Ду мактаб бар асари таркиши бомб дар Фароҳ вайрон шуд

Тайи  ду рӯз ду мактаб дар ғарби Афғонистон саҳнаи инфиҷори бомб  будаанд. Бо вайрони ин ду мактаб 1500 донишомӯз дар синни шаш то 18 сол аз дарс маҳрум шудаанд. Ҳанӯз ҳеҷ гурӯҳе масъулияти ин инфиҷорҳоро қабул накардааст.

Шоми 15 апрел мактабе дар минтақаи Навдеҳ дар маркази шаҳри  Фароҳ дар пайи инфиҷори бомб вайрон шуд. Қабл аз инфиҷор, афроде ношинос фарроши мактабро лату куб карда ва санадҳои мавҷуд дар мактабро сӯзондаанд. Як рӯз пештар низ мактабе дигар дар қарияи  Тиваск дар фосилаи чанд километрӣ бо маводи тарканда вайрон шуда буд.

 То кунун ҳеҷ фард ё гурӯҳе масъулияти ин ду ҳамларо бар ӯҳда нагирифтааст. Забеҳулло Муҷоҳид, яке аз сухангӯёни толибон ҳаргуна дахолат дар инфиҷорҳоро рад кардааст. Мақомоти маҳаллӣ, аммо мӯътақиданд, ки онҳо ба далели таҳдидҳои пешин, дастандаркори ин ҳамалот будаанд.

Ба гузориширасонаҳои хабарии Афғонистон, шаш мактабдар зарфи муддати кӯтоҳе дар вилоятиФароҳ ҳадафи бомбгузорӣ ва инфиҷор будаанд, ки бештари онҳо мактабҳои духтарона ҳастанд. Дар ин гузориш ба нақл аз яке аз мақомоти интизомии Фароҳ омада, ки толибон дар ин вилоят имконоти густурдае доранд ва аз сӯи бархе кишварҳои ҳамсоя ҳимоят мешаванд.

 Дар гузашта гурӯҳи толибон барои ҷилавгирӣ аз омӯзиши духтарон мукарраран муаллимон ва муҳассилонро ҳадафи ҳамла қарор медод.

Юнисеф, бунёди кумак ба кӯдакони вобаста ба Созмони милали муттаҳид, дар гузорише унвон карда, ки 3 миллион ва 700 ҳазор кӯдак дар Афғонистон ҳамчунон ба мактаб намераванд. Аз ин теъдод  2/2 миллион нафар духтар ҳастанд.

 Пеш аз суқути толибон дар соли 2001, духтарон дар Афғонистон ҳаққи таҳсил надоштанд ва камтар аз як миллион писар ба мактаб мерафтанд аммо пас аз фурӯпоши ҳокимияти Толибон ва бо ҳимояти ҷомеаи ҷаҳонӣ дастрасии 9 миллион кӯдак ба макотиб мумкин шуд. Бо ин ҳама, идомаи ноамнӣ ва ҳамалоти пайдарпайи толибон ба макотиб боис шуда, ки бисёре аз макотиб дар Афғонистон таътил шаванд. Дар соли 2016 фаъолияти ҳудуди 1000 мактаб дар Афғонистон мутаваққиф шуд.

Бо вуҷуди талоши пайвастаи ниҳодҳои байналмилалӣ, ҳанӯз ниме аз кӯдакони Афғонистон, ки байни  7 то 17 сол син доранд, ҳеҷ имконе барои омӯзиш ва саводомӯзӣ надоранд.

 Маркази омори Афғонистон дар соли 1395-хуршедӣ эълом карда буд, ки 39 дарсади донишомӯзони ин кишварро духтарон ва 61 дарсадро писарон ташкил медиҳанд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97