пеша-овар» гирифта шуда, маънояш шаҳри касбу кор аст.

Ва аммо аз лиҳози сиёсӣ:

Ин «сарзамини харидашуда» маҳалли сукунати паштунҳои Покистон мебошад ва баргардонидани он ба Афғонистон ба маънои пайвастани паштунҳои Покистон бо паштунҳои Афғонистон мебошад, ки ин амр ҳамзамон метавонад таъсири бисёр қавӣ ба ҳаракатҳои истиқлолталабии дигар қавмҳо, аз қабили балучҳоро дошта бошад, ки пайваста худро як ақаллияти мазлум меҳисобанд ва эҳтимолан талаби пайвастан ба балуҷҳои Иронро кунанд ва ҳамин гуна Покистон аз байн биравад.
Дигар ин, ки артиши Покистон асосан бо сарбозону сипоҳиёни паштун қавист ва дар сурати ҷудоии ин қавм, на танҳо артиш, балки дигар кадрҳои пурзӯри сиёсӣ ва амниятии Покистон низ аз ин кишвар ҷудо мешаванд ва ин худ ба худ боиси заъфи Покистон мегардад.
Дар сурати баргардонидани «сарзамини харидашуда», Покистон вобастаи Афғонистон мешавад, дар ҳоле ки дар шароити феълӣ вазъият бар акс аст.
Бо зикри ин нуктаҳои боло маълум мешавад, ки чӣ гуна барои Покистон «Хатти Дюронт» аз аҳамтияти ҳаётӣ бархӯрдор аст ва сабаби асосии ин буҳрони мудовим дар муносибати ду кишвари исломии ҳамҷавор аз куҷо маншаъ мегирад.
Ҷумҳурии Исломии Покистон ба ҳеч ваҷҳ хоҳони он нест, ки «сарзамини харидаашуда», ки муҳлаташ тамом шудааст, ба Афғонистони ҷангзада баргардонида шавад ва боиси қуввати Афғонистон ва заъфи Покистон шавад.

Ҳалли покистонии мушкили «Хатти Дюронт»

Бо додани имтиёзҳои зиёд ба паштунҳои сокини минтақаи «Сарзаминҳои харидашуда» Покистон паштунҳои дохили Афғонистонро на танҳо сокит, балки моил ба худ кардааст. Марзи байни Афғонистону Покистон, ки сарҳади байни паштунҳост, ҳамеша як марзи боз ҳаст ва мардуми ду тарафи марз бе ягон мамониъат рафту омад менамоянд ва ҳамаи мушкилоти худро бароварда месозанд. Ҳам муомилоти тиҷорӣ, ҳам таҳсил ва ҳам истифода аз шифохона ва бемористонҳои Покистон барои паштунҳои он сӯйи марз ҳамеша дар дастрас аст.
Дар маҷмӯъ метавон гуфт, Покистон ҳамеша аз паштунҳои Афғонистон бо ҳар унвоне ҳимоят намояд, то онҳо қудратмандтарин қавмият дар дохили Афғонистон бошанд. Дигар ин, ки сулҳу амонӣ ва бозсозиву пешрафту тараққиёти Афғонистон ҳаргиз ба суди Покистон нест, зеро маҳз Афғонистони орому осуда ва нируманду қавӣ, метавонад бар кафи мардонагӣ шамшер гираду ҳаққи худро аз даҳони Покистон ситонад.

Аҳмадшоҳи Масъуд ва «сиёсатҳои антитоҷикии Истеъмори сиёҳ»

Гарчанде, дар Афғонистон ғурури афғонияту эҳсоси озодихоҳӣ дар намояндаҳои ҳама қавму миллатҳо мушоҳида мешавад, вале ин эҳсос дар тоҷикони ин кишвар бештар аз ҳама вуҷуд дорад. Маҳз ба ҳамин хотир, Покистон дар Афғонистон сиёсатҳои «антитоҷикӣ» - ро дунбол мекунад.
Агар Аҳмадшоҳи Масъуд лаҳзае бо Покистон канор меомаду алайҳи Толибон намеҷангид Афғонистон кайҳо боз яке аз иёлатҳои Ҷумҳурии Исломии Покистон мешуд ва мо низ бо он ҳаммарз мешудем.
Покистон пайваста оид ба мушкилоти «этникӣ» дар Афғонистон ҳарф мезанад ва ҳузури тоҷиконро дар ҳукумати Афғонистон хатари ҷиддӣ ба манофеъи худ меҳисобад ва ҳатто давлатҳои арабу ҳампаймонҳои ғарбии худ аз қабили Амрико ва Бритониёро қаноъат медиҳад, ки «тоҷикони Афғонистон гарданкашу худхоҳанд».
Ба эҳтимоли зиёд ҷаҳони Ғарб ин ҳарфи Покистонро вақте тасдиқ намуд, ки Аҳмадшоҳи Масъуд ба Урупо рафту дар порлумони Урупо суханронӣ кард ва пешниҳоди Ғарбро оид ба даровардани нирӯҳояш ба Афғонистон рад намуд.
Баъди ин хитобаи Масъуд, ҷаҳон шоҳиди он гашт, ки «Шери панҷшер» ва «нирӯи хориҷӣ» дар Афғонистон ҳаргиз якҷо намешаванд. Пешниҳоди Масъуд ин буд, ки ҳалли мушкили Афғонистон дар дасти худи афғонҳост ва агар Урупо хайрхоҳӣ мекунад, онҳоро кумак кунад то худи афғонҳо мушкили худро худ ҳал намоянд.
Аҳмадшоҳи Масъуд ягона раҳбари ҷиҳодии Афғонистон буд, ки ҳангоми ба Покистон паноҳ бурдан мақсадҳои Покистонро пай бурда, аз рақсидан бо навои он сар печида, зуд ба дохили Афғонистон, ба дараи Панҷшер баргашт ва шерона бо нирӯҳои Иттиҳоди Шуравӣ ҷангид.
Масъуд чарбдастиҳои Покистонро ба тамоми нозукиҳояш дарк мекард ва ба ин хулоса омада, буд, ки муҳимтарин ва бузургтарин душмани Афғонистон – Покистон аст.
Дар сафараш ба Урупо Аҳмадшоҳи Масъуд бо афғонҳои муқими Урупо вохурӣ карда, барои нахустин бор истилоҳи «Истеъмори сиёҳ»-ро барои Покистон истифода намуд.
Масъуд дар заъифтарин вазъияти сиёсӣ ҳамеша масъалаи «Хатти Дюронт»-ро зикр менамуд ва онро сари забон меовард ва «ҳаққи худ»-ро аз Покистон талаб мекард.
Акнун баъд аз ду моҳ Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 7-умин солгарди шаҳодати «қаҳрамони миллиаш»-ро таҷлил мекунад. Ин дар ҳолест, ки бисёре аз пайравону шогирдони «Шери Панҷшер» дар қайди ҳаётанд ва ҳам дар ҳукумати феълӣ ва ҳам дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоъӣ нақши боризу фаъоле доранд.
Ва ин дар ҳолест, ки ҳануз ҳам «ҳамсояи нохуб»-и Афғонистон сиёсатҳои устувори заъифсозии Афғонистонро дунбол мекунад.



Саъдии ЮСУФӢ
©2008 - 2020 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97