Назарсанҷӣ

Шумо ба шаффофияти имтиҳоноти кадом яке аз ин марказҳо боварӣ доред?

Маркази миллии тестӣ - 51.8%
Маркази “Дурахшандагон” - 3.7%
“Россотрудничество” - 4.3%
Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (УЦА) - 22%
Филиали Донишгоҳи давлатии Москва (МГУ) - 4.9%
Дигар - 13.4%

Аҳмад Масъуд тавофуқи ИМА бо “Толибон”-ро маҳкум кард

Аҳмад Масъуд - писари ягонаи Аҳмадшоҳ Масъуд бо ибрози нигаронӣ аз натиҷаи музокироти сулҳ миёни Амрико ва “Толибон” гуфтааст, ки адами ҳузури мардуми Афғонистон дар ин музокирот ба толибон машруъият бахшида ва сабаб мешавад, ки бори дигар мардуми Афғонистон бар зидди ин гурӯҳ ба мубориза бархезанд.

(Акс аз сафҳаи расмии Аҳмад Масъуд)

 Аҳмад Масъуд мегӯяд, ки дар садади эҷоди Эътилофи саросарии зидди толибон аст, ки нахуст дар майдони сиёсат дар муқобили толибон биистад ва дар сурати зарурат дар майдони набард бо ин гурӯҳ муқобила кунад. Аммо ба гуфтаи ӯ, мардуми Афғонистон дигар ҷанг ва бадбахтиро намехоҳанд.

Аҳмад Масъуд ба хабаргузории Франс-пресс гуфтааст, ки ҳукумати Афғонистон тавони ҷангидан дар муқобили толибонро надорад: "Ман воқеан дуо мекунам ва умедворам, ки афғонҳо ва Афғонистон ҳеҷ замоне шоҳиди хунрезӣ ва даргирӣ набошанд. Худо нахоста агар чунин шавад, на танҳо ман, балки садҳо ҳазор ҷавони дигар монанди ман ҳастанд. Мо омодаем силоҳ ба даст гирем."

Аҳмад Масъуди 30 сола, мехоҳад ҷунбиши сиёсиашро расман рӯзи 5 сентябр дар вилояти Панҷшер оғоз кунад.

Аҳмад Масъуд мегӯяд, ки ИМА дар додани имтиёз ба толибон саросема амал кардааст ва дигар афғонҳоро аз музокироти сулҳ маҳрум кардааст; Иқдоме, ки ба тундравон фурсатро мусоид карда то нуфузашонро густариш диҳанд.

Масъуд гуфтааст: "Ин ба толибон ҳисси пирӯзӣ хоҳад дод ... Ҳароси воқеӣ ҳамин аст, ки мо гурӯҳҳои террористиро дар саросари ҷаҳон машруъият дода ва ба онон умед мебахшем."

Қарор аст натиҷаи музокироти ИМА ва “Толибон” то имрӯз панҷашанбеи 29 август эълон шавад, ки гуфта мешавад, бар асоси он вазифаҳои калидии ҳукумати Афғонистон ба ихтиёри аъзои гурӯҳи “Толибон” гузошта шуда ва неруҳои ИМА аз ин кишвар ихроҷ хоҳанд гашт.  

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97